Паёмбари маҳбуби ман

Байъатҳои Ақаба

Байъати якуми Ақаба

Моҳи зулҳиҷҷаи соли ёздаҳуми биъсат, дар мавсими ҳаҷ, Асъад ибни Зурора бо ёздаҳ ёраш боз ба Макка омад. Аз вохӯрии пештараашон бо Сарвари оламиён расо як сол гузашта буд. Он сол мушрикон мусалмононро аз солҳои дигар бештар азият медоданд ва ҷафо мекарданд. Доим аз паи Сарвари мо Расулуллоҳ мегаштанд ва ҳар киро бо Ӯ ҳамсухан мешуд, азоб медоданд. Аҳли Мадина аз ин хабар ёфта, бо Паёмбари мо ваъда гузоштанд, ки шабона дар Ақаба вохӯранд. Шаб фаро расиду ҷамъ омаданд. Садоқати худро арз карданд, ваъда доданд, ки ба ҳар амру хоҳиши Ӯ таслим мешаванд, ва байъат карданд. Дар ин паймон уҳдадор шуданд, ки «ба Аллоҳ таъоло шарик наоваранд, зино накунанд, дуздӣ накунанд, аз буҳтон дурӣ ҷӯянд ва фарзандони худро аз тарси маломат ва аз бими ризқ накушанд».1

Аз ин 12 нафар дуто аз қабилаи Авс ва дигарон аз қабилаи Хазраҷ буданд. Паёмбари маҳбуби мо онҳоро намояндаи қабилаҳояшон таъин кард. Онҳо мебоист исломро ба қабилаҳои худ баён мекарданд ва аз номи онҳо назди Сарвари мо Расулуллоҳ кафил мешуданд. Асъад ибни Зурора бошад, намояндаи ҳамаашон таъин шуда буд. Аз онҳо 5 нафар соли гузашта дар мулоқоти Ақаба ҳозир буд, 7 нафар бошад, исломро нав қабул карда буд. Инҳоянд: аз Бани Молик ибни Наҷҷор Асъад ибни Зурора, Авф ибни Ҳорис ва Муоз ибни Ҳорис; аз Бани Зурайқ ибни Омир Рофеъ ибни Молик ва Заквон ибни Абдулқайс; аз Бани Ғанм ибни Авф Убода ибни Сомит; аз Бани Ғусайна Язид ибни Саълаба; аз Бани Аҷлон ибни Зайд Аббос ибни Убода; аз Бани Ҳаром ибни Каъб Уқба ибни Омир; аз Бани Савод ибни Ғанм Қутба ибни Омир; аз Бани Абдулашҳал ибни Ҷушам Абулҳайсам Молик ибни Тайиҳон ва аз Бани Амр ибни Авф Увайм ибни Соида.

Офтобе, ки дар Мадина тулӯъ кард

Пас аз байъати (паймони) якуми Ақаба ҳазрати Асъад ибни Зурора ва ёронаш ба Мадина баргаштанд. Онҳо шабу рӯз исломро ба қабилаҳои худ баён мекарданд ва мардумро ба дини ҳақ мехонданд. Дар натиҷаи ин даъват ислом дар Мадина зуд паҳн шудан гирифт. Кор ба ҷое расид, ки қабилаҳои Авс ва Хазраҷ, ки пештар душмани якдигар буданд, гирди ҳам омаданд ва аз Сарвари мо Расулуллоҳ муаллиме хостанд, то исломро беҳтар омӯзанд. Расули акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳам ҳазрати Мусъаб ибни Умайрро, ки аз асҳоби Ӯ дар Макка буд, ба Мадина муаллим карда фиристод, то Қуръони карим ва исломро таълим диҳад. Ҳазрати Мусъаб дар хонаи ҳазрати Асъад истиқомат кард. Ҳар ду хона ба хона мегаштанд ва исломро ба гӯши ҳама мерасонданд. Аз мардум мехостанд, ки Расулуллоҳро дӯст доранд ва ваъда диҳанд, ки барои ҳифзи Ӯ аз ҳамаи душманонаш аз ҷону дил мекӯшанд. Ҳамин тавр онҳоро ба байъате, ки бояд бо Расулуллоҳ мебастанд, тайёр мекарданд. Сардори қабилаи ҳазрати Асъад ибни Зурора Саъд ибни Муоз буд; онҳо бо ҳам хеш буданд. Он замон дар миёни арабҳо одат буд, ки ба хешу табор таҳқир раво намедиданд; аз ин рӯ Саъд ибни Муоз, ки ҳанӯз имон наоварда буд, ба хонаи ҳазрати Асъад ибни Зурора рафта, ин корро манъ карданӣ нашуд. Вай сардори қабила буд ва намехост худаш ба ин кор даст занад. Бо ҳамин мақсад ба Усайд ибни Ҳузайр, ки аз бузургони қабилааш буд, гуфт: «Ба маҳаллаи мо рав, он одами омадаро бин ва ҳар чӣ кардан хоҳӣ, бикун. Агар Асъад холабачаам намебуд, ин корро ба ту ҳавола намекардам.»

