Паёмбари маҳбуби ман

МЕЪРОҶ

Паёмбари маҳбуби мо саллаллоҳу алайҳи ва саллам исломро ба ҳар қабила ва ба ҳар касе, ки медид, баён кард: хоҳ ба ҳоҷиён, хоҳ ба онҳое, ки барои хариду фурӯш ба Макка ва бозорҳои мавсимӣ меомаданд. Аз онҳо хоҳиш кард, ки Ӯро ҳимоя кунанд ва дар расонидани ислом ба мардум ёрӣ диҳанд. Аммо ҳеҷ кас на мусалмон шуд ва на ба ҳимояи Ӯ тан дод. Ғайр аз ин, Ӯро таҳқир карданд, зулму шиканҷа доданд, масхара карданд ва суханашро дурӯғ бароварданд. Сарвари оламиён бисёр хаста, гуруснаву ташна, ғамгин ва сахт андӯҳгин буд. Рӯзҳояш ҳамин тавр мегузашт ва ин ҳол то дери шаб давом мекард. Мушрикони Макка доим дар паи Ӯ буданд: ҳам мардумеро, ки ба зиёрати Каъба меомаданд, аз мусалмон шудан бозмедоштанд ва ҳам аз зулм ба Сарвари мо Ҳабиби акрам даст намекашиданд. Акнун Сарвари мо Расулуллоҳ дигар ҷое надошт, ки ба он ҷо равад. Ҳар тараф душман буд. Чанд моҳе дар Макка бисёр сахт гузашт.

Шаби 27-уми раҷаби шариф рост ба хонаи Умму Ҳонӣ омад. Умму Ҳонӣ духтари амакаш Абӯтолиб буд ва хонааш дар маҳаллаи Абӯтолиб ҷой дошт. Вай он вақт ҳанӯз имон наоварда буд. Чун пурсид: «Кист?», Сарвари мо Расулуллоҳ фармуд: «Амакбачаат Муҳаммадам. Агар қабул кунӣ, ба меҳмонӣ омадаам.»

Умму Ҳонӣ гуфт: «Ҷонам фидои меҳмони ростгӯю амин, наҷибу шарафманде чун ту бод! Фақат агар ташриф оварданатонро пештар хабар медодед, чизе тайёр мекардам. Ҳозир чизе надорам, ки пеши шумо гузорам.» Сарвари мо Расулуллоҳ фармуд: «Хӯрданиву нӯшиданӣ намехоҳам. Ба ҳеҷ кадомаш чашм надорам. Барои ман ҷое кифоя аст, ки дар он ба Парвардигорам ибодат кунам ва ба даргоҳаш илтиҷо намоям.»

Умму Ҳонӣ Паёмбари маҳбуби моро ба хона даровард ва ба Ӯ бӯрёе, тағорае ва офтобае дод. Назди арабҳо иззату икроми меҳмон ва ҳифзи ӯ аз душман шарафмандтарин вазифа ба шумор мерафт. Агар ба меҳмоне дар хонае зарар мерасид, ин барои соҳибхона рӯсиёҳии бузург буд. Умму Ҳонӣ бо худ андешид: «Ин кас дар Макка душмани бисёр дорад. Ҳатто касоне ҳастанд, ки Ӯро куштан мехоҳанд. Барои ҳифзи шарафам бояд то субҳ Ӯро посбонӣ кунам.» Шамшери падарашро ба даст гирифта, гирди хона ба гаштан даромад. Расулуллоҳ он рӯз бисёр озурда шуда буд. Таҳорат гирифту ба Парвардигораш илтиҷо кардан, афв талабидан ва дуо карданро сар кард, то бандагон имон оваранд ва ба саодат расанд. Бисёр хаставу гурусна ва ғамгин буд. Бар рӯи бӯрё дароз кашиду дарҳол хобаш бурд.

Дар он лаҳза Аллоҳ таъоло ба Ҷабраил алайҳиссалом фармуд: «Паёмбари маҳбубамро бисёр ғамгин кардам. Ҷисми муборак ва дили нозуки Ӯро бисёр озурдам. Бо ин ҳол боз ба Ман илтиҷо мекунад. Ғайр аз Ман дар бораи ҳеҷ чиз намеандешад. Бирав, Ҳабиби Маро биёр! Ҷаннатам ва Ҷаҳаннамамро ба Ӯ нишон деҳ. Неъматҳоеро, ки барои Ӯ ва дӯстдорони Ӯ омода кардаам, бубинад. Бубинад, ки барои онҳое, ки ба Ӯ имон намеоваранд ва бо сухану навишта ва рафтори худ Ӯро меозоранд, чӣ азобҳо омода кардаам. Ӯро Ман тасаллӣ медиҳам. Захмҳои дили нозуки Ӯро Ман малҳам мегузорам.»

Ҷабраил алайҳиссалом назди Расулуллоҳ омада, Ӯро ғарқи хоби ширин ёфт.

Дилаш нашуд, ки Ӯро бедор кунад. Вай дар сурати инсон буд. Кафи пои мубораки Ӯро бӯсид. Азбаски Ҷабраил дилу хун надорад, лабони сардаш Расулуллоҳро бедор кард. Расулуллоҳ Ҷабраил алайҳиссаломро дарҳол шинохт ва аз он ки мабодо Парвардигораш ранҷида бошад, сахт тарсида, фармуд: «Эй бародарам Ҷабраил! Чаро дар ин вақти бемаҳал омадӣ? Магар хатое аз ман сар задааст? Наход Парвардигорамро ранҷонида бошам? Ё ба ман хабари талхе овардаӣ?»

«Хӯрданиву нӯшиданӣ намехоҳам. Ба ҳеҷ кадомаш чашм надорам. Барои ман ҷое кифоя аст, ки дар он ба Парвардигорам ибодат кунам ва ба даргоҳаш илтиҷо намоям» Ҳадиси шариф

Ҷабраил алайҳиссалом гуфт: «Эй бартарини ҳамаи офаридагон! Эй маҳбуби Офаридгор, эй сарвари паёмбарон, эй Паёмбари шарафманд ва бузурге, ки сарчашмаи некиҳо ва манбаи бартариҳо ҳастӣ! Парвардигорат ба ту салом мерасонад ва туро ба ҳузури Худ даъват мефармояд. Лутфан, бархез, биравем.» Паёмбари маҳбуби мо таҳорат гирифт. Ҷабраил алайҳиссалом бар сари мубораки Сарвари мо Расулуллоҳ аммомае аз нур гузошт, ба тани Ӯ ҷомае аз нур пӯшонд ва ба камари мубораки Ӯ камаре аз ёқут баст. Ба дасти мубораки Ӯ асое аз зумуррад дод, ки бо чорсад марворид ороста буд. Ҳар марворид мисли ситораи Зӯҳра медурахшид. Ба пои мубораки Ӯ наълайне аз зумурради сабз пӯшонд.

Баъд даст ба даст дода, ба Каъба омаданд. Дар он ҷо Ҷабраил алайҳиссалом синаи мубораки Паёмбари маҳбуби моро шикофт. Дили Ӯро берун оварду бо оби Замзам шуст. Сипас косае пур аз ҳикмату имон оварда, онро ба даруни сина холӣ кард ва синаро баст.

Қиблаи нахустини мо, Масҷидулақсо / Қудс

Сипас Ҷабраил алайҳиссалом ба ҳайвони сафеде, ки аз Ҷаннат оварда буд ва Буроқ ном дошт, ишора карда, гуфт: «Ё Расулаллоҳ! Бар ин савор шав! Ҳамаи фариштагон чашм ба роҳи туанд.» Дар ин миён ғаме бар дили Сарвари мо, Паёмбар, нишаст ва Ӯ ба тафаккур фурӯ рафт. Ҳамон дам Аллоҳ таъоло ба Ҷабраил алайҳиссалом хитоб фармуд: «Эй Ҷабраил! Бипурс! Ҳабиби Ман чаро ғамгин аст?» Сарвари мо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҷавоб фармуд: «Ман ин қадар иззату икром дидам. Ба хотирам омад, ки рӯзи қиёмат ҳоли уммати заифам чӣ гуна хоҳад буд? Онҳо панҷоҳ ҳазор сол дар майдони Арасот пиёда ин қадар гуноҳро чӣ гуна мекашанд ва аз Сирот, ки роҳи сӣ ҳазорсола аст, чӣ гуна мегузаранд?» Фармони илоҳӣ расид: «Эй Ҳабиби Ман! Хотиратро ҷамъ дор. Он вақти панҷоҳ ҳазорсоларо барои уммати ту мисли як лаҳза мегардонам. Ғам махӯр!»

