Паёмбари маҳбуби ман

ҒАЗВАИ БАДР

Ин ғазваро Бадри дуюм, Бадри қитол ва Бадри кубро низ мегӯянд. Асҳоби киром дар сарияҳо комёб мешуданд ва ин кофиронро ба тарс андохт. Акнун корвонҳояшон тӯда-тӯда ва бо аскар ба сафар мебаромаданд. Соли дуюми ҳиҷрат мушрикони Макка аз ҳар хонадон сармоя ҷамъ карда, корвони ҳазоршутураро ба Шом равон карданд. Сардори корвон Абӯсуфён буд, ки аз бузургони Макка ба шумор мерафт ва ҳанӯз мусалмон нашуда буд.1 Барои посбонии корвон қариб чил муҳофиз ҳам ҷудо карда буданд… Қарор буд, ки молҳоро фурӯхта, ба ҳамаи пулаш яроқ харанд ва онро дар ҷанг бо мусалмонон истифода баранд.

Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам хабар ёфт, ки мушрикон корвони калонеро барои тиҷорат ба Шом фиристодаанд, ва чанд нафар муҳоҷирро вазифадор кард, ки аз аҳволашон хабар гиранд. Онҳо то ҷое, ки Зулушайра ном дошт, рафтанд, фаҳмиданд, ки корвон гузаштааст, ва ба Мадина баргаштанд. Агар яроқу моли аҳли куфрро аз дасташон мегирифтанд, онҳо ба аҳли ислом зарар расонда наметавонистанд ва муқовиматашон мешикаст. Аз ин рӯ Сарвари мо Расулуллоҳ вазъиятро хуб санҷида, дарҳол ба ҷанг тайёрӣ дидан гирифт.

Ба ҷои худ Абдуллоҳ ибни Умму Мактумро гузошт, то намозро имомат кунад.2 Ҳазрати Талҳа ибни Убайдуллоҳ ва Саид ибни Зайдро ҳамчун гурӯҳи иктишоф фиристод, то аз бозгашти корвон огоҳ шаванд.3 Ҳамсари ҳазрати Усмон сахт бемор буд, барои ҳамин ба ӯ амр фармуд, ки дар Мадина бимонад. Баъд ба чор нафари дигар низ вазифа дод. Ҳамин тавр вазифадорон ҳашт нафар шуданд.

Фурсатро аз даст додан намешуд. Сарвари мо, Паёмбар, зуд тайёрӣ дид, аз муҳоҷирону Ансор сесаду панҷ саҳобиро ҳамроҳ гирифт ва рӯзи дувоздаҳуми рамазони шариф ба сӯи Бадр равон шуд. Бо вазифадорон якҷоя 313 нафар мешуданд.4 Шасту чор нафарашон аз муҳоҷирон буданд.

Бадр ҷое буд, ки роҳҳои Макка, Мадина ва Сурия дар он ба ҳам мепайвастанд.

Ҷавонони наврас ва ҳатто занон ба Сарвари мо, Паёмбар, зорӣ мекарданд, ки ба ин сафар бароянд. Умму Варақа ба ҳузури Сарвари мо Расулуллоҳ омада, гуфт: «Падару модарам фидои ту бод, ё Расулаллоҳ! Агар иҷозат диҳед, мехоҳам бо шумо биёям. Захми ярадоронро мебандам, беморонро нигоҳубин мекунам. Шояд Аллоҳ таъоло ба ман ҳам шаҳодат насиб кунад!» Он гоҳ Ҳабиби акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: «Ту дар хонаат бинишин ва Қуръони карим бихон. Бешубҳа, Аллоҳ таъоло ба ту шаҳодат насиб мекунад.»

«Ту (эй Умму Варақа) дар хонаат бинишин ва Қуръони карим бихон. Бешубҳа, Аллоҳ таъоло ба ту шаҳодат насиб мекунад» Ҳадиси шариф

Масири ғазваи Бадр

Саъд ибни Абӯваққос нақл кард: «Вақте ки Сарвари мо Расулуллоҳ хост кӯдаконеро, ки мехостанд бо мо ба ғазо раванд, баргардонад, дидам, ки бародарам Умайр мекӯшад дар гӯшае пинҳон шавад ва ба чашм наояд. Он вақт ӯ шонздаҳсола буд. Гуфтам: „Туро чӣ шудааст, ки ин тавр пинҳон мешавӣ?“ Гуфт: „Метарсам, ки Сарвари мо Расулуллоҳ маро ҳам хурд дида, баргардонад! Ҳол он ки орзу дорам дар ғазо иштирок кунам ва Аллоҳ таъоло ба ман шаҳодат насиб кунад.“ Дар ин миён, вақте ки ҳоли ӯро ба Сарвари мо Расулуллоҳ хабар доданд, ба бародарам фармуд: „Ту баргард.“ Он гоҳ бародарам Умайр гиря сар кард. Ҳабиби акрам, ки дарёи раҳмат буд, ба ашки ӯ тоб наоварда, иҷозат дод. Ҳол он ки шамшери бародарамро, чун худаш баста наметавонист, ман ба камараш баста будам.»5 Парчами Паёмбари маҳбуби мо, Сарвари оламиёнро Мусъаб ибни Умайр, Саъд ибни Муоз ва ҳазрати Алӣ мебурданд.6 Асҳоби киром ҳамагӣ се аспу ҳафтод шутур доштанд. Як асп аз Миқдод, яке аз Зубайр ва яке аз Марсад ибни Абӯмарсад буд. Ба як шутур ду ё се кас бо навбат савор мешуд. Сарвари мо Расулуллоҳ ҳам бо ҳазрати Алӣ, Абӯлубоба ва Марсад ибни Абӯмарсад бо навбат савор мешуд. Вале ҳама зорӣ мекарданд, ки Расул алайҳиссалом пиёда наравад ва ҳамеша савори шутур бошад: «Ҷонҳои мо фидои ту бод, ё Расулаллоҳ! Шумо аз шутур нафуроед. Ба ҷои зоти волои шумо мо пиёда меравем.» Аммо Султони коинот худро аз онҳо ҷудо намедонист ва фармуд: «На шумо дар пиёда рафтан аз ман тавонотаред ва на ман дар аҷру мукофот аз шумо бениёзу бемуҳтоҷам.» Расули акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва асҳоби олиқадри Ӯ дар биёбон, зери офтоби сӯзон роҳ мерафтанд. Бар замми ин, рӯза доштанд. Асҳоби киром ба хотири паҳн кардани ислом ба сахтиҳои бисёр тоб оварда, бо ишқу шавқ аз паи Сарвари мо, Паёмбар, мерафтанд. Охир дар поёни ин роҳ ризои Аллоҳ таъоло ва Расули Ӯ буд, шаҳодат ва Ҷаннат буд, ки аз таҳти дил орзу мекарданд… Паёмбари маҳбуби мо ба ҳоли асҳобаш нигариста, чунин дуо фармуд: «Илоҳо! Онҳо пиёдаанд, Ту ба онҳо маркаб ато кун! Илоҳо! Онҳо бепӯшоку бараҳнаанд, Ту онҳоро бипӯшон! Илоҳо! Онҳо гуруснаанд, сирашон кун. Камбағаланд, бо фазлу карами Худ онҳоро сарватманд гардон!»

Сарвари мо, Паёмбар, ва лашкари муборакаш дар ҳамин гармии тоқатфарсо ба сӯи Бадр пеш мерафтанд. Корвони мушрикон, ки аз Шом меомад, ҳам ба Бадр наздик шуда буд. Сарвари мо, Паёмбар, ду саҳобиро фиристода буд, то аз корвон хабар гиранд. Онҳо фаҳмиданд, ки корвон дар як-ду рӯз ба Бадр расиданаш мумкин аст, ва зуд баргаштанд. Корвониён ба деҳае расиданд, ки он ду саҳобӣ хабарро дар ҳамон ҷо фаҳмида буданд, ва аз аҳли деҳа пурсиданд: «Аз ҷосусони мусалмонон хабар доред?» Онҳо гуфтанд: «Намедонем. Лекин ду кас омада, ана дар он ҷо каме нишастанд, баъд хеста рафтанд.»

Абӯсуфён ба ҷои нишондодаи онҳо рафта, онро аз назар гузаронд. Саргини шутурро, ки дар замин буд, майда карда, дар дарунаш донакҳои емро дид ва гуфт: «Ин еми Мадина аст; ба гумонам, он ду кас ҷосусони Муҳаммад (алайҳиссалом) мебошанд.» Тахмин кард, ки мусалмонон хеле наздиканд, ва сахт тарсид. Аз оқибати корвон хавотир шуда, қарор дод, ки шабу рӯз роҳ рафта, вақтро аз даст надода, бо соҳили Баҳри Аҳмар зуд ба Макка равад. Ғайр аз ин, Замзам ибни Амри Ғифорӣ ном касеро ба Макка қосид карда фиристод, то аз воқеа хабар диҳад.7

«Илоҳо! Онҳо (асҳоби ман) пиёдаанд, Ту ба онҳо маркаб ато кун! Илоҳо! Онҳо бепӯшоку бараҳнаанд, Ту онҳоро бипӯшон! Илоҳо! Онҳо гуруснаанд, сирашон кун. Камбағаланд, бо фазлу карами Худ онҳоро сарватманд гардон!» Ҳадиси шариф

Ин одам ба Макка расида, куртаашро аз пешу қафо дарронд, палони шутурашро чаппа кард ва бо як ҳоли аҷиб фарёду фиғон бардошт: «Дод! Дод!… Эй қурайшиён! Бирасед!… Муҳаммад ва асҳобаш ба корвони шумо, ба молҳоятон, ки назди Абӯсуфён аст, ҳамла карданд. Агар худро расонед, корвонатонро наҷот дода метавонед!…»

Маккагиён инро шунида, дарҳол ҷамъ шуданд ва тайёрӣ диданд. Ҳафтсад шутурсавор, сад аспсавор ва саду панҷоҳ пиёда ҷамъ карданд. Ба Абӯлаҳаб гуфтанд: «Канӣ, ту ҳам ҳамроҳ шав!» Вай тарсид ва бемориашро баҳона карда, ба ҷои худ Ос ибни Ҳишомро фиристод. Умайя ибни Халаф ном мушрик дар тайёрӣ ба ҷанг хеле сустӣ мекард. Сабаб ин буд, ки шунида буд Сарвари мо, Паёмбар, фармудааст: «Асҳоби ман Умайяро мекушанд.» Вай медонист, ки Ӯ ҳеҷ гоҳ аз ростӣ дур намешавад, ва метарсид. Барои ҳамин ба исрори Абӯҷаҳл баҳона пеш овард, ки пир шудааст ва хеле фарбеҳ аст. Аммо Абӯҷаҳл ӯро ба тарсончакӣ айбдор кард ва вай маҷбур шуд, ки равад.

Лашкари мушрикон қариб ҳазор кас буд. Ҳама зиреҳи оҳанин дар бар доштанд. Ҳамроҳашон занони хушовоз буданд; асбобҳои мусиқӣ ва шаробро ҳам фаромӯш накарда буданд. Гумон мекарданд, ки бо чунин лашкари зӯр сесад нафар он тараф истад, ҳатто лашкари ҳазорнафараро ҳам дар як дам мағлуб мекунанд. Баъзеҳо ҳатто ба роҳ набаромада ҳисоб мекарданд, ки киро мекушанду чӣ қадар ғанимат мегиранд. Аммо орзуи калонтарини ҳамаашон нест кардани ислом буд. Ин тӯдаи саркаши мушрикон зери садои дафҳое, ки занон менавохтанд, ва сурудҳое, ки онҳо мехонданд, ба роҳ баромад.

Ин вақт Абӯсуфён аз Бадр хеле дур шуда, ба тарафи Макка роҳи зиёдеро тай карда буд. Чун дилпур шуд, ки хатар гузашт, одами худ Қайс ибни Имруулқайсро назди Қурайш фиристода, гуфт: «Эй ҷамоати Қурайш! Шумо аз Макка барои он баромада будед, ки корвон, одамон ва молатонро ҳифз кунед. Мо аз хатар халос шудем. Акнун баргардед!…» Боз тавсия кард: «Зинҳор барои ҷанг бо мусалмонон ба Мадина наравед!»

Қайс ин хабарро ба лашкари мушрикон расонд. Абӯҷаҳл гуфт: «Қасам мехӯрам, ки ба Бадр рафта, се шабонарӯз ҷашн мегирем, шутур мекушем ва шароб менӯшем. Қабилаҳои атроф моро тамошо карда, ба ҳоли мо ҳавас мекунанд ва мебинанд, ки мо аз ҳеҷ кас наметарсем. Баъд аз ин аз ҳайбати мо касе ҷуръат намекунад, ки бар мо ҳуҷум кунад. Эй лашкари шикастнопазири Қурайш! Пеш равед…» Қайс дид, ки ба гӯши Абӯҷаҳл сухан намедарояд, ва баргашта, воқеаро ба Абӯсуфён хабар дод. Абӯсуфён одами дурандешу эҳтиёткор буд. Худро дошта натавониста, гуфт: «Вой! Бечора Қурайш!… Ин нақшаи Амр ибни Ҳишом (Абӯҷаҳл) аст. Бешубҳа, ин корро аз ҳаваси сарварӣ бар мардум кардааст. Ҳол он ки чунин саркашӣ ҳамеша камбудии бузург ва шумист. Агар мусалмонон ба онҳо дучор оянд, вой бар ҳоли Қурайш!..»

Абӯсуфён корвонро зуд ба Макка расонду ба лашкар ҳамроҳ шуд. Дар ин миён Сарвари коинот саллаллоҳу алайҳи ва саллам бо асҳобаш ба Бадр наздик мешуд. Як вақт дар байни лашкари ислом Хубайб ибни Ясоф ва Қайс ибни Муҳаррисро дид, ки аз мушрикони Мадина буданд. Хубайб дар сар хӯди оҳанин дошт, вале Ӯ вайро шинохт ва ба ҳазрати Саъд ибни Муоз фармуд: «Магар ин Хубайб нест?» Вай гуфт: «Бале, ё Расулаллоҳ!» Хубайб паҳлавони далере буд ва ҳунари ҷангро медонист. Вай ҳамроҳи Қайс ба ҳузури шарифи Сарвари мо Расулуллоҳ омаданд. Паёмбари мо ба онҳо фармуд: «Шумо чаро бо мо меоед?» Онҳо гуфтанд: «Ту хоҳарзода ва ҳамсояи мо ҳастӣ. Мо ҳам ҳамроҳи қавмамон барои ғанимат ҷамъ кардан меравем!» Сарвари мо ба Хубайб фармуд: «Оё ба Аллоҳ таъоло ва Расули Ӯ имон овардаӣ?» Вай гуфт: «Не.» Расул алайҳиссалом фармуд: «Пас баргард! Касе, ки бар дини мо нест, бо мо буда наметавонад.» Хубайб гуфт: «Ҳама медонанд, ки ман марди далеру қаҳрамонам, паҳлавоне ҳастам, ки синаи душманро мешикофад. Барои ғанимат дар паҳлӯи ту бо душманат меҷангам.» Сарвари мо, Паёмбар, ёрии ӯро қабул нафармуд.

Каме роҳ рафтанду Хубайб хоҳишашро такрор кард. Аммо Паёмбари мо фармуд, ки то мусалмон нашавад, хоҳишаш қабул намешавад. Чун ба ҷое расиданд, ки Равҳо ном дошт, Хубайб ба ҳузури Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам омада, гуфт: «Ё Расулаллоҳ! Бовар кардам, ки Аллоҳ таъоло Парвардигори оламиён аст, ва ба паёмбарии ту бовар кардам, имон овардам.» Сарвари коинот хеле шод шуд. Қайс низ пас аз бозгашт ба Мадина ба шарафи имон мушарраф шуд (разияллоҳу анҳ).

Лашкари ислом ба водии Сафро расида буд, ки хабар омад: маккагиён лашкар ороста, барои халос кардани корвонашон ба сӯи Бадр меоянд. Сарвари мо, Паёмбар, асҳобашро ҷамъ карда, дар ин бора бо онҳо маслиҳат кард; зеро мусалмонони Мадина, вақте ки дар Ақаба бо Сарвари мо Расулуллоҳ байъат карданд, ваъда дода буданд: «Ё Расулаллоҳ! Ту ба шаҳри мо биё. Дар он ҷо, агарчи ба баҳои ҷонамон бошад, туро аз душманат ҳимоя мекунем ва ба ту пайравӣ менамоем.» Ҳоло бошад, аз Мадина берун баромада буданд. Дар пешашон лашкари калони душман меистод, ки аз ҷиҳати шумора, яроқ ва мол аз онҳо чандин баробар зиёд буд.