Он гоҳ Усайд ибни Ҳузайр найзаашро гирифту ба хонае рафт, ки ҳазрати Мусъаб ибни Умайр дар он ҷо буд. Расидан замон бо қаҳру ғазаб ба сухан даромад: «Чаро назди мо омадед? Мардумро фиреб медиҳед! Агар ҷонатон ширин бошад, ҳамин ҳозир аз ин ҷо равед!» Мусъаб ибни Умайр ӯро ин қадар хашмгин дида, бисёр мулоиму боадабона ҷавоб дод: «Каме шин, сухани моро гӯш кун! Мақсадамонро фаҳм; агар маъқул шавад, қабул мекунӣ, набошад, монеъ мешавӣ…» Усайд ором шуда, гуфт: «Рост гуфтӣ» ва найзаашро ба замин халонда, нишаст. Сухани ҳазрати Мусъаб ширин буд ва ба дил менишаст. Усайд ба суханони ӯ ва ба оятҳои Қуръони карим, ки ӯ бо овози хуш мехонд, гӯш дод. Аз худ бехуд шуда, зери лаб гуфт: «Ин чӣ чизи зебоест!» Баъд пурсид: «Барои ба ин дин даромадан чӣ бояд кард?» Ба ӯ фаҳмонданд ва Усайд ибни Ҳузайр калимаи шаҳодатро гуфта, мусалмон шуд. Ҳазрати Усайд аз шодӣ дар ҷояш қарор намегирифт. «Ман рафта, касеро назди шумо мефиристам. Агар ӯ мусалмон шавад, дар Мадина аз қавми ӯ касе намемонад, ки имон наоварад…» гуфту зуд бархоста рафт ва рост назди Саъд ибни Муоз омад. Саъд ибни Муоз ӯро дида, гуфт: «Қасам мехӯрам, ки Усайд бо он чеҳрае, ки аз ин ҷо рафта буд, барнагаштааст.» Баъд пурсид: «Эй Усайд, чӣ кор кардӣ?» Ҳазрати Усайд ибни Ҳузайр хеле мехост, ки Саъд ибни Муоз мусалмон шавад. Аз ин рӯ гуфт: «Бо он кас (бо Мусъаб ибни Умайр) сухан кардам, аз онҳо ҳеҷ бадӣ надидам. Фақат шунидем, ки Бани Ҳориса аз он ки холабачаат Асъад чунин одамро дар хонааш ҷой додааст, ба шубҳа афтода, ба қасди куштани ӯ бархостаанд.» Ин суханон ба Саъд ибни Муоз хеле сахт расид. Охир чанд сол пеш онҳо дар ҷанге Бани Ҳорисаро шикаст дода, маҷбур карда буданд, ки ба Хайбар паноҳ баранд. Баъди як сол бошад, онҳоро афв карда, иҷозат дода буданд, ки ба диёри худ баргарданд. Акнун фикри он ки Бани Ҳориса бо вуҷуди ин ҳама чунин рафтор мекунанд, Саъд ибни Муозро сахт ба ғазаб оварда буд. Ҳол он ки дар асл чунин чизе набуд. Усайд ибни Ҳузайр ин ҳиларо барои он карда буд, ки Саъд ибни Муоз ба холааш, ба писари вай Асъад ибни Зурора ва ҳамин тариқ ба Мусъаб ибни Умайр зараре нарасонад. Бо ҳамин ӯ замина тайёр кард, ки Саъд ба тарафи онҳо гузарад ва дар охир мусалмон шавад. Саъд ибни Муоз ин суханони Усайд ибни Ҳузайрро шунида, аз ҷояш парида хест ва назди ҳазрати Асъад ибни Зурора рафт. Он ҷо расида дид, ки Асъад ва Мусъаб ибни Умайр бо камоли оромиву осудагӣ нишаста, суҳбат доранд. Наздик омада, гуфт: «Эй Асъад! Агар байни мо хешӣ намебуд, ту ин корҳоро карда наметавонистӣ…» Ба ин суханон ҳазрати Мусъаб ибни Умайр ҷавоб дод: «Эй Саъд! Каме сабр кун, шин, моро гӯш кун, фаҳм… Агар суханонамон ба ту маъқул шавад, чӣ хуб; агар маъқул нашавад, инро ба ту таклиф намекунем. Ту ҳам хеста меравӣ!» Саъд ибни Муоз аз ин суханони мулоиму ширин ором шуд, дар гӯшае нишасту ба гӯш кардан даромад. Ҳазрати Мусъаб ибни Умайр ба Саъд ибни Муоз аввал исломро баён кард ва асосҳои онро фаҳмонд. Баъд бо овози ширину зебояш қадре аз Қуръони карим хонд. Вай мехонду ҳоли Саъд ибни Муоз дигар мешуд, аз худ бехуд мешуд. Балоғати беназири Қуръони карим дилашро нарм кард ва ба ӯ сахт таъсир намуд. Тоқат накарда, пурсид: «Шумо барои ба ин дин даромадан чӣ кор мекунед?» Мусъаб ибни Умайр дарҳол калимаи шаҳодатро ба ӯ омӯзонд. Саъд ҳам «Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳ ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳ» гуфта, мусалмон шуд. Мусалмон шудан ба дили Саъд ибни Муоз чунон оромишу шодӣ бахшид, ки ӯ дар ҷояш қарор намегирифт. Дарҳол ба хонааш рафту чунон ки омӯхта буд, ғусл кард. Баъд хост, ки қавмаш ҷамъ шавад. Усайд ибни Ҳузайрро ҳамроҳ гирифта, ба ҷое рафт, ки мардум ҷамъ омада буданд. Ба Бани Абдулашҳал рӯ оварда, гуфт: «Эй Бани Абдулашҳал! Шумо маро чӣ хел одам медонед?» Ҳама якзабон ҷавоб доданд: «Ту сардор ва бузурги мо ҳастӣ, мо пайрави туем!» Саъд ибни Муоз ин суханонро шунида, гуфт: «Пас ба ҳамаи шумо хабар медиҳам: ман бо мусалмон шудан мушарраф гаштам. Аз шумо низ мехоҳам, ки ба Аллоҳ таъоло ва ба Расули Ӯ имон оваред. Агар имон наоваред, бо ҳеҷ кадоми шумо сухан намегӯям ва мулоқот намекунам!…»