Сарвари мо, Паёмбар, бар Буроқ савор шуд. Буроқ бисёр тез мерафт ва бо як қадам аз ҳадди назар он сӯтар мерасид. Дар аснои роҳ Ҷабраил алайҳиссалом ба Паёмбари маҳбуби мо гуфт, ки дар баъзе манзилҳо фуруд омада, намоз гузорад. Бинобар ин Сарвари оламиён расо се бор фуруд омада, намоз хонд. Ҷабраил алайҳиссалом пурсид, ки оё медонад дар куҷоҳо намоз хонд, ё не. Ҷавобашро худ дода, хабар дод, ки нахустин ҷое, ки фуруд омад, Мадина буд ва Ӯ ба ҳамин шаҳр ҳиҷрат хоҳад кард. Ҷои дигар Тури Сино буд, ки ҳазрати Мусо дар он ҷо бо Аллоҳ таъоло бе ҷиҳат ва ба тарзи ношинохта сухан гуфта буд; ва дар охир дар Байтлаҳм, зодгоҳи Исо алайҳиссалом, намоз хонда буд. Сипас ба Масҷидулақсои Қудс омаданд.

Дар Масҷидулақсо Ҷабраил алайҳиссалом бо ангушташ харсангеро сӯрох карду Буроқро ба он баст. Арвоҳи баъзе аз паёмбарони гузашта дар сурати инсон ҷамъ омада буданд. Барои намози ҷамоат ба навбат ба паёмбарон Одам, Нӯҳ ва Иброҳим (алайҳимуссалом) гуфтанд, ки имом шаванд. Онҳо узр хоста, қабул накарданд. Ҷабраил «То ту ҳастӣ, каси дигар имом шуда наметавонад» гуфта, Ҳабибуллоҳро пеш гузошт.

Сарвари мо, Паёмбар, ба паёмбарон имом шуда, ду ракъат намоз гузорд. Воқеаи баъдиро чунин нақл фармуд: «Ҷабраил (алайҳиссалом) ба ман як зарф шароби Ҷаннат ва як зарф шир овард. Ширро гирифтам. Ҷабраил (алайҳиссалом) ба ман гуфт: „Фитратро (саодати ду ҷаҳонро) интихоб кардӣ.“ Баъд боз ду пиёла пеш оварданд: яке об буд, дигаре асал; аз ҳар ду нӯшидам. Ҷабраил гуфт: „Асал нишони он аст, ки умматат то қиёмат пойдор мемонад, об бошад, нишони он ки умматат аз гуноҳҳо пок мегардад.“ Сипас ҳамроҳ ба осмон боло рафтем. Ҷабраил (алайҳиссалом) дарро кӯфт. Гуфтанд: „Ту кистӣ?“ „Ман Ҷабраилам.“ „Ҳамроҳат кист?“ „Ӯ Муҳаммад аст (алайҳиссалом).“ „Оё ба Ӯ (ваҳй ва даъвати Меъроҷ барои ба осмон баромадан) фиристода шудааст?“ Гуфт: „Оре, фиристода шудааст.“ Гуфтанд: „Марҳабо ба зоти омада! Ин омада чӣ мусофири неке аст!“ Дарҳол дар кушода шуд ва худро рӯ ба рӯи Одам (алайҳиссалом) ёфтам. Ба ман „Марҳабо“ гуфту дуо кард… Дар тарафи росту чапи Одам алайҳиссалом арвоҳи гурӯҳе аз одамон мисли сояҳо истода буданд. Одам алайҳиссалом ҳар гоҳ ба тарафи рости худ менигарист, табассум мекард ва ҳар гоҳ ба тарафи чап менигарист, мегирист. Ҷабраил алайҳиссалом арз кард: „Ё Расулаллоҳ! Ин сояҳо арвоҳи фарзандоне ҳастанд, ки аз насли Одам ба дунё меоянд. Онҳое, ки дар тарафи рост ҳастанд, аҳли Ҷаннатанд ва онҳое, ки дар тарафи чапанд, аҳли Ҷаҳаннам! Ба тарафи рост нигоҳ карда, табассум мекунад ва ба тарафи чап нигоҳ карда, мегиряд!“

«Эй бартарини ҳамаи офаридагон! Эй маҳбуби Офаридгор, эй сарвари паёмбарон, эй Паёмбари шарафманд ва бузурге, ки сарчашмаи некиҳо ва манбаи бартариҳо ҳастӣ! Парвардигорат ба ту салом мерасонад ва туро ба ҳузури Худ даъват мефармояд. Лутфан, бархез, биравем» Ҷабраил алайҳиссалом

Дар он ҷо фариштагони бисёре дидам. Ҳама бо хушӯъ ва хузӯъ дар қиём истода, ба зикри „Суббӯҳун қуддусун раббул-малоикати вар-рӯҳ“ машғул буданд. Аз Ҷабраил пурсидам: „Ибодати ин фариштагон ҳамин аст?“ Гуфт: „Оре. Инҳо аз рӯзе, ки офарида шудаанд, то қиёмат дар қиём мемонанд. Аз Ҳақ таъоло бихоҳ, ки ин ибодатро насиби умматат гардонад.“ Аз Ҳақ таъоло хостам. Дуоямро қабул фармуд. Қиёме, ки дар намоз аст, ҳамон аст.

(Дар он ҷо) аз назди гурӯҳе гузаштам. Фариштагон сари онҳоро мекӯфтанд ва сарҳо боз ба ҳоли пешин бармегаштанд. Боз мекӯфтанд, боз мисли пештара мешуданд. Гуфтам: „Инҳо киҳоянд?“ Гуфт: „Инҳо касоне ҳастанд, ки ҷумъа ва ҷамоатро тарк мекунанд ва рукӯъ ва саҷдаҳоро пурра адо намекунанд.“

Гурӯҳеро дидам, ки гуруснаву бараҳна буданд. Забонияҳо онҳоро дар Ҷаҳаннам ба чаро меронданд. Гуфтам: „Инҳо киҳоянд?“ Гуфт: „Инҳо касоне ҳастанд, ки ба фақирон раҳм намекунанд ва закот намедиҳанд.“

Аз назди гурӯҳе гузаштам. Пеши онҳо таомҳои лазиз гузошта буданд ва дар як тараф мурдоре афтода буд. Онҳо таомҳои лазизро монда, мурдорро мехӯрданд. Гуфтам: „Инҳо киҳоянд?“ Гуфт: „Инҳо мардону заноне ҳастанд, ки ҳалолро тарк карда, ба ҳаром майл мекунанд; касоне, ки моли ҳалол дошта бошанд ҳам, ҳаром мехӯранд.“

(Баъзе) касонеро дидам, ки аз бисёрии бори пушташон мадори ҷунбидан надоштанд. Бо ҳамин ҳол мардумро садо мезаданд ва мехостанд, ки боз каме бор ба болояшон гузоранд. Гуфтам: „Инҳо киҳоянд?“ Гуфт: „Инҳо касоне ҳастанд, ки дар амонат хиёнат мекунанд. Ҳаққи мардумро гирифта бошанд ҳам, боз зулм мекунанд.“

Ба гурӯҳе аз одамон дучор омадем, ки гӯшти танашонро бурида мехӯрданд. Гуфтам: „Инҳо киҳоянд?“ Ҷабраил (алайҳиссалом) гуфт: „Инҳо ғайбаткунандагону суханчинонанд.“

Гурӯҳе аз одамонро дидам, ки рӯяшон сиёҳ, чашмонашон кабуд, лаби болояшон то пешонӣ расида, лаби поёнашон то пойҳо овезон буд ва аз даҳонашон хуну чирк ҷорӣ буд. Бо қадаҳҳои оташин ба онҳо хуну чирки заҳрогинеро менӯшониданд, ки аз Ҷаҳаннам ҷорӣ мешуд, ва онҳо мисли харҳо наъра мезаданд. Гуфтам: „Инҳо киҳоянд?“ Гуфт: „Инҳо майхӯронанд.“

Ба гурӯҳе аз одамон дучор омадем, ки забонашонро аз сарашон кашида буданд; шаклашон дигаргун шуда, ба сурати хинзир (хук) даромада буд ва онҳоро азоб медоданд. Ҷабраил (алайҳиссалом) гуфт: „Инҳо касоне ҳастанд, ки шаҳодати дурӯғ медиҳанд.“

Ба қавми дигаре дучор омадем: шикамҳояшон варам карда, ба поён овезон шуда буд, рангашон кабуд гашта, дасту пояшон баста буд ва аз ҷояшон бархеста наметавонистанд. Аз Ҷабраил дар бораи онҳо пурсидам. Гуфт: „Инҳо рибохӯронанд.“1

