Паёмбари маҳбуби ман

ҒАЗВАИ ТАБУК

Табук ҷои маъруфест миёни Мадинаи мунаввара ва шаҳри Димишқ. Баъзеҳо гуфтаанд, ки ин номи чашмаест. Азбаски ин сафар охирин сафари ҷангии Сарвари мо, Паёмбар буд, онро ғазваи Табук номиданд. Онро «Фозиҳа» низ мегӯянд, зеро мунофиқон дар ин ҷанг расво шуданд. «Ҷайшулусра» ҳам меноманд. Дар ин сафар мусалмонон машаққати бисёр кашиданд. Ғайр аз ин, роҳ дур ва ҳаво бисёр гарм буд. Лашкари душман бисёр ва пурзӯр буд. Замони қаҳтӣ буд. Даҳ кас бар як шутур савор мешуданд. Бештари сипоҳиён як моҳ ҷуз хурмо чизе нахӯрданд. Гоҳе ҷави бирён мехӯрданд, гоҳе онро ҳам намеёфтанд. Ба сафари Табук дар соли нӯҳуми ҳиҷрӣ, дар моҳи раҷаб, рӯзи панҷшанбе баромаданд.

Дар ин соли нӯҳум, ки ислом дар Нимҷазираи Арабистон бо суръат паҳн мешуд, арабҳои масеҳӣ ба Ҳиракл, императори Рум, ки ба «Давлати исломӣ» ҳасад мебурд ва мехост роҳи афзоиши онро бигирад, чунин мактуб навиштанд: «Он касе, ки бо даъвои паёмбарӣ бархоста буд, вафот кард. Мусалмонон акнун дар қаҳтӣ ва тангдастӣ ба сар мебаранд. Агар хоҳӣ, ки онҳоро ба дини худ баргардонӣ, айни вақташ ҳамин аст.» Бо ин мактуб Ҳиракл лашкари чилҳазорнафариро таҳти фармондеҳии Қубод барои ҷанг бо мусалмонон ба роҳ андохт. Фахри коинот, Сарвари мо, аз ин ҳол хабар ёфт ва асҳобашро ҷамъ оварда, амр фармуд, ки ба ҷанг омода шаванд. Азбаски он сол хушксолӣ буд, саҳобагон аз ҷиҳати моддӣ дар тангии бузург буданд. Танҳо аҳволи тоҷирон андаке беҳтар буд. Сипоҳиёни ислом бисёр буданд, вале озуқа ва асбоби ҷанг кам буд. Машаққатҳо дар пеш буданд. Сарвари мо, Паёмбар ҳамчунин орзу фармуда буд, ки асҳобаш барои таҷҳизоти сипоҳиёне, ки ба ҷанг мерафтанд, кӯмаки моддӣ расонанд. Ин орзуи Сарвари мо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) саҳобагонро ба ҳаракат овард. Ҳар кас ҳар чӣ дар даст дошт, меовард ва мекӯшид, ки бо молу ҷони худ ба ҷиҳод омода шавад.