«Пас ба ҳамаи шумо хабар медиҳам: ман бо мусалмон шудан мушарраф гаштам. Аз шумо низ мехоҳам, ки ба Аллоҳ таъоло ва ба Расули Ӯ имон оваред» Саъд ибни Муоз (разияллоҳу анҳ)

Санатус-сурур (Соли шодӣ)

Бани Абдулашҳал ҳамин ки шуниданд, ки сардорашон Саъд ибни Муоз мусалмон шудааст ва онҳоро ҳам ба ислом мехонад, ҳама якҷоя мусалмон шуданд. Он рӯз то бегоҳ осмони Мадинаро бо садои калимаи шаҳодат ва такбир ба ларза оварданд.2 Пас аз он ки Бани Абдулашҳал ҳама якҷоя мусалмон шуданд, дере нагузашта тамоми аҳли Мадина, қабилаҳои Авс ва Хазраҷ низ исломро қабул карданд. Ҳар хона аз нури ислом равшан гашт. Саъд ибни Муоз ва Усайд ибни Ҳузайр ҳамаи бутҳои қабилаҳояшонро шикастанд. Чун ин хабарро ба Паёмбари маҳбуби мо саллаллоҳу алайҳи ва саллам расонданд, бисёр хурсанд шуд. Мусалмонони Макка аз шодӣ дар куртаашон намеғунҷиданд. Аз ин рӯ ин солро (621-и милодӣ) «Санатус-сурур» (соли шодӣ) номиданд.

Ассалоту вассалому алайка, ё Расулаллоҳ!
Ассалоту вассалому алайка, ё Ҳабибаллоҳ!
Ассалоту вассалому алайка, ё Сайидал-аввалина вал-охирин!

