Паёмбари маҳбуби ман

ҲОДИСАИ РАҶИЪ

Ҳазрати Осим ибни Собит, ки аз беҳтарин камонварони ғазваи Уҳуд буд, дар он ғазва аз мушрикон Мусофеъ ибни Талҳа ва бародараш Ҳорисро кушта буд. Модари онҳо Сулофа бинти Саъд, ки ба кинатӯзӣ ном бароварда буд, ваъда дод, ки ба касе, ки сари ҳазрати Осим ибни Собит, қотили ду писарашро биёрад, сад шутур медиҳад, ва қасам хӯрд, ки дар косаи сари ҳазрати Осим шароб менӯшад. Ғайр аз ин, дар сарияе, ки Сарвари мо Расулуллоҳ фиристода буд, Абдуллоҳ ибни Унайс Холид ибни Суфёнро аз Бани Лиҳён кушта буд ва аз ин сабаб Бани Лиҳён бо қабилаҳои Азал ва Қора ҳамаҳд шуданд. Ин ду қабила, ки дар наздикии Макка мезистанд, нақшае кашиданд ва элчиён тайёр карда, ба онҳо гуфтанд: «Бигӯед, ки мусалмон шудаед, закот медиҳед ва барои гирифтани он ва омӯзондани ислом ба худатон муаллим мехоҳед. Баъзе аз омадагонро мекушем ва интиқомамонро мегирем, баъзеи дигарро ба Макка бурда, ба Қурайш мефурӯшем.»

Дар моҳи сафари соли чоруми ҳиҷрат ҳайъате иборат аз шаш ё ҳафт нафар аз ин ду қабила назди Сарвари мо, Паёмбар, омада, гуфтанд: «Мусалмон шудем, ба мо муаллимоне бифирист, ки Қуръони карим ва динро ба мо биёмӯзонанд.»

Дар ин вақт Паёмбари маҳбуби мо сарияи даҳнафарае омода карда буд, то бифаҳмад, ки мушрикони Макка ба ҷанг тайёрӣ мебинанд ё не. Чун аз қабилаи Азал ва Қора чунин ҳайъате омада, муаллим хост, ин гурӯҳи иктишофии даҳнафараро бо омадагон ҳамроҳ фиристод, то вазъиятро бисанҷанд, тафтиш кунанд ва хабар диҳанд.

Дар ин сария аз асҳоби киром Марсад ибни Абӯмарсад, Холид ибни Абӯбукайр, Осим ибни Собит, Хубайб ибни Адӣ, Зайд ибни Дасинна, Абдуллоҳ ибни Ториқ, Муаттиб (Муғир) ибни Убайд ва боз се саҳобие, ки номашон маълум нест (разияллоҳу анҳум), буданд.

Ин гурӯҳи иктишофӣ рӯзона пинҳон мешуданд ва шабона роҳ мерафтанд; саҳаргоҳе ба сари оби Раҷиъ расиданд. Муддате он ҷо дам гирифтанд ва аз хурмои хушсифати Мадина, ки Аҷва ном дорад, хӯрданд. Сипас аз он ҷо рафта, ба кӯҳи наздик баромаданд ва пинҳон шуданд.

Зане аз қабилаи Ҳузайл, ки гӯсфанд мечаронд, ҳам ба сари оби Раҷиъ омад. Донаҳои хурморо дида, фаҳмид, ки ин ҷо хурмои Мадина хӯрдаанд. «Ба ин ҷо касоне аз Мадина омадаанд!» гӯён фарёд зад ва қабилаашро хабардор кард.

Дар ҳамин ҳол яке аз аъзои ҳайъати Азал ва Қора, ки ҳамроҳи ин сарияи даҳнафараи асҳоби киром буд, ба баҳонае аз онҳо ҷудо шуд ва дарҳол назди Бани Лиҳён рафта, хабар дод.