Сарвари мо Расулуллоҳ аз асҳобаш фикрашонро суол фармуд. Аз муҳоҷирон Абӯбакри Сиддиқ ва Умари Форуқ ҳар кадом алоҳида бархоста, гуфтанд, ки бо лашкари душман ҷангидан лозим аст. Баъд боз аз муҳоҷирон Миқдод ибни Асвад бархоста, гуфт: «Ё Расулаллоҳ! Амри Аллоҳ таъоло ҳар чӣ бошад, онро ба ҷо овар. Бо фармони Ӯ пеш рав. Мо ҳар лаҳза бо ту ҳастем, як лаҳза аз паҳлӯят ҷудо намешавем. Мо монанди Бани Исроил, ки ба Мусо алайҳиссалом гуфта буданд: „Эй Мусо! То даме ки қавми ҷабборону золимон дар он сарзамин бошанд, мо ба он ҷо намеравем ва ҳаргиз ба он диёр дохил намешавем. Пас ту ва Парвардигорат якҷоя биравед ва ҳар дуятон бо онҳо набард кунед, биҷангед; мо ҳамин ҷо монда, менишинем…“8 чунин сухане намегӯем. Ҷону сари худро дар роҳи Аллоҳ таъоло ва Расули Ӯ фидо мекунем. Ба Аллоҳ таъоло, ки туро ба паёмбарии барҳақ фиристодааст, қасам мехӯрем, ки агар моро ба он сӯи дарё, ба Ҳабашистон ҳам бифиристӣ, боз меравем. Ҳаргиз ба ту дар хурдтарин чиз ҳам мухолифат намекунем. Барои ба ҷо овардани ҳар хоҳиши шумо тайёрем. Падару модарам ва ҷонам фидои ту бод, ё Расулаллоҳ…»

«Касе, ки бар дини мо нест, бо мо буда наметавонад» Ҳадиси шариф

Ғазваи Бадр

Суханони Миқдод Паёмбари маҳбуби моро беандоза хурсанд кард ва Ӯ дар ҳаққи вай дуои хайр фармуд.9

Ин ҷо фикри мусалмонони Мадина аҳамияти калон дошт: онҳо ҳам аз ҷиҳати шумора бештар буданд, ҳам ваъда дода буданд, ки Расулуллоҳро дар Мадина ҳифз мекунанд. Дар бораи берун аз Мадина ҷангидан ваъда надода буданд. Аз Ансор Саъд ибни Муоз ба ин маънӣ сарфаҳм рафта, аз ҷой бархост ва гуфт: «Ё Расулаллоҳ! Агар иҷозат диҳед, аз номи Ансор сухан гӯям.» Иҷозат ёфта, гуфт: «Ё Расулаллоҳ! Мо ба ту имон овардем, паёмбариятро тасдиқ кардем. Ҳар чӣ овардаӣ, ҳақ ва дуруст аст. Дар ин бора ба ту ваъдаи қатъӣ дода, қасам хӯрдем, ки бишнавем ва итоат кунем. Мо ҳаргиз аз он ваъдаамон барнамегардем ва ба ҳар ҷое, ки ташриф баред, дар хизмати фармони шумоем. Амри шуморо бар сари худ мегузорем. Ҷону сари худро дар роҳи ту фидо мекунем. Ба Аллоҳ таъоло, ки туро ба паёмбарии барҳақ фиристодааст, қасам мехӯрем, ки агар ба дарё ғӯта занӣ, мо низ аз паси ту ғӯта мезанем. Ҳеҷ яке аз мо ҳатто як қадам ақиб намемонад. Ҳар чӣ дар хотири шарифи шумост, амр фармоед, то ба ҷо орем. Моли мо низ якҷоя бо ҷонҳоямон фидои ту бод. Ҳаргиз аз душман рӯ намегардонем. Дар ҷанг собирем. Умеди мо шод кардани ту ва расидан ба ризои туст. Раҳмати Аллоҳ таъоло бар шумо бод…» Асҳоби киром ин суханонро шунида, сахт ба ҷӯш омаданд. Ҳама гуфтанд, ки аз таҳти дил ба ин суханон шариканд. Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам хеле хушнуд шуд ва ҳазрати Саъд ва асҳобашро дуо фармуд. Акнун ҳеҷ дудилагӣ намонда буд. Душман ҳар қадар бисёру зӯр бошад ҳам, асҳоби номвар аз паи Паёмбари маҳбуби мо мижа назада ба сӯи шаҳодат мерафтанд ва ризои Аллоҳ таъоло ва Расули Ӯро ба даст меоварданд. То Сарвари коинот пешопешашон буд, ҷое набуд, ки онҳо нараванд… Фахри олам садоқату ҳаяҷони асҳобашро дида, ба онҳо мужда дод: «Пеш равед! Бо лутфи Аллоҳ таъоло шод бошед. Валлоҳи, гӯё ман ҳоло ба ҷойҳое аз майдони ҷанг менигарам, ки қавми Қурайш дар он ҷо зарба хӯрда меафтанд, ва онҳоро мебинам!» Ин муждаро шунида, асҳоби киром бо ишқ аз паи Сарвари мо Расулуллоҳ равон шуданд.

Ба ёрӣ омадани фариштагон

Ба гирду атрофи Бадр шаби ҷумъа расиданд. Паёмбари маҳбуби мо ба асҳобаш фармуд: «Умедворам, ки аз сари он чоҳе, ки дар паҳлӯи ин теппаи хурд аст, баъзе хабарҳо ба даст оред.» Асадуллоҳ ҳазрати Алӣ, Саъд ибни Абӯваққос, Зубайр ибни Аввом ва чанд нафари дигар аз асҳобашро ба он ҷо фиристод. Ҳазрати Алӣ ва ҳамроҳонаш дарҳол ба сари чоҳ рафтанд. Он ҷо шутурбонону обкашони Қурайшро диданд. Онҳо мусалмононро дида, рӯ ба гурез ниҳоданд, вале ду нафарашон ба даст афтод. Яке ғуломи Бани Ҳаҷҷоҷ Аслам, дигаре ғуломи Бани Ос ибни Саид Ариз Абӯясор буд.

Онҳоро ба ҳузури Сарвари мо, Паёмбар, оварданд. Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба онҳо фармуд: «Қурайш куҷост?» Ҷавоб доданд: «Дар пушти ҳамон теппаи регие, ки менамояд, фуромадаанд.» Сарвари мо фармуд: «Қурайш чанд нафаранд?» Гуфтанд: «Намедонем.» Суол фармуд: «Ҳар рӯз чанд шутур мекушанд?» Гуфтанд: «Як рӯз нӯҳто, як рӯз даҳто.» Он гоҳ Сарвари мо, Паёмбар, фармуд: «Аз ҳазор камтар ва аз нӯҳсад зиёдтаранд.» Боз фармуд: «Аз ашрофи Қурайш киҳо ҳастанд?» Онҳо гуфтанд: «Утба, Шайба, Ҳорис ибни Амр, Абулбахтарӣ, Ҳаким ибни Ҳизом, Абӯҷаҳл, Умайя ибни Халаф…» Сарвари мо Расулуллоҳ рӯ ба асҳобаш карда фармуд: «Аҳли Макка ҷигарпораҳои худро ба шумо фидо кардаанд.» Сипас ба он ду нафар фармуд: «Вақте ки меомадед, аз Қурайш касе баргашт?» Онҳо ҷавоб доданд: «Бале. Аз Бани Зуҳра Ахнас ибни Абӯшариқ баргашт.» Сарвари мо фармуд: «Вай, бо вуҷуди он ки худ дар роҳи рост нест ва на охиратро медонад, на Аллоҳ таъолоро ва на китобро, Бани Зуҳраро ба роҳи рост ҳидоят кардааст… Ғайр аз онҳо боз касе баргашт?» Ҷавоб доданд: «Бани Адӣ ибни Каъб баргаштанд.»10

«Ё Расулаллоҳ! Амри Аллоҳ таъоло ҳар чӣ бошад, онро ба ҷо овар. Бо фармони Ӯ пеш рав. Мо ҳар лаҳза бо ту ҳастем, як лаҳза аз паҳлӯят ҷудо намешавем» Миқдод ибни Асвад (разияллоҳу анҳ)

Сарвари мо, Паёмбар, ҳазрати Умарро бо таклифи сулҳ назди қурайшиён фиристод, то онҳоро бори охир огоҳ кунад. Умар ибни Хаттоб ба онҳо гуфт: «Эй қавми якрав! Расул алайҳиссалом мефармояд: „Ҳама аз ин кор даст кашанд ва ба саломатӣ баргарданд. Зеро ҷангидан бо касоне ғайр аз шумо барои ман аз ҷангидан бо шумо писандидатар аст!…“»

Ин таклифро шунида, яке аз мушрикони Қурайш Ҳаким ибни Ҳизом пеш баромад ва гуфт: «Эй ҷамоати Қурайш! Муҳаммад бо шумо хеле боинсофона муомила кард. Хоҳишашро дарҳол қабул кунед. Агар гуфтаашро накунед, қасам мехӯрам, ки минбаъд ба шумо ҳеҷ инсоф намекунад!…» Абӯҷаҳл аз ин сухани Ҳаким ба ғазаб омада, гуфт: «Инро ҳаргиз қабул намекунем ва то аз мусалмонон қасос нагирем, барнамегардем, то дигар касе ба корвони мо даст дароз карда натавонад.» Ҳамин тавр вай роҳи сулҳро баст. Ҳазрати Умар баргашт.

Он шаб Сарвари мо, Паёмбар, ва асҳоби номвараш аз мушрикон пештар ба Бадр расида, дар наздикии чоҳҳо фуромаданд. Сарвари мо, Паёмбар, бо асҳобаш маслиҳат карда, суол фармуд, ки ба фикрашон лашкаргоҳро дар куҷо бояд зад. Аз байни онҳо Ҳубоб ибни Мунзир, ки он вақт ҳамагӣ сию сесола буд, аз ҷо хеста, иҷозати сухан хост. Иҷозат ёфта, пурсид: «Ё Расулаллоҳ! Оё ин ҷоест, ки Аллоҳ таъоло барои барпо кардани лашкаргоҳ ба шумо амр фармудааст ва ҳатман бояд дар он монд? Ё ин ки ба раъйи шахсӣ ва ҳамчун тадбири ҷангӣ интихоб шудааст?» Сарвари мо, Паёмбар, фармуд: «Не! Ин ҷо ҳамчун тадбири ҷангӣ интихоб шудааст.»

Он гоҳ ҳазрати Ҳубоб гуфт: «Падару модарам ва ҷонам фидои ту бод, ё Расулаллоҳ!

Мо аҳли ҷангем. Ин атрофро ҳам хуб мешиносем. Дар чоҳе, ки наздики ҷои фуруд омадани қурайшиён аст, оби ширин ва фаровон ҳаст. Агар иҷозат диҳед, он ҷо фуруд оем. Ҳамаи чоҳҳои атрофро бандем. Баъд ҳавзе сохта, онро пур аз об кунем. Ҳангоми ҷангидан бо душман ҳар гоҳ ташна шавем, омада аз ҳавзи худ об менӯшем; душман бошад, об намеёбад ва аз по меафтад.»11 Ҳамон лаҳза Ҷабраил алайҳиссалом ваҳй овард, ки ин фикр дуруст аст. Сарвари мо, Паёмбар, фармуд: «Эй Ҳубоб! Раъйи дуруст ҳамон аст, ки ту ишора кардӣ» ва аз ҷой хест. Ҳама якҷоя ба сари ҳамон чоҳ рафтанд. Ба ҷуз чоҳи обаш ширин ҳамаи чоҳҳои дигарро бастанд ва ҳавзи калоне сохтанд. Онро аз об пур карда, барои нӯшидан зарфҳо монданд.

Ҳамин вақт ҳазрати Саъд ибни Муоз ба ҳузури шарифи Сарвари мо, Паёмбар, омада, таклиф кард: «Ё Расулаллоҳ! Аз шохи хурмо ба ту соябоне созем, ки дар тагаш шинӣ?» Фахри олам аз ин андешаи Саъд хушнуд шуд ва барояш дуо фармуд. Дарҳол соябоне сохтанд. Султони анбиё бо асҳоби бошарафаш майдони ҷангро давр зада, аз назар гузаронд. Гоҳ-гоҳ меистоду бо дастони муборакаш ҷойҳои кушта шудани мушрикони Қурайшро як-як нишон дода, мефармуд: «Иншоаллоҳ, фардо субҳ ҷое, ки фалонӣ зарба хӯрда меафтад, ин ҷост! Иншоаллоҳ, фардо субҳ ҷое, ки фалонӣ зарба хӯрда меафтад, ин ҷост! Ана ҳамин ҷо! Ҳамин ҷо!..»

Баъдтар ҳазрати Умар инро чунин хабар додааст: «Дидам, ки ҳар кадоми онҳо расо дар ҳамон ҷое, ки Расули акрам дасти муборакашро гузошта буд, зарба хӯрда, кушта шуд; на андак пештар буданд, на андак қафотар.»

Сарвари оламиён саллаллоҳу алайҳи ва саллам асҳоби киромро ба се гурӯҳ ҷудо кард. Парчами муҳоҷиронро ба Мусъаб ибни Умайр, парчами авсиёнро ба Саъд ибни Муоз ва парчами хазраҷиёнро ба Ҳубоб ибни Мунзир дод. Ҳар гурӯҳ зери парчами худ ҷамъ шуд.12 Сарвари мо лашкарро саф оронда, ба тартиб овард.

Лашкарро ба тартиб меоварду бо чӯбе, ки дар дасти муборакаш буд, ба синаи Савод ибни Ғазия, ки аз саф пеш баромада буд, расонда, фармуд: «Ба саф биё, эй Савод!» Савод гуфт: «Ё Расулаллоҳ! Чӯби дастатон ҷонамро дард кунонд. Ба ҳаққи Аллоҳ таъоло, ки туро бо дини ҳақ, бо Китоб ва адолат фиристодааст, ман ҳам мехоҳам ҳамин тавр бо чӯб ба шумо расонам.» Ҳамаи асҳоби киром аз ин сухани ӯ ҳайрон монданд. Магар аз Сарвари коинот қасос талаб кардан мешавад? Магар чунин кор кардан мумкин аст? Сарвари мо Расулуллоҳ пеши куртаи муборакашро кушода, фармуд: «Биё, қасос гир ва ҳаққатро ситон.» Ҳазрати Савод бо як ҷаҳон шодиву муҳаббат синаи мубораки Ҳабиби акрам саллаллоҳу алайҳи ва салламро бӯсид.

Ҳама қасосро интизор буданд; ин манзараро дида, ба бародарашон Савод қоил шуданд ва ба ҳолаш ҳавас бурданд. Паёмбари маҳбуби мо ба ӯ фармуд: «Чаро чунин кардӣ?» Савод гуфт: «Падару модарам ва ҷонам фидои ту бод, ё Расулаллоҳ! Имрӯз мебинам, ки ба амри Аллоҳ таъоло аҷалам расидааст ва метарсам, ки аз зоти волои шумо ҷудо шавам. Аз ин рӯ орзу кардам, ки дар ин дақиқаҳои охире, ки бо ҳам ҳастем, лабонам ба ҷисми муборакатон бирасад. Хостам, ки ин василае бошад, то шумо дар рӯзи қиёмат маро шафоат кунед ва ҳамин тавр аз азоб наҷот ёбам.» Ин муҳаббати ӯ ба Сарвари мо, Паёмбар, низ сахт таъсир кард ва барои ҳазрати Савод дуо фармуд.

Ҷиноҳи рости лашкари мубораки исломро муҷоҳиди қаҳрамон Зубайр ибни Аввом ва ҷиноҳи чапро Миқдод ибни Асвад бояд фармондеҳӣ мекарданд.13

Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам хост бо асҳоби бошарафаш маслиҳат кунад, ки ҷангро чӣ тавр сар мекунанд, ва фармуд: «Чӣ тавр меҷангед?» Осим ибни Собит камону тир дар даст аз ҷо хест ва фикрашро гуфт: «Ё Расулаллоҳ! Қурайшиён ки то сад метр барин ба мо наздик шуданд, онҳоро тирборон мекунем. Баъд, ҳамин ки ба масофаи сангпартоӣ расиданд, бо даст санг мепартоем. Он қадар наздик оянд, ки найза расад, то шикастани найзаҳоямон бо найза меҷангем. Баъд шамшер кашида, дармеафтем!» Ин тадбир ба Сарвари мо, Паёмбар, маъқул шуд ва ба асҳобаш чунин дастур дод: «Сафҳои худро тарк накунед. Бе ҷунбиш дар ҷойҳои худ собит истед. То ман амр надиҳам, ҷангро сар накунед. Тирҳои худро пеш аз он ки душман ба шумо наздик шавад, ба кор бурда, исроф накунед. Вақте ки душман сипарашро кушояд, тир андозед. Вақте ки душман хеле наздик ояд, бо даст санг партоед. Вақте ки наздик шуданд, найзаҳоятонро ба кор баред. Вақте ки бо душман сина ба сина шудед, бо шамшерҳоятон биҷангед…»

«Иншоаллоҳ, фардо субҳ ҷое, ки фалонӣ зарба хӯрда меафтад, ин ҷост! Иншоаллоҳ, фардо субҳ ҷое, ки фалонӣ зарба хӯрда меафтад, ин ҷост! Ана ҳамин ҷо! Ҳамин ҷо!..» Ҳадиси шариф

Сипас посбонон гузоштанд ва асҳоби киром ба истироҳат рафтанд. Бо ҳикмати Аллоҳ таъоло онҳоро чунон хоби сахт бурд, ки пилки чашм бардошта наметавонистанд. Сарвари мо, Паёмбар, ба соябоне, ки аз шохи хурмо сохта буданд, даромад; ҳазрати Абӯбакр ва баъд Саъд ибни Муоз шамшер кашида, дар даҳани соябон посбонӣ карданд. Паёмбари маҳбуби мо саллаллоҳу алайҳи ва саллам дастҳои муборакашро бардошта, бо дили пурғусса ба Аллоҳ таъоло илтиҷо кардан гирифт: «Ё Раббӣ! Агар Ту ин як мушт ҷамоатро ҳалок кунӣ, дигар дар рӯи замин ба Ту ҳеҷ ибодат карда намешавад…» Ин дуои пурсӯз то субҳ давом кард.

Лашкари мубораки ислом дар регзор фуромада буд. Аз ин сабаб роҳ гаштан душвор буд, пойҳо ба рег меғӯтиданд. Бо эҳсони Аллоҳ таъоло ва аз баракати дуои Сарвари мо Расулуллоҳ ҳамон шаб борон сар шуд ва торафт сахттар борид; сел чунон омад, ки аз ҷӯйҳо лабрез мешуд. Зарфҳоро аз об пур карданд, замин бошад, чунон сахт шуд, ки пой дигар намеғӯтид.

Мушрикон бошанд, дар миёни лою сел монданд.

Пас аз субҳи содиқ Сарвари мо Расулуллоҳ асҳобашро барои намоз бедор кард.

Намози бомдодро имомат карда, аз фазилати ҷиҳод бо душман ва шаҳодат сухан ронд ва онҳоро ба ҷанг ташвиқ намуд. Фармуд: «Бешубҳа, Аллоҳ таъоло ба ҳақу дуруст амр мекунад. Амали ҳеҷ касро, ки барои ризои Аллоҳ таъоло карда нашуда бошад, қабул намекунад… Кӯшиш кунед, ки амри Парвардигори моро, ки дар ин ҷойҳо ба шумо раҳмат ва мағфирати Худро ваъда додааст, ба ҷо оред ва аз имтиҳон гузаред! Зеро ваъдаи Ӯ ҳақ, сухани Ӯ рост ва ҷазои Ӯ сахт аст. Ману шумо ба Аллоҳ таъоло, ки Ҳайю Қайюм аст, вобастаем. Ба Ӯ паноҳ бурдем, ба Ӯ чанг задем, ба Ӯ таваккал кардем. Бозгашти охирини мо низ ба сӯи Ӯст. Аллоҳ таъоло ман ва ҳамаи мусалмононро биёмурзад!..»