Байъати дуюми Ақаба

Соли дувоздаҳуми биъсат зулми мушрикони Макка бар мусалмонон аз ҳад гузашта, тоқатшикан шуда буд. Дар Мадина бошад, аз шарофати хизматҳои Асъад ибни Зурора ва Мусъаб ибни Умайр авсиён ва хазраҷиён чунон шавқу муҳаббате доштанд, ки тайёр буданд ба мусалмонон оғӯш кушоянд, онҳоро ба бағал гиранд ва дар роҳашон аз ҳеҷ фидокорӣ рӯ нагардонанд. Орзу мекарданд, ки Сарвари мо Расулуллоҳ ҳам ҳар чӣ зудтар ба Мадина ташриф орад, ва ваъда медоданд, ки дар роҳи Ӯ молу ҷонашонро дареғ намедоранд. Мавсими ҳаҷ расида буд. Моҳи зулҳиҷҷа аз аҳли Мадина 73 марду 2 зани мусалмон ҳамроҳи Мусъаб ибни Умайр ба Макка омаданд. Баъд аз ҳаҷ ҳамаашон боз дар Ақаба бо Паёмбари мо вохӯрданд. 12 намоянда, ки Асъад ибни Зурора ҳам дар байнашон буд, аз номи қабилаҳои худ аз Паёмбари мо хоҳиш карданд ва таклиф намуданд, ки ба Мадина ҳиҷрат кунад. Сарвари мо Расулуллоҳ ба онҳо аз Қуръони карим чанд ояти карима хонд. Баъд аз онҳо ваъдаи қатъӣ хост, ки Ӯро ҳамон тавр ҳифзу нигаҳбонӣ мекунанд, ки ҷони худ ва зану фарзандашонро ҳифз мекунанд. Амаки Сарвари мо Расулуллоҳ ҳазрати Аббос, ки ҳанӯз мусалмон нашуда буд, ҳам дар он ҷо буд. Вай ба ин ҷамоат, ки барои байъат омада буд, чунин хитоб кард: «Эй аҳли Мадина! Ин бародарзодаи ман аст. Аз байни одамон аз ҳама бештар Ӯро дӯст медорам. Агар Ӯро тасдиқ кунед, ба он чи аз ҷониби Аллоҳ овардааст, бовар дошта бошед ва Ӯро ҳамроҳи худ бурдан хоҳед, бояд ба ман ваъдаи маҳкаме диҳед, ки дилам пур шавад. Чунон ки медонед, Муҳаммад алайҳиссалом аз мост. Мо Ӯро аз касоне, ки ба Ӯ имон намеоваранд, ҳифз кардем. Ӯ дар байни мо бо иззату шараф ва дар амон зиндагӣ мекунад. Бо вуҷуди ин, Ӯ аз ҳама рӯ гардонда, қарор додааст, ки ба шумо пайвандад ва ҳамроҳатон равад. Агар чунон қуввати ҷангӣ дошта бошед, ки ҳамаи қабилаҳои араб якҷоя шуда ба шумо ҳуҷум кунанд ҳам, ба онҳо бас омада тавонед, ба ин кор даст занед. Инро ҳам байни худ нағз маслиҳат кунед, то баъд ба ихтилоф наафтед. Оё ба ваъдаатон вафо карда, Ӯро аз душманонаш ҳифз карда метавонед? Агар инро чунон ки бояду шояд карда тавонед, чӣ хуб. Вале агар баъди аз Макка баромадан Ӯро танҳо монданӣ бошед, аз ҳозир даст кашед, то Ӯ дар диёри худ бо шараф ва дар амон зиндагӣ кунад.» Ин суханони ҳазрати Аббос мусалмонони Мадинаро ғамгин кард. Гӯё ба онҳо гуфта бошанд, ки агар Сарвари мо Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва салламро ба диёри худ баранд, Ӯро дар баробари мушрикон ҳифз карда наметавонанд ва дар рӯзи тангӣ Ӯро танҳо мегузоранд. Яке аз саҳобагони Мадина ҳазрати Асъад ибни Зурора ба Сарвари мо, Паёмбар, рӯ оварда, гуфт: «Ё Расулаллоҳ! Агар иҷозат диҳед, ду-се даҳан сухан дорам, ба ҳузури ҳазрататон арз кунам.» Сарвари мо Фахри коинот иҷозат дод ва ҳазрати Асъад гуфт: «Падару модарам фидои ту бод, ё Расулаллоҳ! Ҳар даъват роҳ ва усули нарм ё сахте дорад. Ҳоло шумо моро ба чизе даъват мекунед, ки қабул кардани он барои мардум бағоят душвор аст. Зеро тарк кардани бутҳое, ки аз қадим мепарастиданд, ва қабул кардани ислом барои мардум хеле душвор аст. Бо вуҷуди ин, мо исломро бо тамоми дил қабул кардем. Боз амр фармудед, ки робитаи худро бо хешовандони мушрики худ қатъ кунем; бо ихлос онро низ қабул кардем. Медонед, ки қабул кардани ин ҳам бисёр душвор аст. Ба зоти волои шумо, ки ҳатто амакҳоятон ба шумо душман шуда, шуморо ҳимоя накарданд, оғӯш кушода, ин вазифаи шарафмандро бар худ воҷиб ва лозим донистем. Ҳамаи мо дар ин суханон ҳамфикрем. Он чиро бо забон мегӯем, бо дил тасдиқ мекунем. Қасам ёд мекунем, ки чунон ки зану фарзанди худро ҳифз мекунем, вуҷуди мубораки шуморо низ то қатраи охирини хунамон ҳифз хоҳем кард. Агар ин аҳдро шиканем, дар ваъдае, ки ба Аллоҳ таъоло додаем, устувор наистода, ба зумраи бадбахтон дохил шавем. Ё Расулаллоҳ! Мо дар ин сухани худ содиқем. Аллоҳ таъоло муваффақ гардонад!» Сипас давом дод: «Ё Расулаллоҳ! Ҳар кафолате, ки барои худ мехоҳед, аз мо бигиред ва ҳар шарте, ки мехоҳед, гузоред.»

