Ҳиҷрат
Қабилаҳои Авс ва Хазраҷ якбора мусалмон шуданд ва акнун эҳтимол дошт, ки мусалмонони Макка бо мусалмонони Мадина як шаванд. Ин ҳол мушриконро сахт ба ваҳм андохта, ба ҷунун оварда буд. Мушрикони Макка аз байъати дуюми Ақаба хабар ёфтанд ва рафторашон бағоят сахту хатарнок шуд. Дар Макка мондан барои мусалмонон дигар тоқатфарсо гашта буд. Мадина бошад, пас аз байъати охирини Ақаба барои онҳо ҷое шуда буд, ки метавонистанд дар он оромиш ёбанд ва паноҳ баранд. Орзу мекарданд, ки ягон роҳ ёфта аз ин шаҳр ҳиҷрат кунанд ва ба диёре раванд, ки дар он андак нафаси осуда кашанд ва андак озод зиндагӣ кунанд. Аҳволи худро ба Сарвари мо, Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам, арз карда, барои ҳиҷрат иҷозат хостанд. Сарвари мо ба асҳоби худ сабр карданро тавсия фармуд, зеро ҳанӯз барои тарки Макка иҷозат нарасида буд. Ниҳоят иҷозати илоҳие, ки барои ҳиҷрат интизор буданд, расид. Он рӯз Паёмбари маҳбуби мо шоду хуррам назди асҳоби киром омада, фармуд: «Ҷое, ки шумо ба он ҳиҷрат хоҳед кард, ба ман маълум карда шуд. Он ҷо Ясриб (Мадина) аст. Ба он ҷо ҳиҷрат кунед. Дар он ҷо ба бародарони мусалмони худ пайвандед. Аллоҳ таъоло онҳоро бародарони шумо гардонид. Ясрибро (Мадинаро) барои шумо ватане сохт, ки дар он амният ва оромиш хоҳед ёфт.» Пас аз иҷозат ва тавсияи Сарвари мо Расулуллоҳ мусалмонон гурӯҳ-гурӯҳ, паси ҳам ба Мадина ҳиҷрат кардан гирифтанд.1 Сарвари мо, Паёмбар, ба ҳиҷраткунандагон сахт таъкид мекард, ки ниҳоят эҳтиёткор ва ҳушёр бошанд. Мусалмонон бо корвонҳои хурд ба роҳ мебаромаданд, то диққати мушриконро накашанд, ва то метавонистанд, пинҳонӣ мерафтанд. Аввалин шуда ба Мадина Абӯсалама ҳиҷрат карда буд; вай аз мушрикон азоби бисёр дида буд. Мушрикон хеле дер ба ин кор пай бурданд. Он гоҳ онҳо ҳар мусалмонеро, ки ба нияти ҳиҷрат ба роҳ мебаромаду ба чашмашон мерасид, аз роҳ мегардонданд, занонро аз шавҳаронашон ҷудо мекарданд, ҳар киро зӯрашон мерасид, ба зиндон меандохтанд ва ба сарашон ҷафоҳои гуногун меоварданд. Барои аз дин гардонданашон ҳар азобе буд, доданд. Аммо метарсиданд, ки ҷанги дохилӣ сар мезанад, ва ба куштанашон ҷуръат накарданд. Мусалмонон бошанд, бо вуҷуди ин аз ҳар фурсат истифода бурда, роҳи Мадинаро пеш мегирифтанд. Рӯзе ҳазрати Умар ҳам шамшерашро ба миён баст. Тиру найзаашро гирифту дар пеши назари ҳама Каъбаро ҳафт бор тавоф кард. Баъд ба мушриконе, ки он ҷо буданд, бо овози баланд чунин гуфт: «Инак, ман низ барои ҳифзи динам дар роҳи Аллоҳ таъоло ҳиҷрат мекунам. Ҳар кӣ мехоҳад занашро бева, фарзандонашро ятим гузорад ва модарашро гирён созад, дар паси он водӣ пеши роҳи ман барояд!…» Ҳамин тавр ҳазрати Умар ва қариб бист мусалмон рӯзи равшан, бе ҳеҷ тарсу ҳарос ба сӯи Мадина раҳсипор шуданд. Аз тарси ӯ касе ба ин корвон даст расонда натавонист. Акнун ҳиҷрат канда намешуд ва асҳоби киром гурӯҳ-гурӯҳ ба Мадина мерасиданд.
«Ҷое, ки шумо ба он ҳиҷрат хоҳед кард, ба ман маълум карда шуд. Он ҷо Ясриб (Мадина) аст. Ба он ҷо ҳиҷрат кунед» ва «Дар он ҷо ба бародарони мусалмони худ пайвандед. Аллоҳ таъоло онҳоро бародарони шумо гардонид. Ясрибро (Мадинаро) барои шумо ватане сохт, ки дар он амният ва оромиш хоҳед ёфт» Ҳадиси шариф
Роҳи ҳиҷрат
Дар ин миён ҳазрати Абӯбакр низ барои ҳиҷрат иҷозат хост. Сарвари мо Расули акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: «Сабр кун. Умедам он аст, ки Аллоҳ таъоло ба ман низ иҷозат медиҳад. Якҷоя ҳиҷрат мекунем.» Ҳазрати Абӯбакр пурсид: «Падару модарам фидои ту бод! Чунин эҳтимол ҳаст?» Паёмбари мо «Оре, ҳаст» фармуда, ӯро шод кард. Ҳазрати Абӯбакр ҳаштсад дирҳам дода, ду шутур харид ва мунтазири он рӯз шуд. Акнун дар Макка Паёмбари маҳбуби мо, ҳазрати Абӯбакр, ҳазрати Алӣ, фақирон, беморон, пиронсолон ва мӯъминоне монда буданд, ки мушрикон ба зиндон андохта буданд.
Аҳли Мадина (Ансор) бошанд, маккагиёни ҳиҷраткардаро (муҳоҷиронро) хеле хуб пешвоз гирифта, меҳмондорӣ карданд. Дар байнашон ягонагии мустаҳкаме пайдо шуд.
