Паёмбари маҳбуби ман

АЗИЯТ, ШИКАНҶА ВА ЗУЛМ

Бузургони мушрикони Қурайш акнун ҳар гоҳ Сарвари мо, Паёмбарро танҳо медиданд, бар Ӯ ҳамла мекарданд, таҳқираш мекарданд ва ҳатто мехостанд Ӯро бизананд. Асҳобашро низ аз шиканҷа даст намекашиданд. Рӯзе бузургони мушрикони Қурайш дар канори Каъбаи шариф нишаста буданд. Дар бораи Сарвари мо сухан сар карданд ва чунин мегуфтанд: «Мо ба ҳеҷ чиз он қадар тоб наовардаем, ки ба Ӯ тоб овардем. Моро беақл меномад, маъбудони моро таҳқир мекунаду бад мегӯяд, дини моро айб мекунад, ҷамоати моро аз ҳам ҷудо мекунад, мо бошем, боз сабр мекунем ва чизе намегӯем.» Дар ҳамин лаҳза Ҳабиби акрам ба зиёрати Каъба омад. Ҳаҷаруласвадро бӯсид ва тавоф сар кард. Вақте ки аз назди онҳо мегузашт, мушрикон ба Сарвари мо суханони пур аз таҳқир гуфтан гирифтанд. Сарвари мо Расулуллоҳ аз ин бисёр ғамгин шуд, вале чизе нафармуд ва тавофашро давом дод. Бори сеюм, ки аз назди онҳо мегузашт, истод ва фармуд: «Эй Қурайш! Ба ман гӯш диҳед! Қасам ба Аллоҳ таъоло, ки ҷонам дар қабзаи қудрати Ӯст, ба ман хабар дода шуд, ки шумо хору зор хоҳед шуд!»

Мушрикони он ҷо ҳайрон монданд, ки чӣ кунанд, ва дар ҷояшон шах шуданд. Як калима ҳам гуфта натавонистанд. Танҳо Абӯҷаҳл ба ҳузури Расулуллоҳ омад ва зорӣ кардан гирифт: «Эй Абулқосим! Ту бегона нестӣ. Ба рафтори дағали мо нигоҳ накун, ибодататро давом деҳ. Ту он қадар нодон нестӣ, ки ба мо пайравӣ кунӣ.» Баъд Муҳаммад алайҳиссалом аз он ҷо рафт. Рӯзи дигар мушрикон боз дар ҳамон ҷо ҷамъ омада буданд ва бар зидди Сарвари мо, Паёмбар, ҳарза гуфтан гирифтанд. Дар ҳамин вақт Сарвари мо Расулуллоҳ ба он ҷо ташриф овард. Мушрикон дарҳол бар Ҳабиби Аллоҳ таъоло ҳуҷум оварданд. Яке аз бадбахттаринашон, Уқба ибни Абӯмуайт, гиребони мубораки Паёмбари маҳбуби моро гирифт ва гардани мубораки Ӯро чунон фишурд, ки нафас кашида наметавонист. Дар ҳамин лаҳза ҳазрати Абӯбакр расида омад ва барои ҳимояти Расулуллоҳ худро ба миёни онҳо андохта, фарёд зад: «Оё касеро, ки мегӯяд: „Парвардигори ман Аллоҳ аст“, мекушед? Ӯ ба шумо аз ҷониби Парвардигори оламиён оятҳо овардааст!…» Мушрикон Ҳабибуллоҳро раҳо карданду ба Абӯбакри Сиддиқ дарафтоданд. Ба сари мубораки ӯ мушту лагад мезаданд. Бадбахте бо номи Утба ибни Рабиа бо пойафзолаш ба рӯи мубораки ҳазрати Абӯбакр зад ва ӯро ғарқи хун кард. Вайро ба ҳоле расонд, ки шинохта намешуд. Агар Бани Тайм расида, онҳоро ҷудо намекарданд, то ӯро намекуштанд, аз задан бознамеистоданд. Хешовандони қабилааш ҳазрати Абӯбакрро, ки беҳолу парешон гашта буд, дар чодаре гузошта, ба хонааш бурданд. Дарҳол баргашта, ба Каъба омаданд ва гуфтанд: «Агар Абӯбакр бимирад, қасам, ки мо ҳам Утбаро ба гӯр мефиристем!» Баъд назди ҳазрати Абӯбакр рафтанд.1 Ҳазрати Абӯбакр муддати дароз ба худ омада натавонист.

Падараш ва аҳли Бани Тайм бисёр кӯшиданд, ки ӯро ба ҳуш оранд. Танҳо наздикии шом ба худ омад. Ҳамин ки чашм кушод, бо овози шикаста ҳамин қадар гуфта тавонист: «Расулуллоҳ чӣ мекунад? Ӯ дар чӣ ҳол аст? Ба Ӯ ҳам забон дароз карда, таҳқираш карда буданд.» Ба модараш Уммулхайр гуфтанд: «Бипурс, оё чизе мехӯрад ё менӯшад?» Абӯбакри Сиддиқ ҳеҷ мадор надошт. Хӯрдану нӯшиданро ҳам намехост. Чун хона холӣ шуд, модараш пурсид: «Чӣ мехӯрӣ, чӣ менӯшӣ?» Вай чашм кушоду на аз дарду захмҳои худ, балки аз ҳоли Маҳбубаш, ки Ӯро аз ҷонаш зиёд дӯст медошт, пурсид: «Расулуллоҳ дар чӣ ҳол аст, чӣ мекунад?»

«Эй Қурайш! Ба ман гӯш диҳед! Қасам ба Аллоҳ таъоло, ки ҷонам дар қабзаи қудрати Ӯст, ба ман хабар дода шуд, ки шумо хору зор хоҳед шуд!» Паёмбари маҳбуби мо Муҳаммад алайҳиссалом

Модараш ҷавоб дод: «Валлоҳи, аз дӯстат ҳеҷ хабаре надорам!» Ҳазрати Абӯбакр гуфт: «Назди духтари Хаттоб, Умму Ҷамил, бирав ва Расулуллоҳро аз ӯ пурс!»

Умму Ҷамил хоҳари ҳазрати Умар буд ва мусалмон шуда буд. Модари Абӯбакр, Уммулхайр, хесту назди Умму Ҷамил рафт ва гуфт: «Писарам Абӯбакр аз ту Муҳаммад алайҳиссаломро мепурсад. Ӯ дар чӣ ҳол бошад?» Умму Ҷамил гуфт: «Ман на аз Муҳаммад алайҳиссалом хабар дорам, на аз Абӯбакр! Агар хоҳӣ, якҷоя меравем.» Уммулхайр гуфт: «Майлаш», ва ҳар ду бархоста, назди ҳазрати Абӯбакр омаданд. Умму Ҷамил Абӯбакри Сиддиқро ба ин ҳоли зор, захмиву кабуд дида, худдорӣ карда натавонист ва фиғон бардошт: «Қавме, ки бо ту ин корро кардааст, бешубҳа саркашу бадкирдор аст. Аз Аллоҳ таъоло мехоҳам, ки ҷазои кардаҳояшонро бинанд.» Ҳазрати Абӯбакр аз Умму Ҷамил пурсид: «Расулуллоҳ чӣ мекунад, дар чӣ ҳол аст?» Умму Ҷамил ба ӯ гуфт: «Модарат дар ин ҷост, гуфтаҳои маро мешунавад.» Ҳазрати Абӯбакр фармуд: «Аз ӯ ба ту зараре намерасад, сирри туро фош намекунад.» Умму Ҷамил гуфт: «Зинда аст, ҳолаш хуб аст.» Боз пурсид: «Ҳоло Ӯ куҷост?» Умму Ҷамил ҷавоб дод: «Дар хонаи Арқам.» Ҳазрати Абӯбакр гуфт: «Валлоҳи, то наравам ва Расулуллоҳро набинам, на чизе мехӯрам ва на чизе менӯшам!» Модараш гуфт: «Ҳоло каме сабр кун! Бигзор ҳама ба хоб раванд, баъд меравем.»

Вақте ки ҳама хобиданд ва кӯчаҳо холӣ шуданд, ҳазрати Абӯбакр ба модараш ва Умму Ҷамил такя карда, оҳиста-оҳиста ба ҳузури Расулуллоҳ расид. Ӯро ба оғӯш кашиду бӯсид. Бародарони мусалмонашро низ ба оғӯш гирифт. Ин ҳоли ҳазрати Абӯбакр Сарвари мо, Паёмбарро сахт ғамгин кард. Ҳазрати Абӯбакр арз кард: «Ё Расулаллоҳ! Падару модарам фидои ту бод! Ғайр аз он ки он марди саркаш рӯю чашмамро ба замин молида, маро ношинохта кард, дигар ҳеҷ ғаме надорам! Ин зане, ки дар паҳлӯи ман аст, модарам Салмост, ки маро ба дунё овардааст. Илтимос мекунам, ки барои ӯ дуо фармоед. Умед аст, ки Аллоҳ таъоло ба ҳурмати ту ӯро аз оташи Ҷаҳаннам наҷот диҳад.» Пас Паёмбари маҳбуби мо ба даргоҳи Аллоҳ таъоло илтиҷо кард, ки Салмо мусалмон шавад. Дуои Сарвари мо Расулуллоҳ қабул шуд. Бад-ин тариқ Уммулхайр низ ба ҳидоят расида, мусалмон шуд ва ба шарафи дар қатори аввалин мусалмонон будан мушарраф гардид.

Дастони Абӯлаҳаб хушк шавад

Хонаи Сарвари мо, Паёмбар, дар миёни хонаҳои ду мушрики сарсахт, Абӯлаҳаб ва Уқба ибни Абӯмуайт, воқеъ буд. Онҳо ҳар фурсате меёфтанд, мекӯшиданд ба Паёмбари маҳбуби мо озор расонанд. Ҳатто шабона шикамбаи ҳайвонҳоро пеши дари Сарвари мо Расулуллоҳ мепартофтанд. Амакаш Абӯлаҳаб ба ин ҳам қаноат намекард: аз хонаи ҳамсояаш Адӣ ба Ӯ санг мепартофт ва озораш медод.

Занаш Умму Ҷамил низ аз ӯ қафо намемонд. Шохаҳои хордорро ҷамъ карда, ба роҳҳое, ки Расулуллоҳ аз онҳо мегузашт, мерехт, то ба пойҳои мубораки Ӯ халанд. Рӯзе Абӯлаҳаб наҷосатеро, ки оварда буд, пеши дари Сарвари мо, Паёмбар, мерехт, ки ҳазрати Ҳамза ӯро дид. Дарҳол давида омад, бародараш Абӯлаҳабро дошт ва наҷосати овардаашро ба сари худаш рехт.

Пас аз ин озорҳои Абӯлаҳаб ва занаш дар бораи онҳо сураи Таббат нозил шуд, ки бо суханони «Дастони Абӯлаҳаб хушк шавад, ва худ хушк ҳам шуд…» оғоз меёбад. Зани Абӯлаҳаб, Умму Ҷамил, чун шунид, ки дар бораи онҳо сура нозил шудааст, Сарвари мо, Паёмбарро ҷустан гирифт. Фаҳмид, ки Ӯ дар Каъба аст, санги калонеро ба даст гирифту ба он ҷо рафт. Ҳазрати Абӯбакр дар ҳамон лаҳза ба суҳбати Паёмбари мо мушарраф буд.

Умму Ҷамилро санг дар даст дида, гуфт: «Ё Расулаллоҳ! Умму Ҷамил меояд. Зани хеле шарир аст, метарсам, ки ба шумо зарар расонад. Кошки ба як гӯшае мерафтеду аз озори ӯ дар амон мемондед!» Сарвари мо Расулуллоҳ фармуд: «Вай маро дида наметавонад.» Умму Ҷамил омада, бар сари ҳазрати Абӯбакр истод ва суханони пасте гуфт: «Эй Абӯбакр! Зуд бигӯ, он дӯстат куҷост! Ӯ ману шавҳарамро ҳаҷв карда, бад гуфтааст. Агар Ӯ шоир бошад, ман ҳам шоирам, шавҳарам ҳам шоир. Инак, ман ҳам Ӯро ҳаҷв мекунам. Мо ба Ӯ исён мекунем, паёмбариашро қабул надорем ва динашро ҳам дӯст намедорем. Қасам мехӯрам, ки агар Ӯро як бор медидам, ҳамин сангро ба сараш мезадам…» Ҳазрати Абӯбакр фармуд: «Соҳиби ман шоир нест ва туро ҳаҷв накардааст.» Умму Ҷамил баргашту рафт. Ҳазрати Абӯбакр ба Сарвари мо рӯ оварда, пурсид: «Ё Расулаллоҳ! Магар ӯ шуморо надид?» Фармуд: «Маро надид. Аллоҳ таъоло чашми ӯро ба ҳоле гардонд, ки маро дида натавонад.»2

Аз духтарони мубораки Сарвари мо, Паёмбар, ҳазрати Умму Кулсум номзади Утайба, писари Абӯлаҳаб, ва ҳазрати Руқайя номзади писари дигари ӯ, Утба, буданд, вале ҳанӯз никоҳ нашуда буданд.