Офтоби рӯзи ҷумъа, ҳабдаҳуми рамазони шариф баромад. Каме пас бераҳмтарин, нобаробартарин, муҳимтарин ва бузургтарин ҷанги таърих сар мешуд…

Дар як тараф Фахри олам саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва як мушт асҳоби бошарафаш меистоданд, ки ҷонашонро заррае дареғ намедоштанд. Дар тарафи дигар тӯдаи кофирони саркашу аз ҳад гузашта буд; онҳо ҷамъ омада буданд, то исломро дар як қошуқ об ғарқ кунанд ва паёмбареро, ки шарафи Ҳабиби Аллоҳ таъоло буданро дошт, нест кунанд. Афсӯс, ки дар байнашон хешовандони Расули акрам ҳам буданд. Онҳо низ ба Бадр омада буданд, то бо ҷияни азизашон ҷанг кунанд.

Сарвари мо, Паёмбар, тартиби лашкарашро боз як бор аз назар гузаронд ва дастурҳои додаашро такрор фармуд. Ҳамин вақт мушрикони Қурайш аз лашкаргоҳашон баромада, ба сӯи водии Бадр рехтан гирифтанд. Аксарашон зиреҳпӯш буданд. Бо як ҷаҳон ғуруру такаббур ба лашкари ислом ҳуҷум оварданд. Сарвари мо Расулуллоҳ мушриконро дар ин ҳол дида, ҳамроҳи ҳазрати Абӯбакр ба хайма даромад ва дастони муборакашро бардошта, ба Ҷаноби Ҳақ илтиҷо кардан гирифт: «Ё Раббӣ! Инак, мушрикони Қурайш бо тамоми ғуруру кибрашон меоянд!… Бо Ту даъвои муқобила мекунанд ва Паёмбари Туро дурӯғгӯ мешуморанд. Илоҳо! Аз Ту мехоҳам, ки ваъдаи ёрӣ ва зафареро, ки ба ман додаӣ, ба ҷо орӣ!… Илоҳо! Агар ҳалокати ин як мушт мусалмонро бихоҳӣ, пас аз ин касе намемонад, ки Туро ибодат кунад!…»

Ҳамин тавр беист, такрор ба такрор мадад хоста, ба Аллоҳ таъоло илтиҷо мекард. Ин илтиҷои бағоят ҳазину ҷигарсӯзи Сарвари мо, Паёмбар, то он дам давом кард, ки Ӯ аз худ бехуд шуд ва ридояш аз китфи муборакаш афтод. Ҳазрати Абӯбакр ба ин зории пурсӯз тоб наовард. Ридои муборакро бо эҳтироми зиёд аз замин бардошта, ба китфи мубораки Сарвари мо гузошту чунин тасаллӣ дод: «Ҷонам фидои ту бод, ё Расулаллоҳ! Ин қадар илтиҷо кофист!… Дар дуо ба Парвардигорат хеле исрор фармудед! Бешубҳа, Аллоҳ таъоло зафареро, ки ба ту ваъда додааст, ба зудӣ ато хоҳад кард.» Дар ҳамон лаҳза Сарвари оламиён ин оёти каримаро хонда, аз хайма берун омад; маънои онҳо чунин аст: «Ин гурӯҳ (дар Бадр) ба зудӣ, бешубҳа, шикаст хӯрда, мағлуб хоҳад шуд ва пушт гардонида хоҳанд гурехт. Балки вақти аслии азоби онҳо қиёмат аст. Азоби он вақт даҳшатноктар ва талхтар аст.»14

Паёмбари маҳбуби мо дар пешопеши лашкараш истод. Ба асҳоби номвараш ин оёти каримаро хонд: «Эй касоне, ки имон овардаед! Вақте ки бо гурӯҳе аз душман рӯ ба рӯ шавед, собитқадам бошед ва Аллоҳ таъолоро бисёр ёд кунед, то наҷот ёбед… Ҳамин тавр умед аст, ки ба фалоҳ расед. Аз Аллоҳ ва Расули Ӯ итоат кунед. Дар миёни худ ихтилоф накунед, ки ноком мешавед ва савлате (қувват ва нерӯе) ки дар даст доред, аз байн меравад. Сабр кунед; зеро Аллоҳ таъоло бо собирон аст.»15

Ин аввалин ҷанге буд, ки бо душман ҳама якҷоя мекарданд. Ҷанг ҳамин дам сар мешуд. Ҳаяҷон ба авҷ расида буд. Вақте ки Расули акрам ояти каримаро хонд, ки маънояш чунин аст: «Аллоҳ таъолоро бисёр ёд кунед…», ҳамаи асҳоби киром якҷоя «Аллоҳу акбар!… Аллоҳу акбар!…» гуфтан ва аз Ҷаноби Ҳақ илтиҷо кардан гирифтанд, ки зафар ато фармояд. Акнун танҳо ишораи Сарвари мо, Паёмбарро интизор буданд. Одати он замон чунин буд: пеш аз он ки ду лашкар ба ҳам занад, аз ҳар ду тараф паҳлавонон ба майдон баромада, бо ҳам меҷангиданд. Дар ин задухӯрд қаҳру ғазаб ва шавқи ҷанг дар ҳар ду тараф зиёд мешуд, барои ҷанг гарм мешуданд. Яке аз мушрикон Омир ибни Ҳазрамӣ ба ин қоида нигоҳ накарда, онро зери по кард ва ба лашкари ислом тир андохт. Тир ба Миҳҷаъ, ки аз муҳоҷирон буд, расид. Вай шаҳид шуд ва рӯҳи муборакаш ба Ҷаннат боло рафт. Сарвари паёмбарон дар бораи ин нахустин шаҳид «Миҳҷаъ сарвари шаҳидон аст» фармуда, мужда дод. Асҳоби киром дигар дар ҷояшон қарор намегирифтанд. Вале то амри Сарвари мо нашавад, заррае ҷунбида наметавонистанд.

«Ё Раббӣ! Инак, мушрикони Қурайш бо тамоми ғуруру кибрашон меоянд!… Бо Ту даъвои муқобила мекунанд ва Паёмбари Туро дурӯғгӯ мешуморанд. Илоҳо! Аз Ту мехоҳам, ки ваъдаи ёрӣ ва зафареро, ки ба ман додаӣ, ба ҷо орӣ!…» Ҳадиси шариф

Дили ҳар кадомашон чун вулқон ба ҷӯш омад!..

Ҳамин вақт аз лашкари мушрикон се кас пеш тохт. Инҳо аз Бани Рабиа буданд, душманони ашаддии ислом: Утба, бародараш Шайба ва писараш Валид. Ба тарафи муҷоҳидон нидо карданд: «Дар байни шумо касе ҳаст, ки бо мо ҷангида тавонад?» Аз асҳоби киром аз ҳама аввал ҳазрати Абӯҳузайфа пеш рафт, то бо падараш Утба ҷангад, вале Султони оламиён ба ӯ фармуд: «Ту ист!» Он гоҳ аз муҷоҳидони Мадина писарони Афро хотун – Муоз ва Муаввиз – ва Абдуллоҳ ибни Равоҳа пеш баромаданд. Рӯ ба рӯи Утба, Шайба ва Валид истода, шамшер дар даст тайёр меистоданд.

Мушрикон «Шумо киҳоед?» гуфта, хостанд, ки худро шиносонанд. Онҳо гуфтанд: «Аз мусалмонони Мадинаем.» Мушрикон гуфтанд: «Мо бо шумо кор надорем! Ба мо фарзандони Абдулмутталиб даркоранд. Бо онҳо ҷангидан мехоҳем.» Баъд ба тарафи лашкари ислом рӯ оварда, дод заданд: «Эй Муҳаммад! Ба муқобили мо аз қавми худамон касонеро барор, ки ҳамтои мо бошанд!»

Расули акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам ин се саҳобии далерро, ки дар майдон буданд, дуо кард ва амр фармуд, ки ба ҷояшон баргарданд. Баъд ба асҳобаш як назар афканда, фармуд: «Эй Бани Ҳошим! Бархезед! Дар роҳи Ҳақ бо касоне биҷангед, ки омадаанд, то нури Аллоҳ таъолоро бо динҳои ботилашон хомӯш кунанд; зеро Аллоҳ таъоло Паёмбари шуморо низ барои ҳамин фиристодааст. Бархез, эй Убайда! Бархез, эй Ҳамза! Бархез, эй Алӣ!»

Шерони Аллоҳ таъоло – ҳазрати Ҳамза, ҳазрати Алӣ ва ҳазрати Убайда – хӯд ба сар ниҳода, ба майдон баромаданд. Чун рӯ ба рӯяшон истоданд, мушрикон гуфтанд: «Шумо киҳоед? Агар ҳамтои мо бошед, бо шумо меҷангем.» Онҳо ҷавоб доданд: «Ман Ҳамзаам! Ман Алиам! Ман Убайдаам!» Мушрикон гуфтанд: «Шумо ҳам мисли мо одамони бошарафед. Розием, ки бо шумо ҷангем.» Муҷоҳидони қаҳрамони ислом аввал мушриконро ба имон даъват карданд, аммо онҳо қабул накарданд. Он гоҳ ҳар се якбора шамшер кашида, ба мушрикон дарафтоданд. Ҳазрати Ҳамза ва ҳазрати Алӣ кофирон Утба ва Валидро бо як зарб куштанд. Ҳазрати Убайда Шайбаро захмӣ кард, Шайба ҳам Убайдаро. Ҳазрати Ҳамза ва ҳазрати Алӣ ба мадади Убайда расида, Шайбаро дар ҳамон ҷо куштанд. Ҳазрати Убайдаро бардошта, ба ҳузури Сарвари мо Расулуллоҳ оварданд.16 Аз буғуми пои мубораки ҳазрати Убайда ибни Ҳорис хуну мағзи устухон ҷорӣ буд. Вай ба ин ҳолаш ҳеҷ парво накарда, пурсид: «Ҷонам фидои ту бод, ё Расулаллоҳ! Агар бо ҳамин ҳол бимирам, магар шаҳид нестам?» Сарвари мо, Паёмбар, фармуд: «Бале, ту шаҳидӣ» ва ба ӯ мужда дод, ки аз аҳли Ҷаннат аст. (Ҳазрати Убайда разияллоҳу анҳ ҳангоми бозгашт аз ҷанг дар ҷое бо номи Сафро вафот кард.) Мушрикон дар ин задухӯрд се одами муҳимашонро аз даст дода, саросема шуданд. Бо вуҷуди ин, Абӯҷаҳл мехост рӯҳи лашкарашро бардорад ва тасаллӣ доданӣ шуда мегуфт: «Ба марги Утба, Шайба ва Валид нигоҳ накунед, онҳо дар ҷанг шитоб карда, беҳуда мурданд! Қасам мехӯрам, ки то мусалмононро дастгир карда, бо ресмон набандем, барнамегардем!…» Асҳоби кироми қаҳрамон бошанд, бесаброна мунтазир буданд, ки ҳар чӣ зудтар ин тӯдаи мушриконро бо шамшер ҷазо диҳанд. Сарвари мо, Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам, бошад, ин дуоро, ки аз забони муборакаш намеафтод, такрор мекард: «Илоҳо! Ваъдаеро, ки ба ман додӣ, ба ҷо овар!.. Илоҳо! Агар ин як мушт ҷамоати исломро ҳалок кунӣ, дигар дар рӯи замин касе намемонад, ки Туро ибодат кунад!…»

Ҳамин вақт аз сафи мушрикон писари ҳазрати Абӯбакр Абдурраҳмон, ки ҳанӯз мусалмон нашуда буд ва аз далертарину мергантарин тирандозони Қурайш ба шумор мерафт, ба майдон баромада, ҳариф талабид. Дар гармои нисфирӯзии моҳи июл аз сафи муҷоҳидон ҳам касе дарҳол даст ба шамшер бурда, пеш баромад. Ин кас қаҳрамон ҳазрати Абӯбакр буд, ки шарафи аввалин мусалмон шудан ва мақоми сиддиқиро дорад ва баъд аз паёмбарон бартарини инсонҳост… Вай ба ҷанги писари худ пеш тохта буд. Аммо Сарвари оламиён ба ӯ фармуд: «Эй Абӯбакр! Магар намедонӣ, ки ту барои ман ба ҷои чашми бинову гӯши шунавои ман ҳастӣ? Аз паҳлӯи ман дур машав! Ҳар душворие, ки ба тан ва дили ман мерасад, бо дидани рӯи муборакат сабук мешавад. Бо ту дилам қувват мегирад.»

Бо ҳамин ӯро аз ҷанг боздошт. Абӯбакри Сиддиқ худро дошта натавониста, ба писараш гуфт: «Эй палид! Робитаи ту бо ман куҷо монд?»

Баъд Султони анбиё, Ҳабиби акрам, хам шуда, аз замин як мушт рег гирифт. Онро ба тарафи душман пошида, фармуд: «Рӯяшон сиёҳ бод!.. Илоҳо! Ба дилҳояшон тарс ва ба пойҳояшон ларза андоз!» ва рӯ ба асҳобаш карда, амр фармуд: «Ба ҳамла бархезед!.. Ҳуҷум кунед!» Асҳоби номвар мунтазири як ишора буданд ва мувофиқи дастурҳои пештара ба ҳаракат даромаданд. Дар зери нидоҳои «Аллоҳу акбар!… Аллоҳу акбар!…» тирҳо виззос зада мепариданд, сангҳо ба нишон мерасиданд, найзаҳо ба зиреҳҳо мехӯрданд… Шерони Аллоҳ таъоло: ҳазрати Ҳамза бо ду шамшер – дар ҳар дасташ якто – меҷангид; ҳазрати Алӣ, ҳазрати Умар, Зубайр ибни Аввом, Саъд ибни Абӯваққос, Абӯдуҷона17 ва Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш аз як сари сафи мушрикон даромада, аз сари дигараш мебаромаданд ва кофиронро гаранг мекарданд. Ҳар кадомашон як қалъаи гузарнопазир шуда буд. Садоҳои «Аллоҳу акбар!… Аллоҳу акбар!…» оламро пур карда буд ва бузургии шаъни Аллоҳ таъоло монанди гурзе бар сари кофирон фуруд меомад. Сарвари мо, Паёмбар, ба Аллоҳ таъоло илтиҷо карда, мефармуд: «Ё Ҳайю! Ё Қайюм! Ё Ҳайю! Ё Қайюм!» Ҳазрати Алӣ гуфтааст: «Дар Бадр аз ҳамаи мо ҷасуртарин ва қаҳрамонтарин Расул алайҳиссалом буд. Наздиктарин кас ба сафҳои мушрикон ҳам Ӯ буд. Вақте ки ба тангӣ меафтодем, ба Ӯ паноҳ мебурдем.»

Мушрикон сардорашон Абӯҷаҳлро ба миён гирифтанд. Аз байни худ якеро мисли Абӯҷаҳл либос пӯшонда, ба ӯ монанд карданд. Номи ин бенасиб Абдуллоҳ ибни Мунзир буд. Ҳазрати Алӣ ба Абдуллоҳ ҳамла кард ва дар пеши чашми Абӯҷаҳл сарашро аз тан ҷудо кард. Баъд Абӯқайсро ҳамон хел либос пӯшонданд. Вайро ҳазрати Ҳамза кушт.

Ҳазрати Алӣ бо мушрике меҷангид. Мушрик ба ҳазрати Алӣ шамшер зад, вале шамшер ба сипар халида монд. Ҳазрати Алӣ Зулфиқорашро ба тани зиреҳпӯши он мушрик фуровард ва ӯро бо зиреҳаш аз китф то сина мешикофт, ки дар болои сараш шамшере барқ зад. Зуд сарашро хам кард. Соҳиби шамшер «Гир! Ин ҳам аз Ҳамза ибни Абдулмутталиб!» мегуфт, ки сари мушрик бо хӯдаш ба замин ғелид. Ҳазрати Алӣ гашта нигоҳ карду амакаш ҳазрати Ҳамзаро дид, ки бо ду шамшер меҷангид. Паёмбари мо ҳар гоҳ медид, ки асҳобаш чунин мардонавор меҷанганд, онҳоро таҳсин карда, мефармуд: «Онҳо шерони Аллоҳ таъоло дар рӯи замин ҳастанд.»

«Илоҳо! Ваъдаеро, ки ба ман додӣ, ба ҷо овар!.. Илоҳо! Агар ин як мушт ҷамоати исломро ҳалок кунӣ, дигар дар рӯи замин касе намемонад, ки Туро ибодат кунад!…» Ҳадиси шариф

Дар авҷи ҷанг шамшери ҳазрати Уккоша, ки дар паҳлӯи худи Сарвари мо Расулуллоҳ меҷангид, шикаст. Паёмбари маҳбуби мо инро дид, чӯберо, ки дар замин афтода буд, бардошт ва ба сӯи вай дароз карда, фармуд: «Эй Уккоша! Бо ин биҷанг!..» Ҳамин ки Уккоша чӯбро ба даст гирифт, он чӯб ба мӯъҷизаи Паёмбари мо ба шамшери дарозу дурахшон ва тезе табдил ёфт, ки пушташ сахт мустаҳкам буд. Вай то охири ҷанг бо ҳамин шамшер бисёр мушриконро кушт.

Сарвари оламиён, Расули акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ҳам меҷангид ва ҳам ин ҳадиси шарифи муборакро мефармуд, ки асҳобашро ба ҷӯшу хурӯш меовард: «Қасам ба Аллоҳ таъоло, ки ҷонам дар қабзаи қудрати Ӯст, касонеро, ки имрӯз ба умеди ризои Ҷаноби Ҳақ бо сабру собитқадамӣ меҷанганд ва касонеро, ки пушт нагардонда, дар ҳоли пешравӣ кушта мешаванд, Ҳақ таъоло, бешубҳа, ба Ҷаннати Худ медарорад.» Умайр ибни Ҳумом ин сухани муборакро шунид ва гуфт: «Чӣ хуб! Чӣ хуб! Пас барои ба Ҷаннат даромаданам ҷуз шаҳид шудан чизи дигаре лозим набудааст!» ва боз ҳам зуд-зуд ҳамла кардан гирифт. Ҳам бо душман шамшер мезад, ҳам мегуфт: «Ба сӯи Аллоҳ таъоло на бо тӯшаи моддӣ, балки танҳо бо тарси Ҳақ таъоло, бо амали охират ва бо сабру собитқадамӣ дар ҷиҳод метавон рафт. Ҷуз инҳо ҳамаи тӯшаҳо, бешубҳа, тамом мешаванду ба охир мерасанд!…» Вай то дами шаҳодат ҳамин тавр ҷангид.