Ҳазрати Абӯбакр, ёри ғори Сарвари мо, Паёмбар, тамоми моли худро оварда буд. Сарвари мо Расули акрам фармуд: «Эй Абӯбакр, барои аҳли хонаат чӣ гузоштӣ?» Вай ҷавоб дод: «Аллоҳ таъоло ва Расули Ӯро гузоштам.» Ҳазрати Умар нисфи моли худро ба сифати кӯмак оварда буд. Сарвари мо ба ӯ ҳам фармуд: «Эй Умар, барои аҳли хонаат чӣ гузоштӣ?» Ҷавоб дод: «Ба андозаи он чи овардам, гузоштам.» Сарвари мо фармуд: «Фарқи миёни шумо ду кас мисли фарқи миёни суханони шумост.» Он гоҳ ҳазрати Умар Абӯбакрро чунин ситоиш кард: «Падару модарам фидои ту бод, эй Абӯбакр! Дар ҳамаи мусобиқаҳои роҳи хайр аз ман пеш мегузарӣ. Акнун хуб фаҳмидам, ки дар ҳеҷ чиз аз ту пеш гузашта наметавонам.»1 Асҳоби киром мекӯшиданд, ки то тавонанд, кӯмак кунанд. Аммо мунофиқон асҳоби киромро масхара карда, мегуфтанд: «Шумо барои худнамоӣ медиҳед.» Сарвари мо фармуд: «Ҳар кас имрӯз садақае диҳад, садақааш дар рӯзи қиёмат назди Аллоҳ таъоло ба фоидаи ӯ шаҳодат хоҳад дод.» Пас аз ин суханони мубораки Сарвари мо мӯъминон бештар кӯмак кардан гирифтанд. Ҳазрати Усмон ибни Аффон нисфи лашкарро таҷҳиз кард.2 Усмони Зуннурайн (разияллоҳу анҳ) ба ин лашкар нӯҳсаду панҷоҳ шутур бо тамоми ҷиҳозашон ва панҷоҳ асп дод, таҷҳизоти саворони онҳоро низ таъмин кард ва ғайр аз ин боз даҳ ҳазор динор ё ҳафтсад руқия тилло фиристод.3 Бад-ин тариқ ӯ аз ҳамаи мусалмонон бештар кӯмак кард. Ҳазрати Усмон ниёзҳои лашкарро чунон пурра кард, ки ҳатто ҷуволдӯзеро, ки бо он машкҳои обро ямоқ мекарданд, гузоштанро фаромӯш накарда буд. Барои ин кӯмакаш Сарвари мо Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: «Аз имрӯз ба баъд ба Усмон гуноҳ навишта намешавад.»4 Яке аз саҳобагон, ки аҳволи моддиаш бисёр заиф буд, барои он ки ба савоби кӯмак ба ҷиҳод расад, он шаб то субҳ дар нахлистоне об кашид ва хурмоеро, ки ба даст оварда буд, назди Сарвари мо овард ва гуфт: «Ё Расулаллоҳ! Барои ба даст овардани ризои Парвардигорам он чиро, ки дар даст доштам, овардам. Қабул фармоед.»

«Эй Умар! Фарқи миёни шумо ду кас (ту ва Абӯбакр) мисли фарқи миёни суханони шумост» Ҳадиси шариф

Мардони мусалмон то ҷое ки аз дасташон меомад, кӯмак мекарданд, занон низ вазифаеро, ки дар ин роҳ ба зиммаашон буд, чунон ки бояд, адо мекарданд. Вақте ки ба сафари Табук омода мешуданд, мусалмонон дар замони бисёр душворе буданд. Қаҳтӣ чунон сахт буд, ки бисёре аз асҳоби киром, ки дар дасташон чизе намонда буд, ба ҳузури Сарвари мо Расулуллоҳ омада, мегуфтанд: «Ё Расулаллоҳ! Пиёда мондаем! Чизе барои хӯрдан ҳам надорем! Мехоҳем, ки дар ин ғазва аз шумо ҷудо нашавем ва ба савоби ҷиҳод расем.» Паёмбари маҳбуби мо бо андӯҳ ба онҳо хабар медод, ки чизе барои савор кардани онҳо намондааст. Боре Солим ибни Умайр, Абдуллоҳ ибни Муғаффал, Абӯлайлои Мозинӣ, Улба ибни Зайд, Амр ибни Ҳумом, Ҳарамӣ ибни Абдуллоҳ ва Ирбоз ибни Сория бо ҳамин дархост ба ҳузури Паёмбари маҳбуби мо омаданд. Сарвари мо бо андӯҳи бузург ба онҳо фармуд: «Чизе намеёбам, ки шуморо бар он савор кунам», ва онҳо аз ғами дур мондан аз Сарвари мо ва ширкат карда натавонистан дар ҷиҳод ба гиря афтоданд. Он гоҳ Аллоҳ таъоло ин ояти каримаро фиристод, ки маънояш чунин аст: «(Эй Расули Ман! Барои ширкат дар ҷиҳод) вақте ки назди ту омаданд, ба онҳо гуфта будӣ: „Тавоноие надорам, ки барои шумо маркаб фароҳам оварам.“ Азбаски дар ин роҳ чизе барои харҷ кардан надоштанд, (аз ширкат натавонистан дар ҷанг) аз андӯҳ ашк рехта, бозгаштанд. Бар онҳо ҳеҷ масъулияте (гуноҳе) нест.»5 Дар охир ҳазрати Аббос ва ҳазрати Усмон онҳоро ҳам ба ғазва омода карданд. Омодагӣ ки анҷом ёфт, Сарвари мо, Паёмбар лашкарро дар Саниятулвидоъ ҷамъ овард. Касоне, ки ба ғазва нарафтанд, чунон кам буданд, ки гӯё ҳеҷ набуданд. Сарвари мо Расули акрам лашкарро ҷамъ оварда, қарори ҳаракат гирифт ва Муҳаммад ибни Масламаро дар Мадина ба ҷои худ гузошт.6 Ҳангоми оғози сафар Сарвари мо фармуд: «Пойафзоли бештар бо худ гиред. То даме ки пойафзоли эҳтиётӣ доред, машаққат намекашед.»

