ҒАЗВАҲО ВА САРИЯҲО
Дар Макка мушрикон ба мусалмонон зулми бисёр мекарданд: якеро мезаданд, сари дигареро мекафонданд, сеюмиро чунон азоб медоданд, ки ба хаёли кас намеояд. Он вақт ба ҷанг иҷозат набуд. Охир мушрикон бисёр буданд ва ҷанг ба зарари мусалмонон тамом мешуд. Пас аз ба Мадина омадан асҳоби киром зиёд шуданд ва бо ёрии Ансор қувват гирифтанд. Ислом шавкат ёфт, ҷиҳод машрӯъ гардид: ба ҷанг бо кофирон иҷозат дода шуд.
Сафар, ғазва ва сария
Фахри коинот саллаллоҳу алайҳи ва саллам сарияҳо (дастаҳои ҳуҷумкунанда, гурӯҳҳо), яъне қисмҳои хурди ҳарбӣ ташкил дод, то амнияти Мадинаро ҳифз кунад ва аз аҳволи душманон бохабар бошад. Расулуллоҳ худаш ба ин сарияҳо намерафт, онҳоро бар зидди кофирон мефиристод; шумораи иштирокчиёнашон аз панҷ то чорсад нафар мешуд. Ҷангҳоеро, ки Сарвари мо, Паёмбар, худаш иштирок ва раҳбарӣ кардааст, ғазва (ғазо) меноманд. Ба ҷанг рафтани лашкарро сафар ва ҳолати ҷангро сафарбарӣ мегӯянд.
Паёмбари маҳбуби мо дар Мадина навбати посбонӣ ҷорӣ кард ва дастаҳои гаштӣ баровард; бо ҳамин чораҳои зарурии амниятро дид, то душман ногаҳон ҳуҷум карда натавонад.
Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам бисту ҳафт ғазва анҷом дод. Онҳо инҳоянд: Абво (Ваддон), Бувот, Бадри якум (Сафвон, Бадри нахустин), Зулушайра, Бадр (Бадри кубро), Қарқаратулкудр, Бани Қайнуқоъ, Савиқ, Ғатафон (Анмор, Зиамр), Баҳрон (Бани Сулайм, Наҷрон), Уҳуд, Ҳамроуласад, Бани Назир, Бадри хурд (Бадри суғро), Зотурриқоъ, Думатулҷандал, Мурайсиъ (Бани Мусталиқ), Хандақ (Аҳзоб), Бани Қурайза, Бани Лиҳён, Ғоба (Зиқарад), Хайбар, Водилқуро, Фатҳи Макка, Ҳунайн, Тоиф ва Табук.
Аз ин ғазваҳо танҳо дар нӯҳтояш задухӯрд рух дод: Бадр (Бадри кубро), Уҳуд, Мурайсиъ (Бани Мусталиқ), Хандақ (Аҳзоб), Бани Қурайза, Хайбар, Водилқуро, Ҳунайн ва Тоиф. Макка бе ҷанг фатҳ шуд ва тамоми аҳолиаш мусалмон гардид.
Дар ғазваҳои дигар задухӯрд нашуд: дар баъзеаш аҳднома бастанд, дар баъзеаш душман таслим шуд; як қисми кофирон ҷуръат накарданд, ки бо лашкари ислом рӯ ба рӯ шаванд, аксари онҳо бошанд, ҳамин ки хабари омадани лашкари исломро шуниданд, ба кӯҳҳо гурехта, ғайб заданд.
Ҳамаи давлатҳо бо ин масал ба фавзу фалоҳ мерасанд:
«Агар сулҳу салоҳ мехоҳӣ, ба ҷанг омода бош.»