Ҷанг сахт авҷ гирифта буд!… Бар ҳар саҳобӣ ақаллан се мушрик якбора ҳуҷум мекарданд. Асҳоби номвари киромро, ки мекӯшиданд ба ҳар яке аз онҳо шамшери ҷудогона расонанд, ҳеҷ чиз ба ҳарос намеафканд. Ҳар боре ки «Аллоҳу акбар! Аллоҳу акбар!..» мегуфтанд, аз нав қувват мегирифтанд ва аз ҳамлаҳои пай дар пай хаста намешуданд. Як вақт ҳамлаи мушрикон шиддат гирифт ва асҳоби киром ба танг омаданд. Дар он лаҳза Сарвари мо Расулуллоҳ бо ҳазрати Абӯбакр ба соябоне даромад, ки аз шохаҳои хурмо сохта буданд. Паёмбари мо боз ба Аллоҳ таъоло муноҷот сар кард ва чунин илтиҷо менамуд: «Ё Раббӣ! Ёриеро, ки ба ман ваъда додаӣ, лутф фармо!…» Ҳамон дам ваҳй омад, ки маънояш чунин аст: «Он гоҳ ки аз Парвардигоратон ёрӣ ва зафар металабидед, Ӯ „Ҳақиқатан, Ман бо ҳазор фариштае, ки пай дар пай меоянд, ба ёрии шумо мерасам“ фармуда, ба ин хоҳиши шумо ҷавоб фармуд ва дуоятонро қабул фармуд.»18 Сарвари мо, Паёмбар, дарҳол аз ҷой бархост ва фармуд: «Мужда бод, эй Абӯбакр! Ёрии Аллоҳ таъоло ба ту расид! Ана, ин Ҷабраил аст: бар болои теппаҳои рег лаҷоми аспашро дошта, мусаллаҳ истодааст ва мунтазири амр аст.» Чунон ки дар сураи Анфол хабар дода шудааст, Ҷаноби Ҳақ ба фариштагон фармуда буд, ки маънояш чунин аст: «Он гоҳ ки Парвардигорат ба фариштагон ваҳй фармуд: „Ман (дар нусрат ва ёрии мусалмонон) бо шумо ҳастам. Пас мӯъминонро (бо муждаи нусрат) пуштибонӣ кунед, ба онҳо қувват ва нерӯ диҳед. Ман ҳоло дар дилҳои кофирон даҳшат ва тарс меафканам. Бар болои гарданҳояшон бизанед, буғумҳои ангуштони дасту пояшон, ҷойҳои пайвандашонро бишканед. Зеро онҳо ба Аллоҳ таъоло ва Расули Ӯ мухолифат карданд. Ҳар кӣ ба Аллоҳ таъоло ва Расули Ӯ мухолифат кунад, (ба азоби Ӯ гирифтор мешавад,) ҷазои Аллоҳ таъоло бисёр сахт аст!“»19

Ба ин амр Ҷабраил, Микоил ва Исрофил алайҳимуссалом ҳар яке ҳазор фариштаро ҳамроҳ гирифтанд ва ба тартиб дар паҳлӯ, дар тарафи рост ва дар тарафи чапи Паёмбари маҳбуби мо ҷой гирифтанд.20

Ҷабраил алайҳиссалом ба сараш саллаи зард печида буд, фариштагони дигар бошанд, саллаҳои сафед доштанд. Онҳо нӯги саллаҳоро аз пушт овезон карда, бар аспони сафед савор шуда буданд. Сарвари олам ба асҳобаш фармуд: «Фариштагон аломат ва нишон доранд. Шумо низ барои худ аломат ва нишоне созед!»

Зубайр ибни Аввом пораи матои зард ва Абӯдуҷона пораи матои сурхро ба шакли салла бар сар печиданд. Ҳазрати Алӣ пари сафеде зад, ҳазрати Ҳамза бошад, пари боли шутурмурғро ба синааш овехт. Ҳамин ки фариштагон ба ҷанг даромаданд, вазъ якбора дигаргун шуд. Яке аз асҳоби киром ҳанӯз шамшерашро бар кофири рӯ ба рӯяш фуруд наоварда, сари он кофир аз танаш ҷудо шуда, ба замин меафтод. Дар тарафи росту чап ва пешу паси Сарвари мо, Паёмбар, одамони ношиносе ба чашм мерасиданд, ки бо мушрикон меҷангиданд.

Ҳазрати Саҳл нақл кард: «Дар ғазваи Бадр ҳар яке аз мо ҳамин ки шамшерашро бар сари мушрике ҳаво медод, ҳанӯз шамшер ба нишон нарасида, медидем, ки сари вай аз тан ҷудо шуда, ба замин меғалтад!…»

Кушта шудани Абӯҷаҳл

Парчамдори мушрикон Абӯазиз ибни Умайр асир афтод. Аммо фармондеҳашон Абӯҷаҳл барои дилгарм кардани қурайшиён бетиним шеър мехонд ва мекӯшид рӯҳияи лашкарашро баланд бардорад. Мисли ҷавони навхат ҳамла мекард, «Модарам маро барои ҳамин рӯзҳо зодааст!…» гӯён, лоф мезад ва ҷавононро ба ҷанг бармеангехт. Аз мушрикон Убайда ибни Саид сар то по зиреҳ пӯшида буд, танҳо чашмонаш намоён буданд. Бар болои асп гоҳ ба ин сӯ, гоҳ ба он сӯ гашта, «Ман Абӯзотулкаришам! Ман Абӯзотулкаришам!» мегуфт, яъне ман шикамкалонам, падари шикамҳоям, ва ба хаёли худ ҳариф ба майдон мехонд. Муҷоҳиди қаҳрамон ҳазрати Зубайр ибни Аввом ба ӯ наздик шуд, найзаашро рост ба чашмаш нишон гирифт ва «Аллоҳу акбар!» гуфта, ҳаво дод. Найза ба нишон расиду ӯро аз асп ба замин афканд. Вақте ки ҳазрати Зубайр давон-давон ба болои сараш расид, Убайда мурда буд. Зубайр пояшро бар рухсораи вай гузошта, бо тамоми зӯр кашид, вале найза базӯр берун омад; он каҷ шуда буд. Ҳазрати Зубайр дар ҷанги Бадр қаҳрамонии бузурге нишон дод. Дар баданаш ҷое намонда буд, ки захм нахӯрда бошад. Писараш Урва ин ҳолро чунин нақл карда буд: «Падарам се зарбаи сахти шамшер хӯрда буд. Яке аз онҳо ба гарданаш расида буд. Он захм чунон изи чуқуре гузошта буд, ки ман ангуштамро ба он дароварда метавонистам.» Абдурраҳмон ибни Авф низ бо қурайшиён бемаҳобо меҷангид; ба хуне, ки аз захмҳояш мерехт, парво накарда, ҳар киро пеш меомад, ба замин мезад. Ҳазрати Абдурраҳмон воқеаеро, ки худ шоҳидаш буд, чунин нақл кард: «Як вақт дар пешам касе намонд. Ба росту чап нигаристам ва ду ҷавони наврас аз Ансор ба чашмам расиданд. Хостам дар паҳлӯи он ки пурзӯртару зарбазантар аст, бошам. Яке аз ин ду ҷавон маро аз сар то по бо чашм санҷид, баъд рӯ ба ман карда, пурсид: „Эй амак! Абӯҷаҳлро мешиносӣ?“ Гуфтам: „Бале, мешиносам.“ Баъд пурсидам: „Эй бародарзода, Абӯҷаҳлро чӣ мекунӣ?“ Гуфт: „Ба ман хабар додаанд, ки ӯ ба Расулуллоҳ дашном медодааст. Ба Аллоҳ таъоло қасам мехӯрам, ки агар як бор ӯро бинам, то ӯро накушам ё худ кушта нашавам, ҳаргиз аз ӯ ҷудо намешавам.“ Рост гӯям, аз ин сухани қатъиву устуворе, ки ҷавоне дар авҷи ҳаяҷон мегуфт, ҳайрон мондам.»

«Эй Абӯбакр! Магар намедонӣ, ки ту барои ман ба ҷои чашми бинову гӯши шунавои ман ҳастӣ! Аз паҳлӯи ман дур машав! Ҳар душворие, ки ба тан ва дили ман мерасад, бо дидани рӯи муборакат сабук мешавад. Бо ту дилам қувват мегирад» Ҳадиси шариф

Дигараш низ маро аз сар то по бо чашм санҷид ва ҳамон суханеро гуфт, ки аввалӣ гуфта буд. Дар ҳамин вақт чашмам ба Абӯҷаҳл афтода буд! Вай дар миёни лашкари Қурайш як дам ором намегирифт, пеш мерафту бармегашт. Гуфтам: «Эй ҷавонон! Он касе, ки саросема ба ин сӯву он сӯ меравад, Абӯҷаҳл аст.» Онҳо дарҳол ба шамшерҳояшон даст бурданд ва ба сӯи Абӯҷаҳл рафтанд.

Ба ӯ наздик шуданду ҷангро сар карданд. Ин ҷавонон бародарон Муоз ва Муаввиз, фарзандони Афро хотун буданд. Дар ҳамин миён Муоз ибни Амр, ки аз қаҳрамонони асҳоби киром буд, фурсат ёфт, ки ба Абӯҷаҳл наздик шавад. Вай ба Абӯҷаҳл, ки бар аспи думдароз савор буд, ҳамла оварду бо тамоми зӯр шамшерашро ба соқи ӯ зад. Соқи Абӯҷаҳл ба замин афтод. Ҳамон дам Икрима, ки ҳанӯз мусалмон нашуда буд, ба ёрии падараш расид ва бо ҳазрати Муоз ибни Амр ба ҷанг даромад.

Дар ҳамон лаҳза бародарон Муоз ва Муаввиз мисли шоҳин пеш ҷастанд. Ҳар киро сари роҳашон омад, ба замин афканданд ва худро ба Абӯҷаҳл расонданд. Вайро он қадар бо шамшер заданд, ки гумон карданд мурдааст.

Ҳазрати Муоз ибни Амр бошад, дар задухӯрд бо Икрима аз дасту бозу захм бардошта буд. Дасти муборакаш аз банди даст бурида шуда, ба пӯст овезон монда буд. Муоз ибни Амр, ки худро тамоман ба набард дода буд, фурсат надошт, ки бо дасташ овора шавад ё онро барои табобат бибандад. Ҳатто вақте ки дасти буридааш ба пӯст овезон буд, қаҳрамонона меҷангид.

Аллоҳу акбар!… Ин чӣ имони қавӣ буд!… Ин чӣ манзарае буд, ки бояд дид!… Ҳазрати Муоз муддате ҳамин тавр ҷангид ва дид, ки ҳаракат карданаш душвор шудааст. Сабабаш ҳамон дасти буридааш буд. Дарҳол онро зери пояш гузошт, канд ва дур партофт…21

Навфал ибни Хувайлид, ки аз душманони ашаддии ислом буд, аз номдортарин паҳлавонони Қурайш ба шумор мерафт. Вай бетиним наъра мезад ва мекӯшид галаи мушриконро ба ҷӯшу хурӯш оварад. Сарвари мо, Паёмбар, ӯро дар ин ҳол дида, чунин дуо фармуда буд: «Илоҳо! Маро бар зидди Навфал ибни Хувайлид ёрӣ деҳ. Ҷазояшро бидеҳ.» Асадуллоҳ ҳазрати Алӣ чун Навфали мушрикро дид, фавран бар ӯ ҳамла овард. Шамшерашро чунон сахт фуруд овард, ки ҳарчанд соқҳояш дар зиреҳ буданд, ҳар ду якбора бурида шуданд. Сипас шамшерро ба гарданаш зада, сарашро аз тан ҷудо кард.22

Умайя ибни Халаф, ки Билоли Ҳабаширо бар регҳои тафсон мехобонд ва ба синааш харсангҳои калон мегузошт, аз бераҳмтарин мушрикон буд. Ин душмани бузурги ислом, ки барои озор додани Сарвари мо Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ягон фурсатро аз даст намедод, дар водии Бадр ҳам мекӯшид мушриконро гирд оварад ва барои хомӯш кардани нури ислом ҷаҳд мекард. Ҳазрати Билол ӯро дар ин ҳол дид, бо шамшери урён наздаш рафт, рӯ ба рӯяш истод ва «Эй Умайя ибни Халаф, эй сарвари куфр!… Агар ту наҷот ёбӣ, ман наҷот наёбам!» гуфта, бар ӯ ҳамла кард. Ҳамзамон фарёд зад: «Эй бародарони ансорӣ! Бирасед, сарвари куфр ин ҷост!» Ҳамин ки ин суханро гуфт, асҳоби киром гирди Умайяро гирифтанд ва дарҳол ӯро куштанд.23

Акнун дар лашкари мушрикон сардоре намонда буд. Ҳеҷ кадомашон намедонистанд, ки чӣ кунанд, ва ҳар яке ба ҳар сӯ мегурехт. Қалъаи куфр фурӯ рехта буд. Асҳоби номвар таъқибро давом доданд. Як қисми мушриконро асир гирифтанд. Аббос, амаки Паёмбари маҳбуби мо, низ дар миёни асирон буд.24

Зафар аз они мӯъминон буд

Сарвари мо, Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ба асҳоби номвараш фармуд: «Касе аз Навфал ибни Хувайлид хабаре дорад?» Ҳазрати Алӣ пеш омаду гуфт: «Ё Расулаллоҳ! Вайро ман куштам.» Паёмбари маҳбуби мо аз ин хабар хеле шод шуд, «Аллоҳу акбар!» фармуда, такбир гуфт ва фармуд: «Аллоҳ таъоло дуоямро дар ҳаққи ӯ қабул фармуд.»

Чун хабар доданд, ки Умайя ибни Халаф кушта шуд, боз бисёр шод гашт ва фармуд: «Алҳамдулиллоҳ! Шукр ба Аллоҳ таъоло. Парвардигорам бандаашро тасдиқ кард ва динашро баланд гардонид.»

Расули акрам дар бораи Абӯҷаҳл фармуд: «Абӯҷаҳл чӣ кард, чӣ шуд? Кӣ рафта як нигоҳ мекунад?» ва амр дод, ки ӯро дар миёни кушташудагон ҷустуҷӯ кунанд. Ҷустанд, аммо наёфтанд. Сарвари мо, Паёмбар, фармуд: «Ҷӯед, дар бораи ӯ сухане дорам. Агар ӯро нашиносед, ба доғи захми зонуяш нигаред. Рӯзе ману ӯ дар зиёфати Абдуллоҳ ибни Ҷудъон будем. Ҳар дуямон ҷавон будем, ман аз ӯ каме калонтар будам. Ҷой танг шуд ва ман ӯро тела додам. Ба зону афтод. Яке аз зонуҳояш захмӣ шуд ва доғи он захм аз зонуяш нарафт.»

Пас аз ин Абдуллоҳ ибни Масъуд ба ҷустуҷӯи Абӯҷаҳл рафт. Вайро захмӣ ёфт ва шинохт. Гуфт: «Абӯҷаҳл туӣ?» Пояшро бар гардани вай гузошт, аз ришаш гирифта кашид ва гуфт: «Эй душмани Аллоҳ таъоло! Оқибат Аллоҳ таъоло туро хору залил кард?» Абӯҷаҳл гуфт: «Барои чӣ маро хору залил кунад! Эй чӯпони гӯсфанд! Аллоҳ туро хору залил кунад. Ба ҷои бисёр душворгузаре баромадаӣ! Ту имрӯз ба ман бигӯ, ки зафару ғалаба аз они кадом тараф аст?» Ҳазрати Ибни Масъуд гуфт: «Зафар дар тарафи Аллоҳ ва Расули Ӯст.» Ҳангоме ки хӯдро аз сари Абӯҷаҳл мекашид, гуфт: «Эй Абӯҷаҳл! Туро мекушам.» Абӯҷаҳл гуфт: «Ту аввалин касе нестӣ, ки бузурги қавмашро мекушад. Вале рост гӯям, аз дасти ту кушта шуданам ба ман хеле гарон меояд. Ақаллан гарданамро наздики синаам бибур, то сарам боҳайбат намояд!» Бо ин сухан нишон дод, ки куфру ғурур ва кибраш то чӣ дараҷа расидааст.

Ибни Масъуд сари Абӯҷаҳлро бо шамшери худ бурида натавонист ва онро бо шамшери худи Абӯҷаҳл бурид. Сипас яроқ, зиреҳ, хӯд ва сари ӯро оварда, пеши Сарвари мо, Паёмбар, гузошт ва гуфт: «Падару модарам фидои ту бод, ё Расулаллоҳ! Ин сари Абӯҷаҳл, душмани Аллоҳ таъоло аст.» Паёмбари маҳбуби мо фармуд: «Ӯ Аллоҳест, ки ҷуз Ӯ ҳеҷ маъбуде нест.» Сипас бархост ва бо асҳобаш то назди ҷасади Абӯҷаҳл рафт. Он ҷо фармуд: «Ҳамд ба Аллоҳ таъоло, ки туро залил ва хор гардонд.

