Муқаддима
Аллоҳ таъолоро ҳамд мегӯем, ки ҳар ҷондорро меофарад, ҳар мавҷудро ҳар лаҳза дар ҳастӣ нигоҳ медорад ва ҳамаро аз тарсу ваҳшат эмин медорад. Аз мо салавот (дуо) ва салом бод бар Паёмбари маҳбуби Ӯ, Муҳаммад алайҳиссалом, ки аз ҳар ҷиҳат зеботарин, беҳтарин ва волотарини инсонҳост; бар оли Ӯ, ки аз онҳо илму ирфон ва ахлоқи нек мерехт, ва бар хешовандонаш; ҳамчунин бар ҳамаи асҳоби1 Ӯ (разияллоҳу таъоло анҳум / Аллоҳ таъоло аз онҳо розӣ бошад), ки бо дидани рӯи зебои Ӯ, ки шифои рӯҳҳост, ва бо шунидани суханони судманди Ӯ мушарраф гаштанд ва бад-ин сабаб арзишмандтарини ҳамаи инсонҳо шуданд; ва бар онҳое, ки аз паи онон мераванд.
Аллоҳ таъоло дар дунё ба ҳамаи инсонҳо раҳм карда, чизҳои барояшон судмандро меофарад ва мефиристад. Дар охират Ӯ2 эҳсон фармуда, мӯъминонеро, ки бояд ба Ҷаҳаннам мерафтанд, мебахшояд ва ба Ҷаннат мерасонад. Муҳаммад алайҳиссалом набӣ3, расул ва ҳабиби Аллоҳ таъоло ва сайиди (сарвари) фарзандони Одам аст. Касоне, ки ба чунин Паёмбари шариф имон оварданд ва дар роҳи Ӯ рафтанд, албатта беҳтарини умматҳо гаштанд.
Ҷаноби Ҳақ раҳмат фармуда, моро уммати4 Ӯ гардонд ва бо ин моро ба бузургтарини неъматҳояш расонд. Ошкоро баён фармуд, ки ба Паёмбар тобеъ будан ва аз Ӯ пайравӣ кардан лозим аст. Барои ин неъмати азим Парвардигорамонро ҳар қадар ҳамду шукр гӯем, боз ҳам кам аст. Аллоҳ таъоло ҳанӯз ҳеҷ чизро наофарида, нури мубораки Сарвари оламро (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) офарид. Дар Қуръони карим Сарвари мо, Паёмбарро хитоб карда, фармуда шудааст: «Мо туро раҳмате барои оламиён фиристодем.» Дар ҳадиси қудсӣ5 низ фармуда шудааст: «Агар ту намебудӣ, агар ту намебудӣ, махлуқотро намеофаридам.»
Шарти асосии имон «ҳуббу филлоҳ ва буғзу филлоҳ» аст, яъне дӯстони Аллоҳ таъолоро дӯст доштан ва душманони Ӯро дӯст надоштан. То ин набошад, ҳеҷ ибодате қабул намешавад ва ба рӯи соҳибаш зада мешавад. Аз ин рӯ дӯст доштани «Сарвари оламиён» бар мо фарз гардид ва ба мо амр шуд, ки муҳаббати мубораки Ӯро дар дил ҷой диҳем ва бо ахлоқи неки Ӯ ороста шавем. Барои он ки ин муҳаббат пойдор бимонад, асрҳо боз дар бораи ҳаёти мубораки Сарвари мо, Паёмбар, китобҳо навиштаанд ва имрӯз ҳам менависанд. Дурусттараш, бо номи мубораки Ӯ баракат меҷӯянд. Мо низ мехоҳем аз ин баракат баҳра гирем ва муҳаббати Ӯ дилҳои моро лабрез созад; аз ин рӯ ба шумо тавсия медиҳем, ки ҳаёти мубораки Султони коинот, Сарвари мо Расулуллоҳро, ки бо таҳқиқоти тӯлонӣ аз китобҳои олимони Аҳли суннат омода шудааст, бихонед. Аллоҳ таъоло аз ҳамаи касоне, ки дар ин кор заҳмат кашидаанд, розӣ бошад. Ҷаноби Ҳақ дилҳои ҳамаи моро аз муҳаббати Сарвари мо, Паёмбар, лабрез гардонад ва моро дар роҳи рост, ки олимони Аҳли суннат нишон додаанд, пойдор дорад! Омин.
Доктор Анвар Ӯрен
Каъбаи муаззама ва Масҷидулҳаром Маккаи мукаррама