Абдулҳақ Мулло
«Бо касоне, ки бар зидди шумо ҷанг сар мекунанд, шумо низ дар роҳи Аллоҳ таъоло биҷангед. Аммо аз ҳад нагузаред ва зиёдаравӣ накунед» Бақара: 190
Сарияҳое, ки Сарвари мо Расулуллоҳ фиристод
Нахустин сарияҳо – дастаи ҳазрати Ҳамза
Мушриконро аз ҷиҳати савдо ва иқтисод суст карда, ба роҳ овардан лозим буд. Барои ин роҳҳои тиҷоратии Сурияро бастан даркор мешуд. Ҳамин вақт хабар расид, ки як корвони мушрикон аз наздикии Мадина гузашта истодааст. Аввали рамазон, ки моҳи ҳафтуми соли якуми ҳиҷрӣ буд, Паёмбари маҳбуби мо амр фармуд, ки дарҳол ба сафар тайёрӣ бинанд, ва ҳазрати Ҳамзаро ба сӣ савор фармондеҳ таъин кард. Ба ӯ тавсия фармуд, ки аз Аллоҳ таъоло тарсад ва бо зердастонаш нек муомила кунад, ва сипас фармуд: «Дар роҳи Аллоҳ таъоло, номи Аллоҳ таъолоро ёд карда, ба ғазо бароед! Бо касоне, ки Аллоҳ таъолоро намешиносанд, биҷангед…» Баъд ба ҳазрати Ҳамза парчами сафеде дода, ӯро гусел кард.
Ҳазрати Ҳамза бо саворонаш ба сӯи корвони мушрикон равон шуд; корвонро сесад савор посбонӣ мекард. Корвон аз Шом ба Макка мерафт ва дар ҷое, ки Сифулбаҳр ном дошт, бо муҷоҳидон рӯ ба рӯ шуд. Саҳобагони номвар дарҳол саф кашида, ба ҷанг тайёр шуданд. Ҳамин вақт Маҷдӣ ибни Амри Ҷуҳанӣ, ки он ҷо буд, расида омада, ба миён даромад. Вай бо ҳар ду тараф паймон дошт. Маҷдӣ дид, ки мусалмонон хеле каманду мушрикон бисёр, ва фикр кард, ки мусалмонон шикаст хӯрданашон мумкин аст. Вай умед дошт, ки давлати мусалмонон абадӣ мемонад; миёнаравӣ карда, ҳар ду тарафро аз ҷанг гардонд. Баъд ҳазрати Ҳамза ва ёронаш ба Мадина баргаштанд. Чун кори Маҷдиро ба Сарвари мо, Паёмбар, арз карданд, изҳори хушнудӣ намуда, фармуд: «Кори муборак, нек ва дуруст кардааст.»1
Дастаи Убайда ибни Ҳорис
Баъд аз ин сарияҳо паси ҳам мерафтанд. Ба ҳазрати Убайда ибни Ҳорис шаст ё қариб ҳаштод муҷоҳид дода, ӯро ба Робиғ фиристоданд. Ду лашкар рӯ ба рӯ шудан замон ҳар ду тараф тир андохтан гирифт. Аз лашкари ислом аввалин шуда Саъд ибни Абӯваққос тир андохт. Дусад мушрике, ки зери фармони Абӯсуфён буданд, гумон карданд, ки қисми зиёди лашкари ислом дар камин нишастааст; аз мусалмонон тарсида, наҷоташонро дар гурез диданд.2
Дар роҳи Аллоҳ биҷангем, шон ёбем, шон…
Дар Қуръон ваъдаи зафар медиҳад ҳазрати Яздон.
«Дар роҳи Аллоҳ таъоло, номи Аллоҳ таъолоро ёд карда, ба ғазо бароед! Бо касоне, ки Аллоҳ таъолоро намешиносанд, биҷангед» Ҳадиси шариф
Ғазваҳои Сарвари мо Расулуллоҳ
Нахустин ғазваҳо – ғазваи Ваддон
Онро ғазваи Абво низ мегӯянд. Ин ғазваи аввалини Расулуллоҳ буда, дар моҳи дувоздаҳуми ҳиҷрат рӯй додааст. Дар Мадина ҳазрати Саъд ибни Убодаро ҷонишин гузоштанд ва бо шаст нафар ба муқобили Қурайш ва қабилаи Бани Замра баромаданд. Парчамро ҳазрати Ҳамза мебурд. Бо маккагиён рӯ ба рӯ нашуданд. Ба ҷое расиданд, ки Ваддон ном дошт. Бо қабилаи Бани Замра аҳдномаи хаттӣ бастанд. Мувофиқи он:
1- Бани Замра ба ҳеҷ ваҷҳ ба душман ёрӣ нахоҳанд дод;
2- Амнияти ҷону моли Бани Замра дар кафолати мусалмонон хоҳад буд;
3- Дар муқобил, ҳар гоҳ ки Сарвари мо, Паёмбар, Бани Замраро барои ҷанге даъват кунад, дарҳол ба ёрӣ хоҳанд шитофт.