Эй душмани Аллоҳ! Ту фиръавни ин уммат будӣ.» Баъд «Ё Раббӣ! Ваъдаеро, ки ба ман дода будӣ, ба ҷо овардӣ» фармуда, ба Аллоҳ таъоло шукр кард. Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам захми асҳоби киромро, ки захм бардошта буданд, бандонд ва шаҳидонро муайян кунонд. Мусалмонон чаҳордаҳ шаҳид дода буданд: шаш нафар аз муҳоҷирон ва ҳашт нафар аз Ансор. Дар ҳоле ки рӯҳҳои мубораки ҳамаи онҳо ба сӯи Ҷаннат парвоз мекарданд, аз мушрикон, ки мехостанд нури исломро хомӯш кунанд, ҳафтод нафар кушта шуд ва ҳафтод нафар асир афтод. Сарвари мо Расулуллоҳ Абдуллоҳ ибни Равоҳа ва Зайд ибни Ҳорисаро ба Мадина фиристод, то муждаи зафарро расонанд. Сарвари мо, Паёмбар, бар шаҳидон намози ҷаноза25 хонд ва онҳоро дар қабрҳояшон дафн кунонд. Бисту чор ҷасади мушриконро ба чоҳи хушки матрук ва дигаронро якҷоя ба чуқуриҳо партофтанд ва рӯяшонро бо хок пур карданд. Сарвари оламиён бо асҳоби бошарафаш ба сари чоҳ омад ва «Эй касоне, ки ба чоҳ партофта шудаед!» фармуд. Баъд номҳои мушрикони кушташударо бо номи падаронашон шумурд ва фармуд: «Эй Утба ибни Рабиа! Эй Умайя ибни Халаф! Эй Абӯҷаҳл ибни Ҳишом!… Шумо нисбат ба Паёмбаратон чӣ қавми баде будед. Шумо маро дурӯғгӯ шумурдед, дигарон бошанд, маро тасдиқ карда, рост донистанд. Шумо маро аз шаҳрам, аз диёрам берун рондед, дигарон бошанд, дарҳояшонро ба рӯи ман кушода, маро ба бағал гирифтанд. Шумо бо ман ҷангидед, дигарон бошанд, ба ман ёрӣ доданд. Оё ба он чи Парвардигорам ваъда дода буд, расидед? Ман ба зафаре, ки Парвардигорам ваъда дода буд, расидам.»

«(Эй асҳоби ман!) Фариштагон аломат ва нишон доранд. Шумо низ барои худ аломат ва нишоне созед!» Ҳадиси шариф

Ҳазрати Умар пурсид: «Ё Расулаллоҳ! Бо касоне, ки лоша шудаанд, сухан мегӯед?» Расули акрам фармуд: «Ба ҳаққи Парвардигорам, ки маро ба паёмбарии барҳақ фиристодааст, мегӯям, ки шумо сухани маро аз онҳо беҳтар намешунавед. Аммо онҳо ҷавоб дода наметавонанд.»

Мушрикон, ки барои ҷон ба саломат бурдан саросема аз майдони ҷанг мегурехтанд, аз чизҳое, ки бо худ оварда буданд, ҳеҷ якеро бурда натавонистанд. Ҳамааш ба дасти мусалмонон афтод. Сарвари мо, Паёмбар, молҳои ғаниматро миёни ҳамаи асҳобаш, ки дар ҷанги Бадр ширкат карда буданд ва вазифадор буданд, тақсим кард. Боз се шаб дар Бадр монданд ва баъди нуздаҳ рӯз ба Мадина баргаштанд. Дар ин миён Абдуллоҳ ибни Равоҳа ва Зайд ибни Ҳориса, ки барои мужда расондан фиристода шуда буданд, ба Мадина наздик шуда буданд. Рӯзи якшанбе, вақти чошт, ба мавзеи Ақиқ расиданду аз ҳам ҷудо шуданд. Абдуллоҳ ибни Равоҳа аз як тараф ва Зайд ибни Ҳориса аз тарафи дигар ба Мадина даромаданд. Хона ба хона гашта, хабари зафарро мерасонданд. Шоири Сарвари мо Расулуллоҳ, Абдуллоҳ ибни Равоҳа, бо овози баланд чунин муждаи зафар медод:

Эй ҷамоати Ансор! Ба шумо мужда медиҳам:
Саломату бегазанд аст Паёмбари Аллоҳ.
Мушрикон кушта шуданд ва ба асирӣ афтоданд,
Дар миёни асирон ҳастанд касони бисёр машҳур.
Писарони Рабиа ва Ҳаҷҷоҷ ҳамагӣ
Дар Бадр кушта шуданд, ҳамчунин Абӯҷаҳл Амр ибни Ҳишом.

Ҳазрати Осим ибни Адӣ пурсид: «Эй Ибни Равоҳа! Суханат рост аст?» Абдуллоҳ ибни Равоҳа фармуд: «Бале, валлоҳи, рост аст! Иншоаллоҳ, фардо Расулуллоҳ низ бо асирони дастбаста меояд!»

Вафоти ҳазрати Руқайя

Он рӯз ҳазрати Руқайя разияллоҳу анҳо, духтари Паёмбари маҳбуби мо, вафот карда буд. Шавҳараш ҳазрати Усмон бар ӯ намози ҷаноза хонда буд. Хабари зафар, ки баъди ин андӯҳ расид, дили онҳоро андаке сабук карда буд.

Сарвари мо, Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам, бо асҳобаш ба Аллоҳ таъоло, ки зафари Бадрро насибаш фармуда буд, ҳамд фармуд, ба саҷдаи шукр афтод ва сипас бо асирон ба сӯи Мадинаи мунаввара роҳ пеш гирифт.

Абдуллоҳ ибни Равоҳа ва Зайд ибни Ҳориса, ки пештар мужда оварда буданд, нақл карда буданд, ки дар ғазваи Бадр чӣ гузашт ва киҳо шаҳид шуданд. Кӯдакон, занон ва вазифадороне, ки дар Мадина монда буданд, аз зафар бисёр шод гашта буданд ва ба пешвози Сарвари мо, Паёмбар, баромаданд. Дар миёни шаҳидон Ҳориса ибни Суроқа ҳам буд. Модари ҳазрати Ҳориса, Рубайиъ, хабар ёфта буд, ки писараш ҳангоми аз ҳавз об нӯшидан аз тири душман шаҳид шудааст. Модари мо Рубайиъ ин хабарро шунида, гуфта буд: «То Расул алайҳиссалом наояд, барои писарам гиря намекунам. Вақте ки бо саодат ба Мадина ташриф оварад, аз Ӯ мепурсам. Агар писарам дар Ҷаннат бошад, ҳеҷ гиря намекунам. Аммо агар дар Ҷаҳаннам бошад, аз чашмонам ба ҷои ашк хун мерезам.»

Вақте ки Паёмбари маҳбуби мо бо асҳоби мубораки киромаш ба Мадина ташриф овард, Рубайиъ ба ҳузураш рафт ва гуфт: «Падару модарам фидои ту бод, ё Расулаллоҳ! Медонӣ, ки писарам Ҳорисаро чӣ қадар дӯст медорам. Оё ӯ шаҳид шуда, ба Ҷаннат даромадааст? Агар чунин бошад, сабр кунам. Агар не, аз чашмонам ашки хунин бирезам.» Ҳабиби акрам ба ӯ мужда дода, фармуд: «Эй Умму Ҳориса! Писари ту на дар як Ҷаннат, балки дар Ҷаннатҳои бисёр аст. Ҷои ӯ Фирдавс аст.» Рубайиъ гуфт: «Акнун дигар барои писарам гиря намекунам.» Султони коинот як зарф об талабид. Аз рӯи марҳамат дасти муборакашро ба об фурӯ бурду баровард. Ин обро ба модар ва хоҳари ҳазрати Ҳориса нӯшонд ва аз ҳамин об ба сару рӯяшон молид. Аз он рӯз ба баъд рӯи Рубайиъ ва духтараш пур аз нур буд, умрашон ҳам хеле дароз шуд. Муаллими коинот алайҳи афзалуссалавот ҳафтод асиреро, ки ба Мадина оварда буданд, миёни асҳобаш тақсим кард ва амр фармуд, ки бо онҳо хуб муомила кунанд. Дар бораи сарнавишти асирон ҳанӯз аз ҷониби Аллоҳ таъоло ваҳйе нарасида буд. Сарвари мо Расулуллоҳ бо асҳобаш машварат кард ва қарор дод, ки асиронро дар бадали фидя озод кунанд.

Миқдори фидяро мувофиқи дороии ҳар асир муайян карданд. Асироне, ки пул надоштанд, вале хату савод доштанд, бояд ба даҳ нафар аз бесаводони Мадина хондану навиштан меомӯзонданд ва баъд аз он метавонистанд ба Макка раванд. Сарвари мо, Паёмбар, ба амакаш Аббос, ки дар миёни асирон буд, фармуд: «Эй Аббос! Барои худат, барои бародарзодаат Уқайл (Ақил) ибни Абӯтолиб ва барои Навфал ибни Ҳорис фидяи озодӣ бипардоз. Зеро ту сарватманд ҳастӣ.» Ҳазрати Аббос гуфт: «Ё Расулаллоҳ! Ман мусалмонам. Қурайшиён маро ба зӯр ба Бадр оварданд.» Расулуллоҳ фармуд: «Мусалмонии туро Аллоҳ таъоло медонад. Агар рост гӯӣ, Аллоҳ таъоло, албатта, мукофоташро ба ту медиҳад. Аммо ту ба зоҳир бар зидди мо ҳастӣ. Аз ин рӯ бояд фидяи озодии худро пардозӣ.» Аббос гуфт: «Ё Расулаллоҳ! Ҷуз 800 дирҳаме, ки аз ман ба ғанимат гирифтед, дигар сарвате надорам.» Сарвари мо, Паёмбар, фармуд: «Эй Аббос! Пас он тиллоҳоро чаро намегӯӣ?» Вай гуфт: «Кадом тиллоҳоро?» Паёмбари маҳбуби мо фармуд: «Ҳамон тиллоҳоеро, ки рӯзи аз Макка баромаданат ба занат Уммулфазл, духтари Ҳорис, додӣ! Вақте ки онҳоро медодӣ, ҷуз шумо касе дар наздатон набуд. Ба Уммулфазл гуфтӣ: „Намедонам, ки дар ин сафар бар сарам чӣ меояд. Агар ба мусибате гирифтор шуда, барнагардам, ин қадараш аз они ту, ин қадараш барои Фазл, ин қадараш барои Абдуллоҳ, ин қадараш барои Убайдуллоҳ ва ин қадараш барои Қусам аст.“» Ҳазрати Аббос ҳайрон монд ва гуфт: «Қасам мехӯрам, ки вақте ин тиллоҳоро ба занам медодам, дар наздамон касе набуд. Инро аз куҷо медонед?» Сарвари мо, Паёмбар, фармуд: «Аллоҳ таъоло хабар дод». Он гоҳ Аббос «Гувоҳӣ медиҳам, ки ту расули Аллоҳ таъолоӣ ва рост мефармоӣ» гуфта, калимаи шаҳодатро ба забон овард.26 Чун мусалмон шуд, Сарвари мо, Паёмбар, ҳазрати Аббосро дар Макка вазифадор кард ва амр фармуд, ки мусалмонони он ҷоро ҳимоя кунад ва хабарҳоеро, ки ба душманони ислом марбутанд, бифиристад.

«Ба ҳаққи Парвардигорам, ки маро ба паёмбарии барҳақ фиристодааст, мегӯям, ки шумо сухани маро аз онҳо (аз лошаҳои мушрикон) беҳтар намешунавед. Аммо онҳо ҷавоб дода наметавонанд» Ҳадиси шариф

Ба Қурайш, ки дар ғазваи Бадр шикаст хӯрда буд, хабар фиристоданд, ки асирони худро дар бадали фидя баргардонда метавонанд. Аммо гардани Назр ибни Ҳорис, ки пеш аз ҳиҷрат ба Сарвари паёмбарон озору шиканҷаи бисёр расонда буд, зада шуд. Уқба ибни Абӯмуайти фурӯмоя низ кушта шуд; ҳамон бадбахте, ки вақте Расул алайҳиссалом дар Каъба намоз мегузорд, шикамбаи шутурро бар пушти мубораки Ӯ гузошта буд. Вақте ки сари ин душмани ашаддии ислом аз танаш ҷудо шуд, Сарвари мо Расулуллоҳ ба Аллоҳ таъоло ҳамд фармуд. Баъд назди вай рафта, фармуд: «Валлоҳи, касеро мисли ту бад намедонам, ки Аллоҳ таъоло, Расули Ӯ ва Қуръони каримро инкор карда, Паёмбари Ӯро аз шиканҷае ба шиканҷаи дигар гирифтор кард.»

Асирон то он даме ки соҳибонашон дар бадали фидя онҳоро бозпас гирифтанд, назди асҳоби киром алайҳимурризвон монданд. Ҳамаи саҳоба бо асирон бисёр хуб муносибат карданд ва онҳоро дар хӯроки худ шарик гардонданд.

Абӯазиз, бародари Мусъаб ибни Умайр, дар миёни асирон буд. Вай нақл кард: «Ман ҳам дар хонаи яке аз мусалмонони Мадина асир будам. Бо ман бисёр хуб рафтор мекарданд: нонеро, ки субҳу шом мехӯрданд, ба ман медоданд, худашон бошанд, ночор танҳо хурмо мехӯрданд. Агар пораи нон ба дасти яке аз онҳо меафтод, рост ба ман оварда медод. Ман аз шарм нонро ба овардааш пас медодам, вале ӯ онро боз ба ман бармегардонд.»

Боз яке аз асирон, қурайшие бо номи Язид, чунин нақл кард: «Мусалмонон ҳангоми аз Бадр ба Мадина омадан моро, асиронро, бар чорпоён савор карданд, худашон бошанд, пиёда мерафтанд.»

Абулос ибни Рабеъ, хоҳарзодаи Хадича разияллоҳу анҳо ва домоди Сарвари мо, Паёмбар, низ дар миёни асирон буд. Абулос аз тоҷирони Макка буд ва моли бисёр дошт. Бо амонатдорӣ ва диёнаташ машҳур буд. Вақте ки аз Макка фидяи асиронро мефиристоданд, ҳазрати Зайнаб барои пурра кардани фидя гарданбандеро низ фиристода буд, ки модараш дар тӯяш ба ӯ ҳадя карда буд. Чун фидяҳо расиданд, Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам гарданбандро шинохт ва фармуд: «Эй асҳоби ман, агар раво бинед, асири духтарам Зайнабро бо фидяаш ба ӯ баргардонед.» Асҳоб гуфтанд: «Хуб.» Ба шарти он ки Зайнабро ба Мадина фиристад, ба Абулос иҷозат доданд, ки бо моли худ ба Макка равад. Абулос ҳам Зайнаб ва ҳамроҳонашро бо бародараш Кинона гусел кард. Мушрикон аз ин хабардор шуда, ба ғазаб омаданд ва чанд нафар аз одамонашонро аз паси онҳо фиристоданд. Дар Зитуво ба онҳо расиданд. Ҳаббор ибни Асвад найзаашро ҳаво дод, шутур рамид ва ҳазрати Зайнабро аз пушташ ба замин партофт. Кинона тирҳояшро пеши худ рехт ва гуфт, ки ҳар кӣ қасди Зайнаб кунад, ӯро бо тир ҳалок мекунад. Вай Зайнабро аз Макка берун бурда, ба манзил расонд. Ҳазрати Зайнаб аз захмҳое, ки бардошта буд, бемор шуд. Вай ҳомила буд ва чун ба Мадина расид, кӯдакаш афтод. Расул алайҳиссалом аз ин воқеа хабар ёфта, бисёр ғамгин шуд.

Шикасти мушрикон дар Бадр ва парешонҳол гурехтани онҳо аз майдони ҷанг дар Макка ҳайрату саросемагии бузурге ба миён овард. Натиҷае ба бор омада буд, ки ҳеҷ интизораш набуданд ва ҳатто ба хаёлашон ҳам намерасид. Абӯлаҳаб ва дигар мушрикон ба суханони нахустин касе, ки хабар овард, бовар накарданд. Чун Абӯсуфён, ки аз майдони ҷанг гурехта буд, ба Макка расид, дарҳол ӯро пеши худ хонданд. Абӯлаҳаб аз ӯ пурсид: «Эй бародарзода! Қани, нақл кун, чӣ шуд?» Абӯсуфён ҳамон ҷо ба як гӯша нишаст. Бисёр касон истода гӯш медоданд. Абӯсуфён чунин нақл кард:

«Ҳеҷ мапурс! Ҳамин ки бо мусалмонон рӯ ба рӯ шудем, гӯё дасту бозуямон баста буд. Ҳар чӣ хостанд, карданд. Як қисми моро куштанд, як қисмро асир гирифтанд. Қасам мехӯрам, ки ман ҳеҷ яке аз одамони худамонро маломату сарзаниш намекунам. Зеро он вақт дар миёни замину осмон бо касоне рӯ ба рӯ шудем, ки либоси сафед дар бар доштанд ва бар аспони бӯз савор буданд. На чизе дар муқобили онҳо тоб меовард ва на касе дар баробарашон истода метавонист.»

Ғуломи Аббос ҳазрати Абӯрофеъ, ки дар рӯзҳои аввали ислом мусалмон шуда буд, вале аз тарси шарри мушрикон мусалмонии худро ошкор намекард, он ҷо ҳозир буд. Абӯрофеъ хомӯшона ба суханони онҳо гӯш медод ва аз шодӣ ҳама чизро фаромӯш карда, беихтиёр гуфт: «Валлоҳи, онҳо фариштагон буданд!»

Абӯлаҳаб ба ӯ шаппотии сахте зад, ӯро аз замин бардошта ба замин кӯфт ва бисёр лату кӯб кард. Ҳамсари ҳазрати Аббос, Уммулфазл, ки он ҷо буд, дигар тоқат накард, зеро худи ӯ низ пештар мусалмон шуда буд. Уммулфазл яке аз сутунҳои хонаро гирифт ва «Касе надорад гуфта, ӯро бечора дидӣ, ҳа?» гӯён, бо тамоми зӯр ба Абӯлаҳаб зад. Сари Абӯлаҳаб кафид. Вай хуншор, залилу хор ва сарафканда баргашта рафт. Ҳафт рӯз баъд Аллоҳ таъоло ӯро ба беморие гирифтор кард, ки онро «сиёҳи сурх» меномиданд, ва аз ҳамин беморӣ мурд. Писаронаш ду ё се шаб ӯро дафн накарда монданд. Оқибат бӯй гирифт. Ҳама аз бемории Абӯлаҳаб мисли аз тоъун мегурехтанд ва аз ӯ нафрат мекарданд. Он гоҳ касе аз Қурайш ба писарони Абӯлаҳаб гуфт: «Вой бар шумо! Шарм намедоред? Падаратонро дар хона гузоштед, то бӯй гирифт. Ақаллан ӯро ба ҷое гӯр карда, аз чашм пинҳон кунед.» Писаронаш ба он мард ҷавоб доданд: «Мо аз бемории ӯ метарсем!» Ин бор он мард гуфт: «Шумо равед, ман ҳам меоям ва ба шумо ёрӣ медиҳам.» Баъд ҳар сеяшон ҷамъ омаданд, ӯро бардошта, ба ҷои дурдасте бурда партофтанд ва то он даме ки дигар дида намешуд, бар ӯ санг партофтанд. Ҳамин тавр Абӯлаҳаб ба манзиле даромад, ки абадан дар азобу оташ хоҳад монд: ба қабри торикаш, ки чоҳи Ҷаҳаннам аст.