Бани Лиҳён ба ин хабар ба ҳаракат омаданд. Лашкари дусаднафарае, ки сад нафарашон камонвар буданд, ба сари ин сарияи хурд фиристоданд. Ин галаи мушрикон омада, ҳазрати Осим ибни Собит ва ёронашро дар қуллаи кӯҳ ёфтанд ва муҳосира карданд. Дар ин миён он касе, ки аз ҳоли он даҳ саҳобӣ ба мушрикон хабар дода буд, ҳам ба онҳо ҳамроҳ шуд. Асҳоби киром ҳамон дам фаҳмиданд, ки фиреб хӯрдаанд, ва қарори ҷанг дода, шамшер кашиданд. Мушрикон инро фаҳмиданд ва хостанд онҳоро фиреб диҳанд ва гуфтанд: «Агар назди мо поён фуроед, ҳеҷ яке аз шуморо намекушем. Ваъдаи қатъӣ медиҳем. Валлоҳи, намехоҳем шуморо бикушем, фақат мехоҳем дар ивази шумо аз маккагиён фидя бигирем.»

«Барои касоне, ки пас аз захмӣ шудан боз ба даъвати Аллоҳ таъоло ва Паёмбари Ӯ шитофтанд, хусусан барои онҳое аз эшон, ки некӣ карданд ва аз бадӣ парҳез намуданд, подоше бисёр бузург ҳаст» Оли Имрон: 172

Ҳодисаи Раҷиъ

Осим ибни Собит, Марсад ибни Абӯмарсад ва Холид ибни Абӯбукайр (разияллоҳу анҳум) «Мо ҳеҷ гоҳ сухан ва аҳду паймони мушриконро қабул намекунем» гуфта, ҳамаи пешниҳодҳояшонро рад карданд. Ҳазрати Осим ибни Собит гуфт: «Қасам хӯрдаам, ки ҳеҷ гоҳ ҳимояи мушриконро қабул накунам. Валлоҳи, ба ҳимоя ва сухани онҳо фирефта шуда, поён намефуроям ва таслим намешавам.» Дастҳояшро кушод ва «Илоҳо! Паёмбари Туро аз ҳоли мо хабардор кун» гуфта, дуо кард. Аллоҳ таъоло дуои ҳазрати Осимро қабул фармуд ва Сарвари мо Расулуллоҳро аз ҳоли онҳо хабардор фармуд.

Ҳазрати Осим ба мушрикон фармуд: «Мо аз мурдан наметарсем. Зеро дар дини худ соҳиббасират ҳастем (агар бимирем, шаҳид шуда, ба Ҷаннат меравем).» Сардори мушрикон гуфт: «Эй Осим! Худ ва ёронатро барбод мадеҳ, таслим шав!» Осим ибни Собит бо тир ҷавоб дод. Ҳангоми тир андохтан ин мисраъҳоро мехонд:

Ман тавоноям, ҳеҷ камӣ надорам.
Зеҳи ғафси камонам кашида шудааст.
Марг ҳақ аст, зиндагӣ беҳуда ва гузарост.
Ҳамаи тақдирот ба сари одам омаданист.
Одамон дер ё зуд ба сӯи Аллоҳ бозмегарданд.
Агар ман бо шумо наҷангам,
модарам (аз ғусса) ақлашро аз даст медиҳад.