Лашкар ки ба роҳ баромад, сардори мунофиқон Абдуллоҳ ибни Убай барои тарсондани мусалмонон суханони беасос гуфт. Ҳатто мегуфт: «Қасам мехӯрам, гӯё Ӯ ва асҳобашро мебинам, ки ду-ду ба ресмон баста шудаанд…» Аммо асҳоби киром ба ин суханон ҳеҷ эътибор намедоданд ва шавқашон ба ширкат дар ҷиҳод рӯз то рӯз меафзуд. Мунофиқон инро дида, аз хашм метаркиданд. Вақте ки Сарвари мо Расулуллоҳ аз Саниятулвидоъ ба сӯи Табук ҳаракат карданӣ буд, фармуд, ки байрақҳои лашкарро (санҷақҳо ва аламҳоро) кушоянд. Байрақи бузургро ба ҳазрати Абӯбакр ва як байрақро ба ҳазрати Зубайр ибни Аввом дод. Байрақи қабилаи Авсро ба Усайд ибни Ҳузайр ва байрақи қабилаи Хазраҷро ба Абӯдуҷона супурд.7 Шумори асҳоби киром таҳти фармони Сарвари мо, Паёмбар сӣ ҳазор нафар буд, ки даҳ ҳазорашон савора буданд. Ба фармондеҳии ҷиноҳи рост ҳазрати Талҳа ибни Убайдуллоҳ ва ба ҷиноҳи чап ҳазрати Абдурраҳмон ибни Авф таъин шуданд.8 Саҳобагони номдор дар ҳавои бисёр гарм ва таҳти фармони Паёмбари худ ба ҳаракат омаданд. Вақте ки Ҳабиби Аллоҳ таъоло дар пешопешашон буд, на набудани хӯрдану нӯшидан онҳоро аз роҳ бозмегардонд ва на дурии роҳ ва бисёрии сипоҳиёни душман чашмашонро метарсонд. Бо чунин пешво ба ҳар ҷо рафтан мумкин буд. Паёмбари маҳбуби мо ва саҳобагони қаҳрамон дар ҳар манзил муддате дам гирифта, боз роҳ мепаймуданд. Манзили ҳаштуми онҳо Ҳиҷр буд, ҷое ки қавми Солеҳ алайҳиссалом ҳалок шуда буданд. Азбаски фармони паёмбари худро нашуниданд, Аллоҳ таъоло онҳоро бо як сайҳаи сахт, яъне садои даҳшатнок, ҳалок карда буд. Султони коинот ба асҳоби худ фармуд: «Имшаб тӯфони сахт ва аз самти муқобил хоҳад вазид. Ҳеҷ кас то ёре дар паҳлӯяш набошад, аз ҷояш нахезад. Ҳар кас зонуи шутурашро бибандад. Ин ҷо ҷоест, ки азоб бар он фуруд омадааст. Ҳеҷ кас аз ин об нанӯшад ва бо он таҳорат нагирад!..» Ҳама ба ин фармон итоат карданд. Шабона тӯфони сахте бархост ва ҳама ҷоро зеру забар кардан гирифт. Дар ин миён марде, ки бастани шутурашро фаромӯш карда буд, барои ҷустани он танҳо аз ҷой хест ва тӯфон ӯро рабуда, ба доманаи кӯҳи Тай партофт. Марди дигаре сахт ба қазои ҳоҷат ниёз дошт. Дар ҷое, ки барои қазои ҳоҷат рафта буд, ба бемории хуноқ (кабудсурфа) гирифтор шуд. Бо дуои Сарвари мо, Паёмбар боз шифо ёфт.