Дар миёни қурайшиёне, ки дар Бадр асир афтода буданд, Валид ибни Валид ҳам буд. Вайро Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш асир гирифта буд. Бародарони Валид, Ҳишом ва Холид ибни Валид, ки ҳанӯз мусалмон нашуда буд, ба Мадина омаданд. Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш намехост ӯро то пардохти фидяи наҷот, яъне пули озодӣ, раҳо кунад. Бародараш Холид ба ин розӣ шуд, аммо Ҳишом, ки бо Валид падараш як ва модараш ҷудо буд, қабул накард. Сарвари мо Расулуллоҳ пешниҳод кард, ки яроқу аслиҳаи падарашонро диҳанд. Ҳишом ба ин розӣ шуд, вале Холид қабул накард. Дар охир бар сари шамшер, зиреҳ ва хӯди падарашон, ки сад динор арзиш доштанд, ба мувофиқа расиданд. Валидро аз асирӣ раҳо карда, ба сӯи Макка роҳ гирифтанд. Аммо Валид дар Зулҳулайфа, ки сари роҳи Макка, дар чор милии Мадина воқеъ аст, аз онҳо ҷудо шуд, назди Сарвари мо, Паёмбар, омад, имон овард ва аз асҳоби киром гардид. Муддате пас аз мусалмон шуданаш ба Макка назди бародаронаш рафт. Он гоҳ Холид ибни Валид пурсид: «Модом ки мусалмон шуданӣ будӣ, чаро пеш аз пардохтани фидяи озодӣ мусалмон нашудӣ? Ёдгори падарамонро аз дасти мо баровардӣ. Чаро ин корро кардӣ?» Вай ҷавоб дод: «Тарсидам, ки қурайшиён гӯянд: „Ба асирӣ тоб наовард ва ба Муҳаммад алайҳиссалом пайравӣ кард.“»

«Эй Аббос! Мусалмонии туро Аллоҳ таъоло медонад. Агар рост гӯӣ, Аллоҳ таъоло, албатта, мукофоташро ба ту медиҳад. Аммо ту ба зоҳир бар зидди мо ҳастӣ. Аз ин рӯ бояд фидяи озодии худро пардозӣ» Ҳадиси шариф

Бародаронаш аз ин ҷавоб сахт ба хашм омаданд ва ӯро бо чанд мусалмони Бани Махзум дар назди Айёш ибни Абӯрабиа ва Салама ибни Ҳишом разияллоҳу анҳумо ба зиндон андохтанд. Валид ибни Валид разияллоҳу анҳ барои имон оварданаш солҳо дар зиндон монд. Аз амакаш Ҳишом, ки аз душманони ашаддии ислом буд, ва аз хешовандони мушрикаш зулму шиканҷаи бисёр дид. Расули акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам барои Айёш ибни Абӯрабиа, Салама ибни Ҳишом ва Валид, ки зери зулми мушрикон буданд, чунин дуо фармуд: «Илоҳо! Валид ибни Валид, Салама ибни Ҳишом, Айёш ибни Абӯрабиа ва дигар мӯъминонеро, ки (дар дасти кофирон ба танг омада) заиф (ва оҷиз) дида мешаванд, наҷот деҳ. Илоҳо, Музарро (Қурайшро) сахттар (ба бадтарин тарз) поймол кун. Ин солҳоро (бар онҳо) монанди солҳои Юсуф гардон.»

Ба баракати дуои Расулуллоҳ ҳазрати Валид фурсате ёфт ва аз ҷое, ки дар банд буд, гурехт. Ба Мадинаи мунаввара омада, ба Паёмбари маҳбуби мо расид. Ҳабибуллоҳ аз ҳоли Айёш ибни Абӯрабиа ва Салама ибни Ҳишом суол фармуд. Валид хабар дод, ки пойҳояшонро ба ҳам бастаанд ва онҳо зери азобу шиканҷаҳои сахт печутоб мехӯранд.

Султони коинот аз ҳоли онҳо бисёр ғамгин шуд ва дар фикри наҷоти онҳо афтод. Чун суол фармуд, ки кӣ онҳоро наҷот дода метавонад, Валид, бо вуҷуди он ки солҳо зери шиканҷа монда буд, бо ҷасорат ва ишқи бузург ҷавоб дод: «Ё Расулаллоҳ! Онҳоро ман наҷот медиҳам ва назди ту меорам.» Вай боз ба Макка омад ва аз паи зане, ки ба онҳо хӯрок мебурд, рафта, ҷои мусалмонони шиканҷадидаро ёфт. Ҳар дуяшон дар бинои бесақфе зиндонӣ буданд. Валид шабона маргро ба ҷон харид ва бо ҷасорати бузург аз девор поён фуромада, худро ба ёронаш расонд. Он ду мазлумро, ки ҷуз имон овардан гуноҳе надоштанд, мушрикон ба санге баста буданд ва дар гармои сӯзони саҳрои Арабистон ҳар гуна зулм мекарданд. Валид ин бародарони муборакашро раҳо кард ва бар шутураш савор намуд. Худаш пиёдаву пойлуч ба роҳ баромад, то ҳарчи зудтар ба Мадинаи мунаввара, ба назди Расулуллоҳ, ки ӯро бисёр дӯст медошт, бирасад. Вайро на гармои сӯзони саҳро, балки ишқи висоли Сарвари оламиён месӯхт.

Гурусна, ташна ва пойлуч баъди се рӯз ба Мадина расид. Ангуштонаш аз санги роҳ пора-пора шуда буданд. Валид ибни Валид ғарқи хун ба Ҳабибуллоҳ, ки ӯро бисёр дӯст медошт, расид.

Зафари Бадр мусалмононро ғарқи шодии бузург кард, мушрикон бошанд, ба андӯҳу ноумедии сахт афтоданд. Подшоҳи Ҳабашистон Наҷошӣ низ ҳамин ки шунид Сарвари мо Расулуллоҳ зафар ёфтааст, дарҳол назди асҳоби киром, ки дар кишвараш буданд, рафт ва «Ҳамд ба Аллоҳ таъоло, ки Расули Худро дар Бадр музаффар гардонида, зафар ато фармуд» гуфта, ба онҳо мужда дод.

Воқеаҳои баъд аз ғазваи Бадр

Паёмбари маҳбуби мо саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар Мадина ҳам бо яҳудиён, ҳам бо мунофиқоне чун Абдуллоҳ ибни Убай, ки худро мусалмон нишон медоданд, ва ҳам бо мушрикон мубориза мебурд. Дар баробари ин қабилаҳои мушрики берун аз Мадинаро ба ислом даъват мекард ва мекӯшид, ки онҳо ба шарафи мусалмонӣ мушарраф гарданд. Ғазваҳое мисли Қарқара, Бани Қайнуқоъ, Савиқ, Ғатафон, Баҳрон… ҳама баъд аз ғазваи Бадр ба амал омаданд.

Баъзе воқеаҳои соли дуюми ҳиҷрат

Дар ҳамин сол закот фарз гардид ва амри додани садақаи фитр, хондани намозҳои ид ва куштани қурбонӣ омад. Сарвари мо Расулуллоҳ духтараш Умму Кулсумро ба ҳазрати Усмон ба никоҳ дод. Ҳафса, духтари ҳазрати Умар, ва Зайнаб бинти Хузаймаро (разияллоҳу анҳунна) ба никоҳи худ гирифт. Ҳазрати Ҳасан, писари ҳазрати Алӣ, ба дунё омад.

Тӯи ҳазрати Оиша

Сарвари мо, Паёмбар, ҳанӯз дар Макка буд, ки бо ҳазрати Оиша номзад шуда буд, вале тӯяшон ҳанӯз барпо нашуда буд. Рӯзе ҳазрати Абӯбакр аз Сарвари олам пурсид: «Ё Расулаллоҳ! Чӣ туро аз тӯй кардан бо аҳлат бозмедорад?» Расулуллоҳ фармуд: «Маҳр.» Ҳазрати Абӯбакр ба Расулуллоҳ пули маҳр фиристод.27

Баъд аз ин тӯи модари мо ҳазрати Оиша барпо шуд. Он вақт Сарвари мо, Паёмбар, панҷоҳу панҷсола буд.28 Модари мо ҳазрати Оиша бисёр зирак ва боистеъдод буд ва воқеаҳоро дар ҳамон лаҳза ба шеър баён карда метавонист. Чизеро, ки меомӯхт ва аз ёд мекард, ҳаргиз фаромӯш намекард. Бисёр боақл, зирак, олима, адиба, покдоман ва солеҳа буд. Азбаски ҳофизааш бағоят қавӣ буд, асҳоби киром бисёр чизҳоро аз ӯ пурсида, меомӯхтанд. Вай бо ояти карима мадҳ ёфт.

Ғазваи Қарқаратулкудр

Хабар расид, ки гурӯҳе аз Бани Сулайм ва Ғатафон дар Қарқара ҷамъ омадаанд. Сарвари мо, Паёмбар, бо дусад нафар аз муҳоҷирону Ансор аз Мадина берун шуд. Ҳазрати Ибни Умму Мактумро дар Мадина ҷонишин гузошта буданд. Парчами сафедро ҳазрати Алӣ мебурд. Ба он маҳал расиданд, вале касеро наёфтанд: мушрикон аз омадани лашкари ислом хабар ёфта, он ҷоро тарк карда буданд. Дар водӣ пеш мерафтанд, ки ба як шутурбон дучор омаданд ва аз ӯ пурсиданд, ки Бани Сулайм ва ғатафониён куҷоянд. Шутурбон гуфт: «Маро барои нигоҳубини ҳайвонҳояшон панҷ рӯз киро карда буданд. Ҳоло намедонам, ки куҷоянд.» Панҷсад шутурро ба ғанимат гирифтанд. Чӯпоне бо номи Ясор ҳам асир шуд. Се шаб дар водии Қарқаратулкудр монданд ва баъд шутуронро ронда, ба сӯи Мадина роҳ гирифтанд. Сарвари мо, Паёмбар, дар ҷое бо номи Зирор панҷяки шутуронро ҷудо кард ва боқимондаро тақсим намуд. Ба ҳар кас ду шутур расид. Субҳи рӯзи дигар ҳангоми адои намози бомдод диданд, ки ҳамон шутурбон Ясор бо онҳо намоз мехонад. Сарвари мо, Паёмбар, он ғуломро озод кард. Сипас ба саломатӣ ба Мадина баргаштанд.

«Валлоҳи, касеро мисли ту (Уқба ибни Абӯмуайт) бад намедонам, ки Аллоҳ таъоло, Расули Ӯ ва Қуръони каримро инкор карда, Паёмбари Ӯро аз шиканҷае ба шиканҷаи дигар гирифтор кард» Ҳадиси шариф

Ҳар ҷоне, ки дар оташи шавқи беҳад бисӯзад, нур мешавад;
Диле, ки аз дарди ишқ хароб гардад, обод мешавад.

Ғазваи Бани Қайнуқоъ

Рӯзе яҳудиёни Бани Қайнуқоъ хостанд як зани мусалмонро масхара кунанд. Яке аз саҳоба инро дид, дарҳол шамшер кашид ва он яҳудиро кушт. Яҳудиён ҳам ҷамъ омаданд ва он саҳобии муборакро шаҳид карданд. Ин ҳодисаро ба Сарвари мо, Паёмбар, хабар доданд. Расули акрам онҳоро дар бозори Қайнуқоъ ҷамъ кард ва фармуд: «Эй гурӯҳи яҳуд! Битарсед, ки ба азобе монанди азобе, ки Аллоҳ таъоло ба Қурайш дод, гирифтор шавед, ва мусалмон шавед. Шумо хуб медонед, ки ман паёмбаре ҳастам, ки аз ҷониби Аллоҳ таъоло фиристода шудаам. Инро ва инчунин аҳдеро, ки Аллоҳ таъоло бо шумо бастааст, дар китобатон хондаед…»

«Ҳамд ба Аллоҳ таъоло, ки Расули Худро дар Бадр музаффар гардонида, зафар ато фармуд» Наҷошӣ Асҳама (раҳматуллоҳи алайҳ)

Ғазваи Бани Қайнуқоъ

Бо вуҷуди ин марҳамат яҳудиён аҳдномаи бастаашонро шикастанд ва Султони оламиёнро бо ин суханон ба ҷанг даъват карданд: «Эй Муҳаммад! Он ки бар қавме, ки ҷангидан намедонист, ғолиб омадӣ, туро фиреб надиҳад! Қасам мехӯрем, ки мо мардони ҷанговарем! Танҳо вақте ки бо мо ҷанг сар кунӣ, мефаҳмӣ, ки мо чӣ гуна баҳодуронем!…» Бо ин суханон ошкор карданд, ки аҳдномаи пешинро шикаста, ба ҷанг даъват мекунанд. Он гоҳ Ҷабраил алайҳиссалом ваҳй овард, ки маънояш чунин аст: «(Эй Ҳабиби Ман!) Агар аз хиёнати қавме, ки (бо ту) аҳд бастаанд, (аз он ки хилофи аҳд амал кунанд) хавф кунӣ, (пеш аз оғози ҷанг) бар асоси ҳақ ва адолат рост ба худашон эълон кун, ки аҳдашонро рад кардаӣ. Зеро Аллоҳ таъоло хиёнаткоронро дӯст намедорад.»29

Дар ояти каримаи дигар низ фармуда шуд, ки маънояш чунин аст: «Эй Расули Ман! Ба он яҳудиёне, ки кофир шудаанд, бигӯ: шумо, бешубҳа, мағлуб хоҳед шуд ва ҷамъ оварда шуда, ба сӯи Ҷаҳаннам ронда хоҳед шуд; ва он Ҷаҳаннам чӣ ҷои бад барои мондан аст!»30

Ҳабиби акрам дарҳол, дар нимаи моҳи шаввол, рӯзи шанбе, лашкар ороста, ба сӯи қалъае, ки яҳудиёни Қайнуқоъ дар он буданд, равона шуд. Парчами сафедро ҳазрати Ҳамза мебурд, дар Мадина бошад, Абӯлубобаро ҷонишин гузошта буданд.31

Лашкари муборак қалъаи Қайнуқоъро муҳосира кард. Яҳудиёне, ки «Мо чӣ баҳодурони ҷанговарем!..» мегуфтанд, на танҳо муқобилат накарданд, балки ҳатто ҷуръат накарданд, ки аз қалъаашон як тир андозанд. Сарвари мо Расулуллоҳ даромадгоҳу баромадгоҳҳоро зери назорат гирифт. Ҳеҷ кас берун баромада натавонист. Ин ҳол понздаҳ рӯз давом кард.32

Яҳудиён ба тарс афтоданд ва таслим шуданд. Ҳарчанд ҳар яке аз онҳо сазовори қатл буд, Паёмбари маҳбуби мо, ки барои оламиён раҳмат фиристода шудааст, марҳамат фармуд ва ба яҳудиёни Қайнуқоъ иҷозат дод, ки ба Шом раванд. Ба ҳеҷ кадомашон иҷозат надоданд, ки дар он ҷо бимонад. Ҳамин тавр онҳоро аз сарзамини Мадина берун карданд.33 Бани Қайнуқоъ аз диёри худ кӯч бастанд ва молу яроқашон ғанимати мусалмонон гардид.

Ғазваи Савиқ

Абӯсуфён аз ҷанги Бадр гурехта, ба Макка расид ва назр кард, ки то аз Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам интиқом нагирад, «ба сараш равған намолад ва назди занонаш наравад». Соли дуюми ҳиҷрат, рӯзи якшанбе, панҷуми моҳи зулҳиҷҷа, барои вафо кардан ба назраш бо дусад савора ба сӯи Мадина ҳаракат кард. Шабе дар Мадина ба хонаи касе омада, Сарвари мо, Паёмбарро пурсид. Он шахс ба ӯ эътиное накард.

Ҳатто дарашро ҳам накушод. Абӯсуфён аз он ҷо рафта, ба Саллом ибни Мишкам меҳмон шуд. Рӯзи дигар аз он ҷо роҳ гирифта, ба ноҳияи Урайз омад. Дар он ноҳия ба Маъбад ибни Амр аз Ансор ва хизматгораш дучор омад ва онҳоро сари корашон шаҳид кард. Як нахлистонро оташ зад ва «Қасамам ба ҷо омад» гуфта, аз он ҷо рафт.

Чун ин ҳодисаро ба Сарвари мо, Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам, хабар доданд, Абӯлубобаро дар Мадина ҷонишин гузошт ва бо дусад нафар аз паи Абӯсуфён шитофт.

«Шумо, бешубҳа, мағлуб хоҳед шуд ва ҷамъ оварда шуда, ба сӯи Ҷаҳаннам ронда хоҳед шуд; ва он Ҷаҳаннам чӣ ҷои бад барои мондан аст!» Оли Имрон: 12

Мушрикон аз ин хабар ёфтанд ва ба гурехтан сар карданд. Барои ҷон ба саломат бурдан борҳояшон ва навъе ғалларо, ки «савиқ» меномиданд, бо дегҳое, ки барои пухтанаш оварда буданд, ҳамон ҷо партофта гурехтанд. Мусалмонон онҳоро ёфта, ба ғанимат гирифтанд. Аз ин рӯ ин ғазваро ғазваи Савиқ меноманд.

Тӯи ҳазрати Алӣ бо ҳазрати Фотима

Соли дуюми ҳиҷрат буд. Ҳазрати Фотима, духтари Фахри коинот саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ба понздаҳсолагӣ расида буд.

Рӯзе ҳазрати Фотима барои коре ба ҳузури Расули акрам даромада буд. Сарвари мо Расулуллоҳ дид, ки духтари гиромиаш ба синни шавҳар расидааст. Аз ҳамон рӯз бисёр касон модари мо Фотимаи Заҳроро хостгорӣ карданд. Расул алайҳиссалом ба онҳо илтифот накарда, фармуд: «Кори ӯ ба амри Ҳақ таъоло вобаста аст.»