Мушрикони Макка ба ташвиш афтода буданд: эҳтимол дошт, ки Расулуллоҳ ҳам ҳиҷрат карда, сарварии мусалмононро ба даст мегирад. Онҳо дар Дорун-надва, ки барои маслиҳати корҳои муҳим дар он гирд меомаданд, ҷамъ шуда, ба машварат нишастанд, ки чӣ кор кунанд. Шайтон дар қиёфаи «Шайхи Наҷдӣ», яъне ба сурати пирамарде аз Наҷд, назди мушрикон омад ва ба гуфтугӯяшон гӯш дод. Ҳар гуна таклифҳо шуд, вале ҳеҷ кадомаш маъқул наафтод. Баъд шайтон ба сухан ҳамроҳ шуда, фикрашро гуфт: «Ҳеҷ яке аз он чи фикр кардед, чора шуда наметавонад. Чунки чеҳраи кушоду забони ширини Ӯ ҳар тадбирро барбод медиҳад. Чораи дигар ёбед.»
Сардори Қурайш Абӯҷаҳл гуфт: «Аз ҳар қабила як одами зӯрро интихоб мекунем. Онҳо шамшер ба даст ба Муҳаммад ҳамла кунанд, шамшер зада хунашро резанд. Маълум нашавад, ки кӣ куштааст. Он гоҳ ноилоҷ ба хунбаҳо (дия) розӣ мешаванд. Мо ҳам хунбаҳояшро медиҳему аз ташвиш халос мешавем.» Шайтон ҳам ин фикрро писандид ва бо ҷӯшу хурӯш дастгирӣ карда, тавсия дод.2
Мушрикон ба ҳамин кор тайёрӣ медиданд, ки Ҷабраил алайҳиссалом омад. Вай қарори мушриконро ба Расули акрам хабар дод, гуфт, ки он шаб дар ҷои хобаш нахобад, ва амри Аллоҳ таъолоро дар бораи ҳиҷрат расонд. Пас аз ин амри илоҳӣ Паёмбари маҳбуби мо ба ҳазрати Алӣ фармуд, ки дар ҷои хоби Ӯ хобад ва амонатҳоеро, ки монда мерафт, ба соҳибонашон супорад: «Имшаб дар ҷои хоби ман хоб кун ва ин хирқаи маро низ бар худ каш! Матарс, ба ту ҳеҷ зараре намерасад.»
Ҳазрати Алӣ ҳамон тавр хобид, ки Сарвари мо, Паёмбар, амр фармуда буд. Он вақт вай бисту сесола буд. Тайёр буд, ки бе ҳеҷ тарс ҷонашро ба ҷои Ҳабибуллоҳ фидо кунад.
Шаби ҳиҷрат кофирон гирди саодатхонаи Сарвари мо Расулуллоҳро гирифта буданд. Ҳамон шаб оятҳои аввали сураи Ёсин нозил шуданд. Сарвари мо, Паёмбар, ҳангоми баромадан аз хонаи мубораки худ ояти каримаи 9-уми сураи Ёсинро, ки «Пеши рӯяшон садде ва паси сарашон садде кашидем ва онҳоро пӯшондем, акнун дида наметавонанд» аст, бар онҳо хонда, аз замин як мушт хок гирифт ва бар сари кофирон пошид. (Ривоят шудааст, ки ҳар кӣ аз он хок бар сараш афтода буд, ҳамаашон дар ғазваи Бадр кушта шуданд.) Сарвари мо Расулуллоҳ сиҳату саломат аз байни онҳо гузашта, ба хонаи ҳазрати Абӯбакр расид. Аз мушрикон касе Ӯро дида натавониста буд.
«Эй Абӯбакр! Сабр кун. Умедам он аст, ки Аллоҳ таъоло ба ман низ иҷозат медиҳад. Якҷоя ҳиҷрат мекунем» Ҳадиси шариф
Чанде пас касе назди мушрикон омада, пурсид: «Ин ҷо чиро мепоед?» Гуфтанд: «Мунтазирем, ки Муҳаммад аз хона барояд.» Он кас гуфт: «Қасам мехӯрам, ки Муҳаммад аз байни шумо гузашта рафт, ба саратон хок ҳам пошид.» Мушрикон даст ба сар бурданд ва дар ҳақиқат ба сарашон хок ёфтанд. Хоки сару рӯяшонро афшонданд. Дарҳол ба дар ҳуҷум оварда, даромаданд. Дар ҷои хоби Расул алайҳиссалом ҳазрати Алиро дида, пурсиданд, ки Расули акрам куҷост.
Ҳазрати Алӣ гуфт: «Намедонам! Магар маро ба нигаҳбонии Ӯ гумошта будед?» Баъди ин ҳазрати Алиро зада, кашолакашон карданд. Кофирон берун баромада, ба ҷустуҷӯи Сарвари мо Расулуллоҳ даромаданд. Ҳазрати Алиро бошад, чанде назди Каъба ҳабс карда доштанду баъд сар доданд.3
Баъд ба хонаи ҳазрати Абӯбакр рафта, аз Асмо, духтари ҳазрати Абӯбакр, пурсиданд. Вай ҷавоб надод ва ӯро заданд. Ҳама ҷоро кофтанд, вале наёфтанд ва мисли девонаҳо шуданд. Бераҳмтарини онҳо Абӯҷаҳл дар Макка ва гирду атрофи он ҷорчиёнро ҷор занонда, ваъда дод, ки ба ҳар кӣ Паёмбари маҳбуби мо ва ҳазрати Абӯбакрро ёфта орад ё ҷояшонро хабар диҳад, 100 шутур медиҳад. Баъзе касоне, ки ин ваъдаро шунида, ба мол тамаъ карданд, силоҳ гирифта, ба асп савор шуданду ба ҷустуҷӯ баромаданд.