Чун сураи Таббат нозил шуд, Абӯлаҳаби ҷаҳаннамӣ, занаш ва бузургони Қурайш ба Утба ва Утайба пешниҳод карданд: «Шумо духтарони Ӯро гирифта, бори Ӯро сабук кардед. Духтаронашро талоқ диҳед, то ба машаққат афтад. Мо барои шумо аз Қурайш ҳар духтареро, ки хоҳед, мегирем.» Онҳо гуфтанд: «Хуб, талоқ додем.» Пасткоре бо номи Утайба аз ин ҳам пештар рафт: ба ҳузури шарифи Паёмбари мо (саллаллоҳу таъоло алайҳи ва саллам) омад ва бо ин суханон Ӯро таҳқир кард: «Эй Муҳаммад! Ман на туро мешиносам ва на дини туро. Духтаратро ҳам талоқ додам. Акнун на ту маро дӯст бидор, на ман туро! На ту назди ман биё, на ман назди ту меоям!…» Сипас ба Паёмбари маҳбуби мо ҳамла карда, гиребони мубораки Ӯро гирифт, пироҳанашро дарронд ва дашном дод. Он гоҳ Паёмбари маҳбуби мо ӯро чунин нафрин фармуд: «Ё Раббӣ! Яке аз дарандагони Худро бар ӯ мусаллат гардон!» Утайбаи бадбахт назди падараш рафта, воқеаро нақл кард. Абӯлаҳаб гуфт: «Аз дуое, ки Муҳаммад дар ҳаққи писарам кард, метарсам.» Пас аз чанд рӯз Абӯлаҳаб писараш Утайбаро барои тиҷорат ба Шом фиристод. Корвон барои шабгузаронӣ дар ҷое бо номи Зарқо манзил гирифт. Шере дар он атроф гаштан гирифт. Утайба ҳамин ки инро дид, гуфт: «Вой бар ман! Қасам мехӯрам, ки нафрини Муҳаммад (алайҳиссалом) қабул шуд. Ин шер маро мехӯрад! Ӯ худаш дар Макка бошад ҳам, қотили ман Ӯст!» Каме баъд шер ғоиб шуд. Утайбаро дар ҷои баландтаре хобонданд. Шабона шер боз омад. Аҳли корвонро як-як бӯй карда, то ба Утайба расид. Бар ӯ ҷаҳиду шикамашро дарид, сарашро ба дандон гирифт ва бераҳмона газида, корашро тамом кард. Утайба фиғонкунон мегуфт: «Магар ба шумо нагуфта будам, ки Муҳаммад ростгӯтарини одамон аст?» ва бо ҳамин ҷон дод. Абӯлаҳаб низ шунид, ки шер писарашро пора-пора кардааст, ва гирякунон гуфт: «Магар ба шумо нагуфта будам, ки аз дуои Муҳаммад дар ҳаққи писарам метарсам?»3

«Дастони Абӯлаҳаб хушк шавад (ҳалок шавад), ва худ хушк ҳам шуд. На моли ӯ (ки аз падараш мерос монда буд) ва на он чи касб карда буд, ба ӯ фоидае набахшид. Вай ба оташи шӯълавар дохил хоҳад шуд, ва занаш низ ҳамчун ҳезумкаш, дар ҳоле ки дар гарданаш ресмони тобдода аст» Таббат: 1–5

Паёмбари маҳбуби мо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мардумро ба саодати абадӣ даъват мекард. Онҳоро ба имон овардан ба вуҷуд ва ягонагии Аллоҳ таъоло мехонд ва мекӯшид, ки дар Ҷаҳаннам насӯзанд. Мушрикон бошанд, «Дини падарони мо ҳамин аст» гуфта, бутпарастиро давом медоданд. Сарвари мо, Паёмбар, онҳоро даъват мекард, ки одамвор зиндагӣ кунанд, соҳиби обрӯву шараф бошанд, аз беқадрӣ раҳо ёбанд ва ба мақомҳои баланду волои маънавӣ бароянд. Онҳо бошанд, дар якравии худ исрор меварзиданд. Абӯлаҳаб дар сафи пеши таҳқиркунандагону озордиҳандагон буд. Ҳамеша аз паи Расулуллоҳ мегашт ва мекӯшид мардумро аз гӯш додан ба Ӯ боздорад ва дар зеҳнашон шубҳа андозад. Дар маҳфилҳову бозорҳо ҳар бор, ки Сарвари мо Расулуллоҳ мефармуд: «Эй мардум! „Ло илоҳа иллаллоҳ“ гӯед, то наҷот ёбед!», Абӯлаҳаб дарҳол аз пасаш расида, мегуфт: «Эй мардум! Ин сухангӯ бародарзодаи ман аст. Зинҳор ба сухани Ӯ бовар накунед. Аз Ӯ дур бошед!»

Рӯзе Муҳаммад алайҳиссалом дар Каъбаи шариф намоз мехонд. Гурӯҳе аз ҳафт нафар мушрикон, ки дар миёнашон аз бузургони Қурайш Абӯҷаҳл, Шайба ибни Рабиа, Утба ибни Рабиа ва Уқба ибни Абӯмуайт буданд, омада, наздики Расулуллоҳ нишастанд. Дар он атроф шикамба ва боқимондаҳои шутуре буд, ки як рӯз пеш забҳ карда буданд. Абӯҷаҳли пасткор ба ҳамроҳонаш рӯ оварда, пешниҳоди зиште кард: «Кӣ аз шумо шикамбаи ин шутурро гирифта, вақте ки Муҳаммад ба саҷда меравад, миёни ду китфи Ӯ мегузорад?» Золимтарин, бераҳмтарин, сангдилтарин ва бадбахттарини онҳо, Уқба ибни Абӯмуайт, «Ман мекунам» гуфту дарҳол бархост. Шикамбаро бо ҳар чӣ дар он буд, вақте ки Паёмбари мо дар саҷда буд, бар китфҳои мубораки Ӯ гузошт. Мушрикон ин манзараро тамошо карда, қаҳ-қаҳ хандидан гирифтанд. Сарвари мо, Паёмбар, саҷдаашро дароз мекард ва сари муборакашро намебардошт. Дар ҳамин вақт яке аз асҳоби киром, Абдуллоҳ ибни Масъуд, ин ҳолро дид. Вай ин воқеаро чунин нақл кардааст:

«Чун Расулуллоҳро дар он ҳол дидам, хун ба сарам зад. Аммо қавму қабилае надоштам, ки маро аз дасти мушрикон ҳимоя кунад. Бекасу нотавон будам. Дар он лаҳза ҳатто сухан гуфтан аз дастам намеомад. Дар ҷоям истода, бо андӯҳи бисёр ба Расулуллоҳ менигаристам.

Кошки он вақт қуввате ё ҳимоятгаре медоштам, ки маро аз мушрикон нигоҳ медошт, ва он чиро, ки бар китфи мубораки Расул алайҳиссалом гузошта буданд, бардошта мепартофтам! Ман ҳамин тавр истода будам, ки ба духтари Расулуллоҳ, ҳазрати Фотима, хабар доданд. Фотима он вақт хурдсол буд. Давон-давон омаду он чиро, ки бар падараш буд, партофт. Касонеро, ки ин корро карда буданд, нафрин кард ва ба онҳо суханони сахт гуфт. Сарвари мо Расулуллоҳ бошад, гӯё ҳеҷ чиз нашуда бошад, намозашро ба охир расонд ва се бор фармуд:

„Илоҳо! Ин гурӯҳи Қурайшро ба Ту ҳавола мекунам! Илоҳо! Абӯҷаҳл Амр ибни Ҳишомро ба Ту ҳавола мекунам! Илоҳо! Утба ибни Рабиаро ба Ту ҳавола мекунам! Илоҳо! Шайба ибни Рабиаро ба Ту ҳавола мекунам! Илоҳо! Уқба ибни Абӯмуайтро ба Ту ҳавола мекунам! Илоҳо! Умайя ибни Халафро ба Ту ҳавола мекунам! Илоҳо! Валид ибни Утбаро ба Ту ҳавола мекунам! Илоҳо! Умора ибни Валидро ба Ту ҳавола мекунам!“

Мушрикон ин нафринро шунида, аз ханда бозмонданд ва ба тарс афтоданд. Зеро бовар доштанд, ки дуое, ки дар Байтуллоҳ карда шавад, қабул мешавад. Сарвари мо Расулуллоҳ ба Абӯҷаҳл фармуд: „Валлоҳи, ё аз ин кор даст мекашӣ, ё Аллоҳ таъоло бар сарат мусибате нозил мекунад!“ Қасам ба Аллоҳ таъоло, дидам, ки ҳар яке аз касоне, ки Расулуллоҳ номашонро бурда буд, дар ҷанги Бадр кушта шуда, ба хок афтоданд ва ҷасадҳояшонро чун мурдори аз гармо бӯйгирифта ба чоҳи Бадр партофтанд.»

Рӯзе Абӯҷаҳл дар Байтуллоҳ ба мушрикони Қурайш гуфт: «Эй гурӯҳи Қурайш! Мебинед, ки Муҳаммад айб кардани дини моро, забон дароз кардан ба бутҳои мо ва ба падарони мо, ки онҳоро мепарастиданд, ва ба мо чун ба беақлон нигаристанро бас намекунад. Дар ҳузури шумо қасам хӯрда мегӯям: фардо, вақте ки Ӯ ба ин ҷо омада, намоз мехонад ва ба саҷда меравад, сангеро, ки худам ба душворӣ мебардорам, бо тамоми зӯр ба сараш мезанам. Он гоҳ хоҳ маро аз Бани Абдулмутталиб ҳимоя кунед, хоҳ накунед. Баъд аз он ки Ӯро куштам, бигзор хешовандонаш бо ман ҳар чӣ хоҳанд, кунанд…» Мушрикони ҳозир ӯро барангехта, гуфтанд: «Қасам мехӯрем, ки ҳам туро ҳимоя мекунем ва ҳам ба ҳеҷ кас таслимат намекунем. Фақат ту Ӯро бикуш!» Субҳ Абӯҷаҳл санги калоне дар даст ба Каъба омад. Дар паҳлӯи мушрикон нишаст ва интизор шуд. Паёмбари маҳбуби мо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мисли ҳар рӯз ба Байтуллоҳ омада, ба намоз истод. Абӯҷаҳл аз ҷояш бархост ва барои он ки санги калони дасташро ба Ӯ занад, ба сӯи Расулуллоҳ равон шуд. Ҳамаи мушрикон ин ҳодисаро бо ҳаяҷон тамошо мекарданд. Абӯҷаҳл ҳамин ки ба Расулуллоҳ наздик шуд, ногаҳон ба ларза даромад. Санги калон аз дасташ ба замин афтод, рангаш мисли хокистар парид ва бо тарси бузург ақиб гашт. Мушрикон ҳайрон назди Абӯҷаҳл омада, пурсиданд: «Эй Амр ибни Ҳишом! Бигӯ, чӣ шуд?» Абӯҷаҳл гуфт: «Ҳамин ки барои куштани Ӯ сангро бардоштам, пеши роҳам шутури хашмгине пайдо шуд. Қасам мехӯрам, ки дар умрам шутуре бо чунин пойҳои баланд, бо чунин дандонҳои тез ва ин қадар ҳайбатнок на дидаам ва на шунидаам. Агар каме наздиктар мерафтам, бешубҳа маро мекушт.» Боз рӯзе Абӯҷаҳл мушриконро ҷамъ карда, пурсид: «Оё ятими Абдуллоҳ дар ин ҷо намоз мехонад ва рӯяшро ба хок мемолад?» Гуфтанд: «Бале.» Абӯҷаҳл, ки маҳз ҳамин суханро интизор буд, гуфт: «Агар Ӯро дар он ҳол бинам, сарашро зери поям пахш мекунам.» Рӯзе Сарвари паёмбарон дар Каъба ба намоз истода буд. Абӯҷаҳл бо рафиқонаш нишаста буд. Аз ҷояш хест ва ба сӯи Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) равон шуд. Хеле наздик омад. Вале ногаҳон бо дасташ рӯяшро пок карда, гурехтан гирифт. Мушрикон назди ӯ омада, гуфтанд: «Чӣ шуд, ин чӣ ҳол аст?» Абӯҷаҳл ҷавоб дод: «Дар миёни мо чоҳе пур аз оташ пайдо шуд. Дидам, ки касоне бар ман ҳуҷум меоранд, баргаштам.» Бузургони мушрикон, монанди Валид ибни Муғира, Абӯҷаҳл (Амр ибни Ҳишом), Асвад ибни Мутталиб, Умайя ибни Халаф, Асвад ибни Абдуяғус, Ос ибни Воил ва Ҳорис ибни Қайс, ҳар гоҳ Расулуллоҳро медиданд, масхара карда, мегуфтанд: «Ин ҳам худро паёмбар мепиндорад ва гумон мекунад, ки назди Ӯ Ҷабраил меояд.» Аз ин рӯ, рӯзе, ки Ҳабиби акрам бисёр ғамгин шуда буд, Ҷабраил алайҳиссалом омад ва чанд ояти карима овард, ки маънояш чунин аст:

«(Эй Расули Ман!) Қасам, ки ба паёмбароне, ки пеш аз ту фиристода шуда буданд, низ истеҳзо карда шуд. Касонеро, ки ба онҳо (ба паёмбарон) истеҳзо ва масхара мекарданд, ба ҷазои истеҳзояшон бало ва азоб аз ҳар сӯ фаро гирифт.»4 «Бешубҳа, Мо дар баробари онҳое, ки туро масхара мекунанд, кофӣ ҳастем. Онҳо касоне ҳастанд, ки бо Аллоҳ таъоло маъбуди дигареро эътироф мекунанд. Онҳо ба зудӣ (оқибатеро, ки ба сарашон меояд) хоҳанд донист. Ба ростӣ, Мо медонем, ки аз суханони онҳо (аз ширк оварданашон, забон дароз карданашон ба Қуръони карим ва суханони тамасхуромезашон ба ту) синаат танг мешавад ва дилат меранҷад.»5

«Эй Абӯҷаҳл! Валлоҳи, ё аз ин кор даст мекашӣ, ё Аллоҳ таъоло бар сарат мусибате нозил мекунад» Паёмбари маҳбуби мо Муҳаммад алайҳиссалом

Рӯзе Султони коинот Каъбаи муаззамаро тавоф мекард, ки Ҷабраил алайҳиссалом омад ва гуфт: «Ба ман амр шуд, ки ҷазои онҳоро (ҷазои масхаракунандагонро) диҳам.» Каме баъд Валид ибни Муғира аз пеши онҳо гузашт. Ҷабраил алайҳиссалом пурсид: «Ин раҳгузар чӣ гуна шахс аст?» Сарвари мо, Паёмбар, фармуд: «Вай яке аз бадтарин бандагони Аллоҳ таъоло аст.» Он гоҳ Ҷабраил алайҳиссалом ба соқи Валид ишора кард ва гуфт: «Ҷазояшро додам!» Каме баъд Ос ибни Воил аз он ҷо гузашт. Дар бораи ӯ низ пурсид ва ҳамон ҷавобро шунида, ба шикамаш ишора кард ва гуфт: «Ба ӯ ҳам ҳаддашро нишон додам!» Чун Асвад ибни Мутталиб гузашт, ба чашмаш, ва чун Абдуяғусро дид, ба сараш ишора кард. Вақте ки Ҳорис ибни Қайс мегузашт, ба шикамаш ишора карда, гуфт: «Эй Муҳаммад! Аллоҳ таъоло туро аз шарри инҳо наҷот дод. Ба зудӣ ҳар яке аз инҳо ба балое гирифтор мешавад.»

Ба пои Ос ибни Воил хор халид. Ҳар қадар даво карданд, ба дардаш чора наёфтанд. Охири кор пояш мисли гардани шутур варам кард ва ӯ «Аллоҳи Муҳаммад маро кушт!» гӯён фарёд зада, ҷон дод.

Чашмони Асвад ибни Мутталиб кӯр шуд. Ҷабраил алайҳиссалом сари ӯро ба дарахт зада, ҳалокаш кард.

Асвад ибни Абдуяғус дар ҷое бо номи Боди самум буд, ки рӯю тамоми баданаш сип-сиёҳ гашт. Ба хона омад, вале ӯро нашинохтанд ва аз дар ронданд. Аз алам сарашро ба дари хонааш зада-зада мурд.

Ҳорис ибни Қайс бошад, моҳии шӯр хӯрда буд. Ҳарораташ торафт баланд мешуд. Ҳар қадар об нӯшид, ташнагиаш нашикаст. Оқибат таркиду мурд. Ба соқи Валид ибни Муғира низ пораи оҳан халид. Захмаш шифо наёфт, хуни бисёр аз даст дод ва ӯ низ «Аллоҳи Муҳаммад маро кушт!» гӯён фарёд зада, ҷон дод.