Дар тиркаши Осим ҳафт тир буд. Бо ҳар тире, ки партофт, як мушрикро кушт. Чун тирҳояш тамом шуданд, бисёреро бо найзааш сӯрох-сӯрох кард. Аммо найзааш ҳам шикаст. Дарҳол шамшерашро кашид ва ғилофашро шикаста, дур партофт. (Ин маънои онро дошт, ки то дами марг меҷангам ва таслим намешавам.) Сипас чунин дуо кард: «Илоҳо! Ман то имрӯз дини Туро ҳифз кардам. Аз Ту илтиҷо мекунам, ки дар охири ин рӯз ҷасади маро нигоҳ дорӣ ва ҳифз кунӣ.» Нидоҳои «Аллоҳу акбар!» аз ҳазрати Осим ибни Собит ва дигар саҳобагон кӯҳҳоро ба ларза меоварданд. Даҳ муҷоҳид дар баробари дусад нафар то ҷон дар тан доштанд меҷангиданд ва ҳар кӣ ба онҳо наздик мешуд, ҷазои кирдорашро медид. Оқибат Осим (разияллоҳу анҳ) аз ҳар ду пой захм бардошта, ба замин афтод. Кофирон аз ӯ чунон метарсиданд, ки ҳатто вақте ба замин афтод, наздикаш омада натавонистанд ва аз дур тир андохта, ӯро шаҳид карданд. Он рӯз аз даҳ саҳобие, ки он ҷо буданд, ҳафт нафар шаҳид ва се нафар асир шуданд.

Бани Лиҳён хостанд сари мубораки Осим ибни Собитро буранд, то ба Сулофа бинти Саъд фурӯшанд. Аммо азбаски Аллоҳ таъоло дуои ҳазрати Осим ибни Собитро қабул фармуда буд, галае аз занбӯрҳоро фиристод. Занбӯрҳо мисли абр болои Осим ибни Собит истоданд. Мушрикон ба наздаш омада натавонистанд. Оқибат гуфтанд: «Бигзоред, бегоҳ ки шавад, занбӯрҳо пароканда мешаванд, мо сарашро бурида, мебарем.»

Бегоҳӣ Аллоҳ таъоло борони сахте боронд. Аз дараҳо сел омад ва ҷасади мубораки ҳазрати Осим ибни Собитро бардошта, ба ҷои номаълуме бурд. Ҳар қадар ҷустанд, наёфтанд. Бад-ин сабаб мушрикон ягон узви ҳазрати Осим ибни Собитро бурида натавонистанд.

«Илоҳо! Ман то имрӯз дини Туро ҳифз кардам. Аз Ту илтиҷо мекунам, ки дар охири ин рӯз ҷасади маро нигоҳ дорӣ ва ҳифз кунӣ!» Осим ибни Собит (разияллоҳу анҳ)

Ҳар гоҳ ки қиссаи аз ҷониби занбӯрҳо ҳифз шудани ҳазрати Осим ёд мешуд, ҳазрати Умар мефармуд: «Аллоҳ таъоло албатта бандаи мӯъмини Худро ҳифз мекунад. Чунон ки Осим ибни Собит дар зиндагиаш аз мушрикон дар амон монд, Аллоҳ таъоло низ пас аз маргаш ҷасадашро ҳифз карда, нагузошт, ки дасти мушрикон ба он расад.» Аз ин рӯ, ҳар гоҳ ки Осим ибни Собитро ёд мекарданд, ӯро «Касе, ки занбӯрҳо ҳифзаш карданд» меномиданд.1

Се саҳобие, ки асир шуданд, Хубайб ибни Адӣ, Зайд ибни Дасинна ва Абдуллоҳ ибни Ториқ (разияллоҳу анҳум) буданд. Бани Лиҳён ҳар сеяшонро бо зеҳи камон бастанд. Абдуллоҳ ибни Ториқ розӣ нашуд, ки ӯро назди мушрикони Макка баранд, ва барои нарафтан муқовимат кард. «Ёрони шаҳидшудаам ба Ҷаннат мушарраф шуданд» гӯён фарёд зад ва банди дастҳояшро гусаст, вале Бани Лиҳён ӯро сангсор карда, шаҳид карданд. Ҳазрати Хубайб ибни Адӣ ва Зайд ибни Дасинна бо умеди он ки «Шояд имкони иҷрои вазифаи иктишофиеро, ки Расулуллоҳ ба мо супоридааст, пайдо кунем», сабр карданд.