Он бомдод дар зарфҳо ҳеҷ об намонда буд. Ҳама аз ташнагӣ ба ҳоли марг расида буданд. Мунофиқон инро фурсат шуморида, хостанд фитна барангезанд ва гуфтанд: «Агар Муҳаммад ба ростӣ паёмбар мебуд, дуо карда, борон меборонид.»

Ҳолро ба Сарвари оламиён арз карданд. Ӯ дастони муборакашро бардошт ва ба даргоҳи Аллоҳ таъоло илтиҷо кард, ки борон эҳсон фармояд. Дар ҳавои гарму бебулут дарҳол абрҳои боронзо пайдо шуданд. Борони сахт сар шуд. Ҳама зарфҳояшонро пур карданд, таҳорат гирифтанд ва ҳайвонҳоро об доданд. Борон ки бас шуду абрҳо пароканда гаштанд, маълум шуд, ки борон танҳо бар болои лашкар боридааст.

«Ҳар кас имрӯз садақае диҳад, садақааш дар рӯзи қиёмат назди Аллоҳ таъоло ба фоидаи ӯ шаҳодат хоҳад дод» Ҳадиси шариф

ҒАЗВАИ ТАБУК

Паёмбари маҳбуби мо ва саҳобагон такбир гуфтанд ва Аллоҳ таъолоро ҳамд гуфтанд. Ба мунофиқон ҳам гуфтанд: «Дигар ҳеҷ узре барои шумо намонд. Ба Аллоҳ таъоло ва Расули Ӯ имон оваред ва мусалмони солеҳ бошед!…» Аммо мунофиқони беҳаё ҷавоб доданд: «Магар чӣ шудааст?… Абре ҳангоми гузаштан борид ва рафт!…» Гуруснагӣ ҳам ба ниҳоят расида буд; чунон ки ду кас як хурморо байни худ тақсим мекарданд. Бо вуҷуди гармои сахт, гуруснагӣ ва ташнагие, ки мекашиданд, ба Табук наздик шуда буданд. Сарвари мо Ҳабиби акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: «Иншоаллоҳ фардо вақти чошт ба чашмаи Табук мерасед. То ман наомадаам, ба он об даст дароз накунед.» Рӯзи дигар ба он ҷо расиданд. Оби чашма хеле кам буд. Паёмбари маҳбуби мо фармуд, ки андаке аз он обро ба зарфе резанд, дасти муборакашро дар он ниҳод ва дуо кард. Баъд онро ба чашма рехтанд. Об дар як лаҳза ҷӯшид ва афзуд. Лашкари сӣҳазорнафарии ислом аз он нӯшид, вале ҳеҷ кам нашуд. Баъдтар бо ин об, ки мӯъҷизаи Фахри коинот буд, тамоми атроф обёрӣ шуд. Он минтақа саҳрои сарсабзе гашт ва аз баракат лабрез шуд. Вақте ки Сарвари мо Расули акрам бо асҳоби номдори худ ба Табук расид, лашкарҳои Румро, ки аз румиён ва қабилаҳои масеҳишудаи араб монанди Омила, Лахм ва Ҷузом гирд омада буданд, дар муқобили худ наёфт. Дар Мӯта лашкари садҳазорнафарии Рум дар баробари се ҳазор муҷоҳид шикаст хӯрда буд. Акнун бошад, дар муқобилашон сӣ ҳазор муҷоҳид буданд ва фармондеҳашон Сарвари коинот буд. Румиён чун шуниданд, ки Паёмбари маҳбуби мо асҳоби қаҳрамонашро ҷамъ оварда, меояд, ҳар яке ҷое барои гурехтан меҷуст.