Ҳамин тариқ ҳар яке аз онҳо ҷазои кардаҳояшро дид. Ғайр аз ин, бо оёти карима хабар дода шуд, ки мушрикон абадан дар Ҷаҳаннам хоҳанд монд. Рӯзе Паёмбари маҳбуби мо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо Ҳакам ибни Абулос рӯ ба рӯ шуд. Пас аз он ки Сарвари мо, Паёмбар, аз назди ӯ гузашт, Ҳакам аз пушти Сарвари мо Расулуллоҳ даҳону рӯй ва баданашро каҷу килеб карда, Ӯро масхара мекард.

Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) кардаҳои Ҳакамро бо нури нубувват дид ва дуо фармуд, ки ӯ ҳамон тавр бимонад. Бадани Ҳакамро ларза фаро гирифт ва то охири умр ҳамон тавр монд.

Шиканҷаҳое, ки ба асҳоби киром дода шуд

Мушрикон на танҳо ба Сарвари мо, Паёмбар, озор медоданд, балки асҳоби шарафманди Ӯро (разияллоҳу анҳум) низ шиканҷа мекарданд. Махсусан фақирону бекасонро интихоб мекарданд ва ҳар фишору зулмеро, ки аз дасташон меомаду ба ақлу хаёл намегунҷид, бе ҳеҷ парво раво медиданд. Аз ҳама бештар Билоли Ҳабашӣ, Зиннира хотун, Хаббоб ибни Арат, Аммор ибни Ёсир ва хонаводаи ӯ (разияллоҳу анҳум аҷмаъин) шиканҷа диданд. Баъзеи онҳоро бо сангҳои дар гармии офтоб тафсида доғ мекарданд, баъзеро гуруснаву ташна нигоҳ дошта, «Аз дини Муҳаммад баргард!» гӯён азоб медоданд. Онҳо бошанд, ба ин ҷафоҳои тоқатфарсо сабр мекарданд ва ҳаргиз аз дини ислом барнамегаштанд.

Аллоҳ якест, Аллоҳ якест

Ҳазрати Билол ғуломи мушрике бо номи Умайя ибни Халаф буд ва ба воситаи Абӯбакри Сиддиқ мусалмон шуда буд. Умайя аз дувоздаҳ ғуломаш Билолро аз ҳама бештар дӯст медошт ва аз ин рӯ ӯро посбони бутхона карда буд. Ҳазрати Билол чун мусалмон шуд, ҳамаи бутҳои бутхонаро ба ҳолати саҷда сарнагун кард. Ин хабар ба Умайя расиду ӯ сахт ба даҳшат афтод. Билолро назди худ хонд ва пурсид: «Ту мусалмон шудаӣ. Мегӯянд, ки ба Парвардигори Муҳаммад саҷда мекардаӣ, рост аст?» Ҳазрати Билол гуфт: «Бале. Ба Аллоҳ таъоло, ки бузургу волост, саҷда мекунам.» Умайя ин ҷавоби нохушро шунида, дарҳол ба озору шиканҷаи ӯ сар кард. Нисфирӯзӣ, вақте ки офтоб рост болои сар меистод, либосашро мекашид ва сангҳои аз гармо тафсидаро бар бадани урёнаш гузошта, доғаш мекард. Баъзе аз ин сангҳои мисли оташ сӯзонро бар пушташ ва баъзеро бар шикамаш тӯда карда, мегуфт: «Аз дини ислом баргард!.. Ба бутҳои Лот ва Уззо имон овар!» Ҳазрати Билол бошад, имонашро чунин изҳор мекард: «Аллоҳ таъоло якест! Аллоҳ таъоло якест!»

Умайя ибни Халаф ҳар гоҳ ин сабри ӯро медид, девонавор мешуд: ӯро бар болои хорҳо кашола мекард, баданашро захмӣ мекард ва азоб медод. Ҳазрати Билол бошад, ба хуне, ки чун ҷӯй аз баданаш ҷорӣ буд, парво накарда, мегуфт: «Илоҳо! Ба он чи аз Ту меояд, розиям! Илоҳо! Ба он чи аз Ту меояд, розиям!» ва дар имонаш устувор мемонд. Ҳазрати Билол ин ҳоли худро чунин нақл кардааст:

«Он Умайяи палид маро дар гармои рӯз мебаст ва шабона азоб медод. Рӯзи гарме буд. Мисли ҳамеша боз шиканҷаро сар кард. Барои он ки маро аз ислом баргардонад, ҳар бор, ки мегуфт: „Бутҳои моро бипараст! Аллоҳи Муҳаммадро инкор кун, инкор кун, инкор кун!“, ман мегуфтам: „Аллоҳ якест! Аллоҳ якест!“ Барои он ки алами дилашро гирад, он рӯз харсанги бисёр калонеро бар синаам гузошт. Дар ҳамон лаҳза беҳуш шуда будаам. Ба ҳуш омадам, дидам, ки харсанг аз болои ман бардошта шудааст ва офтоб пушти абр рафтааст. Ба Аллоҳ таъоло шукр гуфтам ва бо худ гуфтам: „Эй Билол! Ҳар чӣ аз Ҷаноби Ҳақ ояд, хубу хуш аст.“»

Боз рӯзе Умайя ибни Халаф Билоли Ҳабаширо барои шиканҷа берун бурда буд. Либосҳояшро кашида, танҳо бо як эзор дар гармои сӯзон бар реги тафсон хобонда, болояш санг тӯда карда буд. Мушрикон ҷамъ омада, ӯро сахт шиканҷа мекарданд ва мегуфтанд: «Агар аз динат барнагардӣ, туро мекушем.» Билоли Ҳабашӣ зери ин шиканҷаҳои тоқатфарсо мегуфт: «Аллоҳ якест! Аллоҳ якест!» Дар ҳамин вақт Паёмбари маҳбуби мо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз он ҷо мегузашт. Ҳазрати Билоли Ҳабаширо дар ин ҳол дида, бисёр ғамгин шуд ва фармуд: «Ёд кардани номи Аллоҳ таъоло туро наҷот медиҳад.»

Сарвари мо, Паёмбар, ба хона баргашт ва каме баъд ҳазрати Абӯбакр назди Ӯ омад. Сарвари мо шиканҷаҳоеро, ки Билоли Ҳабашӣ мекашид, ба Абӯбакри Сиддиқ нақл кард ва фармуд: «Бисёр ғамгин шудам.» Ҳазрати Абӯбакр дарҳол ба он ҷо рафт ва ба мушрикон гуфт: «Аз ин тавр азоб додани Билол ба шумо чӣ фоида? Вайро ба ман бифурӯшед.» Гуфтанд: «Агар пури дунё тилло диҳӣ ҳам, намефурӯшем. Вале бо ғуломат Омир иваз мекунем.» Омир, ғуломи ҳазрати Абӯбакр, корҳои тиҷоратии ӯро пеш мебурд ва пули зиёде ба даст меовард. Ғайр аз моли шахсиаш, даҳ ҳазор тилло дошт. Ёвари ҳазрати Абӯбакр буд ва ҳамаи корҳояшро мегардонд. Вале кофир буд ва дар куфри худ исрор меварзид. Ҳазрати Абӯбакр фармуд: «Омирро бо тамоми мол ва пулҳояш ба ивази Билол ба шумо додам.» Умайя ибни Халаф ва дигар мушрикон хеле шод шуданд ва гуфтанд: «Абӯбакрро фиреб додем.»

«(Эй Расули Ман!) Қасам, ки ба паёмбароне, ки пеш аз ту фиристода шуда буданд, низ истеҳзо карда шуд. Касонеро, ки ба онҳо (ба паёмбарон) истеҳзо ва масхара мекарданд, ба ҷазои истеҳзояшон бало ва азоб аз ҳар сӯ фаро гирифт» Анъом: 10

Ҳазрати Абӯбакр дарҳол сангҳои вазнинро аз болои Билоли Ҳабашӣ партофт ва ӯро аз ҷояш хезонд. Билоли Ҳабашӣ аз шиканҷаҳои сахт хеле беҳол шуда буд. Дасташро гирифту рост ба ҳузури Паёмбари маҳбуби мо овард ва гуфт: «Ё Расулаллоҳ! Имрӯз Билолро барои ризои Аллоҳ озод кардам.» Сарвари мо Расулуллоҳ бисёр шод шуд ва барои ҳазрати Абӯбакр бисёр дуо фармуд. Дар ҳамин вақт Ҷабраил алайҳиссалом оёти каримаи 17-ум ва 18-уми сураи Лайлро овард, ки ба дур будани Абӯбакр аз Ҷаҳаннам мужда медиҳанд. Дар ин оёти карима фармуда шудааст, ки маънояш чунин аст: «Касе, ки (мисли ҳазрати Абӯбакр) бисёр парҳезгор аст (аз ширку гуноҳ парҳез мекунад) ва молашро барои он ки дар назди Аллоҳ таъоло пок гардад (ва ба ваъдаи илоҳӣ бирасад) дар роҳи хайр харҷ мекунад, аз он (аз Ҷаҳаннам) дур карда шудааст.»

Шиканҷаи нодидаву ношунида

Ҳазрати Хаббоб ибни Арат низ аз ҷумлаи касоне буд, ки ба онҳо зулм мекарданд, то аз динашон баргарданд. Ҳазрати Хаббоб ҳам бекас буд ва ғуломи зани мушрике бо номи Умму Анмор буд.

Азбаски хешованде надошт, ки ӯро ҳимоя кунад, мушрикон ҷамъ мешуданд, либосро аз бадани муборакаш мекашиданд ва баданашро бо хор мехарошиданд. Гоҳо ба бадани бараҳнааш пироҳани оҳанин пӯшонда, дар зери офтоб нигоҳ медоштанд. Сангҳоеро, ки дар офтоб ё дар оташ тафсонда буданд, ба бадани урёнаш мефишурданд ва мегуфтанд: «Аз динат баргард! Лот ва Уззоро бипараст!» Хаббоб бошад, дар имонаш устувор меистод ва дар ҷавоби онҳо мегуфт: «Ло илоҳа иллаллоҳ, Муҳаммадун Расулуллоҳ.»

Рӯзе мушрикон ҷамъ омада, дар майдоне оташ афрӯхтанд. Ҳазрати Хаббобро баста, ба он ҷо оварданд. Либосашро кашиданд ва бар болои оташ хобонданд. Ё ӯро аз динаш бармегардонданд, ё дар оташ месӯзонданд. Ҳазрати Хаббобро дар миёни оташ ба пушт хобонда буданд, ва ӯ дуо мекард: «Илоҳо! Ҳоли маро мебинӣ, вазъамро медонӣ. Имони диламро устувор гардон, сабри бузург ато фармо!» Яке аз мушрикон бо пояш ба синаи ҳазрати Хаббоб пахш кард. Вале онҳо намедонистанд, ки Аллоҳ таъоло имондоронро нигоҳ медорад.

Солҳо баъд, вақте ки аз Хаббоб дар бораи ин воқеа пурсиданд, пушташро кушода, доғҳои сӯхтагиро нишон дод ва гуфт: «Барои ман оташе афрӯхтанд, баъд маро кашола карда, ба он андохтанд. Он оташро танҳо гӯшти тани ман хомӯш карда буд.»

Вақте ки берун ҳазрати Хаббобро ин тавр шиканҷа медоданд, соҳибаш Умму Анмор низ барои аз дин баргардонидани ӯ оҳанро дар оташ тафсонда, бар сараш мефишурд ва доғ мекард. Вай барои динаш ба ҳамаи ин азобҳо тоб меовард, хостаҳои онҳоро иҷро намекард ва аз имонаш барнамегашт.

Рӯзе ҳазрати Хаббоб ба ҳузури Паёмбари маҳбуби мо омад ва гуфт: «Ё Расулаллоҳ! Мушрикон берун ҳар ҷо, ки маро бинанд, дар оташ месӯзонанд. Дар хона бошад, соҳибам Умму Анмор бо оҳани тафсон сарамро доғ мекунад. Аз шумо дуо илтимос дорам!» Баъд сӯхтагиҳои пушту сарашро нишон дод. Паёмбари мо ба ҳоли ӯ бисёр раҳм овард. Ба азобе, ки барои аз дин барнагаштан мекашид, ва ба зулме, ки бар ӯ мерафт, тоқат накард ва дуо фармуд: «Ё Раббӣ! Ба Хаббоб ёрӣ деҳ!» Ҷаноби Ҳақ дуои Расули Худро дарҳол қабул фармуд ва Умму Анморро ба дарди сари сахт гирифтор кард. Умму Анмор аз дарди сар то субҳ меналид. Ба ӯ гуфтанд, ки илоҷаш доғ кардани сар бо оҳани дар оташ тафсондааст. Оқибат вай Хаббобро назди худ хонд ва фармон дод, ки сихи оҳаниро дар оташ тафсонад ва сарашро доғ кунад… Ҳазрати Хаббоб ҳам бо оҳан сари ӯро доғ мекард…

Дар рӯзҳои аввали ислом мушрикон ба ҳоли Хаббоб ибни Арат чандон аҳамият намедоданд. Вале рӯз аз рӯз шумораи имоновардагон зиёд мешуд. Оқибат хоҳу нохоҳ маҷбур шуданд, ки ин корро ҷиддӣ гиранд, ва шиканҷаи ҳазрати Хаббобро зиёд карданд: беҳад мезаданд, лату кӯб мекарданд, захмдор мекарданд, шиканҷа болои шиканҷа мекарданд…

Бо вуҷуди ҳамаи ин, ҳазрати Хаббоб заррае аз имонаш гузашт накард. Вале озору шиканҷаҳо ҳам ба ҳадди тоқатфарсо расида буданд. Вай ҳар чӣ рӯй дода буд, ба Сарвари коинот арз кард ва гуфт: «Ё Расулаллоҳ! Дуо мефармоед, ки аз шиканҷаҳое, ки мекашем, наҷот ёбем?»

Он гоҳ Сарвари мо Расулуллоҳ фармуд: «Дар умматҳои пеш аз шумо касоне буданд, ки пӯсту гӯшташонро бо шонаи оҳанин канда, метарошиданд, вале ин шиканҷа ҳам онҳоро аз динашон барнамегардонд. Бо арра аз фарқи сар ду пора мекарданд, вале ин шиканҷаҳо ҳам онҳоро аз динашон барнамегардонданд. Аллоҳ таъоло албатта ин корро (исломро) ба камол мерасонад. Онро бар ҳамаи динҳо ғолиб мегардонад. Ба дараҷае, ки касе, ки бар маркаби худ савор шуда, аз Санъо то Ҳазрамавт танҳо сафар кунад, ҷуз аз Аллоҳ таъоло аз ҳеҷ кас наметарсад ва дар бораи гӯсфандонаш ҷуз ҳамлаи гург ҳеҷ ташвише намекашад. Вале шумо шитоб мекунед.» Баъд пушти Хаббобро навозиш карду барояш дуо фармуд. Ин суханони латифи Расулуллоҳ, ки барои рӯҳҳо ғизову шифо буданд, дардҳои Хаббобро таскин доданд.