Ба гурӯҳе аз занон дучор омадем. Рӯяшон сиёҳ ва чашмонашон кабуд буд. Ба танашон ҷомаҳои оташин пӯшонда буданд ва фариштагон бо гурзҳои оташин онҳоро мезаданд. Онҳо мисли сагону хинзирон фиғон мекарданд. Гуфтам: „Инҳо киҳоянд?“ Ҷабраил гуфт: „Инҳо заноне ҳастанд, ки зино мекунанд ва шавҳаронашонро меозоранд.“

Гурӯҳи бисёр калонеро дидам, ки дар водиҳои Ҷаҳаннам маҳбус буданд. Оташ онҳоро месӯзонд, боз зинда мешуданд ва оташ боз онҳоро месӯзонд. Гуфтам: „Инҳо киҳоянд?“ Гуфт: „Инҳо касоне ҳастанд, ки ба падарони худ осӣ шудаанд.“

Аз назди гурӯҳе гузаштам. Онҳо тухм мекоштанд ва кишташон дар як лаҳза расида, хӯша мебаровард. Гуфтам: „Инҳо киҳоянд?“ Ҷабраил гуфт: „Инҳо касоне ҳастанд, ки барои Аллоҳ таъоло ибодат мекунанд.“

Ба дарёе расидам, ки ҳоли аҷибашро баён кардан имконнопазир аст. Аз шир сафедтар буд ва мавҷҳояш мисли кӯҳ буданд. Гуфтам: „Ин чӣ дарёст?“ Гуфт: „Номи ин дарё Баҳри Ҳаёт аст. Ҳақ таъоло вақте ки мурдагонро зинда гардонад, аз ин дарё борон меборонад. Ҷисмҳои пӯсида ва пароканда зинда шуда, мисли гиёҳе, ки аз замин мерӯяд, аз гӯр мехезанд…“

Сипас ба осмони дуюм баромадем. Ҷабраил (алайҳиссалом) боз дарро кӯфт. Пурсиданд: „Ту кистӣ?“ „Ман Ҷабраилам.“ „Ҳамроҳат кист?“ „Ӯ Муҳаммад алайҳиссалом аст.“ „Оё ба Ӯ ваҳй ва даъвати Меъроҷ фиристода шудааст?“ Гуфт: „Оре, омадааст.“ Гуфтанд: „Марҳабо ба зоти омада! Ин омада чӣ мусофири неке аст!“ Дарҳол дар кушода шуд ва худро назди Исо ва Яҳё ибни Закариё (алайҳимассалом), ки холабачаҳои якдигаранд, ёфтам. Ба ман „Марҳабо“ гуфтанду дуо карданд… (Исо алайҳиссалом миёнақад ва сафеди гандумгун буд.)

Ба гурӯҳе аз фариштагон дучор омадам, ки саф баста истода буданд ва ҳама дар рукӯъ буданд. Онҳо тасбеҳи махсуси худро доштанд. Ҳамеша дар рукӯъ меистанд, сар бардошта ба боло намебинанд. Ҷабраил (алайҳиссалом) гуфт: „Ибодати ин фариштагон чунин аст. Аз Ҳақ таъоло бихоҳ, то насиби умматат гардад.“

Дуо кардам. Қабул фармуда, рукӯъро дар намоз эҳсон фармуд. Сипас ба осмони сеюм баромадем. Пас аз ҳамон суолу ҷавоб дар кушода шуд ва худро назди Юсуф (алайҳиссалом) ёфтам. Дидам, ки ба ӯ нисфи ҳусн дода шудааст. Ба ман „Марҳабо“ гуфту дуо кард…

Фариштагони бисёре дидам. Саф-саф ҳама дар саҷда буданд. Аз рӯзе, ки офарида шудаанд, дар саҷдаанд ва бо тасбеҳи махсуси худ тасбеҳ мегӯянд. Ҷабраил (алайҳиссалом) гуфт: „Ибодати ин фариштагон чунин аст. Аз Аллоҳ таъоло бихоҳ, ки ин амалро барои умматат муяссар гардонад.“ Аз Ҳақ таъоло хостам. Қабул фармуда, онро дар намоз насиби шумо гардонид.

Ба осмони чорум расидам. Дари нуроние дошт, ки аз нуқраи соф сохта шуда буд. Бар он қулфе аз нур зада буданд ва бар қулф навишта буд: „Ло илоҳа иллаллоҳ Муҳаммадун расулуллоҳ“. Пас аз ҳамон суолу ҷавоб худро назди Идрис (алайҳиссалом) ёфтам. Ба ман „Марҳабо“ гуфту дуо кард. Аллоҳ таъоло дар бораи ӯ фармудааст, ки маънояш чунин аст: „Мо ӯро ба макони баланде бардоштем.“2

Фариштаеро дидам, ки бар курсие нишаста буд, ғамгину андӯҳгин. Гирдаш он қадар фаришта буд, ки шумораашонро танҳо Ҷаноби Ҳақ медонад. Дар тарафи росташ фариштагони нурониро дидам: либосҳои сабз дар бар доштанд ва бӯи бисёр хуш аз онҳо меомад. Ҳар кадомашон чунон зебо буданд, ки ба рӯяшон нигоҳ кардан имкон надошт. Дар тарафи чапаш фариштагоне буданд, ки аз даҳонашон оташ мепошид. Пеши онҳо найзаву тозиёнаҳои оташин буд. Чашмоне доштанд, ки касе тоқати ба онҳо нигаристанро надошт. Фариштае, ки бар тахт нишаста буд, аз сар то пой чашм дошт. Ҳамеша ба дафтари пеши худ менигарист ва як лаҳза аз он чашм намеканд. Пешаш дарахте буд, ки бар ҳар барги он номи як кас навишта шуда буд. Боз пешаш чизе мисли тағора буд. Гоҳ бо дасти рост аз он чизе гирифта, ба фариштагони нуронии тарафи росташ месупурд, гоҳ бо дасти чап чизе гирифта, ба фариштагони зулмонии тарафи чапаш медод. Чун ба (ин) фаришта назар кардам, тарсе ба дилам афтод. Ба Ҷабраил гуфтам: „Ин фаришта кист?“ Гуфт: „Азроил аст. Ҳеҷ кас тоқати дидани рӯи ӯро надорад.“ Назди ӯ рафта, гуфт: „Эй Азроил!

«„Марҳабо ба зоти омада! Ин омада чӣ мусофири неке аст!“ – гуфтанд ва дарҳол дар кушода шуд ва худро рӯ ба рӯи Одам (алайҳиссалом) ёфтам» Ҳадиси шариф

Ин паёмбари охирзамон, ҳабиб ва маҳбуби Аллоҳ таъолост.“ Азроил (алайҳиссалом) сар бардошта, табассум кард. Бархост, ба ман таъзим карду гуфт: „Марҳабо! Ҳақ таъоло касеро аз ту шарафмандтар наофаридааст. Уммати ту низ аз ҳамаи умматҳо бартар аст. Ман ба уммати ту аз падару модарашон бештар раҳм мекунам.“ Гуфтам: „Аз ту як хоҳиш дорам. Умматам заиф аст. Бо онҳо нарм муомила кунӣ ва ҷонашонро бо мулоимат гирӣ.“ Гуфт: „Ба ҳаққи Аллоҳ таъоло, ки туро охирин паёмбар карда фиристод ва ҳабиби Худ гардонид, Аллоҳ таъоло дар як шабонарӯз ҳафтод бор ба ман амр мефармояд:

«Ҷонҳои уммати Муҳаммадро бо нармӣ ва осонӣ бигир ва корҳояшонро бо лутф анҷом деҳ.» Аз ин рӯ ман низ ба уммати ту аз модарону падаронашон бештар шафқат мекунам.“ Сипас ба осмони панҷум баромадем ва дар он ҷо бо Ҳорун3 (алайҳиссалом) рӯ ба рӯ шудем. Ба ман „Марҳабо“ гуфту дуои хайр кард. Ибодати фариштагони осмони панҷумро дидам. Ҳама рост истода, ба ангуштони пояшон менигаристанд, ҳаргиз ба ҷои дигар нигоҳ намекарданд ва бо овози баланд тасбеҳ мегуфтанд. Аз Ҷабраил (алайҳиссалом) пурсидам: „Ибодати ин фариштагон чунин аст?“ Гуфт: „Оре, аз Ҳақ таъоло бихоҳ, ки ин ибодатро насиби умматат гардонад.“ Дуо кардам. Ҷаноби Ҳақ эҳсон фармуд. Сипас ба осмони шашум баромадем. Дар он ҷо бо Мусо (алайҳиссалом) рӯ ба рӯ шудем. Ба ман „Марҳабо“ гуфту дуои хайр кард.