Сарвари мо Расулуллоҳ ба хонаи ҳазрати Абӯбакр ташриф оварда, «Ба ман иҷозати ҳиҷрат дода шуд» фармуд. Ҳазрати Абӯбакри Сиддиқ бо ҳаяҷон пурсид: «Рӯямро ба гарди пои мубораки шумо молам, ё Расулаллоҳ!… Ман ҳам ҳамроҳам?» Сарвари мо фармуд: «Оре…» Ҳазрати Сиддиқ аз шодӣ гиря кард. Ашкрезон гуфт: «Падару модарам ва ҷонам фидои ту бод, ё Расулаллоҳ! Шутурҳо тайёранд. Ҳар кадомашро хоҳед, қабул фармоед.» Султони оламиён фармуд: «Бар шутуре, ки аз они ман набошад, савор намешавам. (Танҳо) бо пулаш мехарам.» Дар баробари ин амри қатъӣ ҳазрати Сиддиқ ноилоҷ монда, нархи шутурро гуфт. Ҳазрати Абӯбакр Абдуллоҳ ибни Урайқит ном шахсро, ки бо роҳбаладӣ машҳур буд, даъват карда, ба музд киро кард, то роҳ нишон диҳад, ва амр кард, ки шутурҳоро пас аз се рӯз ба ғори кӯҳи Савр орад.
Рӯзи панҷшанбе, 27-уми моҳи сафари соли сенздаҳуми биъсат, Сарвари мо, Паёмбар, ва Абӯбакри Сиддиқ каме хӯрданӣ гирифта, ба роҳ баромаданд.
Ҳазрати Абӯбакр дар гирди Расулуллоҳ гоҳ ба тарафи рост мегузашт, гоҳ ба чап, гоҳ пеш мерафт, гоҳ ақиб мемонд. Паёмбари мо суол фармуд, ки чаро чунин мекунад. Гуфт: «То ки хатареро, ки аз атроф меояд, боздорам. Агар зараре расад, аввал ба ман расад. Ҷонам фидои зоти волои шумо бод, ё Расулаллоҳ!»
Сарвари олам фармуд: «Эй Абӯбакр! Оё мехоҳӣ мусибате, ки бояд ба сари ман биёяд, ба ҷои ман ба сари ту ояд?» Ҳазрати Сиддиқ гуфт: «Оре, ё Расулаллоҳ! Ба Аллоҳ таъоло, ки туро бо дини ҳақ ҳамчун паёмбари ҳақ фиристодааст, қасам мехӯрам, ки мехоҳам мусибате, ки меояд, ба ҷои ту ба сари ман биёяд.»4
Наълайни Паёмбари маҳбуби мо танг буд ва дар роҳ пора шуд; пойҳои мубораки Ӯ захмӣ шуданд ва дигар мадори роҳ рафтан надошт. Бо азоб ба кӯҳ баромада, ба ғор расиданд. Дар даҳони ғор ҳазрати Абӯбакр гуфт: «Барои Аллоҳ, ё Расулаллоҳ, ба дарун надароед! Бигзоред ман дароям; агар дар он ҷо чизи зарарноке бошад, ба ман расад, ба зоти мубораки шумо ҳеҷ ғаму аламе нарасад» ва ба дарун даромад. Даруни ғорро рӯфта тоза кард. Дар тарафи росту чапаш сӯрохиҳои хурду калони бисёре буд. Хирқаашро пора-пора карда, сӯрохиҳоро маҳкам кард, вале яктоаш кушода монд. Онро бо пошнаи пояш пӯшида, Расулуллоҳро ба дарун даъват кард. Сарвари мо, Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ба дарун даромад ва сари мубораки худро ба оғӯши Абӯбакр гузошта, хобид.
Ҳамин вақт море пои ҳазрати Сиддиқро газид. Вай тоқат кард ва ҳеҷ наҷунбид, то Расулуллоҳ бедор нашавад. Аммо чун ашкаш ба рӯи мубораки Расулуллоҳ чакид, Ӯ фармуд: «Эй Абӯбакр, чӣ шуд?» Ҳазрати Абӯбакр гуфт: «Аз сӯрохе, ки бо поям баста будам, море поямро газид.» Сарвари мо Расулуллоҳ ба захми Абӯбакр аз оби даҳони мубораки худ молид, то сиҳат шавад; дардаш ҳамон замон монд ва захм шифо ёфт.
Сарвари мо Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва Абӯбакри Сиддиқ дар даруни ғор буданд, ки мушрикон изро гирифта-гирифта, ба даҳони ғор расиданд. Диданд, ки тортанак ба даҳони ғор тор танидааст ва ду кабӯтар ҳам лона мондааст. Изгир Курз ибни Алқама гуфт: «Из дар ҳамин ҷо канда шуд.» Кофирон гуфтанд: «Агар онҳо ба ин ҷо медаромаданд, тори тортанаки даҳони ғор бояд канда мешуд.»
Баъзеҳо гуфтанд: «То ин ҷо ки омадем, якеатон ба ғор дароед, бинед!..» Умайя ибни Халафи кофир гуфт: «Шумо ҳеҷ ақл надоред? Дар ин ғоре, ки даҳонашро қабат-қабат тори тортанак гирифтааст, чӣ кор доред? Қасам мехӯрам, ки ин тортанак торашро пеш аз таваллуди Муҳаммад танидааст.»
Мушрикон дар даҳони ғор баҳсу талош мекарданд, дар дарун бошад, ҳазрати Абӯбакр ба ташвиш афтода, гуфт: «Ё Расулаллоҳ! Валлоҳи, ғами худро намехӯрам. Аммо метарсам, ки ба зоти волои шумо газанде расад. Агар маро кушанд, ман як касам, ҳеҷ чиз дигар намешавад. Аммо агар ба шумо зараре расад, тамоми уммат ҳалок мешавад, дин хароб мегардад.» Сарвари мо Султони коинот фармуд: «Эй Абӯбакр! Ғам махӯр!.. Бешубҳа Аллоҳ таъоло бо мост.»