Сарвари мо Расулуллоҳ бо асҳоби худ машварат карда, аз Табук он сӯтар нарафт. Дар ин ҳангом баъзе қабилаҳо ва давлатҳое, ки дар он минтақа сокин буданд, шунида буданд, ки лашкари ислом омадааст. Аз тарс ҳар кадом ба назди Сарвари мо, Паёмбар ҳайъате фиристоданд ва бо шарти додани ҷизя амон хостанд. Сарвари мо раҳм фармуда, пешниҳодҳояшонро қабул кард; бо ҳар яки онҳо ҷудогона моддаҳои аҳднома навиштанд ва ба онҳо гуфтанд, ки дар амонанд.

Сарвари коинот (алайҳи афзалуссалавот) қариб бист рӯз душманро интизор шуд. Дар Табук бо асҳоби киром бисёр суҳбат карда, дилҳои онҳоро бо дарёи нур шуст. Файзу баракатҳоеро, ки аз дили муборакаш мефаввориданд, ба дилҳои онҳо рехт. Дар яке аз суҳбатҳои беназираш фармуд: «Оё шуморо аз беҳтарин ва шарифтарини одамон хабар диҳам?» Асҳоби киром гуфтанд: «Хабар диҳед, ё Расулаллоҳ!»

Он гоҳ фармуд: «Беҳтарини одамон касест, ки бар пушти асп ё шутураш, ё бар ду пои худ то нафаси охирин дар роҳи Аллоҳ таъоло меҳнат мекунад. Бадтарини одамон бошад, он саркашест, ки китоби Аллоҳ таъолоро мехонад ва аз он ҳеҷ фоида намебарад.»

Ба касе, ки дар бораи шаҳодат пурсид, фармуд: «Қасам ба Аллоҳ таъоло, ки ҳастии ман дар қабзаи қудрати Ӯст, шаҳидон дар рӯзи қиёмат дар ҳоле меоянд, ки шамшерҳояшон аз гарданашон овезон аст. Бар минбарҳое аз нур хоҳанд нишаст.»9

Дар ин ғазва мӯъҷизаҳои бисёре аз Сарвари мо, Паёмбар дида шуд. Чунончи, вақте ки барои бозгашт аз Табук ба Мадина омодагӣ медиданд, саҳобагон, ки аз гуруснагӣ тоқаташон тоқ шуда буд, ҳоли худро ба Сарвари мо арз карданд. Сарвари мо Расулуллоҳ фармуд, ки хӯрокҳои боқимондаи онҳоро бар дастархони чармин ҷамъ оваранд. Инҳо базӯр як деги хурдро пур карданд. Сарвари олам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) таҳоратро нав карда, ду ракъат намоз хонд. Дастони муборакашро кушода, дуо кард, ки хӯрокҳо пурбаракат шаванд. Баъд ба асҳобаш фармуд, ки зарфҳояшонро биёранд. Дар он лашкари бузург ҳамаи зарфҳоро чунон пур карданд, ки ҳеҷ зарфе холӣ намонд. Ғайр аз ин, ҳамаи муҷоҳидон то сер шудан хӯрданд, вале хӯроки дастархон ҳеҷ кам нашуд.