Сипас ба осмони ҳафтум баромадем. Пас аз ҳамон суолу ҷавоб Иброҳимро (алайҳиссалом) ёфтам, ки пушт ба Байтулмаъмур дода буд. Байтулмаъмур ҳамон аст, ки ҳар рӯз ҳафтод ҳазор фаришта ба он медароянд (ва дигар ҳаргиз навбаташон намерасад). Ба Иброҳим (алайҳиссалом) салом додам. Саломамро ҷавоб дода, гуфт: „Марҳабо, эй паёмбари солеҳ, эй фарзанди солеҳ.“ (Сипас:) „Эй Муҳаммад! Замини Ҷаннат бағоят латиф ва хокаш пок аст. Ба умматат бигӯ, ки дар он ҷо дарахти бисёр шинонанд.“ Гуфтам: „Дар Ҷаннат чӣ тавр дарахт мешинонанд?“ Гуфт: „Бо хондани тасбеҳи «Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ»“ (ва дар ривояте: „Бо хондани тасбеҳи «Субҳоналлоҳи вал-ҳамдулиллоҳи ва ло илоҳа иллаллоҳу валлоҳу акбар»“). (Ҷабраил алайҳиссалом) сипас маро ба Сидратулмунтаҳо бурд. Сидратулмунтаҳо дарахте буд, ки решааш дар осмони шашум, танаву шохаҳояш болои осмони ҳафтум буд; баргҳояш мисли гӯшҳои фил ва меваҳояш мисли бурҷҳо буданд.4 Гӯё дарахтест, ки бо сояи худ ҳамаи осмонҳо ва Ҷаннатро соя афкандааст. Бо таҷаллии нури ҷалолу азамати Аллоҳ таъоло ба рангҳо медаромад ва бо ёқуту зумуррад ё гавҳарҳои монанди онҳо оро ёфта, чунон зебо мегашт, ки аз махлуқоте, ки Аллоҳ таъоло офаридааст, ҳеҷ кас зебоии онро баён карда наметавонад.

Ҷабраил (алайҳиссалом) маро то он сӯи Сидратулмунтаҳо бурд ва бо ман видоъ кард. Гуфтам: „Эй Ҷабраил! Маро танҳо мегузорӣ?“ Ҷабраил (алайҳиссалом) ба изтироб афтод. Аз ҳайбати Ҳақ таъоло ба ларза омад ва гуфт: „Эй Муҳаммад! Агар як қадам (дигар) пеш гузорам, аз азамати Аллоҳ таъоло ҳалок мешавам. Тамоми вуҷудам сӯхта, нобуд мегардад.“»

Сарвари оламиён то ин ҷо ҳамроҳи Ҷабраил алайҳиссалом омада буд. Дар ҳамин ҷо Ҷабраил алайҳиссалом худро ба Расулуллоҳ дар ҳамон сурате нишон дод, ки бо он офарида шуда буд: шашсад ҳазор болашро кушода буд ва аз ҳар болаш марворидҳову ёқутҳо мерехт.

Сипас фарши сабзе аз Ҷаннат омад, ки Рафраф ном дошт ва равшаниаш аз офтоб дурахшонтар буд. Он беист ба зикри Аллоҳ таъоло машғул буд ва садои тасбеҳаш оламеро, ки дар он буд, пур мекард. Ба Сарвари мо, Паёмбар, салом дод. Сарвари мо Расулуллоҳ бар Рафраф нишаст. Дар як лаҳза ба баландиҳои бисёр баромаданд ва аз ҳафтод ҳазор парда, ки онро ҳиҷоб меноманд, гузаштанд. Миёни ҳар ду ҳиҷоб масофаи бисёр дур буд ва дар ҳар парда фариштагони вазифадор буданд. Рафраф Сарвари моро як-як аз он пардаҳо гузаронд. Бад-ин тариқ аз оламҳои Курсӣ, Арш ва арвоҳ гузаштанд. Сарвари мо Ҳабиби акрам ва Набии муҳтарам саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳангоми гузаштан аз ҳар парда мешунид, ки фармон дода мешавад: «Матарс, эй Муҳаммад! Наздик шав, наздик шав!» Чунон наздик шуд, ки ба мақоми Қоба қавсайн расид. Ба тарзе ношинохта, нофаҳмо ва баённопазир ба баландиҳое, ки Аллоҳ таъоло хост, расид. Бе макон, бе замон, бе ҷиҳат ва бечигуна руъят ҳосил шуд, яъне Аллоҳ таъолоро дид. Бе чашм, бе гӯш, бе восита ва бе миёнҷӣ бо Парвардигори худ сухан фармуд. Ба неъматҳое расид, ки ҳеҷ махлуқ онҳоро дониста ва фаҳмида наметавонад.

Ҳазрати Имоми Раббонӣ дар «Мактубот» мефармояд: «Он Сарвар алайҳиссалоту вассалом дар шаби Меъроҷ Парвардигори худро дар дунё надид; дар охират дид. Зеро Расул алайҳиссалом он шаб аз доираи замон ва макон берун баромад. Лаҳзае азалӣ ва абадӣ ёфт. Ибтидо ва интиҳоро як нуқта дид. Он шаб дид, ки онҳое, ки ҳазорон сол баъд ба Ҷаннат хоҳанд рафт, чӣ гуна ба Ҷаннат мераванд ва дар Ҷаннат ҳастанд. Пас дидан дар он мақом дидан дар дунё нест; дидан бо дидани охират аст.»

Чун ба Сарвари мо, Паёмбар, фармуда шуд: «Парвардигоратро сано гӯй!», Ӯ дарҳол фармуд: «Аттаҳийёту лиллоҳи вассалавоту ваттайибот» (яъне ҳамаи мадҳҳо, ситоишҳо ва саноҳое, ки бо забонҳост, хизматҳо ва тоатҳое, ки бо бадан аст, ва некиҳо ва эҳсонҳое, ки бо мол аст, аз они Аллоҳ таъоло бод).

«Ҳақ таъоло касеро аз ту шарафмандтар наофаридааст. Уммати ту низ аз ҳамаи умматҳо бартар аст» Азроил алайҳиссалом

Аввал Аллоҳ таъоло бе чашм, бе гӯш, бе восита ва бе макон «Ассалому алайка айюҳан-набийю ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ» (Эй Расули Ман! Саломи Ман, баракати Ман ва раҳмати Ман бар ту бод) фармуда, ба Ҳабиби Худ салом дод. Сарвари мо, Паёмбар, ҷавоб фармуд: «Ассалому алайно ва ало ибодиллоҳис-солиҳин» (Ё Раббӣ! Бар мо ва бар бандагони солеҳи Ту низ салом бод).

Фариштагон инро шунида, ҳама якзабон гуфтанд: «Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳ ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳ» (Гӯё бо чашми худ дида бошам, медонам ва имон дорам, ки ғайр аз Аллоҳ таъоло ҳеҷ маъбуди сазовори ибодат нест. Муҳаммад алайҳиссалом бандаи Ӯ ва расули Ӯст).

Чун Сарвари мо, Паёмбар, фармуд: «Ассалому алайно…», Аллоҳ таъоло фармуд: «Эй Ҳабиби Ман! Дар ин ҷо ҷуз мо ҳар ду каси дигаре нест. Чаро „алайно“ (бар мо) гуфтӣ?» Сарвари мо Расулуллоҳ чунин ҷавоб фармуд:

«Илоҳо! Агарчи ҷисмҳои умматам бо ман нестанд, аммо арвоҳашон бо ман аст. Назари иноят ва камоли ҳиммати ман аз онҳо дур нест. Ту ба ман салом додӣ ва маро аз ҳамаи бадиҳо дур гардонидӣ. Чӣ гуна он уммати фақиру дардманди худро, ки гирифтори фитнаи охирзамон шудааст, аз ин икрому эҳсонҳои бузург маҳрум созам? Чӣ гуна онҳоро аз чунин неъмат бенасиб гардонам?»

Аллоҳ таъоло фармуд: «Эй Ҳабиби Ман! Имшаб меҳмони Ман ҳастӣ. Аз Ман бихоҳ, чӣ мехоҳӣ?» Сарвари мо Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: «Умматамро мехоҳам (ё Раббӣ!)»

Тибқи ривояте, Ҳақ таъоло ин суолро ҳафтсад бор ҳамин тавр такрор фармуд ва Сарвари мо Расулуллоҳ ҳар бор ҷавоб фармуд: «Умматамро мехоҳам.» Чун Аллоҳ таъоло фармуд: «Ҳамеша уммататро мехоҳӣ», Сарвари мо дархост кард: «Эй Парвардигори ман! Хоҳанда манам, диҳанда Ту ҳастӣ. Ҳамаи умматамро ба ман бибахш.» Ҷаноби Ҳақ фармуд: «Агар ҳамаи уммататро имшаб ба ту бибахшам, раҳмати Ман ва иззати ту зоҳир намешавад. Як қисми онҳоро имшаб ба ту бахшидам. Ду қисми дигарро ба таъхир гузоштам, то рӯзи қиёмат ту бихоҳиву Ман бибахшам; то раҳмати Ман ва иззати (шарафи) ту маълум гардад.»