Бани Лиҳён ҳар дуяшонро ба Макка бурданд. Мушриконе, ки наздиконашон дар ҷангҳои Бадр ва Уҳуд кушта шуда буданд, дар оташи кинаву интиқом месӯхтанд ва фурсат меҷустанд. Аз мушрикон Ҳуҷайр ибни Абӯиҳоби Тамимӣ ҳазрати Хубайбро барои интиқоми бародараш, ки дар ғазваи Бадр кушта шуда буд, ва Сафвон ибни Умайя ҳазрати Зайд ибни Дасиннаро барои интиқоми падараш Умайя ибни Халаф, ки дар ғазваи Бадр кушта шуда буд, хариданд. Нияти мушрикон куштани ҳар дуи онҳо буд. Вале чун дар моҳҳое буданд, ки ҷангро дар онҳо манъ медонистанд, онҳоро ба зиндон андохта, гузаштани вақтро интизор шуданд. Ҳар кадомашонро дар ҷои алоҳида нигоҳ доштанд. Ҳар ду саҳобӣ дар баробари ин асорат сабру тоқат ва асолати бузурге нишон доданд.

Мовия, канизи озодкардае, ки дар ҳамон хонае мезист, ки ҳазрати Хубайб ибни Адӣ дар он зиндонӣ буд, (ин зан баъдтар мусалмон шудааст) чунин нақл кардааст:

«Хубайбро дар хонае, ки ман дар он будам, дар ҳуҷрае зиндонӣ карда буданд. Ман асиреро беҳтар аз ӯ надидаам. Рӯзе нигоҳ кардам, дар дасташ хӯшаи калони ангуре ба андозаи офтоба буд ва аз он мехӯрд. Ҳар рӯз дар дасташ чунин хӯшаи ангур дида мешуд. Дар он фасл, он ҳам дар Макка, ангур ёфтан ҳаргиз имкон надошт. Аллоҳ таъоло ба ӯ рӯзӣ ато мефармуд. Дар ҳуҷрае, ки дар он зиндонӣ буд, намоз мехонд ва Қуръони карим тиловат мекард. Заноне, ки тиловати Қуръони карими ӯро мешуниданд, мегиристанд ва ба ҳолаш дил месӯзонданд. Гоҳе мепурсидам: „Хоҳише дорӣ?“ Мегуфт: „Ба ман оби ширин деҳ, аз гӯшти ҳайвоноте, ки барои бутҳо забҳ мекунанд, маёвар ва боз, вақте ки маро куштанӣ шаванд, пешакӣ хабарам кун. Дигар чизе намехоҳам.“ Чун рӯзи куштанаш муайян шуд, рафтам ва ба ӯ гуфтам. Инро фаҳмида, камтарин тағйире ва заррае нишонаи андӯҳ зоҳир накард.

Чун он рӯз наздик шуд, гуфт, ки мехоҳад пеш аз марг баданашро тоза кунад, ва устурае хост. Ман ҳам устураро ба дасти кӯдакам дода, фиристодам. Ҳамин ки кӯдак назди ӯ рафт, ногаҳон тарсидам ва гуфтам: „Вой! Ин мард кӯдакро бо устура мекушад. Вай ки ба ҳар ҳол кушта мешавад.“ Давида рафта, ба кӯдак нигоҳ кардам. Хубайб устураеро, ки фиристода будам, аз дасти кӯдак гирифта, барои навозиш ӯро бар зонуяш шинонда буд. Ман ин ҳолро дида, бисёр тарсидам ва фарёд задан гирифтам. Вай ҳолро фаҳмид ва гуфт: „Гумон мекунӣ, ки ин кӯдакро мекушам? Дар дини мо чунин чиз нест. Ноҳақ ҷон гирифтан ба ҳолу шаъни мо намезебад.“»

Рӯзе, ки мушрикон барои куштани Хубайб ибни Адӣ ва Зайд ибни Дасинна таъин карда буданд, фаро расид. Он рӯз субҳи барвақт занҷирҳояшонро кушоданд ва ба мавзеи Танъим, берун аз Макка, бурданд. (Танъим аз Каъба 5–8 километр дур аст ва кӯҳи он ҷо низ кӯҳи Танъим ном дорад.) Аҳли Макка ва бузургони мушрикон барои тамошои қатли онҳо ҷамъ омада буданд. Гирду атроф пур аз мардум буд.