Ғазваи Бувот
Ин ғазва дуюмин ғазваи Расулуллоҳ аст ва дар моҳи рабеъулаввали соли дуюми ҳиҷрат рух дод. Дар Мадина ҳазрати Соиб ибни Усмон ибни Мазъунро ҷонишин гузоштанд. Хабар расид, ки корвони саднафараи мушрикон бо сардории Абӯсуфён ҳамроҳи ду ҳазору панҷсад шутур ба Шом меравад, ва бо дусад нафар ба муқобили корвони Қурайш баромаданд. То кӯҳи Бувот ҳама ҷоро қадам ба қадам ҷустанд, вале мушрикон ба даст наомаданд.
Ғазваи Зулушайра
Дар аввалҳои моҳи шонздаҳуми ҳиҷрат анҷом ёфт. Хабар расид, ки корвони бузурги тиҷоратии мушрикони Макка таҳти фармондеҳии Абӯсуфён ба Шом меравад. Расулуллоҳ Абӯсалама ибни Абдуласадро ба ҷои худ ҷонишин гузошт. Парчамро ба ҳазрати Ҳамза разияллоҳу анҳ дод. Сӣ шутур доштанд, ки навбат ба навбат савор мешуданд. Бо саду панҷоҳ ё қариб дусад муҷоҳид ба ҷое, ки Ушайра ном дошт, омада, чанд рӯз истоданд. Ба корвон расида натавонистанд. Бо Бани Мудлиҷ сулҳ баста, ба Мадина баргаштанд.
Ғазваи Бадри якум
Онро ғазваи Сафвон низ мегӯянд. Аз ғазваи Бувот баргаштанашон ҳамагӣ чанд рӯз шуда буд, ки хабар омад: як қурайшӣ, ки Курз ибни Ҷобири Фиҳрӣ ном дошт, бо одамонаш ба кӯҳи Ҷаммо ногаҳон ҳамла карда, гову шутурҳоеро, ки он ҷо мечариданд, ронда бурдааст.
Сарвари мо, Паёмбар, Зайд ибни Ҳорисаро ба ҷои худ ҷонишин гузошта, бо чанд нафар асҳоб ба ҷои ҳодиса равон шуд. Ин дафъа парчамро ба ҳазрати Алӣ дод.
То расидани муҷоҳидон Курз ва дигарон ҳайвонҳоро партофта, ғайб зада буданд. Муҷоҳидон то водии Сафвони Бадр таги ҳар сангро кофтанд, вале онҳоро наёфтанд.
Дастаи Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш (сарияи Батни Нахла)
Рӯзе Сарвари мо, Паёмбар, хост ба Нахла сарияе фиристад, то мушрикони Қурайшро зери назар гирад. Хост, ки ба аскарони фиристодашаванда ҳазрати Абӯубайда ибни Ҷарроҳро фармондеҳ таъин кунад. Абӯубайда ибни Ҷарроҳ ин амрро шунида, аз ғами дур мондан аз Паёмбари мо гиря кард.
«Мужда бод касонеро, ки дар роҳи ҳаҷ мемиранд ва касонеро, ки дар роҳи Аллоҳ ғазо мекунанд!» Ҳадиси шариф
Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба ҷои ӯ ҳазрати Абдуллоҳ ибни Ҷаҳшро амир таъин кард.3
Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш аз зумраи касоне буд, ки ҳаёташон бо шавқу ҳаяҷони ислом мегузашт. Вақте ки мусалмон шуд, кофирон ӯро чунон шиканҷа карданд, ки ба хаёли кас намеояд. Аммо ӯ бо қуввати имон дар баробарашон истод ва азобу ҷафояшонро мардонавор бардошт. Аз ин рӯ Сарвари мо, Паёмбар, дар бораи ӯ ба асҳобаш фармуда буд: «Вай аз ҳамаи шумо бештар ба гуруснагӣ ва ташнагӣ тоб меоварад ва сабр мекунад.» Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш муждаҳои Сарвари мо Расулуллоҳро дар ҳаққи шаҳидон шунида буд ва ҳамеша ташнаи шаҳодат буд. Дар ҷангҳо аз ҳама пеш истода, қаҳрамонона меҷангид.
Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш мегӯяд: «Он рӯз Расул алайҳиссалом намози хуфтанро хонда, маро назди худ даъват кард ва фармуд: „Пагоҳ субҳи барвақт назди ман биё. Яроқат низ ҳамроҳат бошад. Туро ба ҷое мефиристам.“
Субҳ шуду ба масҷид рафтам. Шамшеру камон, тиру тӯрбаам дар бар, сипарам ҳам ҳамроҳам буд. Расул алайҳиссалом намози бомдодро имомат карду ба хонааш баргашт. Ман пештар омада будам ва дар пеши дар интизор меистодам. Аз муҳоҷирон чанд нафареро ёфт, ки бо ман бираванд. „Туро бар ин касон фармондеҳ таъин кардам“ фармуда, ба ман мактубе дод ва фармуд: „Бирав! Пас аз ду шаб роҳ паймудан мактубро кушо ва мувофиқи он чи дар он фармуда шудааст, амал кун.“ Пурсидам: „Ё Расулаллоҳ! Ба кадом тараф биравам?“ Фармуд: „Роҳи Наҷдияро пеш гир. Ба сӯи Рукия, ба сӯи чоҳ рӯ овар!“»
Вақте ки Абдуллоҳ ибни Ҷаҳшро ба сафари Нахла таъин карданд, ба ӯ бори аввал унвони амирулмӯъминин доданд. Дар ислом аввалин амире, ки бо ин ном ёд шуд, ҳамин кас буд. Вай бо дастаи ҳашт ё дувоздаҳнафара пас аз ду рӯз ба ҷое расид, ки Малал ном дошт, ва мактубро кушод. Дар он навишта шуда буд:
«Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим. Чун ин мактубро аз назар гузаронидӣ, бо ном ва баракати Аллоҳ таъоло роҳ паймо, то ба водии Нахла, ки миёни Макка ва Тоиф аст, фуруд оӣ. Ҳеҷ яке аз ёронатро ба ҳамроҳӣ бо худ маҷбур накун! Қурайшиёни водии Нахла ва корвони қурайшиёнро зери назар гир, пайгирӣ ва назорат кун. Хабарҳояшонро ба мо бирасон.»
Амирулмӯъминин ҳазрати Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш мактубро хонда, гуфт: «Мо бандагони Аллоҳ таъоло ҳастем ва ҳама ба сӯи Ӯ бозмегардем. Шунидам ва итоат кардам. Амри Аллоҳ таъоло ва Расули маҳбуби Ӯро ба ҷо хоҳам овард.» Инро гуфта, мактубро бӯсиду ба сараш монд. Баъд ба ёронаш рӯ оварда, гуфт: «Ҳар кадоме аз шумо, ки орзуманди шаҳодат аст, бо ман биёяд. Касе, ки омадан намехоҳад, метавонад баргардад. Ҳеҷ яке аз шуморо маҷбур намекунам. Агар наёед, ман танҳо рафта, амри Расул алайҳиссаломро ба ҷо меоварам.» Ёронаш ҳама якзабон ҷавоб доданд: «Мо амрҳои Сарвари мо, Паёмбарро шунидем. Ба Аллоҳ таъоло, ба Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва ба ту итоаткунандаем. Ба куҷое, ки хоҳӣ, бо баракати Аллоҳ таъоло равон шав.»
Ин лашкари хурд, ки ҳазрати Саъд ибни Абӯваққос ҳам дар он буд, ба сӯи Ҳиҷоз роҳ гирифта, ба Нахла расид. Дар ҷое пинҳон шуданд ва қурайшиёнеро, ки аз он ҷо меомаданду мерафтанд, мепоиданд. Ҳамин вақт як корвони Қурайш гузашт; шутурҳояш пурбор буданд. Муҷоҳидон ба корвон наздик омада, онҳоро ба ислом даъват карданд. Онҳо қабул накарданд ва ҷанг сар шуд. Якеашро куштанд, дутоашро асир гирифтанд; яки дигар аспсавор буд, ба ӯ расида натавонистанд. Тамоми моли кофирон ба муҷоҳидон монд. Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш панҷяки ин ғаниматро барои Сарвари мо Расулуллоҳ ҷудо кард. Ин аввалин ғанимате буд, ки мусалмонон гирифтанд.4
Сарвари мо, Паёмбар, ба асирон исломро баён кард ва таклиф намуд, ки имон оваранд. Ҳакам ибни Кайсон мусалмон шуд. Усмон ибни Кайсон исломро рад карда, ба Макка рафт.