Паёмбари маҳбуби мо саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҳадиси шарифе фармудааст: «Он шаб (шаби Меъроҷ) аз Аллоҳ таъоло хостам, ки ҳисоби ҳамаи умматамро ба ман супорад. Ҳақ таъоло фармуд: „Эй Муҳаммад! Мақсади ту аз ин он аст, ки ҳеҷ кас аз гуноҳҳои умматат огоҳ нашавад. Мақсади Ман бошад, ин аст: ту паёмбари шафқатманд ҳастӣ, пас гуноҳҳо ва корҳои зишти онҳо чунон ки аз бегонагон пӯшида аст, аз ту низ пӯшида бимонад. Эй Муҳаммад! Ту роҳнамои онҳо ҳастӣ. Ман Парвардигори онҳоям. Ту онҳоро нав дидӣ. Ман аз азал то абад ба онҳо назар кардаам ва назар мекунам. Эй Муҳаммад! Агар суҳбат бо уммати туро дӯст намедоштам, дар рӯзи қиёмат онҳоро ба ҳисоб намекашидам. Аз ҳеҷ гуноҳи бузургу хурди онҳо намепурсидам.“»

«Аллоҳ таъоло фармуд: „Эй Муҳаммад! Чашми мубораки худро кушо ва ба зери поят назар кун.“ Нигоҳ кардам, як мушт хок дидам. Ҳақ таъоло фармуд: „Ҳамаи мавҷудот хоки пои ту ҳастанд. Оё он хоки Маро ба ҳузури Дӯст овардӣ? Бахшидани уммати ту барои Ман аз бахшидани гарде, ки ба домани дӯсте нишаста бошад, осонтар аст.“»

Уммататро ба ту додам, эй Ҳабиб!
Ҷаннатамро ба онҳо кардам насиб.
Эй Ҳабибам, чист он, ки хостӣ?
Барои мушти хоке миннат кардӣ?

Сарвари мо, Паёмбар, дар ҳадиси шарифе фармудааст: «Аз Ҳақ таъоло чанд суол кардам ва ҷавобашонро шунидам. Аз пурсиданам пушаймон шудам. (Баъзеашон инҳоянд:)

„Эй Парвардигори ман! Ба Ҷабраил шашсад ҳазор бол додӣ. Дар муқобили он эҳсони Ту ба ман чист?“ Ҳақ таъоло фармуд: „Як мӯи ту назди Ман аз шашсад ҳазор боли Ҷабраил маҳбубтар аст. Ба хотири як мӯи ту рӯзи қиёмат ҳазорон гунаҳкори осиро озод мекунам. Эй Муҳаммад! Агар Ҷабраил болашро кушояд, миёни машриқу мағрибро пур мекунад. Агар ту шафоат кунӣ, ҳатто агар миёни машриқу мағриб пур аз осиён бошад, ҳамаро ба ту мебахшам.“ Гуфтам: „Фариштагонро ба падарам Одам (алайҳиссалом) саҷда кунонидӣ. Дар муқобили он икроми Ту ба ман чист?“

Ҳақ таъоло фармуд: „Саҷда кардани фариштагон ба Одам аз он сабаб буд, ки нури ту дар пешонии ӯ буд. Эй Муҳаммад! Ба ту чизе аз он бартар додам. Номи туро ба номи Худ наздик гардонидам ва бар болои Арши аъло навиштам. Он вақт Одам ҳанӯз офарида нашуда буд, на ном дошт ва на нишон. Номи туро бар дари осмонҳо, бар ҳиҷобҳо, бар дарҳои ҷаннатҳо, бар кӯшкҳо ва дарахтон, дар ҳар ҷои Ҷаннат навиштам. Дар Ҷаннат ҳеҷ чизе набуд, ки бар он «Ло илоҳа иллаллоҳ Муҳаммадун расулуллоҳ» навишта нашуда бошад. Ин мартаба аз мартабае, ки ба Одам дода шуд, бартар аст.“

Чун туро дӯст доштам, эй шариф,
Ду олам аз они ту набошад магар, эй латиф?
Зоти туро оинаи зоти Худ гардонидам,
Номи туро бо номи Худ якҷоя навиштам.

„Эй Парвардигори ман! Ба Нӯҳ (алайҳиссалом) киштӣ додӣ. Дар муқобили он ба ман чӣ эҳсон кардӣ?“ Фармуд: „Ба ту Буроқ додам ва туро дар як шаб аз замин то Арш расонидам. Ҷаннат ва Ҷаҳаннамро дидӣ. Ба умматат низ масҷидҳо додам, ки рӯзи қиёмат умматат мисли касоне, ки ба киштӣ савор мешаванд, бар он масҷидҳо савор шуда, аз Сирот дар як мижа задан гузаранд ва аз Ҷаҳаннам халос шаванд.“ „Эй Парвардигори ман! Ба Бани Исроил манн ва гӯшти паррандае монанди бедона нозил кардӣ.“ Ҳақ таъоло фармуд: „Ба ту ва умматат неъмати дунё ва охиратро эҳсон кардам. Шаклҳои Бани Исроилро аз сурати инсон ба сурати хирс, маймун ва хинзир гардонидам. Ба ҳеҷ яке аз уммати ту чунин накардам. Ҳарчанд мисли онҳо амал кунанд ҳам, ин балоро ба онҳо раво надидам. Эй Муҳаммад! Ба ту сурае додам, ки монандаш дар Таврот ва Инҷил нест. Он сураи Фотиҳа аст. Ҳар кӣ он сураро хонад, ҷисми ӯ бар Ҷаҳаннам ҳаром мешавад. Азоби модару падари ӯро сабук мегардонам. Эй Муҳаммад! Ман касеро аз ту акрам (қиматдортар, бартар ва шарафмандтар) наофаридам. Бар ту ва умматат дар шабу рӯз панҷоҳ вақт намоз фарз кардам.

«Он шаб (шаби Меъроҷ) аз Аллоҳ таъоло хостам, ки ҳисоби ҳамаи умматамро ба ман супорад» Ҳадиси шариф

Эй Муҳаммад! Ҳар кӣ ягонагии Маро қабул кунад ва ба Ман шарик наоварад, Ҷаннат аз они онҳост. Ба он уммати ту, ки чунин бошанд, Ҷаҳаннамро ҳаром кардам. Раҳмати Ман нисбат ба уммати ту аз ғазаби Ман пеш гузаштааст.

Эй Муҳаммад! Назди Ман аз ҳамаи халқ акрам ва шарафмандтар ҳастӣ. Рӯзи қиёмат ба ту чунон икромҳо мекунам, ки тамоми олам дар ҳайрат мемонанд. Эй Ҳабиби Ман! То ту ба Ҷаннат надароӣ, даромадан ба он бар дигар анбиё ва умматҳояшон манъ аст. То уммати ту надарояд, уммати дигар намедарояд. Эй Муҳаммад! Мехоҳӣ бубинӣ, ки барои ту ва умматат чиҳо омода кардаам?“ Гуфтам: „Мехоҳам, ё Раббӣ!“ Ба Исрофил хитоб карда, фармуд: „Эй Исрофил! Ба бандаи Ман, амини Ман ва расули Ман Ҷабраил бигӯ, ки Ҳабиби Маро ба Ҷаннат бурда, ҳар чиро, ки барои Ҳабибам ва уммати Ӯ дар Ҷаннат омода кардаам, нишон диҳад; то хотири мубораки Ӯ аз андеша халос ёбад.“»

Сарвари оламиён, Паёмбари маҳбуби мо, ҳамроҳи Исрофил алайҳиссалом назди Ҷабраил алайҳиссалом омад. Ҷабраил алайҳиссалом амри Аллоҳ таъолоро ба ҷо оварда, Сарвари мо, Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва салламро ба Ҷаннат бурд. Фариштагон табақҳо дар даст интизор буданд: яке пур аз ҳулла, дигаре пур аз нур. Ҷабраил алайҳиссалом гуфт: «Ё Расулаллоҳ! Инҳо ҳаштод ҳазор сол пеш аз Одам алайҳиссалом офарида шудаанд. Дар ин мақом бетоқатӣ мекунанд, ки он чиро дар табақҳост, бар ту ва умматат нисор кунанд. Рӯзи қиёмат, вақте ки ҳазрати ту ва умматат бо амри Аллоҳ таъоло ба остонаи Ҷаннат қадам мегузоред, ин фариштагон гавҳарҳои табақҳоро бар шумо нисор хоҳанд кард.» Фариштае бо номи Ризвон, ки дар Ҷаннат вазифадор аст, онҳоро пешвоз гирифт. Ба Сарвари мо, Паёмбар, муждаҳо дода, гуфт: «Ҳақ таъоло Ҷаннатро се қисм кардааст, то ду қисмашро ба уммати ту ва як қисмашро ба умматҳои паёмбарони дигар диҳад» ва Ӯро дар тамоми Ҷаннат гардонд. Сарвари мо Ҳабиби акрам фармуд: «Дар миёнаи Ҷаннат наҳре дидам.