Абӯбакри Сиддиқ гуфт: «Ё Расулаллоҳ! Ҷонам фидои ту бод! Агар яке аз онҳо сарашро хам карда нигоҳ кунад, моро мебинад!» Сарвари мо фармуд: «Эй Абӯбакр! Ду касем, ки сеюмини мо Аллоҳ таъолост. Ғам махӯр!.. Ҳақ таъоло бешубҳа бо мост.» Мушрикон ба дарун нигоҳ накарда, баргашта рафтанд.5
Аллоҳ таъоло ин ҳолро дар Қуръони карим чунин баён мефармояд, ки маънояш ин аст: «Агар шумо Ӯро (Ҳабиби Маро) ёрӣ надиҳед, (ба ёд оред он вақтро, ки) кофирон Ӯро (аз Макка) ҳамчун дуюмини ду кас (бо ҳазрати Абӯбакр) берун карданд, вақте ки (дар қуллаи кӯҳи Савр) дар ғор буданд, Аллоҳ таъоло Ӯро (Расулуллоҳро) ёрӣ дода буд. Он гоҳ ба ҳамроҳаш (Абӯбакри Сиддиқ) фармуда буд: „Ғам махӯр, ёрӣ ва нусрати Аллоҳ таъоло бешубҳа бо мост.“ Аллоҳ таъоло сакинаи Худро, ки ба дилҳо оромиш мебахшад, бар Ӯ нозил карда, Ӯро (Ҳабиби Худро) бо лашкаре, ки шумо намедидед, (лашкари маънавӣ) қувват бахшида (Ӯро бо фариштагон ҳифз карда) ва сухани кофиронро сахт паст гардонида буд. Калимаи (тавҳиди) Аллоҳ таъоло бошад, бағоят баланд аст (лафзи Аллоҳро дар тамоми ҷаҳон паҳн ва ҳоким сохт). Аллоҳ таъоло ғолиби мутлақ аст. Ягона соҳиби ҳукм ва ҳикмат Ӯст.»6
«Барои Аллоҳ, ё Расулаллоҳ, ба дарун надароед! Бигзоред ман дароям; агар дар он ҷо чизи зарарноке бошад, ба ман расад, ба зоти мубораки шумо ҳеҷ ғаму аламе нарасад» Абӯбакри Сиддиқ (разияллоҳу анҳ)
Паёмбари маҳбуби мо ва ҳазрати Абӯбакр се шабу се рӯз дар ин ғор монданд. Писари ҳазрати Абӯбакр Абдуллоҳ ҳар чӣ дар Макка мешунид, шабона ба ғор омада, хабар медод. Ғуломи озодкардаи падараш ва чӯпони рамаҳои ӯ Омир ибни Фуҳайра бошад, шабҳо шир меоварду изҳоро нест мекард.
Паёмбари маҳбуби мо рӯзи чорум, шаби душанбе, вақти саҳар аз ғори Савр баромад ва ба шутураш, ки Қасво ном дошт, савор шуд. Тибқи як ривоят, ҳазрати Абӯбакрро ҳам ба пушти худ савор кард. Ба шутури дигар ҳазрати Омир ибни Фуҳайра ва Абдуллоҳ ибни Урайқит, ки роҳҳоро нағз медонист, савор шуданд.
Сарвари оламиён саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз ватанаш – аз Маккаи мукаррама, ки Аллоҳ таъоло онро ситудааст ва қиматтарини шаҳрҳост, ҷудо мешуд. Шутурашро ба тарафи Ҳарами шариф гардонда, бо дили ғамгин фармуд: «Валлоҳи! Ту беҳтарини ҷойҳое ҳастӣ, ки Аллоҳ таъоло офаридааст, ва назди Парвардигорам маҳбубтарини онҳоӣ! Агар маро аз ту берун намекарданд, берун намерафтам. Барои ман ватане аз ту зеботар ва маҳбубтар нест. Агар қавмам маро аз ту берун намекарданд, берун намерафтам ва ғайр аз ту дар ҷои дигаре ватану ошён намегирифтам.»
Ҳамон лаҳза Ҷабраил алайҳиссалом фуромада, гуфт: «Ё Расулаллоҳ! Муштоқи ватанат ҳастӣ, онро пазмон шудӣ?» Сарвари мо фармуд: «Оре, муштоқам!» Ҷабраил алайҳиссалом ояти каримаи 85-уми сураи Қасасро, ки мужда медиҳад Ӯ дар охир ба Макка бармегардад, хонд ва хотири мубораки Ӯро тасаллӣ дод.
Сафар ором мегузашт. Мушрикон ҳама ҷоро мекофтанд, вале намеёфтанд: Ҷаноби Ҳақ Ҳабиби Худро аз шарри онҳо нигоҳ медошт. Чун ба ҷое расиданд, ки Қудайд ном дошт, Сарвари мо Расулуллоҳ дар назди хаймаи Умму Маъбад истод. Вай зани оқилу покдоман буд ва бо саховаташ ном бароварда буд. Мехостанд ба пул хӯрданӣ, хурмо ва гӯшт харанд. Умму Маъбад гуфт: «Агар медоштам, пул намегирифтам, зиёфат карда, иззату икром мекардам. Аз дасти қаҳтӣ ва тангии рӯзгор дар дастамон чизе намондааст.» Пурсиданд: «Шир ҳаст?» Ҷавоб дод: «Нест. Чорво қисир аст.» Султони коинот саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба гӯсфанди лоғаре, ки дар паҳлӯи хайма истода буд, ишора карда, фармуд: «Эй Умму Маъбад! Ин гӯсфанд чаро дар ин ҷо баста истодааст?» Вай гуфт: «Хеле касалу лоғар аст, барои ҳамин аз рама монд. Мадор надошт, рафта натавонист.» Фармуд: «Ягон шир дорад? Иҷозат медиҳед, ки ин гӯсфандро бидӯшам?» Умму Маъбад гуфт: «Падару модарам фидои ту бод! Шир надорад, вале агар бидӯшед, монеъе нест.»
Сарвари мо Расулуллоҳ назди гӯсфанд омада, номи Аллоҳ таъолоро ба забон овард. Дуои баракат карду дасти мубораки худро ба пистони гӯсфанд молид. Пистон ҳамон лаҳза аз шир пур шуд ва шир ҷорӣ гашт. Зуд зарфе оварда, пур карданд. Аввал ба Умму Маъбад дод. Вай нӯшид, баъд ба ҳазрати Абӯбакр ва дигарон дод, то ҳама сер шуда нӯшиданд. Аз ҳама охир худаш нӯшид. Боз як бори дигар дасти мубораки худро ба пистони гӯсфанд расонда, дӯшид ва калонтарин зарфи хаймаро хост. Онро ҳам пур карда, ба Умму Маъбад супурд. Мувофиқи ривоят, он гӯсфанд ҳаждаҳ сол умр дид. Аз баракати Фахри олам онҳо субҳу шом бо шири он рӯз мегузаронданд. Онҳо рафтанду шавҳари Умму Маъбад омад ва ширро дид. Хурсанд шуда, пурсид: «Ин шир аз куҷо шуд?» Умму Маъбад гуфт: «Як шахси муборак омада, хонаамонро мушарраф кард. Чизе, ки мебинӣ, аз ҳиммат ва баракати Ӯст.» Шавҳараш пурсид: «Ӯро таъриф карда метавонӣ? Сифату ҷамолаш чӣ гуна аст?»