Ҳазрати Хаббоб махсусан аз мушрики саркаш Ос ибни Воил ҳаққи зиёде дошт. Барои гирифтани ҳаққаш назди ӯ рафт. Ос ибни Воил ба Хаббоб гуфт: «То Муҳаммадро инкор накунӣ, ҳаққатро намедиҳам.» Ҳазрати Хаббоб ҷавоб дод: «Валлоҳи, на дар зиндагиам ва на пас аз марг, вақте ки аз қабр мехезам, ҳаргиз паёмбарамро рад ва инкор карда наметавонам. Аз ҳама чиз мегузарам, вале ин инкорро карда наметавонам.» Он гоҳ Ос ибни Воил гуфт: «Магар пас аз марг зинда мешавем? Агар чунин чизе бошад, он вақт ҳам мол хоҳам дошт, ҳам фарзанд. Қарзамро он рӯз ба ту адо мекунам.»

Ба сабаби ин суханони Ос ибни Воил Аллоҳ таъоло дар Қуръони карим, дар оёти каримаи 77–79-уми сураи Марям, чунин фармуд, ки маънояш ин аст: «(Эй Ҳабиби Ман!) Оё он касеро, ки оёти Моро инкор мекунад ва мегӯяд: „Албатта ба ман (дар рӯзи қиёмат) мол ва фарзанд дода хоҳад шуд“ (Ос ибни Воилро) дидӣ? Оё ӯ аз ғайб огоҳ шудааст, ё аз Раҳмон аҳде гирифтааст? Не, чунин нест! Мо гуфтаи ӯро менависем (дар рӯзи қиёмат барои он ӯро ба ҳисоб мекашем) ва азобашро торафт афзун мегардонем.»

Шиканҷа то беҳушӣ

Мушрикон дар шиканҷа миёни зану мард фарқ намегузоштанд. Зиннира хотун, ки аз аввалин мусалмонон буд ва ҳеҷ касе надошт, низ канизак буд. Мушрикон чун фаҳмиданд, ки ӯ мусалмон шудааст, аз шиканҷа додани ӯ ҳам ҳеҷ ибо накарданд. Зиннира хотунро маҷбур мекарданд, ки бутҳои Лот ва Уззоро парастад, гулӯяшро мефишурданд ва то нафасаш баста шуда, беҳуш намешуд, шиканҷа медоданд. Бо вуҷуди ин, ӯ ҳаргиз аз динаш барнамегашт ва гуфтаҳои онҳоро иҷро намекард. Махсусан Абӯҷаҳл ӯро бисёр шиканҷа медод. Аз ин сабаб чашмони Зиннира нобино шуд. Боре Абӯҷаҳл гуфт: «Дидӣ? Лот ва Уззо чашматро кӯр карданд!» Зиннира хотун имони худро изҳор карда, гуфт: «Эй Абӯҷаҳл! Валлоҳи, ин тавр нест, ки ту мегӯӣ. Бутҳое, ки ту Лот ва Уззо меномӣ, ба ҳеҷ кор намеоянд, на аз парастандагони худ хабар доранд ва на аз онҳое, ки намепарастанд. Парвардигори ман, бешубҳа, қодир аст, ки нури чашмамро баргардонад ва маро ба ҳоли пешинам барорад.»

«(Эй Билол!) Ёд кардани номи Аллоҳ таъоло туро наҷот медиҳад» Ҳадиси шариф

Абӯҷаҳл дар баробари имони устувори ҳазрати Зиннира ҳайрон монд. Аллоҳ таъоло дуои Зиннираро қабул кард ва чашмонаш аз пештара ҳам беҳтар бино шуд. Абӯҷаҳл ва мушрикони Қурайш ин ҳолро диданд, вале аз рӯи якравӣ имон наоварданд. Боз гуфтанд: «Ин ҳам яке аз ҷодуҳои паёмбари онҳост! Магар аз ин беақлоне, ки дар роҳи Муҳаммад мераванд, ҳайрон намешавед? Агар роҳе, ки онҳо мераванд, хубу ҳақ мебуд, аввал мо аз он пайравӣ мекардем. Пас, як канизак пеш аз мо роҳи ростро ёфтааст?»

Он гоҳ Аллоҳ таъоло ояти каримаи 11-уми сураи Аҳқофро нозил фармуд, ки маънояш чунин аст: «Он кофирон дар бораи имоновардагон гуфтанд: „Агар дар он (дар ислом) хайре мебуд, онҳо (фақирону бечорагон) дар ин кор аз мо пеш намегузаштанд, пеш аз мо ба сӯи он намешитофтанд.“ Ва ҳол он ки чун ба воситаи он (ба воситаи Қуръони карим, мисли мӯъминон) ҳидоят наёфтаанд, онҳо (барои инкори Қуръони карим) хоҳанд гуфт: „Ин Қуръони карим (он чи Муҳаммад пеш овардааст) дурӯғи кӯҳна аст.“»

Дорул-Арқам

Паёмбари маҳбуби мо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз зулму шиканҷаҳое, ки мушрикон ба асҳоби Ӯ раво медиданд, бисёр ғамгин мешуд. Барои паҳн шудан ва омӯхтани ислом ҷои бехатаре лозим буд. Сарвари мо, Паёмбар, барои ин вазифаи муқаддас хонаи ҳазрати Арқамро интихоб кард.6 Ин хона дар шарқи теппаи Сафо, дар кӯчаи танге ва дар ҷои нисбатан баланде воқеъ буд. Аз он ҷо Каъбаи муаззама ба осонӣ дида мешуд. Даромадгоҳу баромадгоҳи хона барои назорат кардани раҳгузарон хеле мувофиқ буд. Ғайр аз ин, ҳазрати Арқам аз бузургони Макка ва шахси бообрӯ буд. Ҳабиби акрам дар ин хона исломро ба асҳоби худ баён мекард. Касоне, ки нав мусалмон мешуданд, ба ин ҷо омада, ба ислом мушарраф мешуданд ва бо гӯш додан ба суханони мубораки Сарвари мо Расулуллоҳ, ки давои дилҳо буданд, баракат меёфтанд. Ба Сарвари мо чунон нафас дар сина фурӯ бурда гӯш медоданд, ки гӯё бар сарашон паррандае нишаста бошад ва бо як сухан парида равад. Суханони мубораки Ӯро гӯё фурӯ мебурданд ва бе он ки ягон калимаашро аз даст диҳанд, аз бар мекарданд. Паёмбари мо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рӯзҳояшро ба хонаи Арқам ихтисос дода буд ва аз субҳ то шом ба тарбияи асҳоби худ машғул мешуд. Ин ҷо нахустин маркази мусалмонон, «Дорул-ислом» буд. Аввалин мусалмонон дар ин ҷо ҷамъ мешуданд ва бад-ин тариқ аз ҳар гуна бадии мушрикон эмин мемонданд.

Шиканҷа то дами марг

Аммор ибни Ёсир нақл мекунад: «Мехостам ба Дорул-Арқам рафта, Расулуллоҳро бубинам ва мусалмон шавам. Назди дар бо ҳазрати Суҳайб вохӯрдам. Аз ӯ пурсидам: „Ту дар ин ҷо чӣ мекунӣ?“ Вай ҳам ҳамин саволро аз ман пурсид. Гуфтам: „Мехоҳам ба ҳузури ҳазрати Муҳаммад даромада, суханонашро бишнавам ва мусалмон шавам.“ Вай гуфт: „Ман ҳам барои ҳамин омада будам.“ Якҷоя ба ҳузури олӣ ва шарафманди Ӯ даромадем. Исломро ба мо арза дошт. Бо муҳаббат мусалмон шудем.»7

Аммор аз муҷоҳидоне буд, ки аз ошкор кардани мусалмонии худ ибо намекарданд. Барои он ки аз динаш барнагардад, ба сахттарин шиканҷаҳо тоб меовард. Мушрикон ҳар гоҳ ӯро танҳо меёфтанд, ба ҷое бо номи Рамзо, ба харсангзорҳои Макка мебурданд, либосашро кашида, ба ӯ пироҳани оҳанин мепӯшонданд.

Вайро ҳамин тавр зери офтоби сӯзон нигоҳ медоштанд ва шиканҷа медоданд. Гоҳо пушташро бо оташ доғ мекарданд ва ӯро ба шиканҷаҳои беохир гирифтор мекарданд. Ҳар бор мегуфтанд: «Инкор кун!… Инкор кун!… Лот ва Уззоро бипараст, то наҷот ёбӣ!..» Ҳазрати Аммор бошад, ба ин азобҳои тоқатфарсо бо сабри бузург тоб меовард ва ҷавоб медод: «Парвардигори ман Аллоҳ аст, паёмбари ман Муҳаммад алайҳиссалом аст.» Мушрикон аз ин боз ҳам бештар ба хашм меомаданд, бар синааш харсангҳои аз гармо тафсидаро мегузоштанд, гоҳо ӯро ба чоҳ андохта, мехостанд дар об ғарқаш кунанд. Рӯзе Аммор ибни Ёсир ба ҳузури Паёмбари маҳбуби мо мушарраф шуд ва гуфт: «Ё Расулаллоҳ! Шиканҷаҳое, ки мушрикон ба мо медиҳанд, ба ниҳояти ҳад расид.» Паёмбари мо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ҳоли ҳазрати Аммор раҳм оварда, фармуд: «Сабр кунед, эй падари Яҳзон!» ва баъд дуо фармуд: «Ё Раббӣ! Ба ҳеҷ як аз хонадони Аммор азоби Ҷаҳаннамро начашон!»

Нахустин шаҳид, нахустин хун

Падари ҳазрати Аммор Ёсир, модараш Сумайя ва бародараш Абдуллоҳ ҳама якҷоя мусалмон шуда буданд. Мушрикон ба модар, падар ва бародари ӯ аз он шиканҷае, ки ба худи ҳазрати Аммор медоданд, ҳам бештар азоб медоданд. Ҳангоми шиканҷа мехостанд онҳоро ба гуфтани суханони куфр водор кунанд. Онҳо бошанд, ҷавоб медоданд: «Агар пӯстамонро канед ва гӯштамонро пора-пора кунед ҳам, ба сухани шумо гӯш намедиҳем», ва мегуфтанд: «Ло илоҳа иллаллоҳ, Муҳаммадун Расулуллоҳ.» Боз рӯзе дар ҷое бо номи Батҳо хонаводаи Ёсирро якҷоя шиканҷа медоданд, ки Паёмбари мо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз он ҷо мегузашт. Ин шиканҷаҳои тоқатфарсои асҳобашро дида, бисёр ғамгин шуд. Ҳазрати Ёсир пурсид: «Ё Расулаллоҳ! Оё рӯзгори мо ҳамеша бо ҳамин гуна азоб мегузарад?» Сарвари мо, Паёмбар, фармуд: «Сабр кунед, эй хонадони Ёсир! Шод бошед, эй хонадони Аммор! Бешубҳа, ҷои подоши шумо Ҷаннат аст.» Боз рӯзе мушрикони Макка Амморро бо оташ озору шиканҷа медоданд. Сарвари мо Расулуллоҳ ба он ҷо ташриф оварда, фармуд: «Эй оташ! Чунон ки барои Иброҳим (алайҳиссалом) будӣ, барои Аммор низ хунук ва саломат бош!» Баъдтар, вақте ки Аммор пушташро кушод, асари оташ дида мешуд. Ин асар аз пеш аз дуои Расулуллоҳ монда буд. Боз рӯзе, ки хонаводаи Ёсирро шиканҷа медоданд, ҳазрати Ёсир ва писараш ҳазрати Абдуллоҳро бо тир шаҳид карданд. Абӯҷаҳл фармон дод, ки пойҳои мубораки ҳазрати Сумайяро бо ресмон банданд, ба нӯги ресмонҳо ду шутурро банданд ва онҳоро ба ду самти муқобил ронанд. Бо ҳамин ҳазрати Сумайяро пора-пора карда, шаҳид кард. Сарвари мо ва асҳоби киром (алайҳимурризвон) чун хабар ёфтанд, ки Абӯҷаҳли бераҳм, сангдил ва золим ва дигар мушрикон хонаводаи Ёсирро бо шиканҷа шаҳид кардаанд, бисёр ғамгин шуданд. Ин воқеа сабаб шуд, ки асҳоб боз ҳам бештар ба ҳамдигар пайванданд ва якдилу якҷон гарданд.8 Асҳоби киром вақте ки мехостанд намоз гузоранд, ба ҷойҳое мерафтанд, ки ҳеҷ кас набуд, ва ибодаташонро он ҷо пинҳонӣ адо мекарданд. Боз дар чунин рӯзе Саъд ибни Абӯваққос, Саид ибни Зайд, Абдуллоҳ ибни Масъуд, Аммор ибни Ёсир ва Хаббоб ибни Арат дар яке аз водиҳои Макка, дар ҷое бо номи Абӯдуб, намоз мехонданд. Дар ҳамин вақт Ахнас ибни Шариқ ва чанд мушрике, ки аз паи онҳо меомаданд, расида омаданд ва ибодаташонро масхара карда, бад гуфтан гирифтанд. Ҳазрати Саъд ибни Абӯваққос ва ёронаш ба ин тоб наоварда, бар мушрикон ҳамла карданд. Ҳазрати Саъд устухони шутуреро, ки ба дасташ афтод, ба сари яке аз кофирон зада, сарашро шикофт. Мушрикон тарсиданду гурехтанд. Ҳамин тавр мусалмонон бори аввал хуни кофиреро рехтанд.