Аз болои Арш ҷорӣ мешавад. Аз як ҷо об, шир, хамр ва асал мебарояд, вале ҳаргиз бо ҳам намеомезанд. Лаби он наҳр аз забарҷад буд. Сангҳои қаъраш гавҳар, гилаш анбар ва алафҳояш заъфарон буд. Дар атрофаш пиёлаҳои нуқрагин гузошта буданд, ки шумораашон аз ситораҳои осмон зиёдтар буд. Дар гирдаш паррандагоне буданд, ки гарданашон мисли гардани шутур буд. Ҳар кӣ аз гӯшти онҳо бихӯрад ва аз он наҳр бинӯшад, ба ризои Ҳақ таъоло мушарраф мегардад. Аз Ҷабраил пурсидам: „Ин наҳр чист?“ Гуфт: „Кавсар аст. Ҳақ таъоло онро ба ту ато фармудааст. Аз ин Кавсар ба бӯстонҳое, ки дар ҳашт Ҷаннат ҳастанд, обҳо ҷорӣ мешаванд.“ Дар канори он наҳр хаймаҳо дидам, ки ҳама аз марворид ва ёқут буданд. Аз Ҷабраил пурсидам. Гуфт: „Манзилҳои ҳамсарони туанд.“ Дар он хаймаҳо ҳурҳоро дидам. Рӯяшон мисли офтоб медурахшид ва ҳама овоз бардошта, бо навоҳои гуногун тараннум мекарданд. Мегуфтанд: „Мо шодмон ва хурсандем. Ба мо ҳеҷ ғаме намерасад.

Мо оростаем, ҳаргиз урён намешавем. Мо ҷавонем, ҳаргиз пир намешавем. Мо хушхӯем, ҳаргиз хашм намегирем. Мо ҳамеша чунинем, ҳаргиз намемирем.“ Навою садои онҳо ба кӯшкҳо ва дарахтони саодат расида, ҳама ҷоро фаро мегирифт. Овозашон чунон хуш буд, ки агар он навоҳо ба дунё мерасид, дар дунё на марг мемонд, на меҳнат. Ҷабраил гуфт: „Мехоҳӣ рӯяшонро бубинӣ?“ Гуфтам: „Мехоҳам.“ Дари яке аз хаймаҳоро кушод ва ман нигоҳ кардам. Чунон суратҳои зебое дидам, ки агар тамоми умр зебоии онҳоро баён кунам, ба охир расонда наметавонам. Рӯяшон аз шир сафедтар, рухсорашон аз ёқут сурхтар ва аз офтоб дурахшонтар буд. Пӯсташон аз абрешим нармтар ва мисли моҳ равшан, бӯяшон аз мушк хуштар буд. Мӯяшон қоп-қора буд: мӯи баъзе бофта, мӯи баъзе ҷамъ карда ва мӯи баъзе фурӯ ҳишта буд; агар менишастанд, мисли хайма гирдашонро мегирифт ва агар мехестанд, то пойҳояшон мерасид. Пеши ҳар кадомашон хизматгоре меистод. Ҷабраил гуфт: „Инҳо барои уммати ту ҳастанд.“»

Сарвари мо, Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам, фармуд: «Боғу бӯстонҳои ҳашт Ҷаннат ва ҳар гуна неъматҳои онро дидам. Ба дилам омад, ки Ҷаҳаннам ва дараҷаҳои онро низ бубинам. Ҷабраил дасти маро гирифта, назди Молик, бузургтарин фариштаи Ҷаҳаннам, бурд. (Гуфт: „Эй Молик! Ҳазрати Муҳаммад мехоҳад ҷойҳои душманонро дар Ҷаҳаннам бубинад; Ҷаҳаннамро ба Ӯ нишон деҳ.“)» Чун Молик пӯшиши Ҷаҳаннамро бардошт, Ҷаҳаннам чунон ба ҷӯш омада, авҷ гирифт, ки Сарвари мо, Паёмбар алайҳиссалоту вассалом, ба яқин дид, ки Ҷаҳаннам ҳар чизро гирифта, дарҳол месӯзонад. Азобҳои ташнагии Ҷаҳаннам, занҷирҳои азоб, морҳову каждумҳои азоб ва баъзе дигар аз азобҳои он ҷоро низ ба яқин дид.

«Молик табақаҳои Ҷаҳаннамро кушод. (Ҳамаи) ҳафт табақаро дидам. Табақаи ҳафтумро Ҳовия мегӯянд. Азоби он аз табақаҳои дигар чанд баробар зиёд буд. Аз Молик пурсидам: „Дар ин табақа кадом тоифа азоб мекашанд?“ Молик гуфт: „Фиръавн ва Қорун ва мунофиқони уммати ту дар он азоб мекашанд.“ Табақаи шашум Лазо аст. Дар он ҷо мушрикон (онҳое, ки ҳеҷ дин надоранд) азоб мекашанд. Табақаи панҷум Ҳутама аст. Дар он ҷо оташпарастон, говпарастон ва буддоиён азоб мекашанд.

Табақаи чорум Ҷаҳим аст. Дар он ҷо офтобпарастон ва ситорапарастон азоб мекашанд. Табақаи сеюм Сақар аст. Дар он ҷо масеҳиён азоб мекашанд. Табақаи дуюм Саъир аст. Дар он ҷо яҳудиён азоб мекашанд. Табақаи якум Ҷаҳаннам аст. Азоби ин табақа аз азоби табақаҳои дигар камтар буд. (Бо вуҷуди ин) дар он ҷо ҳафтод ҳазор дарёи оташ дидам. Ҳар дарё чунон бузург буд, ки агар заминҳову осмонҳоро ба яке аз он дарёҳо андозанд ва ба фариштае амр кунанд, ҳазор сол ҷустуҷӯ кунад ҳам, онҳоро ёфта наметавонист. Забонияҳо (фариштагоне, ки дар Ҷаҳаннам вазифадоранд) чунон азим буданд, ки агар яке аз онҳо заминҳову осмонҳоро дар як гӯшаи даҳонаш гузорад, ҳеҷ маълум намешуд. Он дарёҳо мавҷ мезаданд ва садоҳои даҳшатнок мебаромад. Агар андаке аз он садо ба дунё мерасид, ҳамаи ҷондорон ҳалок мешуданд.

Пурсидам: „Ин табақа барои кадом тоифа аст?“ Молик ҷавоб надод. Боз пурсидам. Хомӯш монд… Ҷабраил ба Молик гуфт: „Ӯ аз ту ҷавоб интизор аст.“ Вай „Маро маъзур дор“ гуфта, узр хост. Гуфтам: „Ҳар чӣ бошад, ҷавоб деҳ, то имрӯз чорае андешидан мумкин бошад.“ Молик гуфт: „Ё Расулаллоҳ! Барои осиёни уммати туст; ба онҳо насиҳат кун, то худро аз ин ҷои даҳшатнок нигоҳ доранд ва аз чизҳое, ки ҷисмашонро ба чунин азоб мекашанд, дурӣ ҷӯянд. Он рӯз ман ба осиён раҳм намекунам: на ба пирони ришсафедашон шафқат мекунам, на ба ҷавононашон.“»

«Меъроҷ ҷоест, ки ақл дар он ба охир мерасад ва имон оғоз мешавад» Ҳадиси шариф

Сарвари оламиён гиря сар кард. Аммомаашро аз сари мубораки худ бардошта, ба шафоат ва илтиҷо (ба даргоҳи Аллоҳ таъоло) шурӯъ кард. Фармуд, ки умматаш заиф аст ва тоқати чунин азобро надорад, ва чунон гирист, ки Ҷабраил алайҳиссалом ва ҳамаи фариштагон низ ҳамроҳи Ӯ гиристанд. Аз ҷониби Аллоҳ таъоло хитоб омад: «Эй Ҳабиби Ман! Ҳурмат ва қадри ту назди Ман бузург аст, дуоят қабул шуд. Хотиратро ҷамъ дор. Туро ба муродат расонидам. Ба ту чунон мақоме медиҳам, ки осиёни бисёреро ба шафоати ту мебахшам, то он даме ки ту бигӯӣ: „Бас аст.“ Эй Ҳабиби Ман! Ҳар кӣ амри Маро риоя кунад, аз азоб ва ҷазо халос мешавад ва ба раҳмати Ман ноил мегардад. Дар Ҷаннат ба шарафи дидани Ман мушарраф мешавад. Бар ту ва умматат дар шабу рӯз панҷоҳ вақт намоз фарз кардам.»