Мушрикон дар ҷои қатли асирон ду дор барпо карда буданд. Ҳангоме ки мехостанд ҳазрати Хубайбро ба дор бароварда, банданд, гуфт: «Маро сар диҳед, то ду ракъат намоз хонам.» Сар доданд ва гуфтанд: «Ҳамон ҷо бихон.» Хубайб дарҳол ба намоз истод ва бо хушӯъ ду ракъат намоз гузорд. Мушрикон, занону кӯдаконе, ки ҷамъ омада буданд, бо ҳаяҷон ӯро тамошо мекарданд. Намозашро тамом карда, гуфт: «Валлоҳи, агар гумон намекардед, ки аз тарси марг намозро дароз кардам, намозро дарозтар мекардам ва бештар мехондам.» Нахустин касе, ки ҳангоми қатл ду ракъат намоз хонд ва сабаби одат ва суннат шудани он гардид, ҳазрати Хубайб ибни Адӣ аст. Сарвари мо, Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам, чун шунид, ки ӯ ҳангоми қатл ду ракъат намоз гузоридааст, ин амалашро бамаврид ва дуруст донист.2

Пас аз намоз ҳазрати Хубайбро ба дор бароварда, бастанд. Рӯяшро аз қибла ба сӯи Мадина гардонданд. Сипас гуфтанд: «Биё, аз динат баргард, то озодат кунем!» Вай чунин ҷавоб дод: «Валлоҳи, барнамегардам! Агар тамоми дунё аз они ман бошад ва ба ман дода шавад, боз ҳам аз ислом барнамегардам!»

Мушрикон ин ҷавобро шунида, гуфтанд: «Акнун оё мехоҳӣ, ки ба ҷои ту Муҳаммад дар ин ҷо бошад ва ӯ кушта шавад? Агар „ҳа“ гӯӣ, раҳо мешавӣ ва дар хонаат осуда менишинӣ!» Хубайб гуфт: «Ман ҳатто ба он розӣ нестам, ки ба пои Муҳаммад алайҳиссалом хоре халад!»

Мушрикон масхара карда, хандакунон гуфтанд: «Эй Хубайб! Аз дини ислом баргард! Агар барнагардӣ, бешак туро мекушем!» Хубайб ҷавоб дод: «Вақте ки дар роҳи Аллоҳ таъоло бошам, кушта шуданам барои ман ҳеҷ аҳамият надорад.»

Пас аз он Хубайб бо гуфтани «Илоҳо! Дар ин ҷо ҷуз рӯи душман рӯе намебинам. Илоҳо! Саломи маро ба Расули Ту бирасон. Ин кореро, ки бо мо карданд, ба Расули Ту хабар деҳ!» дуо кард ва гуфт: «Ассалому алайка, ё Расулаллоҳ.» Ҳангоме ки Хубайб ин дуоро мекард, Паёмбари маҳбуби мо бо асҳоби киром нишаста буд. Зайд ибни Ҳориса чунин нақл кардааст: «Рӯзе Расулуллоҳ дар ҳоле ки бо асҳобаш нишаста буд, фармуд: „Ва алайҳиссалом.“ Асҳоби киром гуфтанд: „Ё Расулаллоҳ! Ин ҷавоби саломи кист?“ Фармуд: „Ҷавоби саломи бародарамон Хубайб аст. Ҷабраил (алайҳиссалом) саломи Хубайбро ба ман расонд.“»3