«Эй Абӯҷаҳл! Валлоҳи, ин тавр нест, ки ту мегӯӣ. Бутҳое, ки ту Лот ва Уззо меномӣ, ба ҳеҷ кор намеоянд, на аз парастандагони худ хабар доранд ва на аз онҳое, ки намепарастанд. Парвардигори ман, бешубҳа, қодир аст, ки нури чашмамро баргардонад ва маро ба ҳоли пешинам барорад» Зиннира хотун (разияллоҳу анҳо)

Мусалмон шудани ҳазрати Абӯзари Ғифорӣ

Мардум як-як, ду-ду ба ҳидоят мерасиданд ва нури ислом берун аз Макка низ паҳн шуда, оламро мунаввар кардан гирифт. Мушрикон дар баробари хабари зуҳур ва паҳншавии ислом ба ҳар роҳе даст мезаданд, то пеши онро гиранд. Ниҳоят ин хабар ба қабилаи Бани Ғифор ҳам расид. Абӯзари Ғифорӣ ҳамин ки инро шунид, бародараш Унайсро ба Макка фиристод, то ҳолро бифаҳмад. Унайс ба Макка рафт ва дар маҷлиси Сарвари мо, Паёмбар, ҳозир шуд. Мафтун шуда баргашт. Бародараш ҳазрати Абӯзар пурсид: «Чӣ хабар овардӣ?» Гуфт: «Эй сарвари ман! Валлоҳи, як зоти бисёр волоеро дидам, ки ҳамеша ба хайру некӣ амр мекунад ва аз бадиҳо бозмедорад.» Абӯзари Ғифорӣ гуфт: «Хуб, мардум дар бораи Ӯ чӣ мегӯянд?» Бародараш Унайс, ки аз шоирони машҳури замон буд, ҷавоб дод: «Шоир, коҳин, ҷодугар мегӯянд. Вале суханони Ӯ ба суханони коҳинону ҷодугарон монанд нестанд. Гуфтаҳояшро бо ҳар навъ шеъри шоирон ҳам санҷидам. Ба онҳо ҳам монанд нест. Ин суханони беназир бо сухани ҳеҷ кас санҷида намешаванд. Валлоҳи, он зот ҳақро баён мекунад, ростро мегӯяд. Касоне, ки ба Ӯ имон намеоранд, дурӯғгӯ ва дар гумроҳӣ ҳастанд.» Абӯзари Ғифорӣ бо шунидани ин хабар қарор дод, ки ба Макка рафта, Сарвари моро бубинад ва мусалмон шавад. Асое ва каме тӯша гирифту бо шавқ роҳи Маккаро пеш гирифт. Ба Макка расида, ҳоли худро ба ҳеҷ кас нагуфт. Зеро мушрикон бо Сарвари мо ва навмусалмонон сахт душманӣ мекарданд ва озорашонро торафт зиёд мекарданд. Махсусан мусалмонони бекасу ғарибро бисёр шиканҷа медоданд. Абӯзар дар Макка ҳеҷ касро намешинохт. Ғарибу бегона буд. Аз ин рӯ аз ҳеҷ кас чизе напурсид. Дар канори Каъба фурсат меҷуст, ки Расулуллоҳро бубинад, ва нишонае мекофт, ки бидонад Ӯ куҷост. Бегоҳирӯзӣ ба гӯшаи кӯчае рафта нишаст. Ҳазрати Алӣ Абӯзарро дид ва фаҳмид, ки ғариб аст, ӯро ба хонааш бурд. Аз ҳолаш напурсид, Абӯзар ҳам сирри худро накушод. Субҳ шуд ва боз ба Каъба рафт. То шом гашт, вале ба мақсадаш нарасид. Ба ҷои пешина рафта нишаст. Ҳазрати Алӣ он шаб низ аз он ҷо мегузашт. «Ин бечора ҳанӯз манзилашро наёфтааст» гуфта, боз ӯро бурд. Субҳ боз ба Байтуллоҳ рафт ва дар ҳамон гӯшае, ки менишаст, нишаст. Ҳазрати Алӣ боз ӯро ба хонааш даъват кард. Ин бор пурсид, ки аз куҷост ва барои чӣ омадааст. Ҳазрати Абӯзар гуфт: «Агар қатъиян ваъда диҳӣ, ки ба ман маълумоти дуруст медиҳӣ, мегӯям.» Ҳазрати Алӣ гуфт: «Бигӯ, ҳоли туро ба ҳеҷ кас фош намекунам.» Абӯзари Ғифорӣ гуфт: «Шунидам, ки дар ин ҷо паёмбаре зуҳур кардааст. Омадам, ки Ӯро бубинам ва ба Ӯ бирасам.» Ҳазрати Алӣ гуфт: «Ту роҳи ростро ёфтӣ, оқилона кор кардӣ. Ҳоло ман назди он зот меравам. Аз паи ман биё ва ба хонае, ки ман медароям, ту ҳам дароӣ. Агар дар роҳ фаҳмам, ки касе ба ту зарар мерасонад, худро чунон нишон медиҳам, ки гӯё пойафзоламро дуруст мекунам. Он гоҳ ту маро интизор нашуда, гузашта рав.» Абӯзари Ғифорӣ аз паи ҳазрати Алӣ рафт. Ниҳоят ба дидани рӯи мубораки Паёмбари мо мушарраф шуд ва «Ассалому алайкум» гуфта, салом дод.

«Сабр кунед, эй хонадони Ёсир! Шод бошед, эй хонадони Аммор! Бешубҳа, ҷои подоши шумо Ҷаннат аст» Ҳадиси шариф

Ин салом нахустин саломе буд, ки дар ислом дода шуд, ва Абӯзари Ғифорӣ нахустин касе шуд, ки салом дод. Сарвари мо, Паёмбар, ба саломаш ҷавоб гардонд ва фармуд: «Раҳмати Аллоҳ таъоло бар ту бод.» Сипас Сарвари мо фармуд: «Ту кистӣ?» Гуфт: «Ман аз қабилаи Ғифорам.» «Аз кай боз дар ин ҷоӣ?» – фармуд Сарвари мо. – «Се шабонарӯз аст, ки дар ин ҷоям.» – «Кӣ туро таом медод?» – «Ҷуз Замзам ягон хӯрданиву нӯшидание наёфтам. Ҳар қадар, ки аз Замзам нӯшидам, ҳеҷ гуруснагиву ташнагӣ ҳис накардам.» Паёмбари мо фармуд: «Замзам муборак аст. Гуруснаро сер мекунад.» Пас аз ин Абӯзари Ғифорӣ ба Сарвари мо гуфт: «Исломро ба ман баён кун.» Паёмбари мо калимаи шаҳодатро барояш хонд, ӯ низ онро такрор кард ва ба ислом мушарраф шуда, ба қатори аввалин мусалмонон пайваст.9 Ҳазрати Абӯзари Ғифорӣ пас аз мусалмон шудан ба Паёмбари мо гуфт: «Ё Расулаллоҳ! Қасам ба Ҷаноби Ҳақ, ки туро паёмбари ҳақ фиристодааст, ман инро дар миёни мушрикон ошкоро мегӯям.» Ба канори Каъба рафту бо овози баланд гуфт: «Эй гурӯҳи Қурайш! Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва Расулуҳу – шаҳодат медиҳам, ки ҷуз Аллоҳ таъоло ҳеҷ маъбуде нест. Муҳаммад алайҳиссалом бандаи Ӯ ва расули Ӯст.» Мушрикон инро шунида, дарҳол бар ӯ ҳуҷум оварданд. Бо санг, чӯбдаст ва пораҳои устухон зада, ӯро ғарқи хун карданд. Ҳазрати Аббос ин ҳолро дида, гуфт: «Ин мардро раҳо кунед, мекушедаш! Вай аз қабилаест, ки дар сари роҳи корвони тиҷоратии шумо зиндагӣ мекунад. Баъд аз ин аз он ҷо чӣ тавр мегузаред?» Бо ин сухан ҳазрати Абӯзарро аз дасти мушрикон раҳонд. Абӯзар аз шодии ба ислом мушарраф шудан ором нишаста наметавонист. Рӯзи дигар боз дар канори Каъба калимаи шаҳодатро бо овози баланд, фарёдзанон гуфт. Мушрикон ин бор ҳам ӯро заданд ва ӯ ба замин афтод. Боз ҳазрати Аббос расида, ӯро аз дасти онҳо раҳонд. Сарвари мо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ҳазрати Абӯзари Ғифорӣ амр фармуд, ки ба диёри худ баргардад ва дар он ҷо исломро паҳн кунад. Вай бо ин амр ба миёни қабилааш баргашт ва ба онҳо аз ягонагии Аллоҳ таъоло ва аз он ки Муҳаммад алайҳиссалом расули Ӯст, сухан гуфт. Гуфт, ки он чи Ӯ баён мекунад, ҳақ ва рост аст, бутҳое, ки онҳо мепарастанд, ботил, пуч ва бемаъноянд. Як қисми мардуме, ки ба ӯ гӯш медоданд, ба эътироз сар карданд. Дар ҳамин вақт сардори қабила, Хаффоф, фарёдкунандагонро хомӯш кард ва гуфт: «Истед, бубинем, ки чӣ мегӯяд.» Он гоҳ ҳазрати Абӯзар чунин идома дод: «Пеш аз он ки мусалмон шавам, рӯзе назди бути Нуҳм рафта, пеши он шир гузошта будам. Дидам, ки саге наздик омада, ширро нӯшид ва бар бут наҷосат кард. Ба яқин фаҳмидам, ки бут қудрати пешгирии инро надорад. Чӣ гуна ба шумо писанд меояд, ки бутеро парастед, ки ҳатто саг онро хор кардааст? Оё ин девонагӣ нест? Инак, он чи шумо мепарастед, ҳамин аст.» Ҳама сар ба зер истода буданд. Яке аз онҳо гуфт: «Хуб, он Паёмбаре, ки ту аз Ӯ сухан мегӯӣ, чиро баён мекунад? Чӣ тавр фаҳмидӣ, ки Ӯ рост мегӯяд?» Ҳазрати Абӯзар бо овози баланд гуфт: «Ӯ баён мекунад, ки Аллоҳ таъоло ягона аст, ҷуз Ӯ ҳеҷ маъбуде нест, Ӯ офаридгори ҳама чиз ва молику соҳиби ҳама чиз аст… Мардумро ба имон овардан ба Ӯ даъват мекунад… Ба некӣ, ба ахлоқи нек ва ба ёрии ҳамдигар даъват мекунад. Зишт будани зинда ба гӯр кардани духтарон ва ҳар гуна бадӣ, беадолатӣ ва зулмеро, ки мекунед, ва лозим будани парҳез аз онҳоро баён мекунад.» Баъд исломро муфассал шарҳ дод. Гумроҳиҳоеро, ки қабилааш дар он буд, як-як шумурд. Сипас зарару зиштии онҳоро баён кард.

Аз шунавандагони ӯ бисёр касон, ки дар сарашон сардори қабила Хаффоф ва бародари худи Абӯзар, Унайс, буданд, мусалмон шуданд.10

Ошкоро хондани Қуръони карим дар Каъба

Рӯзе асҳоби киром дар ҷои хилвате ҷамъ омада, бо ҳам мегуфтанд: «Валлоҳи, ғайр аз Расулуллоҳ касе пайдо нашуд, ки Қуръони каримро ба ин мушрикони Қурайш ошкоро шунавонад. Оё касе ҳаст, ки Қуръони каримро ба онҳо ошкоро хонда, бишнавонад?» Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Масъуд низ дар он ҷо буд. Фармуд: «Ман мешунавонам.» Баъзе аз асҳоб гуфтанд: «Эй Абдуллоҳ! Метарсем, ки мушрикон ба ту зараре расонанд. Мо чунин касеро мехоҳем, ки қавму қабилае дошта бошад, то ҳангоми зарурат ӯро аз мушрикон ҳимоя кунанд.» Вай исрор кард: «Шумо ба ман иҷозат диҳед, биравам. Ҷаноби Ҳақ маро нигаҳ медорад.» Рӯзи дигар, вақти чошт, ба Мақоми Иброҳим рафт. Мушрикон он ҷо ҷамъ омада буданд. Ибни Масъуд рост истода, Басмалаи шарифро хонд ва ба хондани сураи Раҳмон сар кард. Мушрикон ба ҳамдигар «Писари Умму Абд чӣ мегӯяд? Шояд он чиро, ки Муҳаммад овардааст, мехонад» гуфта, бар ӯ ҳамла карданд. Бо мушту лагад ва шаппотӣ рӯю чашмашро чунон кабуд карданд, ки шинохта намешуд. Вале ӯ зери шаппотиву муштҳо хонданашро давом медод. Бо рӯю чашми захмиву кабуд назди асҳоби киром баргашт. Асҳоби киром аз ин бисёр ғамгин шуданд ва гуфтанд: «Мо худ аз ҳамин метарсидем, ки ба чунин рӯз мемонӣ. Оқибат он чи метарсидем, ба сарат омад.» Вале Абдуллоҳ ибни Масъуд ҳеҷ ғамгин набуд ва фармуд: «Душманони Аллоҳ таъолоро ҳаргиз мисли имрӯз заиф надида будам. Агар хоҳед, фардо субҳ боз ҳамин қадар ба онҳо мешунавонам.» Асҳоби киром гуфтанд: «Не, ҳамин қадараш барои ту бас аст. Ба он кофирони сарсахт чизеро шунавонидӣ, ки онро хуш надоранд.»11

Мусалмон шудани Туфайл ибни Амр

Дар солҳое, ки Паёмбари мо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар Макка исломро ошкоро паҳн кардан гирифта буд, шабу рӯз ба мардум насиҳат мекард ва онҳоро ба дини ислом даъват менамуд. Мушрикони Макка мекӯшиданд, ки ин талошҳои Сарвари мо Расулуллоҳро барбод диҳанд. Ба касоне, ки гуфтаҳои Ӯро қабул карда, имон меоварданд, ҳар гуна дурӯғ, туҳмат ва шиканҷаро раво медиданд. Ҳамин ки касеро медиданд, ки бо Сарвари мо вохӯрда, суҳбат кардааст, дарҳол назди ӯ мерафтанд ва ба ҳар гуна ҳилаву дурӯғ даст мезаданд, то ба Ӯ гӯш надиҳад ва ба гуфтаҳояш бовар накунад. Аз ҳар коре, ки аз дасташон меомад, бознамеистоданд, то касоне, ки аз берун ба Макка меомаданд, бо Ӯ вонахӯранд. Дар чунин замоне, ки мусалмонон дар тангӣ буданд ва аз кофирон озор мекашиданд, Туфайл ибни Амри Давсӣ ба Макка омад. Пешвоёни мушрикон ӯро дида, назди ӯ рафтанд ва гуфтанд: «Эй Туфайл! Ту ба диёри мо омадӣ. Ятими Абдулмутталиб, ки дар миёни мо пайдо шудааст, бисёр ҳолатҳои аҷибе дорад. Суханоне, ки мегӯяд, мисли ҷодуанд. Писарро аз падар, бародарро аз бародар, шавҳарро аз занаш ҷудо мекунад! Бо фикрҳое, ки пеш овардааст, ҳама ҷоро ба ҳам задааст. Писаре, ки сухани Ӯро бишнавад, ба падараш нигоҳ намекунад, аз паи Ӯ меравад. Дигар ҳеҷ кас ба ҳеҷ кас гӯш намедиҳад ва мусалмон мешавад. Метарсем, ки ин балои ҷудоӣ, ки ба сари мо омадааст, ба сари ту ва қавмат низ биёяд. Насиҳати мо ба ту ин аст: зинҳор бо Ӯ ҳамсуҳбат нашав! На ба Ӯ сухане бигӯ, на сухани Ӯро бишнав. Ба гуфтаҳояш гӯш надеҳ! Бисёр эҳтиёт бош. Дар ин ҷо зиёд ҳам намон. Зуд баргард!» Идомаи воқеаро Туфайл ибни Амр чунин нақл мекунад:

«Валлоҳи, он зот ҳақро баён мекунад, ростро мегӯяд. Касоне, ки ба Ӯ имон намеоранд, дурӯғгӯ ва дар гумроҳӣ ҳастанд» Ҳазрати Унайси Ғифорӣ (разияллоҳу анҳ)