Паёмбари мо саллаллоҳу алайҳи ва саллам суханашро давом дода, фармуд: «Аз он мақом (сипас) ба Арш расидам. Аз осмонҳо гузашта, ба мақоме омадам, ки Мусо (алайҳиссалом) дар он буд. Ба ман гуфт: „Ҳақ таъоло бар ту ва умматат чӣ фарз кард?“ Гуфтам: „Бар ман фарз кард, ки ҳар шабонарӯз панҷоҳ вақт намоз хонем.“ Гуфт: „Ба даргоҳи Парвардигорат баргард ва бихоҳ, ки андаке сабук кунад. Зеро умматат аз уҳдаи ин барнамеояд. Ман Бани Исроилро озмудаам ва санҷидаам.“ Пас ба даргоҳи Парвардигорам баргаштам ва гуфтам: „Эй Парвардигори ман! (Ин амрро) бар умматам андаке сабук гардон!“ Он гоҳ аз панҷоҳ вақт фақат панҷ вақтро кам кард. Назди Мусо (алайҳиссалом) баргашта, гуфтам: (панҷ вақтро кам кард). Гуфт: „Ба даргоҳи Парвардигорат баргард! Бихоҳ, ки боз андаке сабуктар кунад. Зеро умматат аз уҳдаи ин барнамеояд.“ Ҳамин тавр миёни Мусо (алайҳиссалом) ва Парвардигорам рафту омад кардам, то он ки дар охир Аллоҳ таъоло чунин фармуд: „Ин намозро ба панҷ вақт кам кардам. Барои ҳар намоз даҳ савоб ҳаст; пас дар натиҷа боз панҷоҳ намоз мешавад. Зеро ҳар кӣ қасди кори неке кунад ва онро карда натавонад, барояш як савоб навишта мешавад; аммо агар онро кунад, ба ивази як савоб пурра даҳ савоб навишта мешавад. Вале агар қасди гуноҳе кунад ва онро накунад, ҳеҷ чиз навишта намешавад; агар кунад, танҳо ҳамон як гуноҳ сабт мегардад.“ Сипас назди Мусо (алайҳиссалом) фуромада, ҳолро нақл кардам. Боз гуфт: „Баргард ва бихоҳ, ки андаке дигар сабук кунад.“ Он гоҳ ба ӯ гуфтам: „Бо Парвардигорам он қадар муноҷот кардам, ки акнун шарм медорам.“»5 Бад-ин тариқ Аллоҳ таъоло дили мубораки Паёмбари маҳбуби моро, ки аз сахтиҳои кашидааш захмдор шуда буд, тасаллӣ дод. Ба Ӯ неъматҳое эҳсон фармуд, ки ба ҳеҷ як махлуқи худ надодааст ва ҳеҷ кас онҳоро дониста ва фаҳмида наметавонад.

Биё ин ҷо, эй он ки дар оташи ишқ месӯзӣ,
Эй он ки худро ошиқи маъшуқ мепиндорӣ.
Биё, Меъроҷи он Шоҳро ошкоро бишнав,
Агар ошиқ ҳастӣ, макун ист, дар оташи ишқ бисӯз.
Шаби душанбе буд, ин хабар таҳқиқ аст,
Он шаб худ Лайлатулқадр будааст.
Он ҳумоюнбахту он қадраш баланд
Он шаб дар хонаи Умму Ҳонӣ буд.
Пешиниён ба ин давлат нарасиданд,
Ҳеҷ кас ба ин рифъат ноил нагашт.
Зеро ҳамаро дида, аз он сӯ гузашт,
Рафт ва ба он Ҳазрати бузург расид.
Он Зулҷалол, ки аз шаш ҷиҳат муназзаҳ аст,
Бе каму кайф ба Ӯ ҷамоли Худро нишон дод.
Раббулиззатро ошкоро дид,
Дар охират умматаш низ чунин хоҳад дид.
Эй он ки ба Меъроҷ рафтӣ ва ниёз овардӣ,
Намозро Меъроҷи умматат гардонидам.

«Эй Ҳабиби Ман! Ҳар кӣ амри Маро риоя кунад, аз азоб ва ҷазо халос мешавад ва ба раҳмати Ман ноил мегардад. Дар Ҷаннат ба шарафи дидани Ман мушарраф мешавад» Ҳадиси қудсӣ

Имон овардам! Ҷонам фидои ту бод, ё Расулаллоҳ

Сипас Сарвари оламиён дар як лаҳза ба Қудс омад ва барои рафтан ба Маккаи мукаррама бар Буроқ, ки ба дари Масҷидулақсо баста буд, савор шуда, ба Макка баргашт. Дар роҳи Қудс ба Макка Сарвари мо, Паёмбар, ба корвони Қурайш вохӯрд. Яке аз шутурони корвон рамиду ба замин афтод. Дар Маккаи мукаррама ба хонаи Умму Ҳонӣ омад. Ҷои хобаш ҳанӯз хунук нашуда буд ва оби таҳорат дар тағора ҳанӯз аз ҷунбиш наистода буд. Умму Ҳонӣ, ки дар берун қадам мезад, пинакӣ рафта буд ва аз ҳеҷ чиз хабар надошт.

Чун субҳ шуд, Сарвари мо Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам Меъроҷи худро ба Умму Ҳонӣ нақл кард ва баъд фармуд: «Пагоҳӣ ба Каъба рафта, инро нақл мекунам.» Ҳазрати Умму Ҳонӣ арз кард: «Эй амакбачаи ман! Зинҳор инро ба қурайшиён нагӯ! Онҳо туро дурӯғгӯ мешуморанд ва азият медиҳанд. Онҳое, ки имонашон заиф аст, ба ин бовар намекунанд ва аз дин мебароянд. Мушрикон ҳам худ ҳаминро мепоянд; имони онҳоро вайрон мекунанд. Ҳоло мусалмонон каманд.

Агар вақте нақл кунӣ, ки мусалмонон андаке қувват гирифта, нерӯманд шаванд, чӣ мешавад?» Ҷавоби таърихие, ки Сарвари оламиён, Султони коинот дод, ин буд: «Валлоҳи, ман инро ба онҳо хоҳам гуфт. Чизе, ки имрӯз пӯсида аст, фардо ҳам пӯсида аст. Ман ин исломро бо касоне, ки имонашон мустаҳкам аст, барпо хоҳам кард. Агар касе ҳанӯз дар бораи ман дудил бошад, ҷудо шаваду биравад. Маро бо онҳо коре нест. Пӯсида ҳамеша пӯсида аст. Агар имрӯз напӯсад, фардо мепӯсад. Бигзор ба ҷои он ки баъдтар бипӯсад, ҳамин ҳозир бипӯсад, то ба он такя карда, ба роҳ набароем. Устуворон моро басанд.»

Сипас пагоҳӣ ба Каъба рафта, нақл карданро сар кард… Кофирон масхара карда, гуфтанд: «Муҳаммад ақлашро гум кардааст, тамоман аз роҳ баромадааст.» Онҳое, ки нияти мусалмон шудан доштанд, ҳам ба шубҳа афтоданд. Баъзе мушрикон хурсанд шуда, ба хонаи Абӯбакр омаданд, зеро хуб медонистанд, ки ӯ тоҷири боақлу ботаҷриба ва ҳисобдон аст. Чун ӯ ба дами дар баромад, пурсиданд: «Эй Абӯбакр! Ту борҳо ба Қудс рафта омадаӣ ва хуб медонӣ. Аз Макка ба Қудс рафта омадан чӣ қадар вақт мегирад?» Ҳазрати Абӯбакр гуфт: «Хуб медонам: зиёда аз як моҳ.» Гурӯҳи кофирон аз ин сухан шод шуда, гуфтанд: «Сухани одами боақлу ботаҷриба ҳамин тавр мешавад.» Сипас хандону масхаракунон ва бо умеди он ки ҳазрати Абӯбакр ҳам мисли онҳо фикр мекунад, гуфтанд: «Сарварат мегӯяд, ки дар як шаб ба Қудс рафта омадааст; акнун тамоман аз роҳ баромадааст.» Онҳо ба ҳазрати Абӯбакр меҳру эҳтиром нишон медоданд ва ба ӯ умед баста буданд.

Ҳазрати Абӯбакр номи мубораки Сарвари мо Расулуллоҳро шунида, (онро ҳеҷ ба ақлу мантиқи худ насанҷида) гуфт: «Агар Ӯ фармуда бошад, рост аст. Ман ҳам имон овардам, ки дар як лаҳза рафта омадааст» ва ба хона даромад. Кофирон ҳайрон монда, «Воҳ, Муҳаммад чӣ ҷодугари моҳире будааст! Абӯбакрро ҷоду кардааст» гуфтанду баргаштанд.