Рӯзе Абӯбакр, Умар ва Саъд ибни Муоз дар масҷид нишаста, бо ҳам суҳбат мекарданд: «Ҳазрати Фотимаро ҷуз ҳазрати Алӣ ҳама хостгорӣ карданд, вале ба ҳеҷ кас илтифот нашуд.» Ҳазрати Сиддиқ гуфт: «Гумонам, ки насиби Алӣ мешавад. Биёед, ба дидани ӯ равем ва ин масъаларо бо ӯ дар миён гузорем. Агар камбағалиашро баҳона кунад, ёриаш диҳем.» Саъд гуфт: «Эй Абӯбакр! Ту ҳамеша кори хайр мекунӣ. Бархез, мо ҳам ҳамроҳат меравем.» Ҳар сеяшон аз масҷид баромаданду ба дидани ҳазрати Алӣ рафтанд. Ҳазрати Алӣ шутурашро бурда, нахлистони яке аз ансориёнро об медод. Онҳоро дида, ба пешвозашон баромад ва ҳолу аҳвол пурсид. Ҳазрати Абӯбакр гуфт: «Эй Алӣ! Ту дар ҳар кори хайр пешқадамӣ ва дар назди Расули акрам ба мартабае расидаӣ, ки ба ҳеҷ кас насиб нашудааст. Ҳазрати Фотимаро ҳама хостгорӣ карданд, вале ба ҳеҷ кас илтифот нашуд. Гумон дорем, ки насиби ту мешавад. Чаро иқдом намекунӣ?»

Ҳазрати Алӣ инро шунид ва чашмони муборакаш пур аз ашк шуд. Гуфт: «Эй Абӯбакр! Маро сахт сӯзондӣ. Ҷуз ман касе нест, ки ба ӯ дил бастааст; аммо тангдастиам монеи ин кор аст.» Ҳазрати Абӯбакр гуфт: «Чунин нагӯ. Дар назди Аллоҳ таъоло ва Расули Ӯ дунё чизе нест. Камбағалӣ монеи ин кор шуда наметавонад. Бирав, хостгорӣ кун.»

Ҳазрати Алӣ мефармояд: «Бо шарму ҳаё ва дастпоча ба ҳузури Расулуллоҳ даромадам. Расулуллоҳ дар камоли ҳайбату виқор буд. Дар ҳузураш нишастам, вале сухан гуфта натавонистам. Сарвари мо Расулуллоҳ фармуд: „Барои чӣ омадӣ, ҳоҷате дорӣ?“ Хомӯш мондам. Чун фармуд: „Шояд барои хостгории Фотима омадаӣ“, базӯр „Бале“ гуфта тавонистам. (Сарвари мо, Паёмбар, ба ҳазрати Фотима хабар дод, ки ҳазрати Алӣ ӯро хостгорӣ кардааст. Вай хомӯш монд.) Сарвари мо, Паёмбар, фармуд: „Чӣ дорӣ, ки ба Фотима ҳамчун маҳр диҳӣ?“ Гуфтам: „Дар назди худ чизе надорам, ки ба ӯ диҳам, ё Расулаллоҳ.“»

Боз фармуд: «Он куртаи зиреҳии ҳутамӣ, ки ба ту дода будам, куҷост, чӣ шуд?» Гуфтам: «Назди ман аст.» Фармуд: «Онро бифурӯш ва пулашро назди ман биёр. Ҳамчун маҳр ҳамон кофист.»34 Дар ривояти дигар омадааст: вақте ки Сарвари мо Расулуллоҳ ба ҳазрати Алӣ фармуд: «Назди ту чӣ ҳаст?», вай ҷавоб дод: «Аспам ва куртаи зиреҳиам ҳаст.» Сарвари мо Расулуллоҳ фармуд: «Аспат ба ту лозим мешавад, вале зиреҳатро бифурӯш.» Дар ривояти дигар бошад, фармуд: «Эй Алӣ, бирав, барои худ хонае киро кун.»

Ҳазрати Алӣ то тӯяш бо Сарвари мо, Паёмбар, якҷо зиндагӣ мекард. Бо амри Сарвари мо, Паёмбар, хонаи Ҳориса ибни Нӯъмонро, ки наздики Масҷиди Набавӣ, рӯ ба рӯи ҳуҷраи ҳазрати Оиша буд, киро кард. Зиреҳашро ҳам ба бозор фиристод. Ҳазрати Усмон разияллоҳу таъоло анҳ дар бозор мегашт ва зиреҳи ҳазрати Алиро шинохт. Даллолро назди худ хонд ва гуфт: «Соҳиби ин зиреҳ барояш чанд мехоҳад?» Даллол гуфт: «Чорсад дирҳам мехоҳад.» Усмон разияллоҳу анҳ фармуд: «Биё, пулашро бигир.» Баъд ба хонаи пурсаодаташ рафт. Зиреҳро аз даллол гирифт, пулашро дод ва гуфт: «Ин зиреҳ ба касе ҷуз ӯ сазовор нест. Ин пулро ҳам барои тӯй харҷ кунад ва узри моро қабул намояд.» Чорсад дирҳамро гузошт, зиреҳро болои он ниҳод ва ҳамчун ҳадя ба ҳазрати Алӣ фиристод. Вақте ки ҳазрати Алӣ бо зиреҳ ва дирҳамҳо назди Паёмбари мо омад, Сарвари мо, Паёмбар, дар ҳаққи ҳазрати Усмон бисёр дуои хайр кард ва фармуд: «Усмон дар Ҷаннат рафиқи ман аст.» Сипас Билоли Ҳабаширо назди худ хонд, қисме аз пулро ба ӯ дод ва амр фармуд: «Ин пулро гирифта, ба бозор бирав! Каме гулоб ва бо боқимондаи пул асал бихар ва дар гӯшаи масҷид дар зарфи тоза бо об омехта кунед. Шарбати асал тайёр кунед, то пас аз бастани никоҳ бинӯшем. Асҳоби маро аз Ансору муҳоҷирон, ки ҳозиранд, ба масҷид даъват кун ва ба мардум эълон кун, ки никоҳи Фотима ва Алӣ баста мешавад.»

Билоли Ҳабашӣ берун баромад ва ба мардум эълон кард, ки никоҳи ҳазрати Алӣ ва ҳазрати Фотима баста мешавад. Асҳоби киром ба Масҷиди Набавӣ омаданд ва дарунию берунашро пур карданд. Сарвари мо, Паёмбар, бархост ва ин хутбаро хонд: «Тамоми ҳамду шукр махсуси Парвардигори оламиён аст. Ӯст, ки ба сабаби неъматҳое, ки медиҳад, ситуда мешавад; ба сабаби қудрат ва қуввати беинтиҳояш Ӯро ибодат мекунанд; аз азоб ва ҳисоби Ӯ метарсанд; ва ҳукму фармони Ӯ дар замин ва осмонҳо ҳоким аст. Ӯст, ки махлуқотро бо қудрати Худ офарид, бо ҳукмҳои одилонааш онҳоро аз якдигар ҷудо сохт ва инсонҳоро бо дини (ислом) ва бо Паёмбараш Муҳаммад (алайҳиссалом) мушарраф гардонид… Аллоҳ таъоло ба ман амр фармуд, ки духтарам Фотимаро ба Алӣ ибни Абӯтолиб ба никоҳ диҳам. Акнун шуморо гувоҳ мегирам, ки (бо амри Аллоҳ таъоло) Фотимаро бо маҳри 400 мисқол нуқра ба никоҳи Алӣ ибни Абӯтолиб додам. Парвардигорам онҳоро ба ҳам пайвандад ва инро бар онҳо муборак гардонад. Насли онҳоро пок, калиди раҳмат, маъдани ҳикмат ва амни уммати Муҳаммад гардонад.

Гуфтаниам ҳамин буд. Аз Парвардигорам барои худ ва барои шумо мағфират металабам.»

Ҳазрати Алӣ низ бархост ва ин хутбаи кӯтоҳро хонд: «… Ба Муҳаммад алайҳиссалом, ки дар ҳузураш ҳастем, салоту салом мефиристам; Ӯ духтари гиромӣ ва муборакаш Фотимаро бо маҳри 400 мисқол нуқра ба никоҳи ман дод. Эй бародарони динии ман! Бешубҳа, он чиро, ки Сарвари мо, Паёмбар, фармуд, шунидед ва гувоҳ шудед. Ман низ бар ин гувоҳам ва розиям. Онро айнан қабул мекунам. Аллоҳ таъоло бар суханони ҳамаи мо гувоҳ аст ва вакили ҳамаи мост.»35

«Усмон дар Ҷаннат рафиқи ман аст» Ҳадиси шариф

Пас аз анҷоми ақди никоҳ Сарвари мо, Паёмбар, хурмои тару тоза талабид ва фармуд: «Биёед, аз ин хурмо гирифта бихӯред.» Ҳама гирифтанду хӯрданд. Сипас ҳазрати Билол шарбати асал тақсим кард; онро ҳам нӯшиданд ва ҳамаи саҳобагон чунин дуо карданд: «Бораклоҳу фикумо ва алайкумо ва ҷамаъа шамлакумо.» Ҳангоми никоҳ Фотима разияллоҳу анҳо понздаҳсола ва Алӣ разияллоҳу анҳ бисту панҷсола буд.

Ҳазрати Фотима пас аз никоҳ гиря мекард. Сарвари мо, Паёмбар, назди ӯ омад ва фармуд: «Эй Фотима! Туро чӣ шуд, ки гиря мекунӣ? Ба Аллоҳ таъоло қасам мехӯрам, ки туро ба донотарини хостгорон, бартарини онҳо дар ҳилм ва хирадмандӣ ва нахустин касе аз онҳо, ки мусалмон шуд, ба никоҳ додам.» Ҳазрати Фотима гуфт: «Падарҷон! Маҳри ҳар духтаре, ки ба шавҳар меравад, бо тиллову нуқра муайян мешавад. Агар маҳри ман ҳам ҳамин тавр муайян шавад, пас миёни ту ва дигарон чӣ фарқ мемонад? Рӯзи қиёмат ту чанд нафар мӯъмини гунаҳкорро шафоат кунӣ, ман ҳам мехоҳам занони ҳамонҳоро шафоат кунам. Муродам ҳамин аст.»

Чун Аллоҳ таъоло хабар дод, ки ин орзуи ҳазрати Фотима қабул шудааст, Сарвари мо Расулуллоҳ фармуд: «Эй Фотима, нишон додӣ, ки фарзанди паёмбарӣ!»

Ҳазрати Алӣ фармуд: «Аз ин корҳо чанд моҳ гузашт. Дар ин бора дар маҷлис ҳеҷ сухане ба миён наомад. Ман ҳам аз ҳиҷоб, яъне аз шарм, даҳон кушода натавонистам. Аммо Сарвари мо Расулуллоҳ гоҳ-гоҳ маро танҳо дида, мефармуд: „Ҳамсари ту чӣ зани нек аст! Мужда бод ба ту, ки ӯ сайидаи бонувони олам аст.“»

Дар он рӯзҳо ҳазрати Уқайл, бародари ҳазрати Алӣ, гуфт: «Эй Алӣ! Аз ин ақди издивоҷ шод гаштем. Вале муроди ман ин аст, ки ин ду хушбахт ба ҳам бирасанд.» Ҳазрати Алӣ гуфт: «Муроди ман ҳам ҳамин аст, вале шарм мекунам.» Ҳазрати Уқайл дасти Алиро гирифт ва ба хонаи Сарвари мо, Паёмбар, рафтанд. Он ҷо ба Умму Айман, канизи Расулуллоҳ, дучор омаданд ва ҳолро ба ӯ гуфтанд. Умму Айман гуфт: «Барои ин кор омадани шумо лозим нест. Мо бо ҳамсарони поки Ӯ (азвоҷи тоҳирот) якдил шуда, ба шумо хабар медиҳем; зеро дар ин кор сухани занон шунида мешавад.»

Умму Айман ин ҳолро ба ҳамсарони Расулуллоҳ гуфт. Азвоҷи тоҳироти дигар ба хонаи ҳазрати Оиша ҷамъ омаданд ва ҳазрати Хадичаро ёд карда, гуфтанд: «Агар ӯ зинда мебуд, мо ҳеҷ ташвише намедоштем.» Сарвари мо Расулуллоҳ гирист ва фармуд: «Зане монанди Хадича куҷост? Вақте ки мардум маро дурӯғгӯ мешумурданд, ӯ маро тасдиқ кард ва тамоми молашро дар роҳи ман сарф кард. Ба дини ислом бисёр ёрӣ дод. Дар замони зиндагиаш Ҳақ таъоло ба ман амр фармуд, ки ба Хадича мужда деҳ: дар Ҷаннат барои ӯ кӯшке аз зумуррад сохта шудааст.» Ҳамсарони Сарвари мо Расулуллоҳ хоҳиши ҳазрати Алиро арз карданд. Он гоҳ Сарвари мо Расулуллоҳ ба Умму Айман амр фармуд, ки ҳазрати Алиро даъват кунад. Чун Алӣ омад, заноне, ки дар маҷлис буданд, бархоста рафтанд. Ҳазрати Алӣ сар ба зер афканда нишаст. Расулуллоҳ фармуд: «Ҳамсаратро мехоҳӣ, эй Алӣ?»

Алӣ разияллоҳу анҳ гуфт: «Бале, ё Расулаллоҳ! Падару модарам фидои ту бод.» Расули акрам ба Асмо бинти Умайс фармуд: «Бирав, хонаи Фотимаро омода кун.» Асмо ба хонае, ки ҳазрати Фотима арӯс шуда ба он мерафт, рафт. Як кӯрпача аз чарми нав, як кӯрпача аз чарми ямоқдор ва як кӯрпача аз бӯрё дӯхт ва даруни онҳоро бо лифи хурмо пур кард. Сарвари мо Расулуллоҳ пас аз намози хуфтан ба хонаи Фотима омад ва он чиро, ки тайёр карда буданд, аз назар гузаронд.

Паёмбари мо амр фармуд, ки бо дусеяки пуле, ки ҳазрати Алӣ оварда буд, хӯрок, зевар ва бӯи хуш барин чизҳо ва бо сеяки дигараш либос харанд, ва асбоби хонаро пурра кунонд. Дар ҷиҳоз ва асбоби хонаи ҳазрати Фотима инҳо буданд: се кӯрпачае, ки Асмо бинти Умайс омода карда буд, як қолини попукдор, як болиште, ки дарунаш бо лифи хурмо пур шуда буд, ду дастос, як машки об, як кӯзаи гилин, як пиёлаи чармин барои об, як дастмол, як доман, як пӯсти даббоғишудаи қӯчқор, як қолини ола-ҷолаи яманӣ, ки кӯҳна шуда, пурзаш рехта буд, як тахти аз барги хурмо бофташуда, ду ҷомаи ола-ҷолаи кори Яман ва як кӯрпаи бахмалӣ. Баъд Сарвари мо Расулуллоҳ ба ҳазрати Алӣ каме пул дод ва фармуд, ки хурмо ва равған бихарад. Ҳазрати Алӣ давоми воқеаро чунин нақл кард:

«Бо панҷ дирҳам хурмо ва бо чор дирҳам равған харидам ва ба ҳузури Расулуллоҳ овардам. Ӯ дастархони чармине талабид. Хурмо, орд, равған ва ҷурғотро бо дасти муборакаш омехта, як навъ таом тайёр кард ва фармуд: „Эй Алӣ! Бирав, ҳар киро ёбӣ, биёр.“ Ман берун баромадам, мардуми бисёреро дидам, ҳамаро даъват кардам ва ба дарун даромада, арз кардам: „Ё Расулаллоҳ! Мардум бисёранд.“

Сарвари оламиён, Фахри коинот, фармуд: „Онҳоро даҳ-даҳ нафар ба дарун биёр, то таом (хӯрок) бихӯранд.“ Ҳамин тавр кардам. Чун ҳисоб карданд, маълум шуд, ки аз марду зан ҳафтсад нафар хӯрок хӯрда, сер шуда буданд.»

Баъд аз хӯрдани валимаи ҳазрати Алӣ ва Фотима, ба гуфтаи Умму Айман, Сарвари мо, Паёмбар, ба ҳазрати Алӣ фармуд: «Эй Алӣ, духтарам Фотима ҳамчун арӯс ба хонаи шумо рафт. Ман ҳам пас аз намози шом омада, дуо мекунам. Маро интизор шавед.»

Ҳазрати Алӣ ба хона омаду дар гӯшае нишаст. Ҳазрати Фотима ҳам дар гӯшаи дигари хона нишаст. Сипас Сарвари мо Расулуллоҳ омада, дарро кӯфт. Умму Айман дарро кушод.

Расулуллоҳ фармуд: «Бародарам дар ин ҷост?» Умму Айман гуфт: «Падару модарам фидои ту бод, ё Расулаллоҳ! Бародаратон кист?» Сарвари мо Расулуллоҳ фармуд: «Алӣ ибни Абӯтолиб аст». Умму Айман гуфт: «Духтари гиромиатонро ба бародаратон ба шавҳар додед?» Сарвари мо Расулуллоҳ фармуд: «Бале.» Умму Айман аз он ки Расулуллоҳ «Бародарам дар ин ҷост?» фармуда буд, гумон карда буд, ки ин никоҳ ҷоиз нест. Сарвари мо Расулуллоҳ бо «Бале» фармуданаш ишора кард, ки монеи издивоҷ аз як модар таваллуд шудан аст.

Баъд Сарвари мо Расулуллоҳ ба Умму Айман фармуд: «Асмо бинти Умайс ҳам дар ин ҷост?» Вай «Бале» гуфта ҷавоб дод. Фармуд: «Пас барои хизмати духтари Расулуллоҳ омадааст.» Чун Умму Айман боз «Бале» гуфт, Расулуллоҳ «Ба хайр бирасад» фармуда, барои ӯ дуо кард.