«Қасам мехӯрам, ки ин суханро он қадар зиёд такрор карданд, ки охир қарор додам бо Ӯ ҳамсуҳбат нашавам ва ҳаргиз суханашро нашунавам. Ҳатто вақте ки ба Каъба медаромадам, мабодо суханонашро бишнавам гуфта, гӯшҳоямро бо пахта маҳкам карда будам. Рӯзи дигар субҳ ба Каъба рафтам. Дидам, ки Расул алайҳиссалом он ҷо намоз мехонад. Дар ҷое наздики Ӯ истодам. Бо ҳикмати Ҷаноби Ҳақ баъзе аз он чи мехонд, ба гӯшам расид. Суханоне, ки шунидам, чӣ қадар зебо буданд! Бо худ гуфтам: „Ман марде нестам, ки некро аз бад фарқ карда натавонам. Боз шоир ҳам ҳастам. Чаро гуфтаҳои инро нашунавам? Агар суханонашро зебо ёбам, қабул мекунам, агар писандам наояд, тарк мекунам.“ Дар гӯшае пинҳон шудам ва то Расулуллоҳ намозашро адо карда, ба сӯи хонааш равон шуд, интизор истодам. Баъд аз паи Ӯ рафтам. Ӯ ба хонааш даромад, ман ҳам даромадам ва гуфтам: „Эй Муҳаммад алайҳиссалом! Вақте ки ба ин диёр омадам, қавми ту ба ман чунин-чунон гуфтанд… Хостанд, ки аз ту дур бошам. Аз тарс гӯшҳоямро бо пахта маҳкам кардам, то сухани туро нашунавам. Аммо Аллоҳ таъоло қадре аз он чи мехонӣ, ба ман шунавонд. Онҳоро бисёр зебо ёфтам. Акнун ҳар чӣ ба ман гуфтанӣ бошӣ, баён кун! Ба қабул кардан тайёрам.“ Сарвари мо Расулуллоҳ исломро ба ман баён кард ва қадре аз Қуръони карим хонд. Қасам мехӯрам, ки дар умрам аз ин зеботар сухан нашунида будам. Дарҳол калимаи шаҳодат гуфтаму мусалмон шудам. Дар ҳамон лаҳза гуфтам: „Ё Расулаллоҳ! Ман дар қавми худ шахси бообрӯ ҳастам, ки суханамро мешунаванд. Ҳеҷ кадоме аз онҳо аз сухани ман берун намебарояд. Биравам ва онҳоро ҳам ба дини ислом даъват кунам. Дуо кунед, то Аллоҳ таъоло барои ман аломате, каромате ато фармояд! То он аломат ҳангоми ба ислом даъват кардани қавмам ба ман осонӣ ва мадад бошад!“ Бо ин илтимоси ман Сарвари мо Расулуллоҳ дуо фармуд: „Илоҳо! Ба ӯ ояте, аломате ато фармо!“ Пас аз ин ба диёри худ баргаштам. Шаби торике ба теппае расидам, ки аз он манзили қавмам дар сари об намоён буд. Ҳамон дам дар пешониям мисли қандил нуре пайдо шуд ва равшанӣ додан гирифт. Он гоҳ дуо карда, гуфтам: „Илоҳо! Ин нурро аз пешонии ман ба ҷои дигар гузарон! Ҷоҳилони қабилаи Давс онро дида, гумон накунанд, ки чун аз динаш баргаштааст, Аллоҳ ҳамчун ҷазои илоҳӣ инро дар пешонии ӯ пайдо кардааст!“ Он нур дарҳол ба нӯги қамчини дастам гузашт ва мисли қандил овезон монд. Вақте ки ба манзилгоҳи қабилаам наздик шуда, аз нишебӣ поён фуромадан гирифтам, касоне, ки он ҷо буданд, нуреро, ки дар нӯги қамчини дастам мисли қандил медурахшид, ба ҳамдигар нишон медоданд. Бо ҳамин ҳол аз нишебӣ фуромада, ба хонаам омадам. Аввал падарам назди ман омад ва маро дар ин ҳол дид. Аз меҳре, ки ба ман дошт, даст ба гарданам андохт. Падарам хеле пир буд. Ба ӯ гуфтам: „Эй падарҷон! Агар бар ҳоли пешинат бимонӣ, на ман аз туам, на ту аз ман!“ Падарам ин сухани маро шунида, ҳайрон шуд ва пурсид: „Сабабаш чист, эй писарам?“ Дар ҷавобаш гуфтам: „Ман акнун ба дини Муҳаммад алайҳиссалом даромада, мусалмон шудам.“ Он гоҳ падарам гуфт: „Писарам, ман ҳам ба дине, ки ту даромадӣ, даромадам. Дини ту дини ман ҳам бошад!“ ва дарҳол калимаи шаҳодат гуфта, мусалмон шуд. Баъд он чиро, ки аз дини ислом медонистам, ба ӯ омӯзондам. Сипас шустушӯ карда, либоси пок пӯшид. Баъдтар занам назди ман омад. Ба ӯ ҳам ҳамон суханонро гуфтам. Вай ҳам қабул карду мусалмон шуд. Субҳ шуд ва ба миёни қабилаи Давс баромадам. Исломро баён карда, ҳамаро ба ислом даъват кардам. Вале онҳо дар қабул кардан сустӣ карданд ва муддати дароз мухолифат намуданд. Аз корҳои гуноҳу бадашон даст накашиданд. Аз ин ҳам пештар рафта, бо чашму абрӯ ишора карда, маро масхара мекарданд; аз дилбастагиашон ба рибо ва қимор суханонамро нашуниданд. Аз пайравии ислом гурехтанд. Ба Аллоҳ ва Паёмбари Ӯ исён варзиданд.

Пас аз муддате ба Макка омадам ва аз қавмам ба Расулуллоҳ шикоят карда, гуфтам: „Ё Расулаллоҳ! Қабилаи Давс ба Аллоҳ таъоло исён варзид. Даъвати маро барои дохил шудан ба ислом қабул накарданд. Барои онҳо дуо фармоед!“ Паёмбари маҳбуби мо, ки ба ҳама шафқату марҳамати бисёр дошт, дастонашро бардошт, рӯ ба қибла овард ва дуо фармуд: „Ё Раббӣ! Ба мардуми Давс роҳи ростро нишон деҳ ва онҳоро ба дини ислом биёр!“ Ба ман бошад, фармуд: „Назди қавмат баргард. Онҳоро бо хушрӯӣ ва ширинзабонӣ ба ислом даъват карданро давом деҳ! Бо онҳо нармӣ кун!“ Дарҳол ба диёрам баргаштам ва ҳеҷ лаҳзае аз даъвати мардуми Давс ба ислом фориғ наистодам.»12

Даъват дар бозорҳо

Ҳар сол мардуми шаҳрҳои гуногун дар рӯзҳои муайян барои зиёрати Каъбаи муаззама ба Макка меомаданд. Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) низ омадагонро пешвоз мегирифт, ба ҳар гурӯҳ исломро баён мекард ва хабар медод, «ки Аллоҳ таъоло ягона аст, худи Ӯ паёмбари ҳақ аст ва наҷот дар ҳамин аст». Рӯзе Валид ибни Муғира мушриконро ҷамъ кард ва гуфт: «Эй гурӯҳи Қурайш! Боз мавсими зиёрати Каъба фаро расид. Овозаи Муҳаммад ба олам паҳн шудааст. Қабилаҳои араб назди Ӯ меоянд, ба суханони ширинаш майл мекунанд ва ба дини Ӯ медароянд. Барои ин бояд чорае андешид. Биёед ҳама ба як сухан оем, то дар бораи Ӯ ҳар кас чизе гуфта, ҳамдигарро дурӯғгӯ набарорем.» Қурайшиён гуфтанд: «Эй падари Абдушшамс! Дар миёни мо дурандештарин ту ҳастӣ. Ҳар чӣ гӯӣ, мо ҳам ҳамонро мегӯем.» Валид гуфт: «Не, шумо бигӯед, ман гӯш кунам.» Онҳо гуфтанд: «Гӯем, ки коҳин аст.» Валид дарҳол эътироз кард: «Не! Қасам мехӯрам, ки Ӯ коҳин нест. Мо бисёр коҳинонро дидаем. Онҳо ҳам ростро ва ҳам дурӯғро бе ҳеҷ ибо мегӯянд. Он чи Муҳаммад мехонад, ба бофтаҳои коҳинон ҳеҷ монанд нест. Боз, мо то имрӯз аз Муҳаммад ҳатто як дурӯғ ҳам нашунидаем. Агар чунин гӯем, ҳеҷ кас бовар намекунад.» Ин бор гуфтанд: «Гӯем, ки маҷнун аст, девона аст.» Валид боз эътироз кард: «Не! Қасам мехӯрам, ки Ӯ на маҷнун аст, на девона. Мо девонагону маҷнунҳоро мешиносем, аз нишонаҳои девонагӣ ҳам огоҳем. Дар Ӯ на нафастангӣ ҳаст, на ларзаву тапиш ва на васваса. Агар чунин гӯем, суханамонро рад мекунанд ва моро дурӯғгӯ мебароранд.» Қурайшиён гуфтанд: «Гӯем, ки шоир аст…» Валид боз эътироз кард: «Ӯ шоир ҳам нест! Мо ҳар навъи шеърро хуб медонем. Он чи Ӯ мехонад, ҳеҷ ба шеър монанд нест.» Ин бор гуфтанд: «Гӯем, ки ҷодугар аст.» Валид гуфт: «Ӯ ҷодугар нест. Мо ҷодугаронро ва ҷодуҳоеро, ки мекунанд, дидаем ва медонем. Дар суханони Ӯ аз ҷоду асаре нест. Каломи Муҳаммад бар тамоми олам ғолиб аст. Ӯ шахси ношинос ҳам нест. Мо наметавонем мардумро аз Ӯ ҷудо карда, аз гуфтугӯ бо Ӯ боздорем. Ғайр аз ин, дар фасоҳату балоғат, дар зебову пурмаъно сухан гуфтан аз ҳамсолонаш бартар аст. Хулоса, дар бораи Ӯ ҳар чӣ гӯем, мардум мефаҳманд, ки сухани мо дурӯғ аст.» Қурайшиён чизе барои гуфтан наёфтанд ва гуфтанд: «Дар миёни мо калонсолтарину ботаҷрибатарин ту ҳастӣ, ҳар чӣ ту гӯӣ, мо ба он розӣ ҳастем.»

«Паёмбари мо дуо фармуд: „Ё Раббӣ! Ба мардуми Давс роҳи ростро нишон деҳ ва онҳоро ба дини ислом биёр!“ Ба ман бошад, фармуд: „Назди қавмат баргард! Онҳоро бо хушрӯӣ ва ширинзабонӣ ба ислом даъват карданро давом деҳ! Бо онҳо нармӣ кун!“» Туфайл ибни Амр (разияллоҳу анҳ)

Он гоҳ Валид ибни Муғира каме андеша кард ва гуфт: «Боз ҳам беҳтараш ин аст, ки Ӯро ҷодугар, сеҳргар гӯем; ин аз ҳама ба ақл наздиктар аст. Зеро бо суханонаш мардумро аз қавму хешовандонашон ҷудо мекунад. Бародарро аз бародар, ду дӯстро аз ҳамдигар бегона месозад.» Бо ин сухан атрофиёнашро гумроҳ кард. Қурайшиён дарҳол пароканда шуданд ва ба мардуме, ки дар Макка гирди худ ҷамъ карда буданд, «Муҳаммад ҷодугар аст!..» гуфта, инро дар миёни халқ паҳн карданд. Вақте ки қабилаҳо барои зиёрати Каъба омадан гирифтанд, пеши роҳашонро гирифтанд ва касе намонд, ки ӯро аз вохӯрдан бо Сарвари мо, Паёмбар, барҳазар накарда бошанд. Аз ин рафтори мушрикон дар тамоми кишварҳои араб нисбат ба ислом кунҷковӣ бедор шуд ва дар зеҳнҳо дар бораи бутҳо шубҳаву саволҳо пайдо шудан гирифт. Аллоҳ таъоло дар бораи он ки ба кофир Валид ибни Муғира азобҳои талх мечашонад, оёти карима нозил фармуд. Чунончи дар оёти каримаи 11–29-уми сураи Муддассир фармуда шудааст, ки маънояш чунин аст: «(Эй Расули Ман!) Кори (ҷазои) шахсеро, ки ӯро танҳо (маҳрум аз сарват) офаридам (кофире мисли Валид ибни Муғира), ба Ман вогузоред! (То ба он кофир ҷазоеро, ки сазовори он аст, бидиҳам.) Ба ӯ моли бисёр додам (ба он шахси носипос, ки молики чизе набуд, боғҳову бӯстонҳо ва амволи фаровон ато кардам, баъдтар ӯро ба неъматҳои бисёр расондам). Ба ӯ фарзандоне додам, ки ҳамеша дар назди ӯ ҳозиранд (ӯро нигаҳбонӣ мекунанд, тавонову пурзӯранд ва омодаанд ҳар таҷовузеро, ки ба ӯ шавад, дарҳол пешгирӣ кунанд). Ҳама чизро барояш осон кардам, имкониятҳои бисёр бузург бахшидам (ӯро ба ҳоле расондам, ки ҳама чизро ба осонӣ ба даст оварад, роҳашро кушодам. Дар Макка ба сардории баланд расид. Ба ӯ лақаби Райҳонатул-араб дода шуд. Худро дар назди қавмаш шахси бисёр баргузида муаррифӣ мекард). Сипас (он шахси ҳарису носипос) пас аз ҳамаи ин имкониятҳо орзу мекунад, ки (молу фарзандашро) боз ҳам зиёдтар гардонем (бо ҳирс мехоҳад ва қадри неъматҳоеро, ки ба онҳо расидааст, надониста, барои шукри онҳо намекӯшад). Не! Хоҳишҳои ӯ ҳаргиз бароварда нахоҳанд шуд! (Орзуи он мункир, он тамаъкор иҷро нахоҳад шуд; молу фарзандаш зиёд нахоҳад шуд.) Зеро ӯ дар баробари оёти Мо бениҳоят якрав гаштааст. Вайро дар Ҷаҳаннам бар харсанги лағжоне, ки пой бар он қарор намегирад, сахт хоҳам кашид (дар азоби шадид ва дардноки Ҷаҳаннам ӯро ба ҷазои сазовораш гирифтор хоҳам кард), ӯро ба ранҷу машаққат хоҳам андохт! (Рӯзе Сарвари мо дар Каъба Қуръони каримро бо овози баланд мехонд, ки оёти карима дар ӯ асари амиқ гузошт. Вай назди қурайшиён рафта, гуфт: „Каломеро шунидам, ки Муҳаммад мехонад. Ин сухани инсон ва ҷин буда наметавонад. Ин сухан шеър нест, сухани коҳин ҳам нест. Ин одам дурӯғ ҳам намегӯяд. Ман шахсе ҳастам, ки бо бисёр суханони мухтасару пурмаъно рӯ ба рӯ шудаам. Онро ба ҳеҷ чиз монанд карда натавонистам. Оё ягон бор дидаед, ки Ӯ дурӯғ гуфта бошад?“ Қурайшиён ба ташвиши бузург афтода, гуфтанд: „Вой! Ин марди оқил, сарватманд ва бонуфузро ҳам аз даст додем! Суханони Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ин ҳам таъсир кард.“ Дарҳол Абӯҷаҳлро назди ӯ фиристоданд. Абӯҷаҳл омада, гуфт: „Чӣ шудааст, ки туро ин қадар ғамгину андӯҳгин мебинам? Магар ҷодуи Муҳаммад ба ту ҳам таъсир кард ё аз молу мулки Ӯ чизе ба ту расид? Мо байни худ қарор додем: агар ба молу мулк тамаъ дорӣ, ҳар қадар хоҳӣ, ба ту молу мулк медиҳем. Ба чунин роҳҳои каҷ наафт.“ Валид ибни Муғира гуфт: „Сарватмандтарини Қурайш манам. Чӣ гуна ба ман чунин чизеро пешниҳод мекунед?“ Абӯҷаҳл гуфт: „Хуб! Пас чаро дар бораи Қуръоне, ки Ӯ мехонад, суханони пур аз ситоиш гуфтӣ?“) (Он гоҳ он шахси мункир барои он ки ба Қуръони карим, ки аз Расулуллоҳ шунида буд, забон дароз кунад,) дар зеҳни худ чизҳоеро тасаввур кард (андешаву мулоҳиза кард) ва баъд аз он ҳукми арзише (меъёре) пеш ниҳод (натиҷаи андешаашро баён кард). Ҳалок шавад (нобуд гардад), чӣ гуна баҳо дод! (Баҳои беасос ва номувофиқе пеш овард, ки гуфтаи пешинаашро рад мекард ва ҳаргиз буданӣ набуд. Ин мард зарурати таъвили суханонашро ҳис кард: ин суханонеро, ки гуфтам, ба онҳо чӣ гуна шарҳ диҳам?)