Умму Маъбад гуфт: «Он зоти муборак, ки дидам, бисёр хушқомат ва хандонрӯй буд. Дар чашмонаш андаке сурхӣ ва дар овозаш нозукӣ буд. Мижгони мубораки Ӯ дароз буданд. Сафедии чашмонаш сап-сафед ва сиёҳиашон қоп-қора буд ва чашмонаш модарзод сурмагин буданд. Мӯяш сиёҳ ва ришаш ғафс буд. Хомӯш ки мемонд, виқору салобате дошт. Сухан ки мефармуд, табассум мекард ва суханонаш гӯё марворидҳои ба ришта кашида буданд, ки ширин-ширин аз даҳонаш мерехтанд. Аз дур бисёр боҳайбат менамуд, чун наздик меомад, бисёр ширину дилрабо мешуд. Касоне, ки дар назди Ӯ буданд, барои иҷрои амраш ба ҷону дил мешитофтанд» гуфта, боз бисёр хислатҳои Ӯро шумурд. Шавҳараш ҳайрон шуда гӯш мекард. Баъд гуфт: «Қасам мехӯрам, ки ин зот ҳамон касест, ки Қурайш меҷӯяд. Агар ман Ӯро медидам, шарафи хизматашро меёфтам ва аз пешаш дур намешудам.» Шавҳари Умму Маъбад аз паи Сарвари мо Расулуллоҳ рафта, дар водии Рим ба Ӯ расид, мусалмон шуд ва шарафи саҳобагиро ёфт. Баъдтар Умму Маъбад ҳам мусалмон шуд.7
Суроқа ибни Молик
Мушрикон Муҳаммад алайҳиссалом ва ҳазрати Абӯбакрро, ки ба сӯи Мадина раҳсипор шуда буданд, беист меҷустанд. Агар намеёфтанд, ба сари худашон хатари бузурге меомад. Чунки фикр мекарданд, ки мусалмонон «давлати исломӣ» барпо карда, дар андак вақт онҳоро аз миён мебардоранд. Аз ҳамин сабаб мушрикон ҳар чӣ доштанд, ба миён гузоштанд. Ваъда карданд, ки ба ҳар кӣ Сарвари мо, Паёмбар, ва ҳазрати Абӯбакрро кушад ё асир гирад, илова бар сад шутур молу пули беҳисоб медиҳанд. Ин хабар дар байни Бани Мудлиҷ, ки Суроқа ибни Молик аз онҳо буд, ҳам паҳн шуд.
Суроқа ибни Молик изро нағз мегирифт. Барои ҳамин ба ин воқеаҳо аз наздик таваҷҷуҳ дошт.
Як рӯзи сешанбе Бани Мудлиҷ дар Қудайд, ки Суроқа ибни Молик дар он ҷо мезист, ҷамъ омада буданд. Суроқа ибни Молик ҳам дар он маҷлис буд. Ҳамин вақт яке аз одамони Қурайш омада, ба Суроқа гуфт: «Эй Суроқа! Валлоҳи, ман ҳозиракак корвони се-чорнафараеро дидам, ки ба тарафи соҳил мерафт. Ба гумонам, онҳо Муҳаммаду асҳоби Ӯ мебошанд.» Суроқа ба кор сарфаҳм рафт. Аммо мукофоти гузошташуда бисёр калон буд ва ӯ мехост онро танҳо худаш ба даст орад. Барои ҳамин намехост, ки каси дигар хабардор шавад. Гӯё чизи муҳиме рӯй надода бошад, гуфт: «Не, онҳое, ки ту дидӣ, фалониҳоянд. Навакак гузашта буданд. Мо ҳам онҳоро дидем.»
Суроқа ибни Молик боз каме истод. Баъд ба касе надононда ба хонааш омад. Ба хизматгораш гуфт, ки аспу яроқашро гирифта, дар пушти водӣ мунтазираш шавад. Худаш ҳам найзаашро гирифт; нӯгашро ба поён гардонда буд, то ҷилояш ба чашми касе нарасад. Аспашро тозонд. Роҳ рафта-рафта, дар охир изи онҳоро ёфт. Он қадар наздик шуд, ки ҳатто Қуръони каримро, ки Сарвари мо, Паёмбар, мехонд, мешунид. Аммо Расули акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба қафо ҳеҷ нигоҳ намекард. Ҳазрати Абӯбакр ба ақиб нигоҳ карду Суроқаро дид ва ба ташвиш афтод. Сарвари мо, Паёмбар, чунон ки дар ғор фармуда буд, ба ӯ фармуд: «Ғам махӯр, Аллоҳ таъоло бо мост.»