«Эй Фотима! Туро чӣ шуд, ки гиря мекунӣ? Ба Аллоҳ таъоло қасам мехӯрам, ки туро ба донотарини хостгорон, бартарини онҳо дар ҳилм ва хирадмандӣ ва нахустин касе аз онҳо, ки мусалмон шуд, ба никоҳ додам» Ҳадиси шариф

Сипас як зарф об талабид. Дастҳои муборакашро шуст ва ба об каме мушк ҳам рехт. Баъд ҳазрати Фотимаро назди худ хонд. Ҳазрати Фотима аз шарм ба либосаш менигарист. Сарвари мо Расулуллоҳ аз он об каме гирифта, ба сина, сар ва пушти Фотима пошид ва чунин дуо кард: «Аллоҳумма иннӣ уъизуҳо бика ва зуррийятаҳо минашшайтонир-раҷим» (Ё Раббӣ, барои ҳифзи ӯ ва фарзандонаш аз шарри шайтони раҷим, яъне сангсоршуда, ба Ту паноҳ меорам). Баъд бо ҳазрати Алӣ ҳам ҳамин корро кард ва чунин дуо намуд: «Аллоҳумма борик фиҳимо ва борик алайҳимо ва борик лаҳумо фӣ наслиҳимо.» Сураҳои Ихлос ва Муаввизатайнро хонд ва фармуд: «Бо ном ва баракати Аллоҳ таъоло назди аҳлат дароӣ.» Сипас бо дастҳои муборакаш ду табақаи дарро гирифт, дуои баракат кард ва аз он ҷо рафт.36

Ҳазрати Алӣ фармуд: «Чор рӯз баъд аз тӯи мо Сарвари мо Расулуллоҳ ба хонаи мо ташриф овард. Бо суханони дилнавоз ва пурҳикматаш ба мо насиҳат кард ва сипас фармуд: „Эй Алӣ! Об биёр!“ Хестам ва об овардам. Ояти каримае хонд ва фармуд: „Аз ин об каме бинӯш ва як миқдор бимонад.“ Ҳамон тавр кардам. Оби боқимондаро ба сару синаам пошид. Боз фармуд: „Об биёр.“ Боз об овардам. Он чи бо ман карда буд, бо Фотима ҳам кард. Сипас маро берун фиристод.»

Вақте ки ӯ берун баромад, аз духтараш дар бораи ҳазрати Алӣ суол фармуд. Фотима гуфт: «Падарҷон, ҳамаи сифатҳои камол дар ӯ ҳаст. Аммо баъзе занони Қурайш ба ман мегӯянд: „Шавҳарат камбағал аст.“» Сарвари мо Расулуллоҳ фармуд: «Духтарам! На падари ту камбағал аст ва на шавҳари ту. Тамоми ганҷу дафинаҳои замин ва осмонро ба ман арза карданд, қабул накардам; он чиро, ки дар назди Аллоҳ таъоло мақбул аст, қабул кардам. Эй духтаракам! Агар ту он чиро, ки ман медонам, медонистӣ, дунё дар назари ту хору паст менамуд. Ба ҳаққи Аллоҳ таъоло, шавҳари ту нахустини саҳоба аст, бузурги ислом аст ва аз ҷиҳати илм амиқтарини онҳост. Эй духтарам! Аллоҳ таъоло аз Аҳли байт ду касро баргузид: яке падарат ва дигаре шавҳарат. Зинҳор ба ӯ нофармонӣ макун ва ба амраш мухолифат наварз.»

Фахри коинот алайҳи афзалуссалавот духтарашро насиҳат карда, сипас ҳазрати Алиро даъват кард ва Фотимаро ба ӯ супурда, фармуд: «Эй Алӣ! Хотири Фотимаро риоя кун. Вай пораест аз ман. Вайро шод нигоҳ дор. Агар ӯро озурда кунӣ, маро озурдаӣ». Ҳар дуро ба Аллоҳ таъоло супурд. Сипас бархост ва азми рафтан карда буд, ки ҳазрати Фотима гуфт: «Ё Расулаллоҳ! Хизмати дарунро ман мекунам, хизмати берунро Алӣ. Агар ба ман канизе ато фармоед, дар баъзе корҳоям ёрдам медиҳад. Маро хушнуд мегардонед.» Сарвари мо Расулуллоҳ фармуд: «Эй Фотима! Ба ту чизе беҳтар аз хизматгор ато кунам ё хизматгор?»

Модари мо Фотима гуфт: «Беҳтар аз хизматгорро ато фармо.» Сарвари мо Расулуллоҳ фармуд: «Ҳар рӯз ҳангоми хоб сию се бор Субҳоналлоҳ, сию се бор Алҳамдулиллоҳ, сию се бор Аллоҳу акбар ва як бор Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳ, лаҳул-мулку ва лаҳул-ҳамду ва ҳува ало кулли шайъин қадир бигӯ. Ҳамааш сад калима аст. Дар қиёмат ҳазор ҳасана (некӣ) меёбӣ. Дар мизон ҳасанотат вазнин меояд.» Баъд Сарвари мо, Паёмбар, аз хонаи духтари гиромиаш баромад ва ба хонаи пурсаодати худ рафт.

Кушта шудани Каъб ибни Ашраф

Пас аз зафари Бадр дар дили яҳудиён ва мушрикони бутпарасти Мадина тарс афтод. Баъзе яҳудиён ба инсоф омаданд ва «Зоте, ки сифоташро дар китобҳоямон хондаем, бешубҳа, ҳамин аст. Акнун дар муқобили Ӯ истодан мумкин нест, зеро Ӯ ҳамеша ғолиб хоҳад омад» гуфта, мусалмон шуданд. Баъзеи дигар гуфтанд: «Муҳаммад бо қурайшиёне ҷангид, ки аз ҷанг сар намебароварданд. Барои ҳамин ғолиб омад. Агар бо мо меҷангид, ба Ӯ нишон медодем, ки чӣ тавр меҷанганд ва чӣ тавр зафар ба даст меоранд.»

Яҳудие бо номи Каъб ибни Ашраф ҳам вақте ки зафари лашкари исломро дар Бадр шунид, аз кинае, ки ба мусалмонон дошт, ба Макка рафт. Мушрикони он ҷоро ҷамъ кард ва барои он ки ба Мадина ҳамла кунанд, шеърҳо гуфта, онҳоро ташвиқу таҳрик кард. Бо онҳо барои ҷанг бар зидди Сарвари мо, Паёмбар, аҳд баст. Ҳатто бар зидди Паёмбари маҳбуби мо суиқасд ташкил кард. Аллоҳ таъоло ин ҳолро ба Сарвари мо Расулуллоҳ хабар дод ва фармуд, ки маънояш чунин аст: «Онҳо касоне ҳастанд, ки Аллоҳ таъоло онҳоро лаънат кардааст (аз раҳмати Худ дур сохтааст)…»37

Ба ин сабаб Расули акрам ба асҳоби бошарафаш фармуд: «Каъб ибни Ашрафро кӣ мекушад? Зеро ӯ Аллоҳ таъоло ва Расули Ӯро озор додааст.»

Муҳаммад ибни Маслама пурсид: «Ё Расулаллоҳ! Мехоҳӣ, ки ӯро ман бикушам?» Сарвари мо Расулуллоҳ фармуд: «Бале, мехоҳам.» Муҳаммад ибни Маслама чанд рӯз дар ин бора андеша кард ва нақшаҳо кашид. Назди ёронаш Абӯноила, Аббод ибни Бишр, Ҳорис ибни Авс ва Абӯабс ибни Ҷабр рафт ва масъаларо бо онҳо дар миён гузошт. Ҳама онро писандиданд ва гуфтанд: «Якҷоя ӯро мекушем.» Ҳамроҳ назди Сарвари мо, Паёмбар, омаданд ва гуфтанд: «Ё Расулаллоҳ! Агар иҷозат фармоед, ҳангоми гуфтугӯ бо ӯ дар бораи шумо баъзе суханоне гуфта метавонем, ки ба Каъб хуш ояд?» Сарвари мо, Паёмбар, ба онҳо иҷозат фармуд, ки ҳар чӣ мехоҳанд, бигӯянд.

Сипас Муҳаммад ибни Маслама бо ёронаш назди Каъб ибни Ашраф рафт ва гуфт: «Ин Муҳаммад аз мо садақа талабид. Бар мо андози зиёде бор кард. Барои ҳамин омадам, ки аз ту чизе қарз гирам.» Каъб шод шуд, гумон кард, ки Муҳаммад ибни Маслама ҳам мисли ӯ фикр мекунад, ва гуфт: «Ӯ шуморо аз ин ҳам бештар безор мекунад.» Муҳаммад ибни Маслама гуфт: «Мо як бор ба Ӯ пайравӣ кардем. Акнун пайравиро идома медиҳем. Бубинем, охираш чӣ мешавад. Ҳоло ту ба мо каме хурмо қарз деҳ.» Каъб гуфт: «Хуб, медиҳам, вале шумо бояд чизеро назди ман гарав гузоред!» Муҳаммад ибни Маслама ва ҳамроҳонаш гуфтанд: «Чӣ мехоҳӣ?» Каъб гуфт: «Занонатонро гарав мехоҳам», вале онҳо розӣ нашуданд. Каъб гуфт: «Пас писаронатонро гарав гузоред.» Гуфтанд: «Онҳоро ҳам гарав гузошта наметавонем. Он гоҳ дар бораи яке аз онҳо мегӯянд, ки ӯро барои як-ду бори шутур хурмо гарав гузоштанд, ва ин барои мо доғе мешавад, ки фаромӯш карда наметавонем. Вале яроқу зиреҳамонро назди ту гарав гузошта метавонем.» Каъб ин пешниҳодро қабул кард ва ба онҳо гуфт, ки кай биёянд.38

«Эй Алӣ! Хотири Фотимаро риоя кун. Вай пораест аз ман. Вайро шод нигоҳ дор. Агар ӯро озурда кунӣ, маро озурдаӣ» Ҳадиси шариф

Шабе Муҳаммад ибни Маслама назди Каъб омад. Абӯноила ҳам ҳамроҳаш буд. Каъб онҳоро ба қалъа даъват кард ва худаш барои пешвозашон поён фуромад. Зани Каъб гуфт: «Дар ин вақти шаб куҷо меравӣ?» Каъб гуфт: «Омадагон Муҳаммад ибни Маслама ва бародарам Абӯноилаанд.» Занаш гуфт: «Ин садое, ки мешунавам, ба дилам хуш намеояд. Гӯё аз он хун мечакад.» Каъб гуфт: «Не, онҳо Муҳаммад ибни Маслама ва бародари ширии ман Абӯноилаанд. Вай ҷавони хуб аст. Агар шабона ӯро ҳатто ба шамшерзанӣ даъват кунанд, бе ягон дудилагӣ меояд. Вай ҳамин хел одам аст.» Муҳаммад ибни Маслама ду нафарро, ба як ривоят се нафарро, бо худ ба қалъа даровард. Инҳо Абӯабс ибни Ҷабр, Ҳорис ибни Авс ва Аббод ибни Бишр буданд.39 Ҳазрати Муҳаммад ибни Маслама ба ёронаш гуфт: «Вақте ки Каъб ояд, ба ӯ мегӯям, ки мӯяшро бӯидан мехоҳам, сарашро гирифта, мебӯям. Ҳамин ки дидед, ки сари Каъбро маҳкам гирифтам, бо шамшерҳоятон занед.» Каъб ибни Ашраф ороставу хушбӯй назди онҳо омад. Ибни Маслама «То ҳол чунин бӯи хуш нашунида будам» гуфта, назди Каъб рафт. Каъб «Хушбӯйтарин занони араб назди мананд» гуфта, ба худ болид. Муҳаммад ибни Маслама гуфт: «Иҷозат медиҳӣ, ки сари туро бӯям?» Каъб гуфт, ки иҷозат медиҳад. Маслама сари ӯро бӯид ва ба ёронаш ҳам бӯёнд. Баъд гуфт, ки боз бӯидан мехоҳад. Ин бор Муҳаммад ибни Маслама сари ӯро маҳкам гирифт ва ба ёронаш ишора кард, ки бо шамшер зананд.

Аз зарбаи нахустини шамшер Каъб сахт фарёд зад, вале намурд. Он гоҳ Муҳаммад ибни Маслама бо ханҷар ӯро кушт. Муҷоҳидоне, ки Каъбро куштанд, дарҳол он ҷоро тарк карда, ба Мадина расиданд. Чун ба Сарвари мо Расулуллоҳ мужда доданд, Паёмбари мо ба Аллоҳ таъоло ҳамд фармуд ва дар ҳаққи муҷоҳидон дуо фармуд. Кушта шудани Каъб ибни Ашрафи кофир яҳудиёнро ба ваҳми бузург андохт; зеро вақте ки пешвои саршиносе мисли Каъб кушта шуд, навбати худашон ҳам дур набуд. Субҳидам ҷамъ омаданд ва ба ҳузури Сарвари мо, Паёмбар, омада, аз ҳодисаи шаби гузашта шикоят карданд. Расули акрам фармуд: «Вай ҳамеша моро озор медод ва бар зидди мо шеърҳо мегуфт. Агар ҳар кадоме аз шумо чунин кунад, бидонад, ки ҷазояш шамшер аст.» Пас аз ин огоҳӣ яҳудиён аз тарс бо Сарвари мо Расулуллоҳ аҳдномаи нав бастанд.40

Ғазваи Ғатафон

Ин ғазваро ҳам «ғазваи Анмор» ва ҳам «ғазваи Зиамр» меноманд. Гурӯҳе аз Бани Саълаба ва Бани Муҳориб дар ҷое бо номи Зиамр ҷамъ омада, қарор дода буданд, ки дар атрофи Мадина ҳар чӣ ёбанд, ғорат кунанд. Сардорашон Дуъсур ибни Ҳорис ибни Муҳориб ном шахсе буд, ки лақабаш Ғаврас буд. Сарвари мо, Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам, Усмон ибни Аффон разияллоҳу анҳро дар Мадина ҷонишин гузошт ва бо лашкари чорсаду панҷоҳнафара аз Мадина берун шуд. Дар роҳ ба касе бо номи Ҷаббор дучор омаданд ва аз ӯ дар бораи душман пурсиданд. Вай гуфт: «Онҳо намехоҳанд бо шумо биҷанганд. Шуморо дида, ба кӯҳҳо гурехтанд.» Расулуллоҳ ба ӯ исломро арза кард. Вай ҳам қабул карду мусалмон шуд.

Лашкари ислом ба сӯи водӣ пеш мерафт, ки борон сар шуд; муддате бо тамоми шиддат борид, баъд ором гирифту бозистод. Муҷоҳидон, пеш аз ҳама худи Сарвари мо, Паёмбар, сар то по тар шуда буданд. Ҳар кас дар як гӯша сару либосашро хушк мекард. Расулуллоҳ ҳам дар ҷои хилвате либосашро кашид ва барои хушк кардан бар дарахте паҳн кард. Вақте ки Ӯ дар зери дарахт истироҳат мекард, кофироне, ки лашкари исломро пинҳонӣ мепоиданд, Расулуллоҳро танҳо диданд ва ба Дуъсур ибни Ҳорис хабар доданд. Вай барои куштани Расулуллоҳ оҳиста ба ҷое, ки Ӯ истироҳат мекард, наздик шуд, шамшерашро кашид ва гуфт: «Кӣ туро аз дасти ман наҷот дода метавонад?» Расулуллоҳ фармуд: «Аллоҳ таъоло наҷот медиҳад.» Ҳамон дам Ҷабраил алайҳиссалом омад ва ба синаи Дуъсур зарбае зада, ӯро ба замин афканд; шамшер аз дасташ афтод. Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам шамшери Дуъсурро бардошт ва фармуд: «Кӣ туро аз дасти ман наҷот медиҳад?» Дуъсур «Ҳеҷ кас наҷот дода наметавонад» гуфт, калимаи шаҳодат овард ва мусалмон шуд. Вай сабаби имон овардани бисёр касон гардид.41 Ваъда дод, ки дигар ҳаргиз барои ҷанг лашкар ҷамъ намекунад. Бе задухӯрди мусаллаҳона ба Мадина баргаштанд. Ин сафар ёздаҳ рӯз тӯл кашид.

Ғазваи Баҳрон

Ин ғазваро «Бани Сулайм» ё «ғазваи Наҷрон» ҳам меноманд. Хабар расид, ки мушрикони зиёде, ки дар Бани Сулайм ҷамъ омадаанд, ба Мадина ҳамла карданӣ ҳастанд. Ҳазрати Ибни Умму Мактумро ҷонишин гузоштанд. Расулуллоҳ бо лашкари сесаднафара ба сӯи душман равона шуд. Душман аз омадани лашкари ислом хабар ёфт ва ба кӯҳҳо гурехт. Бинобар ин рӯ ба рӯ шудан муяссар нагашт. Ин сафар дувоздаҳ рӯз давом кард.

«Вай (Каъб ибни Ашраф) ҳамеша моро озор медод ва бар зидди мо шеърҳо мегуфт. Агар ҳар кадоме аз шумо чунин кунад, бидонад, ки ҷазояш шамшер аст» Ҳадиси шариф

Ишқи Ту маро аз ман гирифт,
Туро дӯст медорам, Парвардигорам!
Муҳаббати Ту чӣ ширин будааст,
Туро дӯст медорам, Парвардигорам!
На аз доро будан шод мешавам,
На аз нодорӣ гила мекунам.
Аз ишқи Ту лаззат мебарам,
Туро дӯст медорам, Парвардигорам!
Ибодатҳоро фармудӣ,
Ҳолҳои некро ситудӣ,
Неъматҳои беинтиҳо додӣ,
Туро дӯст медорам, Парвардигорам!
Аҷаб, чӣ нафси носипосе дорам,
Ки барои лаззати худ ҳамеша маро қурбон мекунад!
Ман лаззати ҳақиқиро ёфтам,
Туро дӯст медорам, Парвардигорам!
Ибодатро некӯ адо кардан,
Барои дунё низ кор кардан
Кори шабу рӯзи ман аст, зеро
Туро дӯст медорам, Парвардигорам!
Дӯст доштан бо ҳарф намешавад, эй Ҳилмӣ,
Парвардигорат фармуд: «Кӯшиш кунед!»
Аз ҳолат ҳам маълум шавад:
Туро дӯст медорам, Парвардигорам!
Душманони ислом бисёранд,
Ки пинҳонӣ ба дин металанд.
Агар хомӯш нишинӣ, оё раво бошад?
Туро дӯст медорам, Парвардигорам!
Оё ошиқ танбал менишинад?
Оё мегузорад, ки ба маъшуқ гарде нишинад?
Душманро хомӯш кун ва бигӯ:
«Туро дӯст медорам, Парвардигорам!»