Паёмбари маҳбуби ман

Қиссаи Лайлаи Таърис

Ҳангоми бозгашт аз ғазваи Хайбар дар ҷое бо номи Таърис барои истироҳат фуруд омаданд. Он шаб Расулуллоҳ ҳазрати Билолро ба наздаш хонд ва фармуд: «Эй Билол! Имшаб нахоб! Субҳро пой ва моро барои намоз бедор кун.» Пас Расулуллоҳ бо асҳоб ба хоб рафтанд. Ҳазрати Билол муддате намоз хонд. Рӯ ба тарафи машриқ карда, пушташро ба бори худ такя дод. Мунтазири вақти намоз буд, ки хобаш бурд. Ҳама чунон хаста буданд, ки то нури офтоб рӯи заминро гарм карда, ба рӯяшон натобид, ҳеҷ кас чашм накушод. Пеш аз ҳама Расулуллоҳ бедор шуд. Хулоса, бархостанд ва таҳорат гирифтанд. Ҳазрати Билол иқомат гуфт ва намози бомдодро бо ҷамоат қазо хонданд. Чун намоз ба охир расид, Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: «Агар касе намозашро фаромӯш кунад, ҳамон лаҳзае, ки ба ёдаш омад, фавран адо кунад; зеро Ҳақ таъоло „Ақимис-салота лизикрӣ (намозро барои ёд кардани Ман ва ёд овардани бузургии Ман адо кун)“ фармудааст.»

Бозгашти офтоб барои ҳазрати Алӣ

Ҳангоми бозгашт аз ғазваи Хайбар Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар Саҳбо истироҳат мекард. Сари муборакашро бар зонуи ҳазрати Алӣ разияллоҳу анҳ гузошта буд. Дар ҳамон вақт ваҳй нозил шудан гирифт. Офтоб ҳам дар уфуқ буд. Ҳазрати Алӣ разияллоҳу анҳ ҳанӯз намози асрро нахонда буд. Ваҳй ки тамом шуд, офтоб ғуруб кард. Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам чунин дуо кард: «Ё Раббӣ! Агар Алӣ разияллоҳу анҳ дар тарафи Ту ва Расули Ту бошад, офтобро баргардон.» Пас аз он ки ҳазрати Алӣ намозашро хонд, офтоб боз ғуруб кард. Асмо бинти Умайс мегӯяд: «Дидам, ки офтоб ғуруб карда бошад ҳам, боз баромад ва рӯи заминро равшан кард.»

Ғазваи Водилқуро

Ин ғазва дар моҳи ҷумодиуссонӣ дар Водилқуро рух дод. Яҳудиёни он сарзамин чун хабар ёфтанд, ки Расулуллоҳ бо лашкари ислом ба Водилқуро омадааст, бо ёрии гурӯҳе аз мушрикони араб ба ҷанг омода шуданд. Аз ҷойҳои худ берун омада, саф оростанд. Паёмбар алайҳиссалом ҳам лашкарро ба тартиби ҷангӣ дароварду парчамро ба яке аз асҳоб супурд. Кофиронро ба ислом даъват кард ва фармуд: «Агар имон оваред, ҷону моли худро наҷот медиҳед.» Онҳо насиҳатро қабул накарданд. Яке аз мушрикон ба майдон баромаду ҳариф талабид. Зубайр ибни Аввом разияллоҳу анҳ ӯро кушт. Дигаре ба муқобили ҳазрати Алӣ баромад. Ҳазрати имом он кофирро дар дам ба оташи Ҷаҳаннам фиристод. Боз яке омад; ӯро ҳам кушт. Абӯдуҷона разияллоҳу анҳ низ ду яҳудиро кушт. Он рӯз понздаҳ кофир кушта шуд. Шом шуд ва ҳар кас ба манзили худ рафт. Субҳ ҳар ду гурӯҳ боз шамшерҳоро аз ғилоф кашида, ба ҷанг омода шуданд. Вақте ки офтоб як найза баланд шуд, ба дили кофирон тарс афтоду гурехтанд. Муҷоҳидон неъмату ғаниматҳои бисёр ба даст оварданд. Яҳудиёни Таймо ҳам аз ин оқибати яҳудиёни Водилқуро ба тарс афтоданд. Барои ҳифзи амволи худ ҷизя доданро қабул карданд ва сулҳ баста шуд.

«Дарвозаи қалъаи Хайбарро на бо қуввати ҷисмонӣ, балки бо қуввати рӯҳонӣ бардоштам» Ҳазрати Алӣ (разияллоҳу анҳ)

Ғазваи Водилқуро