«(Эй Маккаи мукаррама!) Барои ман ватане аз ту зеботар ва маҳбубтар нест. Агар қавмам маро аз ту берун намекарданд, берун намерафтам ва ғайр аз ту дар ҷои дигаре ватану ошён намегирифтам» Ҳадиси шариф
Тибқи ривояти ҳазрати Бухорӣ, ҳамин вақт ҳазрати Абӯбакр ба Расули акрам арз кард, ки саворе ба онҳо расидааст. Сарвари мо, Паёмбар, дуо фармуд: «Ё Раббӣ! Вайро бияндоз!» Дар ривояти дигар омадааст, ки Суроқа то наздашон расид ва ҳазрати Абӯбакр ба гиря даромад. Сарвари мо Расули акрам суол фармуд, ки чаро мегиряд. Гуфт: «Валлоҳи, барои худам намегирям. Метарсам, ки ба ту зараре мерасад, барои ҳамин мегирям.» Суроқа он қадар наздик омад, ки метавонист ба Сарвари мо, Паёмбар, ҳамла кунад. Гуфт: «Эй Муҳаммад! Имрӯз туро аз дасти ман кӣ ҳифз мекунад?» Сарвари олам ҷавоб фармуд: «Маро Аллоҳ таъоло, ки Ҷаббор ва Қаҳҳор аст, ҳифз мекунад.» Ҳамон лаҳза ду пои пеши аспи Суроқа то зону ба замин фурӯ рафт. Асп халос шуд ва Суроқа боз ҳамла карданӣ шуд, вале пойҳои асп боз ба замин ғӯтиданд. Суроқа аспашро ҳар қадар зӯр занад ҳам, ҳеҷ халос карда натавонист. Дигар коре аз дасташ намеомад. Ноилоҷ монда, ба Сарвари мо Расулуллоҳ, ки соҳиби шафқату марҳамат буд, зорӣ кардан гирифт. Паёмбари мо, ки ҳамаи камолот ва ахлоқи некро дар худ ҷамъ карда, соҳиби ахлоқ ва хилқати олӣ буд, ин хоҳиши ӯро қабул кард. Суроқа мегуфт: «Эй Муҳаммад! Фаҳмидам, ки ту маҳфуз ҳастӣ. Дуо кун, то халос шавам. Пас аз ин ҳаргиз ба ту зарар намерасонам. Ба касоне, ки аз паси ту афтодаанд, низ дар бораи ту ҳеҷ сухане намегӯям.» Сарвари коинот «Ё Раббӣ! Агар вай дар сухани худ рост ва самимӣ бошад, аспашро халос кун» фармуда, дуо кард ва Аллоҳ таъоло ин дуоро қабул фармуд. Аспи Суроқа ибни Молик танҳо баъди ҳамин дуо аз чуқурӣ баромада тавонист. Ҳамин вақт аз ҷое, ки пои асп фурӯ рафта буд, чизе монанди дуд ба осмон мебаромад. Суроқа дар ҳайрат монд. Аз ҳамаи ин воқеаҳо фаҳмид, ки Муҳаммад алайҳиссалом ҳамеша маҳфуз аст. Вай шоҳиди бисёр чизҳо шуда буд. Ниҳоят гуфт: «Эй Муҳаммад! Ман Суроқа ибни Моликам! Ҳаргиз аз ман шубҳа накунед. Ба шумо ваъда медиҳам: пас аз ин ҳеҷ коре, ки написандед, намекунам. Қавмат ваъда додааст, ки ба касе, ки туро ва ёронатро дастгир кунад, мукофоти бисёр медиҳад» ва ҳар чиро, ки мушрикони Қурайш кардан мехостанд, як-як гуфта дод. Ҳатто хост ба онҳо тӯшаи роҳ ва барои саворӣ шутур диҳад, аммо Паёмбари маҳбуби мо қабул накард ва ба ӯ фармуд: «Эй Суроқа! То ту дини исломро қабул накунӣ, ман ҳам шутуру гови туро на орзу мекунам ва на мехоҳам. Ҳамин бас, ки дидани моро пинҳон дорӣ.» Ибни Саъд низ чунин нақл мекунад: Суроқа ба Сарвари мо, Паёмбар, гуфт: «Ҳар чӣ мехоҳӣ, ба ман амр кун.» Сарвари мо Расулуллоҳ фармуд: «Дар ватани худ бимон. Нагузор, ки касе ба мо расад.» Чун Аллоҳ таъоло мехост, ҳама чиз мешуд. Вақте ки бо ихлос ба Ӯ такя карда, дар роҳи ризои Ӯ қадам мезаданд, корҳое мешуданд, ки ба ақл намеғунҷид. Суроқа бо ҳирси он ки Сарвари мо Расулуллоҳро кушта, мукофотҳои калон мегирад, мисли шери ғуррон ба роҳ баромада буд; акнун бошад, мисли кӯдаке рому мулоим шуда буд. Аллоҳ таъоло, ки ба ҳама чиз қодир аст, дили Суроқаро ба сӯи некӣ гардонда буд, то ба Ҳабиби Ӯ зарар нарасонад. Албатта, Аллоҳ таъоло Ҳабиби Худ саллаллоҳу алайҳи ва салламро танҳо намегузошт. Зеро Ӯ Паёмбари маҳбубе буд, ки Аллоҳ таъоло аз рӯи марҳамат ба одамон фиристода буд, то онҳо дар дунё ва охират ба саодати (хушбахтии) абадӣ расанд. Суроқа баъди ин бо ҳамон роҳи омадааш баргашт. Саргузашти худро ба касоне, ки вохӯрд, ҳам нагуфт.8
Султони коинот меояд
Сарвари мо, Паёмбар, ҳазрати Абӯбакр, Омир ибни Фуҳайра ва роҳбаладашон Абдуллоҳ ибни Урайқит як ҳафта роҳ рафтанд. Соли сенздаҳуми биъсат (соли 622-и милодӣ), бистуми сентябри милодӣ ва ҳаштуми моҳи рабеъулаввали соли якуми ҳиҷрат, рӯзи душанбе, вақти чошт ба деҳаи «Қубо» расиданд. Он ҷо дар хонаи мусалмоне, ки Кулсум ибни Ҳидм ном дошт, меҳмон шуданд. Пеш аз омадани Расули акрам ба Мадина муҳоҷирони аввалин дар Қубо ҷоеро, ки дар он хурмо хушк мекарданд ва аз они Бани Амр ибни Авф буд, намозгоҳ карда буданд. Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Қубо расида, ҳамин намозгоҳро васеъ кард ва нахустин масҷидро сохт. Намозҳояшро дар Масҷиди Қубо хонд. Масҷиди Қубо дар ояти каримаи 108-уми сураи Тавба ситоиш шуд, ки маънояш чунин аст: «…масҷиде, ки асоси он бар тақво гузошта шудааст».9