Сарвари мо, Паёмбар, онҳоро ба ислом ташвиқ кард ва Қуръони карим хонд. Сипас фармуд: «Шарти ман аз шумо барои Парвардигорам ин аст, ки ба Аллоҳ таъоло ибодат кунед ва ҳеҷ чизро ба Ӯ шарик насозед; шарти ман барои худам ва асҳобам ин аст, ки моро паноҳ диҳед, ба ман ва асҳобам ёрӣ расонед ва моро аз ҳар чизе, ки худро аз он дифоъ ва ҳифз мекунед, ҳифз кунед.»

Баро ибни Маърур гуфт: «Қасам ба Аллоҳ таъоло, ки туро бо дини ҳақ ва китоб ба паёмбарӣ фиристодааст, чунон ки зану фарзандони худро дифоъ ва ҳифз мекунем, туро низ ҳифз хоҳем кард! Бо мо байъат кун, ё Расулаллоҳ!» Аббос ибни Убода, ки аз мусалмонони Мадина буд, барои маҳкамтар кардани паймоне, ки бо Сарвари мо, Паёмбар, мебастанд, ба ёронаш гуфт: «Эй хазраҷиён! Оё медонед, ки Муҳаммад алайҳиссаломро барои чӣ қабул кардаед?» Онҳо «Оре» гуфта ҷавоб доданд. Он гоҳ вай гуфт: «Шумо Ӯро ҳам барои замони сулҳ ва ҳам барои замони ҷанг қабул карда, ба Ӯ пайравӣ мекунед. Агар рӯзе, ки ба молатон зарар расад ва хешу наздиконатон ҳалок шаванд, Паёмбари моро танҳову беёвар гузоштанӣ бошед, ҳамин ҳозир чунин кунед. Валлоҳи, агар чунин коре кунед, дар дунё ва охират ҳалок мешавед! Аммо агар бовар доред, ки ба он чи Ӯ шуморо ба он даъват мекунад, ҳатто бо аз даст рафтани молатон ва кушта шудани наздиктарин хешовандонатон вафо карда метавонед, пас Ӯро бигиред. Валлоҳи, ин барои дунё ва охиратон хайр аст.» Ёронаш дар ҷавоб гуфтанд: «Мо аз Паёмбари худ даст намекашем, ҳарчанд молҳоямон барбод равад ва наздиконамон кушта шаванд. Ҳеҷ гоҳ аз Ӯ ҷудо намешавем. Мурдан ҳаст, баргаштан нест!»

