Паёмбари маҳбуби ман

Дуои борон

Дар соли шашуми ҳиҷрат қаҳтии даҳшатноке шуд ва аз осмон ҳатто як қатра наборид. Аз ин рӯ, дар замин гиёҳ нарӯид ва одамону ҳайвонот гирифтори гуруснагӣ шуданд. Дар яке аз рӯзҳои ҷумъаи моҳи рамазони шариф ба Паёмбари маҳбуби мо арзи ҳол карданд: «Ё Расулаллоҳ! Кошки дуо фармоед, то Аллоҳ таъоло борон ато фармояд!…» Сарвари мо, Паёмбар, бо асҳобаш ба саҳро баромада, бе азону иқомат ду ракъат намоз хонданд. Сарвари мо, Паёмбар, ридои муборакашро чаппа гардонда, такбир фармуд. Баъд дастҳои муборакашро чунон баланд бардошт, ки аз миёни остинҳо зери бағалҳои муборакаш намоён шуд, ва ба дуо сар кард: «Илоҳо! Ба мо борон ато фармо!…» Асҳоби киром ҳам мегуфтанд: «Омин! Омин!» Дар он вақт осмон бисёр соф буд ва ҳеҷ абре набуд. Ҳангоме ки Расули акрам, Сарвари мо, дуо мефармуд, шамоле вазидан гирифт ва диданд, ки абрҳо осмонро пӯшонданд. Сипас борони майда-майда сар шуд. Сарвари оламиён ин бор чунин дуо фармуд: «Илоҳо! Ин боронро мисли он ки аз машк рехта шавад, борон ва онро барои мо хайр гардон!» Ҳамон лаҳза борон чунон шаррос зада борид, ки гӯё аз даҳани машк мерехт. Дар либосҳои Сарвари мо, Паёмбар, ва асҳоби киром ҷои хушк намонд. То ба хона расиданд, об ҳама ҷоро кӯл карда буд ва ҳама дар об ғӯтида роҳ мерафтанд. Борон бас намешуд: он рӯз, фардояш… фардои дигар… Дар вақти ҷумъаи дигар асҳоби киром гуфтанд: «Ё Расулаллоҳ! Хонаҳои мо аз оби борон вайрон шудан ва ҳайвонҳоямон ғарқ шудан гирифтанд. Кошки ба даргоҳи Аллоҳ таъоло дуо фармоед, то борон қатъ шавад!…» Паёмбари маҳбуби мо табассум фармуд ва дастҳои муборакашро боло бардошта, дуо фармуд:

«Ё Раббӣ! Ин боронро ба киштзорҳо, ба ҷойҳое, ки дарахт мерӯяд, ва ба водиҳо бифирист!» Ҳамон лаҳза борони якҳафтаина бас шуд ва ҷойҳое, ки барояшон дуо шуда буд, тар шудан гирифтанд.

Оламҳо ғарқи нур шуд
шабе, ки Муҳаммад ба дунё омад,
мӯъмин аз мунофиқ ҷудо шуд
шабе, ки Муҳаммад ба дунё омад.
Аз осмон ба замин нур пошида шуд,
ҳафтанону чилтанон пайвастанд,
забони кашиш баста шуд
шабе, ки Муҳаммад ба дунё омад.

«Имрӯз (дар ғазваи Ғоба) беҳтарини саворони мо Абӯқатода ва беҳтарини пиёдагони мо Салама ибни Акваъ аст» Ҳадиси шариф