Масҷиди Қиблатайн
Аз ҳиҷрати Паёмбари маҳбуби мо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Мадинаи мунаввара ҳабдаҳ моҳ гузашта буд. То он вақт ҳамеша ба тарафи Байтулмуқаддас, ки дар Қудси шариф аст, рӯ оварда намоз мехонд. Ҳамон рӯзҳо ба гӯши Сарвари мо Расулуллоҳ расид, ки яҳудиён мегӯянд: «Аҷаб кор! Динаш аз мо ҷудо, вале қиблааш мисли мо!» Ин суханҳо дили шарифи Ӯро озурда карданд.
Рӯзе, вақте ки Ҷабраил алайҳиссалом омад, ба ӯ фармуд: «Эй Ҷабраил! Орзу дорам, ки Аллоҳ таъоло рӯи маро аз қиблаи яҳудиён ба сӯи Каъба гардонад.»
Ҷабраил алайҳиссалом ҷавоб дод: «Ман фақат як бандаам. Инро аз Аллоҳ таъоло илтиҷо кун!»
Баъд аз ин ояти саду чилу чоруми сураи Бақара нозил шуд ва чунин фармуда шуд: «(Эй Ҳабиби Ман! Барои омадани ваҳй) бешубҳа, мебинем, ки рӯят пайваста ба сӯи осмон гардонида мешавад. Аз ин рӯ Мо туро ба қиблае, ки аз он розӣ шавӣ, хоҳем гардонд. Акнун рӯи худро ба сӯи Масҷидулҳаром (Каъба) гардон. (Эй мӯъминон!) Шумо низ ҳар ҷое, ки бошед, дар намозҳо рӯи худро ба он тараф гардонед. Бешубҳа, касоне, ки ба онҳо китоб дода шудааст, албатта медонанд, ки ин гардонидани қибла аз ҷониби Парвардигорашон ҳақ аст. Ва Аллоҳ таъоло аз он чи мекунанд, ғофил нест.»
Ин ояти карима рӯзи сешанбе, дар нимаи моҳи шаъбон нозил шуд. Он вақт Сарвари мо Расулуллоҳ дар масҷиди Бани Салима ба асҳобаш намози пешин ё намози асрро имомат мекард. Дар ракъати сеюми намоз буданд, ки амр шуд ба тарафи Каъба рӯ оранд. Ваҳй расидан замон рӯ ба Каъбаи муаззама гардонд. Асҳоби киром ҳам ба Ҳабиби акрам пайравӣ карда, ба ҳамон тараф гаштанд. Аз он пас ин масҷидро «Масҷиди Қиблатайн», яъне «масҷиди дуқибла», номиданд.
Сарвари мо Расулуллоҳ ба Қубо низ рафта, меҳроби масҷидеро, ки аввалин шуда сохта буданд, бо дастони муборакаш аз нав бино кард ва деворҳои масҷидро нав кард.5
«Эй Ҷабраил! Орзу дорам, ки Аллоҳ таъоло рӯи маро аз қиблаи яҳудиён ба сӯи Каъба гардонад» Ҳадиси шариф
Масҷиди Қиблатайн
Нахустин қиблаи мусалмонон Масҷидулақсо буд, ки дар самти шимолу ғарб ҷойгир аст. Он қиблаи яҳудиён низ буд. Яҳудиён бо баҳонаи он ки мусалмонон ба қиблаи мо рӯ меоранд, асҳоби киромро масхара мекарданд. Паёмбари маҳбуби мо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба Ҷаноби Ҳақ дуо карда, хост, ки қиблаи мо Каъбаи муаззама бошад. Вақте ки Сарвари мо Расулуллоҳ дар ин масҷид намози пешинро [ба ривояти дигар, намози асрро] имомат мекард, ояти карима, ки маънояш «ба сӯи Каъба рӯ оред» аст, нозил шуд ва ба сӯи Каъбаи муаззама, ки дар самти ҷанубу шарқ аст, рӯ гардонданд. Аз ин рӯ ин масҷидро Масҷиди Қиблатайн мегӯянд, яъне «масҷиди дуқибла».