Рӯзи бисту сеюми сентябрро ҳам, ки шабу рӯз дар он баробар мешавад, дар деҳаи Қубо гузаронданд ва рӯзи ҷумъа, дувоздаҳуми рабеъулаввал, ба сӯи Мадина равон шуданд. Вақти намози пешин дар водии Ронуно, ки байни Мадина ва Қубо воқеъ аст, истоданд. Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам нахустин намози ҷумъаро дар ҳамин ҷо хонд ва нахустин хутбаро низ дар ҳамин ҷо эрод фармуд.10 Ҳамон рӯз ба Мадина расиданд. [Баъдтар дар ин ҷо ба ёдгории нахустин намози ҷумъа масҷиде бо номи «Масҷиди Ҷумъа» бино карданд.] Дар ин миён ҳазрати Алӣ, ки дар Макка монда буд, дар Каъбаи шариф ба ҳамон ҷое нишаст, ки Сарвари мо Расулуллоҳ ҳамеша менишаст, ва ҷор занонд: «Ҳар кӣ назди Расули акрам чизе дошта бошад, омада гирад.» Ҳама меомаданд ва нишонаи моли худро гуфта, амонаташонро мегирифтанд. Ҳамин тавр амонатҳо ба соҳибонашон супурда шуданд. Асадуллоҳ ҳазрати Алӣ ба ҷое рафт, ки кофирони Қурайш ҷамъ меомаданд, ва фармуд: «Иншоаллоҳу таъоло пагоҳ ба Мадинаи мунаввара меравам. Ягон сухан доред? То ҳамин ҷо ҳастам, гӯед.» Ҳама сар хам карданду чизе нагуфтанд. Субҳ шуд ва ҳазрати Алӣ чизҳои шахсии Сарвари мо Расули акрамро ғундошта, ба роҳ баромад. 4–5 нафар аз Қурайш пеши роҳашро гирифтанд, вале ӯ бо онҳо ҷангида, ғолиб омад. Баъд дар роҳ ба ӯ Миқдод ибни Асвад рӯ ба рӯ шуд. Вайро ҳам бо як зарб ба замин афтонда, ба имон даъват кард. Миқдод мусалмон шуд. Боз ба роҳ даромад ва дар Қубо ба Сарвари мо Расулуллоҳ расид; пойҳояш варам карда буданд ва аз онҳо хун мешорид. Дар ин сафар вай рӯзона пинҳон мешуд ва шабона пиёда роҳ мегашт. Дар охир ба ҳоле афтода буд, ки ба ҳузури Паёмбари мо рафта наметавонист. Сарвари мо Расули акрам инро шунида, худаш ташриф овард. Ҳазрати Алиро диду ба ҳолаш раҳмаш омад, амакбачаи азизу фидокорашро ба оғӯш кашид, бо дастони мубораки худ пойҳои нозуку латифи ӯро, ки дар роҳи ҳақ ҳазорон машаққат дида буданд, сила кард ва барои саломатиаш дуо фармуд. Ҳатто ривоят мешавад, ки ба сабаби ин фидокории ҳазрати Алӣ ояти ҷалилае нозил шуд, ки маънояш чунин аст: «Аз мардум касоне ҳастанд, ки барои ризои Аллоҳ таъоло нафсашонро (худашонро) фидо мекунанд».1112
«Эй Суроқа! Ҳамин дам гӯё мебинам, ки дастпонаҳои Кисроро ба даст кардаӣ, камарбандашро бастаӣ ва тоҷашро бар сар ниҳодаӣ» Ҳадиси шариф
Асҳоби кироме, ки пештар ба Мадина ҳиҷрат карда буданд, ва мусалмонони Мадина шунида буданд, ки Султони коинот аз Макка ба қасди ҳиҷрат ба роҳ баромадааст, ва бо шавқу ҳаяҷон ташрифи Ӯро интизор буданд. Барои ҳамин дар канорҳои Мадинаи мунаввара дидбонҳо гузоштанд ва дилашон метапид, ки ҳамин ки Сарвари мо ба шаҳрашон қадам ниҳад, ба пешвозаш бароянд. Онҳое, ки дар оташи муҳаббати Ӯ месӯхтанд, чун биёбони тафсоне, ки ташнаи об аст, чашм ба уфуқ дӯхта, рӯзҳо интизорӣ кашиданд.
Ниҳоят ногаҳон садое шунида шуд: «Меоянд! Меоянд!…» Онҳое, ки ин садоро шуниданд, ба дуриҳои биёбони сӯзон чашм давонданд. Оре!… Оре!… Онҳо ҳам диданд, ки дар биёбони тафсон, ба гармии сӯзони офтоб нигоҳ накарда, касоне бо ҳайбати бузурге ба сӯяшон меоянд. Аз шодӣ ба якдигар фарёд мезаданд: «Мужда!… Мужда!… Расулуллоҳ меояд!… Паёмбари мо меояд!… Шодӣ кунед, эй аҳли Мадина! Ид кунед! Ҳабибуллоҳ меояд!… Тоҷи сари мо меояд!…» Ин хабар дар як лаҳза ба кӯчаҳои Мадинаи мунаввара паҳн шуд. Аз ҳафтсола то ҳафтодсола, аз пир то бемор ҳама мунтазири ҳамин хабари шодии бемисл буданд.
Тамоми аҳли Мадина беҳтарин либосҳояшонро пӯшида, ба пешвози Сарвари оламиён шитофтанд. Садои такбир ба осмон мепечид, ашки шодӣ чун сел мерехт. Дар ҳаво ҳам андӯҳ буду ҳам шодӣ; Мадина зеботарин рӯзи таърихашро мегузаронд. Дар як тараф онҳое буданд, ки барои куштани Ҳабиби Аллоҳ таъоло, ки ҳама Ӯро бо лақаби «Амин» мешинохтанд, мукофот монда буданд; дар тарафи дигар онҳое, ки мехостанд Ӯ ва ёронашро ҳифз кунанд, ба оғӯш гиранд ва дар ин роҳ ҷон диҳанд.
Аҳли Мадина мехостанд ҷамоли нуронии Паёмбари маҳбуби моро ҳар чӣ зудтар бинанд. Мадина аз рӯзи Мадина шуданаш чунин лаҳзаи пуршодӣ ва чунин лаҳзаи муборакро надида буд. То он рӯз чунин иде нашуда буд. Дар ин ид, ки монандашро касе надидааст ва намебинад, хурдсолону ҷавонон ва калонсолон – он одамони хушбахт – бори аввал ҳама бо як овоз ин шеърро мехонданд:13
Талаъал-бадру алайно,
Моҳи шаби чордаҳ бар мо тулӯъ кард
Мин санийётил-вадоъ,
Аз теппаҳои Видоъ.