Мушрикони Қурайш, ки гирди Хубайб ҷамъ шуда буданд, «Ана, ҳамин мард падарони шуморо куштааст!» гӯён ҷавононро бо найзаҳояшон ба сари ӯ ҳуҷум кунонданд ва онҳо ҷисми мубораки ӯро захмдор кардан гирифтанд. Дар ин ҳол рӯи Хубайб ба сӯи Каъба гашт. Мушрикон онро ба сӯи Мадина гардонданд. Ҳазрати Хубайб «Илоҳо! Агар ман дар назди Ту бандаи мақбул бошам, рӯямро ба сӯи қибла гардон» гуфта, дуо кард. Рӯяш боз ба сӯи қибла гашт. Ҳеҷ яке аз мушрикон рӯи ӯро аз Каъба ба тарафи дигар гардонда натавонист. Дар ин миён Хубайб бар сари дор шеъре гуфт, ки дар он аз ғарибона шаҳид шуданаш дар миёни душманон сухан мерафт. Чун мушрикон найзаҳои дасташонро ба ҷисмаш халонда, шиканҷа сар карданд, гуфт: «Валлоҳи, вақте ки ман мусалмон кушта мешавам, парво надорам, ки зарба хӯрда, ба кадом паҳлӯям меафтам! Ҳамаи инҳо дар роҳи Аллоҳ таъоло аст.»

«Ман ҳатто ба он розӣ нестам, ки ба пои Муҳаммад алайҳиссалом хоре халад!» Хубайб ибни Адӣ (разияллоҳу анҳ)

Сипас Хубайб мушриконро чунин нафрин кард: «Илоҳо! Ҳамаи мушрикони Қурайшро нобуд кун! Ҷамъияташонро пароканда соз! Як-як ҷонашонро бигир, онҳоро зинда магузор!» Мушрикон ин нафринро шунида, сахт тарсиданд ва баъзеашон аз он ҷо гурехта, дур шуданд. Баъзе аз онҳое, ки монданд, паи ҳам найза халондан гирифтанд. Яке аз онҳо найзаро ба синааш халонд ва найза аз пушташ баромад. Хубайб дар ҳоле ки аз баданаш хун фаввора мезад ва бар дор ҷунбида, нафаси охиринашро мекашид, «Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳ» гуфта, шаҳид шуд.4

Ҷасади Хубайб ибни Адӣ (разияллоҳу анҳ) чил рӯз дар дор овезон монд. Баданаш напӯсиду бӯй нагирифт. Ҳамеша аз он хуни тоза ҷорӣ буд. Паёмбари маҳбуби мо барои овардани ҷасади ӯ аз асҳоби киром ҳазрати Зубайр ибни Аввом ва ҳазрати Миқдод ибни Асвадро фиристод. Онҳо шабона пинҳонӣ ба Макка даромаданд, Хубайбро аз дор поён фуроварда, бар шутур бор карданд ва ба сӯи Мадина роҳ гирифтанд. Мушрикон аз ин кор огоҳ шуда, бо издиҳоми бузург бар сари онҳо ҳуҷум оварданд. Он ду саҳобӣ барои дифоъ аз худ ҷасадро ба замин гузоштанд. Андаке баъд диданд, ки замини зери ҷасад шикофта шуд, ҷасадро ба худ фурӯ бурд ва баста шуд. Он гоҳ роҳи Мадинаро пеш гирифтанд.

Ҳазрати Зайд ибни Дасиннаро ҳам ба доре, ки барпо карда буданд, бастанд. Хостанд ӯро ба зӯр аз динаш баргардонанд, вале ҷуз он ки имони Зайд боз ҳам мустаҳкамтар шуд, чизе ба даст наоварданд. Он гоҳ Зайдро тирборон карданд. Оқибат вай ба дасти Нистос, ғуломи озодкардаи Сафвон ибни Умайя, шаҳид шуд.