«Не, боз рафта мехонам. Мушриконро бори аввал дар чунин ҳоли зор дидам. Оҷизии онҳо маро бисёр шод мекунад. Аз шиканҷаҳое, ки ба ман доданд, дард ҳис намекунам» Абдуллоҳ ибни Масъуд (разияллоҳу анҳ)

Боз ҳалок шавад, чӣ гуна (чунин даҳшатнок) ҳукми арзише пеш ниҳод! Сипас нигарист (ба масъала диққат кард, бори дигар бо назари амиқ ба мавзӯъ нигарист ва барои пурра таҳти назорати худ гирифтани он боз андеша кард). Сипас абрӯ турш кард ва рӯй дарҳам кашид. Сипас аз ҳақ рӯй гардонд ва такаббур кард. Ва гуфт: „Ин ҷуз ҷодуе, ки аз одамон мерос мондааст (ки пайваста аз яке ба дигаре мегузарад), чизе нест. Ин танҳо сухани инсон аст!“» (Ва ҳол он ки он шахс пештар дар миёни қавмаш эътироф карда буд, ки Қуръони карим каломи аҷибест ва ба суханони инсон ва ҷин монанд нест. Сипас он шахси мункир барои розӣ кардани қавмаш суханашро дигар кард ва дар бораи Қуръони карим туҳматҳое гуфт, ки ҳаргиз сазовори он нест. Ҳамин тавр худро сазовори азоби илоҳӣ гардонд. Аллоҳ таъоло фармуд:) «Вайро ба Ҷаҳаннам (ба Сақар, ба дохили оташи шадид) хоҳам андохт. Медонӣ, ки Сақар чист? (Ту чӣ медонӣ, ки оташи шадид чист? Оё аз хусусиятҳои он огоҳӣ дорӣ?) На вомегузорад ва на тарк мекунад! (На боқӣ мегузорад ва на нобуд мекунад! Яъне инсонро на мекушад ва на зинда мегузорад! Дохилшудагони худро на берун мекунад ва на аз азоб даст мекашад.) Тамоми пӯсти инсонро меканад (месӯзонад, сиёҳ мекунад) ва устухонҳояшро ошкор месозад.»

Гӯш додани мушрикон ба Қуръони карим

Бузургони мушрикон бо ҳилаҳои гуногуну зулм намегузоштанд, ки мардум имон оранд. Аҳли Маккаро аз гӯш додан ба оёти каримае, ки Муҳаммад алайҳиссалом мехонд, манъ мекарданд. Худашон бошанд, шабона пинҳонӣ ба назди хонае, ки Паёмбари маҳбуби мо Муҳаммад алайҳиссалом дар он буд, меомаданд ва дар гӯшае пинҳон шуда, гӯш медоданд. Субҳ, вақте ки ҳаво равшан шудан мегирифт, бузургони мушрикон медиданд, ки бехабар аз якдигар шабона барои шунидани Қуръони карим омадаанд, ва ҳамдигарро маломат карда, мегуфтанд: «Дигар ин корро накунем.» Аммо шаби дигар боз бехабар аз якдигар меомаданд ва дар гӯшае пинҳон шуда, боз гӯш медоданд. Субҳ ки мешуд, ҳамдигарро дида, ҳайрон мемонданд. Қасам мехӯрданд, ки дигар чунин намекунанд, ва аз ҳам ҷудо мешуданд, вале аз ин кор даст кашида наметавонистанд. Бо вуҷуди ин, ба сабаби пайравии нафс, худбартарбинӣ, тарс аз маломати дигар мушрикон ва бисёр андешаҳои беҳудаи дигар имон наоварданд. Дигаронро ҳам аз он боздоштанд. Боз дар кӯчаҳо фарёд мезаданд: «Муҳаммад ҷодугар аст.» Бегоҳе мушрикон дар гирди Каъба ҷамъ омаданд ва «Биёед Муҳаммадро даъват карда, дар бораи ин кор гуфтугӯ кунем! То дар охир моро маломат накунанд ва маъзур донанд» гуфта, ба Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар фиристоданд. Бо ин даъват Сарвари мо, Паёмбар, ба Каъба омад ва рӯ ба рӯи мушрикон нишаст. Мушрикон гуфтанд: «Эй Муҳаммад! Ба ту хабар фиристодем, то бо ту ба мувофиқа расем. Қасам мехӯрем, ки дар миёни арабҳо касе мисли ту дида нашудааст, ки қавми худро ба чунин мусибат андохта бошад! Дини моро айб кардӣ! Ба худоёни мо забон дароз кардӣ! Ақлҳои моро писанд накардӣ! Иттиҳоди моро шикаста, моро ба ҷони ҳамдигар андохтӣ! Ягон кори баде намонд, ки ба сари мо наоварда бошӣ! Агар ту бо ин рафтору гуфторат мехоҳӣ сарватманд шавӣ, аз он чи мехоҳӣ, зиёдтар мол ҷамъ мекунем. Агар мехоҳӣ шуҳрату шараф ба даст орӣ, туро сардори худ қабул мекунем. Агар мехоҳӣ подшоҳ шавӣ, подшоҳ буданатро эълон карда, дар гирдат ҷамъ мешавем. Агар зери таъсири чизе афтода бошӣ, туро аз он раҳо мекунем. Агар ин беморие бошад, ки аз ҷинҳо пайдо шудааст, тамоми дороии худро сарф карда, барои ту шифо меҷӯем!…» Сарвари оламиён онҳоро бо сабр гӯш кард ва баъд ба онҳо чунин ҷавоби бузург фармуд: «Эй гурӯҳи Қурайш! Аз он чи шумо мегӯед, ҳеҷ кадоме дар ман нест. Ман бо он чи ба шумо овардаам, на барои талаби молҳоятон, на барои ба даст овардани шарафу шуҳрати бузург дар миёни шумо ва на барои подшоҳ шудан бар шумо омадаам. Балки Аллоҳ таъоло маро ба сӯи шумо ҳамчун паёмбар фиристод ва ба ман Китобе нозил фармуд. Ба ман амр фармуд, ки барои шумо (барои қабулкунандагонатон) муждадиҳанда (бо Ҷаннат) ва (барои қабулнакунандагонатон бо Ҷаҳаннам) бимдиҳанда бошам.

Ман ҳам ин амри Парвардигорамро ба шумо расондам ва ба шумо насиҳат кардам. Агар он чиро, ки овардаам, қабул кунед, он барои шумо дар дунё ва охират насиб ва тӯша хоҳад буд. Агар қабул накарда, рад кунед, то он даме ки Аллоҳ таъоло миёни ману шумо ҳукм кунад, вазифаи ман ин аст, ки барои иҷрои амри Ҷаноби Ҳақ ба ҳар душворӣ сина сипар карда, тоб оварам…» Абӯҷаҳл, Умайя ибни Халаф ва дигар мушрикон гуфтанд: «Эй Муҳаммад! Худат медонӣ, ки дар рӯзгузаронӣ ҳеҷ кас аз мо дар шароити душвортар нест. Модом ки паёмбар ҳастӣ, аз Парвардигорат бихоҳ, ки ин кӯҳҳоеро, ки моро танг карда, рӯзгорамонро душвор сохтаанд, аз миён бардошта, дур кунад! Сарзамини моро васеъ кунад ва дар он мисли дарёҳои Шом ва Ироқ наҳрҳо равон созад! Боз баъзе аз бобоёни гузаштаи моро, пеш аз ҳама Қусай ибни Килобро, зинда кунад! Қусай ибни Килоб марди ростгӯ ва бузург буд. Аз ӯ мепурсем, ки гуфтаҳои ту ҳақ аст ё ботил! Агар ӯ туро тасдиқ кунад ва ту хостаҳои моро иҷро кунӣ, туро тасдиқ мекунем. Бад-ин тариқ мақоми туро дар назди Парвардигорат ҳам медонем. Агар инҳоро барои мо накунӣ, барои худат аз Парвардигорат чизе бихоҳ. Бихоҳ, ки фариштае фиристад, ки гуфтаҳои туро тасдиқ кунад ва моро аз сари ту баргардонад! Боз Парвардигорат ба ту боғҳо, кӯшкҳо ва ганҷҳо диҳад, то аз ташвиши рӯзгор халос шавӣ! Зеро ту ҳам мисли мо дар бозорҳо мегардӣ ва барои рӯзгузаронӣ заҳмат мекашӣ!…» Фахри олам ба онҳо фармуд: «Ман бо инҳо ба сӯи шумо фиристода нашудаам. Аллоҳ таъоло маро бо ҳар чӣ фиристода бошад, ман танҳо ҳамонро аз ҷониби Ҷаноби Ҳақ ба шумо овардам. Онро ба шумо расондам. Ман инсоне нестам, ки аз Парвардигорам (барои мол ва мулк додан) талаб кунам… Аллоҳ таъоло маро (барои онҳое аз шумо, ки овардаҳои маро қабул мекунанд, бо Ҷаннат) муждадиҳанда ва (барои онҳое, ки қабул накарда, рад мекунанд, бо Ҷаҳаннам) бимдиҳанда фиристодааст.» Ин бор мушрикон гуфтанд: «Модом ки Парвардигорат агар хоҳад, ҳама чизро албатта мекунад, бихоҳ, бубинем, ки ин осмонро пора карда, бар сари мо фурӯ резад!… То ин корро накунӣ, ба ту имон намеоварем!» Сарвари мо, Паёмбар, фармуд: «Ин кор ба Аллоҳ таъоло тааллуқ дорад. Агар Ӯ хоҳад, ки инро ба шумо кунад, албатта мекунад.» Он гоҳ мушрикон боз ҳам пештар рафта, гуфтанд: «Эй Муҳаммад! Магар Парвардигорат намедонист, ки мо бо ту менишинем, аз ту чӣ мепурсем ва чӣ металабем, ки пешакӣ ба ту хабар надод ва наомӯзонд? Чаро хабар надод, ки агар он чиро, ки ба мо мерасонӣ, қабул накунем, бо мо чӣ мекунад?… То фариштагонро ҳамчун гувоҳи дурустии суханонат ба мо наорӣ, ба ту имон намеоварем… Акнун мо дар назди ту ҳеҷ масъулияте надорем. Қасам мехӯрем, ки дигар аз гиребонат даст намекашем! Ё мо туро нобуд мекунем, ё ту моро…» Паёмбари маҳбуби мо дид, ки онҳо ба ҷои наздик шудан ин тавр батамом дур мешаванд, ва аз назди онҳо рафт.13 Чун мушрикони Макка Султони коинотро рад карданд, Аллоҳ таъоло ба воситаи Ҷабраил алайҳиссалом ваҳй фиристод ва бо оёти карима ба онҳо ҷавоб фармуд. Азобҳои талхеро, ки ба онҳо гирифтор хоҳанд шуд, баён фармуд. Дар оёти каримаи 4-ум то 11-уми сураи Анъом фармуда шудааст, ки маънояш чунин аст: «Ҳеҷ ояте аз оёти Парвардигорашон ба онҳо намеояд (ояте аз оёти Қуръони карим, далеле аз далелҳо ё мӯъҷизае аз мӯъҷизаҳо), магар ин ки аз он рӯй мегардонанд.