Ваҷабаш-шукру алайно,
Шукр бар мо воҷиб шуд,
Мо даъо лиллоҳи доъ.
То даме ки даъватгаре ба Ҳақ мехонад.
Айюҳал-мабъусу фино,
Эй он ки ба мо фиристода шудӣ,
Ҷиъта бил-амрил-мутоъ,
Амруллоҳро овардӣ,
Ҷиъта шаррафтал-Мадина,
Ба Мадина хуш омадӣ,
Марҳабан, ё хайра доъ.
Даъвати ту шараф мебахшад.
Анта шамсун, анта бадрун,
Ту офтобӣ, ту моҳӣ,
Анта нурун ало нур,
Ту нур бар болои нурӣ,
Анта мисбоҳус-Сурайё,
Ту равшании Сурайёӣ,
Ё Ҳабибӣ, ё Расул!
Эй маҳбуб, эй Расул!
Қад лабисно савба иззин,
Аз иззату икром пур гаштем,
Баъда асвобир-риқоъ,
Аз кӯҳнаҳо халос шудем,
Ва разаъно садйа маҷдин,
Ба бузургӣ расидем, сер шудем,
Баъда айёмиз-зайоъ.
Дар зиён будем, фоида ёфтем.
Қолат аҳморуд-даёҷӣ,
Моҳи зулматзудо мегӯяд:
Қул ли арбобил-ислом,
«Ба аҳли салом бигӯед,
Куллу ман ятбаъ Муҳаммад,
Ба касе, ки ба Муҳаммад (алайҳиссалом) пайравӣ мекунад,
Ямбағӣ ан ло юзом.
Ҳаргиз зулм накунед.»
Ва таоҳадно ҷамиъан,
Ҳама якҷоя ваъда додем,
Явма ақсамнал-ямин,
Дар рӯзе, ки қасам хӯрдем:
Лан нахунал-аҳда явман,
Ростӣ роҳи мост,
Ваттахазнас-сидқа дин.
Дар дин хиёнат нест.
Ласту валлоҳи насийян,
Валлоҳи, ман фаромӯш намекунам,
Мо юқосиҳил-ибод,
Рӯзи бедард ҳеҷ набуд,
Машҳадан, ё наҷма амнин,
Ту гувоҳӣ, эй ситораи Амн,
Зу вафоин ва видод.
Вафо ва муҳаббати ту бисёр буд.
Нидоҳои «Хуш омадед, ё Расулаллоҳ» ва «Ба хонаи мо марҳамат кунед, ё Расулаллоҳ» ба фалак мепечид. Баъзе аз бузургони Мадина афсори Қасворо дошта, илтиҷо мекарданд: «Ё Расулаллоҳ! Ба хонаи мо марҳамат кунед…» Ӯ ба онҳо фармуд: «Афсори шутурамро раҳо кунед, вай маъмур аст. Пеши дари хонаи ҳар касе, ки зону занад, ҳамон ҷо меҳмон мешавам!»
«Аз мардум касоне ҳастанд, ки барои ризои Аллоҳ таъоло нафси худро фидо мекунанд» Бақара: 207
Ҳама дар ҳаяҷон буданду бо бесабрӣ мепоиданд: Қасво дар куҷо зону мезада бошад? Қасво ба даруни Мадина пеш мерафт. Аз пеши ҳар дарвозае, ки мегузашт, соҳибони хона зорӣ мекарданд: «Ё Расулаллоҳ! Ба хонаи мо қадам ранҷа фармоед, ба хонаи мо қадам ранҷа фармоед!» Сарвари мо, Паёмбар, ба онҳо табассум карда, мефармуд: «Роҳи шутурро кушоед! Ба вай амр шудааст, ки дар куҷо зону занад.»
Дар охир Қасво дар ҳамон ҷое зону зад, ки имрӯз дари масҷиди шарифи Сарвари мо, Паёмбар, воқеъ аст. Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз шутур нафуромад. Ҷонвар боз хесту ба роҳ даромад. Баъд дар ҷои пештарааш зону зад ва дигар нахест. Он гоҳ Сарвари мо аз Қасво фуруд омада, фармуд: «Иншоаллоҳ манзили мо ҳамин ҷост» ва «Ин ҷо аз они кист?» Ҷавоб доданд: «Ё Расулаллоҳ! Аз они Суҳайл ва Саҳл, писарони Амр аст.» Ин ду кӯдак ятим буданд. Паёмбари мо фармуд: «Хонаи кадоме аз хешовандони мо ба ин ҷо наздиктар аст?» Зеро модари Абдулмутталиб, бобои Сарвари мо Расулуллоҳ, аз Бани Наҷҷор буд. Ҳазрати Холид ибни Зайд Абӯайюби Ансорӣ бо шодӣ гуфт: «Ё Расулаллоҳ! Хонаи ман наздиктар аст. Ана ҳамин хонаи ман, ана ин дараш» ва бо ҳаяҷон нишон дод. Баъд бори Қасворо фуроварда, Сарвари мо Расулуллоҳро ба хонааш таклиф кард.14
Мусалмонони Мадина ва муҳоҷирон аз ҳиҷрати Сарвари мо беандоза шод шуданд. Ин солро «Санатул-изн» меноманд.
Ҳангоми ҳиҷрат давои дилҳо, тоҷи сари инсоният, Ҳабиби Аллоҳ таъоло Сарвари мо, Паёмбар, панҷоҳу сесола буд.
ҲОЛИ МАН ЧӢ МЕШАВАД?
Ҳоли ман чӣ мешавад, ё Расулаллоҳ?
Ҷону танам месӯзад, ё Расулаллоҳ.
Мисли шӯълаи ларзон ва мисли бухурдон,
Аз ишқат дуд мекунам, ё Расулаллоҳ.
Дар ҳасрати ҳиҷрони ту муддатҳост,
Ки об шуда, адо мешавам, ё Расулаллоҳ.
Ту Шоҳи Лавлокӣ, бар даргоҳи волоят
Гардан хам мекунам, ё Расулаллоҳ.
Дар хоке, ки по ниҳодӣ, гулҳо шукуфтаанд,
Ман дар он хорам, ё Расулаллоҳ.
Абӯайюби Ансорӣ разияллоҳу анҳ