«Агар ин аҳдро шиканем, дар ваъдае, ки ба Аллоҳ таъоло додаем, устувор наистода, ба зумраи бадбахтон дохил шавем. Ё Расулаллоҳ! Мо дар ин сухани худ содиқем. Аллоҳ таъоло муваффақ гардонад!» Асъад ибни Зурора (разияллоҳу анҳ)

Баъд ба Сарвари мо, Паёмбар, рӯ оварда, пурсиданд: «Ё Расулаллоҳ! Агар ба ин аҳдамон вафо кунем, ба мо чӣ мерасад?» Он гоҳ Паёмбари маҳбуби мо фармуд: «Ризои Аллоҳ таъоло ва Ҷаннат!» Ҳар кадоми онҳо чун намоянда ва вакили қавми худ ваъда дод. Аввал ҳазрати Асъад ибни Зурора «Байъат мекунам, то ба ваъдае, ки ба Аллоҳ таъоло ва Расули Ӯ додаам, вафо кунам ва ваъдаамро, ки бо ҷону молам ба Ӯ ёрӣ медиҳам, ба ҷо орам» гуфта, мусофаҳа кард. Аз паи ӯ дигарон ҳам як-як ҳамин тавр байъат карданд ва «Даъвати Аллоҳ таъоло ва Расули Ӯро қабул кардем, шунидем ва гардан ниҳодем» гуфта, хушнудиву таслими худро арз намуданд. Ҳамин тариқ онҳо ҷону молашонро дар роҳи Расулуллоҳ бе ҳеҷ дудилагӣ ба миён гузоштанд. Занон бошанд, танҳо бо сухан байъат карданд. Паёмбари маҳбуби мо саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз онҳо ваъда гирифт, ки «ба Аллоҳ таъоло ҳеҷ чизро шарик насозанд, дуздӣ, буҳтон ва зино накунанд, фарзандони худро накушанд, дурӯғ нагӯянд ва ба корҳои хайр мухолифат накунанд…» Ҳангоме ки аҳли Мадина ба Сарвари мо, Паёмбар, байъат мекарданд, аз болои теппаи Ақаба садое баланд шуд: «Эй онҳое, ки дар Мино манзил кардаед! Паёмбар ва мусалмонони Мадина аҳд бастанд, ки бо шумо меҷанганд!» Паёмбари мо дар бораи ин садо фармуд: «Ин шайтони Ақаба аст» ва ба фарёдкунанда фармуд: «Эй душмани Аллоҳ таъоло! Ҳисоби туро ҳам мерасам!» Ба аҳли Мадина, ки байъат карда буданд, бошад, фармуд: «Шумо дарҳол ба манзилгоҳҳои худ баргардед.» Аббос ибни Убода гуфт: «Ё Расулаллоҳ! Қасам мехӯрам, ки агар бихоҳӣ, фардо субҳ бар кофироне, ки дар Мино ҳастанд, ҳуҷум карда, ҳамаашонро аз дами шамшер мегузаронем.» Сарвари мо, Паёмбар, хурсанд шуд, вале фармуд: «Ба мо ҳанӯз амр нашудааст, ки чунин кунем. Ҳозир ба ҷойҳоятон баргардед.» Ба ривояти Имоми Насоӣ аз Абдуллоҳ ибни Аббос, касоне аз Ансор, ки дар байъати Ақаба ҳозир буданд, ба сабаби назди Расулуллоҳ омаданашон аз муҳоҷирон низ шумурда шудаанд.3

Сарв аз ниёзи қумрӣ саркашӣ дорад, магар
Доманашро гирад, ба пояш афтад, зорӣ кунад об.
Гул бихоҳад хуни булбулро бинӯшад, магар бо ранге
Дар мизоҷи шохи гул дарояд, раҳонад об.
Табъи покашро равшан карда бар аҳли ҷаҳон,
Иқтидо карда ба роҳи Аҳмади Мухтор об.
Сайиди насли башар, дарёи дурри истифо,
Ки мӯъҷизоташ рехт бар оташи ашрор об.
То кунад тоза равнақи гулзори нубувват,
Мӯъҷизаш ошкор кард аз санги хоро об.
Мӯъҷизаи Ӯ дар ҷаҳон баҳри бепоён будааст,
К-аз вай расид бар ҳазор оташкадаи куффор об.
Ҳар кӣ бишнавад, зи ҳайрат мегазад ангушти худ:
Рӯзи сахтӣ дод аз ангушташ ба Ансор об.