«Ваҳшиён ва ҷоҳилони сангдил ба ту имон намеоранд. Онҳо мунофиқтаранд» Тавба: 97

Инак, онҳо Ҳақро (Қуръони каримро) вақте ки ба онҳо омад, дурӯғ шумурданд ва рад карданд. Вале ба зудӣ хабари (ҷазои) он чизе, ки онро масхара ва истеҳзо мекарданд, ба онҳо хоҳад расид. Оё онҳо (аҳли Макка) надиданд, ки пеш аз онҳо чӣ қадар наслҳоро ҳалок кардем? Оё ба яқин надонистанд? Ба онҳо ҳамаи имкониятҳоеро дода будем, ки ба шумо надодаем. Аз осмон бар онҳо боронҳои фаровон фиристода будем. (Аз зери бӯстонҳо, боғҳо ва кӯшкҳояшон) наҳрҳо ҷорӣ сохтем. Сипас онҳоро ба сабаби гуноҳҳояшон (ва шукр накарданашон ба ин неъматҳо) ҳалок кардем. Ба ҷои онҳо наслҳои дигарро офаридем. Агар ба ту китобе навишташуда дар коғаз нозил мекардем ва онҳо онро бо дастони худ ламс мекарданд, боз он кофирон аз якравии худ мегуфтанд: „Ин ҷуз ҷодуи ошкоро чизе нест.“ Ва гуфтанд: „Кошки ба Ӯ (ба Муҳаммад алайҳиссалом) фариштае (ки мо ҳам бубинем, то ба мо бигӯяд, ки Ӯ паёмбар аст) фиристода мешуд!“ Агар фариштае мефиристодем (ва онҳо боз имон намеоварданд), албатта кор тамом мешуд (ба ҳалоки ҳамаи онҳо ҳукм мешуд). Он гоҳ ба онҳо ҳатто ба андозаи як мижа задан муҳлат дода намешуд ва ба онҳо назар карда намешуд. Агар Ӯро (Паёмбарро) фаришта мегардондем, боз ҳам албатта Ӯро (дар сурати) марде нишон медодем ва онҳоро боз ба ҳамон шубҳае, ки ба он афтода буданд, меандохтем. Қасам, ки ба паёмбарони пеш аз ту низ истеҳзо ва масхара карда шуд, пас балову азобе, ки ҷазои он чизе буд, ки онро истеҳзо мекарданд, онҳоро аз ҳар сӯ фаро гирифт. Бигӯ: „Дар рӯи замин сайр кунед, сипас бингаред, ки оқибати дурӯғбарорандагони паёмбарон чӣ гуна шуд!“» Дар оёти каримаи 7–10-уми сураи Фурқон фармуда шудааст, ки маънояш чунин аст: «Кофирон гуфтанд: „Ин чӣ гуна паёмбар аст? Мисли мо мехӯрад ва менӯшад, дар кӯчаҳо мегардад. Агар паёмбар мебуд, ба Ӯ фаришта меомад. Ёварон медошт, онҳо ҳам ба мо хабар медоданд ва моро аз Ҷаҳаннам метарсониданд. Ё Парвардигораш ба Ӯ ганҷҳои пул мефиристод, ё боғҳои мевадор ва киштзорҳо медошт ва ҳар чӣ мехост, мехӯрд.“ Он золимон ба ҳамдигар гуфтанд: „Агар шумо ба ин пайравӣ кунед, ба марди ҷодушуда пайравӣ кардаед.“ (Эй Ҳабиби Ман!) Бингар, ки дар бораи ту чӣ мисолҳои зиште оварданд ва аз роҳи ҳақ ҷудо шуда, ба гумроҳӣ афтоданд. Акнун аз гумроҳӣ баромада, ба ҳидоят роҳ ёфта наметавонанд. Шаъни Аллоҳ таъоло чӣ қадар баланд аст, ки агар Ӯ хоҳад, ба ту (дар дунё) беҳтар аз инҳо бӯстонҳову боғҳое, ки аз зери онҳо наҳрҳо ҷорист, ато мекунад ва барои ту кӯшкҳо бино мекунад!» Дар ояти каримаи 21-ум фармуда шудааст, ки маънояш чунин аст: «Онҳое, ки ба мулоқоти Мо умед надоранд, гуфтанд: „Кошки бар мо фариштагон нозил мешуданд (ва ба мо хабар медоданд, ки Муҳаммад рост мегӯяд), ё Парвардигорамонро медидем!“ Қасам, ки онҳо дар дили худ бузургие диданд ва бо саркашии бузург аз ҳад гузаштанд…» Дар ояти каримаи 9-уми сураи Сабаъ фармуда шудааст, ки маънояш чунин аст: «Агар хоҳем, онҳоро (ба сабаби он ки оёти равшани Моро дида, дурӯғ шумурданд, мисли Қорун) ба замин фурӯ мебарем ё бар онҳо (чунон ки бо аҳли Айка кардем) пораҳое аз осмон меафканем.» Дар ояти каримаи 97-уми сураи Исро фармуда шудааст, ки маънояш чунин аст: «…Мо онҳоро дар рӯзи қиёмат нобиноён, гунгҳо ва карҳо, рӯй ба замин ҳашр хоҳем кард! Ҷои бозгашташон Ҷаҳаннам аст, ки ҳар гоҳ оташаш фурӯ нишинад, Мо шӯълаашро афзун мегардонем!» Мушрикон дар баробари оёти каримае, ки дар бораи онҳо нозил мешуд, душмании худро боз ҳам бештар карданд.

Хусусан Убай ибни Халаф ва бародараш Умайя Сарвари мо Расулуллоҳро бисёр меранҷонданд. Убайи бадбахт бо устухони пӯсидае ба ҳузури олии Паёмбари мо омад ва гуфт: «Эй Муҳаммад! Гӯё Аллоҳи ту ин устухонро пас аз пӯсиданаш зинда мекардааст, ҳамин тавр-а? Пас, ту гумон мекунӣ, ки Парвардигорат инро пас аз пӯсиданаш зинда мекунад, ҳа!» Инро гуфту устухонро майда кард. Баъд гарди онро ба сӯи Паёмбари маҳбуби мо пуф кард ва давом дода, гуфт: «Эй Муҳаммад! Инро, ки ин тавр пӯсидааст, гӯё кӣ зинда карда метавонистааст?» Сарвари мо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: «Бале. Аллоҳ таъоло ҳам туро мемиронад ва ҳам онро… Сипас туро зинда карда, ба Ҷаҳаннам дохил мекунад.» Бо ин воқеа Ҷаноби Ҳақ ин оёти каримаро нозил фармуд, ки маънояш чунин аст: «Оё он (мункир) инсон надид ва ба яқин надонист, ки Мо ӯро аз нутфае офаридем? Бо вуҷуди ин, ногаҳон ҷанҷолгари ошкоро гардид. Офариниши худро фаромӯш карда, барои Мо мисол овард: „Ин устухонро, ки пӯсида ва пароканда шудааст, кӣ зинда мекунад?“ (Эй Расули Ман!) Бигӯ: „Онҳоро Касе зинда мекунад, ки (вақте ки набуданд) бори аввал офаридааст (Аллоҳ таъоло), ва Ӯ ҳар махлуқро нек медонад. Ӯ (Аллоҳ таъоло) Зотест, ки барои шумо аз дарахти сабз оташ мебарорад ва акнун шумо аз он оташ меафрӯзед. Оё Касе, ки осмонҳо ва заминро офаридааст, қодир нест, ки монанди онҳоро биёфарад? Албатта қодир аст. Ӯ офаринандаи ҳама чиз ва донандаи ҳама чиз аст…“»14

Имони Холид ибни Саид

Дар замонҳои аввали даъват ба ислом Холид ибни Саид хобе дид. Дар хоб дар канори Ҷаҳаннам истода буд ва падараш мехост ӯро тела дода, ба он андозад. Маҳз дар ҳамон лаҳза дид, ки Паёмбари мо камарашро гирифта, ӯро аз афтодан ба Ҷаҳаннам наҷот дод. Фарёдзанон аз хоб бедор шуд ва бо худ гуфт: «Валлоҳи, ин хоб рост аст.» Берун баромаду бо ҳазрати Абӯбакр вохӯрда, хобашро нақл кард. Ҳазрати Абӯбакр ба ӯ гуфт: «Хобат ҳақ аст, ин зот паёмбари Аллоҳ таъоло аст. Зуд рав ва ба Ӯ пайравӣ кун! Ту ба Ӯ пайравӣ хоҳӣ кард, ба дине, ки овардааст, дохил хоҳӣ шуд ва ҳамроҳи Ӯ хоҳӣ буд. Ӯ низ, чунон ки дар хоб дидӣ, туро аз афтодан ба Ҷаҳаннам нигоҳ хоҳад дошт. Падарат бошад, дар Ҷаҳаннам хоҳад монд!»

Ҳазрати Холид ибни Саид зери таъсири хоб буд. Вақтро аз даст надод ва дарҳол ба ҷое бо номи Аҷёд, ба ҳузури Муҳаммад алайҳиссалом рафт ва пурсид: «Эй Муҳаммад! Мардумро ба чӣ даъват мекунӣ?»

Сарвари мо, Паёмбар, дар ҷавоб фармуд: «Инсонро даъват мекунам, ки ба Аллоҳи ягона, ки ҳамто ва монанде надорад, ва ба он ки Муҳаммад (алайҳиссалом) бандаи Ӯ ва паёмбари Ӯст, имон оварад ва аз парастиши пораҳои санге, ки на мешунаванд, на мебинанд, на зараре ва на фоидае мерасонанд ва на касонеро, ки онҳоро мепарастанд, мешиносанд ва на касонеро, ки намепарастанд, даст кашад.»

Он гоҳ Холид ибни Саид дарҳол «Ман ҳам шаҳодат медиҳам, ки ҷуз Аллоҳ таъоло ҳеҷ маъбуде, ки сазовори парастиш бошад, нест ва боз шаҳодат медиҳам, ки ту паёмбари Аллоҳ таъоло ҳастӣ!» гуфта, мусалмон шуд. Мусалмон шудани ӯ Паёмбари моро бисёр шод кард. Пас аз ӯ занаш Умайя низ ба шарафи мусалмонӣ мушарраф гардид. Ҳазрати Холид ибни Саид мехост, ки бародаронаш ҳам мусалмон шаванд, ва дар ин роҳ мекӯшид. Аз онҳо Умар ибни Саид низ мусалмон шуда буд.

«Мо онҳоро дар рӯзи қиёмат нобиноён, гунгҳо ва карҳо, рӯй ба замин ҳашр хоҳем кард! Ҷои бозгашташон Ҷаҳаннам аст, ки ҳар гоҳ оташаш фурӯ нишинад, Мо шӯълаашро афзун мегардонем!» Исро: 97

Падарашон Абӯуҳайҳа, ки душмани сахти ислом буд, чун фаҳмид, ки Холид ва Умар мусалмон шудаанд ва дар ҷои хилвати Макка намоз мехонанд, фарзандони мусалмоннашудаашро фиристода, онҳоро назди худ овард. Баъд гуфт, ки аз дини наве, ки ба он даромадаанд, даст кашанд. Онҳоро сарзаниш кардан ва задан гирифт.

Сипас ба Холид ибни Саид гуфт: «Ту ба Муҳаммад пайравӣ кардӣ-а? Ҳол он ки мебинӣ, ки Ӯ бар хилофи қавмаш рафтор мекунад ва бо он чи овардааст, бутҳо ва ниёгони моро таҳқир мекунад!»

Ҳазрати Холид ибни Саид гуфт: «Ба Аллоҳ қасам, ки Муҳаммад алайҳиссалом рост мефармояд. Ба Ӯ пайравӣ кардам. Бимирам ҳам, аз динам барнамегардам!» Хашми падар боз ҳам бештар аланга гирифт. То чӯб нашикаст, ӯро заду баъд гуфт: «Эй писари нобакор! Ба ҳар куҷо, ки мехоҳӣ, рав. Қасам, ки ба ту ҳатто нон намедиҳам!» Ҳазрати Холид гуфт: «Агар ту нафақаи маро бибурӣ, Аллоҳ таъоло албатта ризқамро ато мефармояд.»

Падар ба фарзандони дигараш таҳдид карда, гуфт: «Агар яке аз шумо бо ӯ сухан гӯяд, бо шумо коре мекунам, ки бо ӯ накардаам.» Баъд фармон дод, ки ҳазрати Холидро дар таҳхонаи хона ҳабс кунанд, ва се рӯз ӯро дар гармои Макка гуруснаву ташна гузошт.

Ҳазрати Холид ибни Саид роҳе ёфта, аз дасти падараш халос шуд. Падараш ба бемории сахт гирифтор шуд. Абӯуҳайҳа дар бистари беморӣ аз душмание, ки ба ислом дошт, мегуфт:

«Агар аз ин беморӣ шифо ёфта, ба по хезам, ҳар касе, ки дар Макка аст, бутҳои моро хоҳад парастид. Ҳеҷ кас ба ғайр аз онҳо ба чизи дигар ибодат карда нахоҳад тавонист!..» Ҳазрати Холид барои он ки душмании падараш бо дини ҳақ хотима ёбад ва ба бародарони мусалмонаш зараре нарасонад, дастҳояшро бардошт ва дуо кард: «Илоҳо, эй Офаридгори оламҳо! Падарамро аз ин беморӣ бар нахезон!» Ҷаноби Ҳақ дуояшро қабул фармуд: Абӯуҳайҳа аз бистари беморӣ хеста натавонист ва мурд.

Мусалмон шудани Мусъаб ибни Умайр

Мусъаб ибни Умайр (разияллоҳу анҳ) аз хонадони асилзода ва сарватманди Қурайш буд. Суханони мубораки Паёмбари моро шунида, дар дилаш муҳаббати бузурге пайдо шуд. Дар орзуи расидан ба Ӯ месӯхт. Ниҳоят ба Дорул-Арқам рафт ва мусалмон шуд. Падару модараш инро шунида, ӯро аз ҳама чиз маҳрум карданд ва ба шиканҷа сар карданд. Барои он ки аз дин баргардад, ӯро дар таҳхонаи хонаашон ҳабс карда, рӯзҳо гуруснаву ташна гузоштанд. Дар зери офтоби сӯзони Арабистон ӯро ба шиканҷаҳои вазнину тоқатфарсо гирифтор карданд. Вале ҳазрати Мусъаб ибни Умайр ба ин шиканҷаҳои вазнину бераҳмона сабр кард ва аз ислом барнагашт.

Ҳазрати Мусъаб пеш аз мусалмон шудан ба сабаби сарватмандии хонаводааш дар роҳату фаровонӣ ба воя расида буд. Ҳама ба ӯ ҳавас мекарданд. Чун мусалмон шуд, хонаводааш ӯро аз ҳама чиз маҳрум кард ва ба шиканҷа гирифтор сохт. Мусъаб ибни Умайр, ки барои динаш ба ҳар гуна сахтӣ тоб меовард, рӯзе ба ҳузури Сарвари мо Расулуллоҳ рафт. Ин омадани ӯро ҳазрати Алӣ чунин нақл кардааст: «Бо Расулуллоҳ нишаста будем, ки Мусъаб ибни Умайр омад. Дар танаш либоси пинакдоре буд ва ҳолаш раҳмовар буд. Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ӯро дар ин ҳол дида, чашмони муборакаш пур аз ашк шуд. Азбаски Мусъаб бо вуҷуди ин шиканҷаву фақр аз динаш барнагашта буд, фармуд: „Ба ин шахсе, ки Аллоҳ таъоло дилашро мунаввар кардааст, бингаред. Дидам, ки модару падараш ӯро бо беҳтарин хӯрданиву нӯшиданиҳо парвариш медоданд. Муҳаббати Аллоҳ таъоло ва Расули Ӯ ӯро ба ин ҳоле, ки мебинед, расондааст.“»

«Илоҳо! Гуноҳҳои онҳоро афв кун! Зеро онҳо намедонанд, ки чӣ мекунанд» Ҳадиси шариф

Ҳақро ёд кун сӯзон-сӯзон!
Мерасӣ ба эҳсони бепоён,
Кушода гардад ба ту ҳар дар,
Ҷамолуллоҳ шавад аён.
Шамси Табрез инро донад:
Олам намонад, фано ёбад,
Ҷумла махлуқ нобуд гардад,
Танҳо боқӣ монад Аллоҳ.
Салотуллоҳ, саломуллоҳ,
Алайка, ё Расулаллоҳ.

Ҳиҷрат ба Ҳабашистон