Ҳазрати Абӯбакр дарҳол назди Сарвари мо Расулуллоҳ омад. Дар миёни издиҳоми бузург бо овози баланд гуфт: «Ё Расулаллоҳ! Меъроҷатон муборак бод! Аллоҳ таъолоро беҳад шукр мегӯям, ки моро ба хизмати Паёмбари бузурге чун ту мушарраф сохт ва бо дидани рӯи муборакат ва шунидани суханони ширинат, ки дилҳоро мерабояд ва рӯҳҳоро ба худ мекашад, моро неъмат бахшид. Ё Расулаллоҳ! Ҳар сухани ту рост аст. Имон овардам. Ҷонам фидои ту бод!» Суханони ҳазрати Абӯбакр кофиронро ба ҳайрат андохт. Онҳо чизе барои гуфтан наёфта, пароканда шуданд. Ин суханон ба дили чанд нафари сустимоне, ки ба шубҳа афтода буданд, низ қувват бахшид. Сарвари мо Расулуллоҳ он рӯз Абӯбакрро «Сиддиқ» номид. Бо гирифтани ин ном мартабаи ӯ боз як зина баландтар шуд.6

Кофирон аз ин ҳол сахт ба хашм омаданд. Онҳо тоқат карда наметавонистанд, ки мӯъминон чунин имони қавӣ доранд, ҳар сухани Паёмбари моро дарҳол бовар мекунанд ва мисли парвона гирди Ӯ мегарданд. Барои он ки Сарвари мо Расулуллоҳро шарманда ва мағлуб кунанд, Ӯро имтиҳон кардан гирифтанд.

Аз Ӯ чунин суолҳо мекарданд: «Эй Муҳаммад! Мегӯӣ, ки ба Қудс рафтаам. Хайр, бигӯ бубинем, масҷид чанд дару чанд тиреза дорад?»

«Меъроҷро бояд нақл кунам; касе, ки имон намеоварад, баъдтар ҳам даст мекашад; бар таҳкурсии пӯсида бино барпо намешавад; касе, ки ҷудо шуданист, аз ҳамин ҳозир ҷудо шавад ва устуворон бимонанд» Ҳадиси шариф

Масҷиди Байъат, ки дар ҷои байъати Ақаба бино шудааст

Сарвари мо Расулуллоҳ ба ҳамаи онҳо як-як ҷавоб фармуд. Ҳар гоҳ ки Сарвари мо ҷавоб мефармуд, ҳазрати Абӯбакр мегуфт: «Ҳамин тавр аст, ё Расулаллоҳ.» Ҳол он ки Сарвари мо Расулуллоҳ аз адабу ҳаёи худ ҳатто ба рӯи касе, ки рӯ ба рӯяш буд, нигоҳ намекард. Фармуд: «Дар Масҷидулақсо ба атрофи худ нанигариста будам. Чизҳоеро, ки мепурсиданд, надида будам. Ҳамон лаҳза Ҷабраил (алайҳиссалом) Масҷидулақсоро пеши чашмам овард. Тирезаҳояшро дида, мешумурдам ва ба суолҳояшон дарҳол ҷавоб медодам.» Сарвари мо Расулуллоҳ хабар дод, ки дар роҳ мусофирони шутурсаворро дидааст, ва фармуд: «Иншоаллоҳ рӯзи чоршанбе мерасанд.» Рӯзи чоршанбе, ҳангоми ғуруби офтоб, корвон ба Макка расид. Аз аҳли корвон пурсиданд; гуфтанд, ки гӯё тӯфоне вазиду як шутур ба замин афтод. Ин ҳол имони мӯъминонро қавитар кард, душмании кофирон бошад, рӯз то рӯз меафзуд.7 Ин мӯъҷизаро, ки як сол пеш аз ҳиҷрат, шаби ҷумъа, 27-уми моҳи раҷаб рух дод, Меъроҷ мегӯянд. Расулуллоҳ ба Меъроҷ бо рӯҳ ва ҷисми худ, дар ҳолати бедорӣ баромад. Дар шаби Меъроҷ ба Ӯ ҳақиқатҳои илоҳии бисёре нишон дода шуд ва намозҳои панҷвақта дар ҳамин шаб фарз гардид. Ғайр аз ин, ду ояти каримаи охири сураи Бақара ба Ӯ ато шуд. Меъроҷ дар Қуръони карим дар ояти 1-уми сураи Исро ва оятҳои аввали сураи Наҷм ва дар баъзе ҳадисҳои шариф баён шудааст.8

Паёмбари маҳбуби мо баъд аз Меъроҷ, вақте ки Ҷаннатро ба асҳоби худ васф мекард, фармуд: «Эй Абӯбакр! Кӯшки туро дидам. Аз тиллои сурх буд. Неъматҳоеро, ки барои ту омода шудааст, мушоҳида кардам.» Ҳазрати Абӯбакр гуфт: «Он кӯшк ҳам, соҳиби кӯшк ҳам фидои ту бод, ё Расулаллоҳ!»

Сарвари мо ба ҳазрати Умар рӯ оварда, фармуд: «Эй Умар! Кӯшки туро дидам. Аз ёқут буд. Дар он кӯшк ҳурҳои бисёр буданд. Аммо дарун надаромадам: ғайрати туро ба хотир овардам.» Ҳазрати Умар зор-зор гирист ва дар миёни ашкҳо гуфт: «Падару модарам ва ҷонам фидои ту бод, ё Расулаллоҳ! Магар аз ту ҳам ғайрат ва рашк кардан мешавад?» Баъд аз он ба ҳазрати Усмон фармуд: «Эй Усмон! Туро дар ҳар осмон дидам. Кӯшкатро дар Ҷаннат дида, туро ба ёд овардам.» Ба ҳазрати Алӣ бошад, фармуд: «Эй Алӣ! Сурати туро дар осмони чорум дидам. Аз Ҷабраил пурсидам. Гуфт: „Ё Расулаллоҳ! Фариштагон ба дидани ҳазрати Алӣ ошиқ шуданд. Ҳақ таъоло фариштаеро ба сурати ӯ офарид, ки дар осмони чорум меистад; фариштагон ӯро зиёрат карда, баракат меёбанд.“ Сипас ба кӯшки ту даромадам ва меваи дарахтеро бӯй кардам. Аз он як ҳур берун омаду бар рӯяш парда кашид. Гуфтам: „Ту кистӣ ва аз они кистӣ?“ Гуфт: „Барои амакбачаат Алӣ офарида шудаам, ё Расулаллоҳ!“»

Субҳи шаби Меъроҷ Ҷабраил алайҳиссалом омада, ба Сарвари мо Расулуллоҳ имомат кард ва намозҳои панҷвақтаро дар вақтҳояшон гузорд. Дар ҳадиси шариф фармуда шудааст: «Ҷабраил (алайҳиссалом) назди дари Каъба ду рӯз ба ман имом шуд. Мо ҳар ду намози бомдодро ҳангоми тулӯи фаҷр, намози пешинро ҳангоме ки офтоб аз миёнаи осмон моил шуд, намози асрро вақте ки сояи ҳар чиз ба андозаи қади худаш шуд, намози шомро ҳангоми ғуруби офтоб (вақте ки канораи болоии он ғоиб шуд) ва намози хуфтанро вақте ки шафақ торик шуд, хондем. Рӯзи дуюм низ намози бомдодро вақте ки ҳаво равшан шуд, намози пешинро вақте ки сояи ҳар чиз ду баробари қади худаш шуд, намози асрро фавран баъд аз он, намози шомро вақти кушодани рӯза ва намози хуфтанро вақте ки сеяки шаб гузашт, хондем. Сипас гуфт: „Эй Муҳаммад! Вақтҳои намози ту ва паёмбарони гузашта ҳамин аст. Умматат ҳар яке аз намозҳои панҷвақтаро дар миёни ин ду вақте, ки хондем, бихонанд.“»9 Пас аз он ки вақтҳои намоз ба ин тариқ эълон шуд, ба Ҳабашистон низ хабар фиристоданд ва огоҳ карданд, ки намозҳои панҷвақтаро бихонанд ва намозҳоеро, ки аз вақти фарз шудан то вақти ба хондан оғоз карданашон гузаштааст, қазо кунанд.

«(Эй аҳли Мадина!) Оё ваъда медиҳед, ки дар роҳи Аллоҳ, барои Аллоҳ ҳақро бигӯед ва чунон ки ҷону номуси худро ҳифз мекунед, ба ман ёрӣ диҳед?» Ҳадиси шариф