«Иншоаллоҳ фардо вақти чошт ба чашмаи Табук мерасед. То ман наомадаам, ба он об даст дароз накунед» Ҳадиси шариф

Сарияи Холид ибни Валид ба Думатулҷандал

Ҳазрати Ҳабиби акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар Табук буд, ки Холид ибни Валидро (разияллоҳу анҳ) ба Думатулҷандал фиристод. Ҳокими он ҷо, Укайдир ибни Абдулмалик, масеҳӣ буд. Лашкари ислом ба наздикии қалъа расида, дар камин нишаст. Дар ҳамон вақт Укайдир хабар ёфт, ки гови кӯҳие ба назди дарвозаи қалъа омадааст, ва барои шикори он ба асп ҷаҳида, аз паи он афтод. Укайдир ва бародараш Ҳассон бо ҳамроҳонашон дар шикор буданд, ки муҷоҳидон онҳоро иҳота карданд. Ҳассон ба шамшераш даст бурд ва кушта шуд. Укайдирро асир гирифтанд. Дигарон гурехта, ба қалъа паноҳ бурданд. Ҳазрати Холид ба Укайдир гуфт: «Ба ту амон дода, туро ба ҳузури Расулуллоҳ мебарам; аммо бо ин шарт: ба қалъа даромада, ду ҳазор шутур, ҳаштсад асп, ҳаштсад сипар ва чорсад найза таслим мекунӣ. Подшоҳӣ боз аз они ту хоҳад монд.» Укайдир розӣ шуд. Ба қалъа даромада, ғаниматро гирифтанд ва ба Мадина омаданд. Укайдир ва бародараш Ҳасор, ки ба ҳузури олӣ пазируфта шуданд, имон оварда, мусалмон шуданд.

Дом

Муҷоҳидон Табукро тарк карда, роҳи Мадинаро пеш гирифта буданд. Мунофиқон байни худ созиш карданд, ки ба Паёмбари маҳбуби мо дом гузошта, Ӯро бикушанд. Шабе дар гузаргоҳи танге, ки дар сари роҳи лашкари ислом буд, камин гирифта, ба интизор нишастанд. Ҳазрати Аммор ибни Ёсир афсори шутури Сарвари мо, Паёмбарро мекашид ва ҳазрати Ҳузайфа ибни Ямон аз пасаш меомад. Ҷабраил алайҳиссалом хабар дод, ки мунофиқон созиш карда, суиқасд тартиб додаанд. Сарвари мо ба гузаргоҳ наздик шуда, ба лашкар фармуд: «Шумо аз дохили водӣ равед; он ҷо барои шумо ҳам осонтар ва ҳам кушодатар аст.» Худаш ба сӯи гузаргоҳи танг мерафт, лашкар бошад, аз дохили водӣ роҳ мепаймуд. Вақте ки Сарвари мо Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба гузаргоҳ наздик шуд, ин гурӯҳи мунофиқон рӯйҳояшонро пӯшида, ҳуҷум карданд. Ҳазрати Ҳузайфа «Эй душманони Аллоҳ таъоло!» гӯён бо чӯбе, ки дар даст дошт, мунофиқон ва ҳайвонҳояшонро задан гирифт. Дувоздаҳ мунофиқ аз ин доду фарёд тарсида, фавран ба миёни сипоҳиён омехтанд. Сарвари мо Расулуллоҳ номҳои онҳоро ба ҳазрати Ҳузайфа баён фармуд ва таъкид кард, ки ба дигарон нагӯяд.

Ҳазрати Усайд ибни Ҳузайр аз ин ҳодиса хабар ёфта, ба ҳузури Сарвари мо омад ва бисёр илтиҷо кард: «Ҷонам фидои ту бод, ё Расулаллоҳ! Онҳоро ба ман бишносон, то сарҳояшонро ба шумо биёрам!» Аммо Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) иҷозат надод.10

Масҷиди Зирор

Ниҳоят Паёмбари маҳбуби мо ва асҳоби қаҳрамонаш, ки румиёнро тарсонда ва муқовиматашонро шикаста буданд, ба Мадинаи нуронӣ наздик шуданд. Султони коинот ба асҳобаш амр фармуд, ки дар ҷое бо номи Зиаввон, ки ба Мадина хеле наздик буд, манзил гиранд. Саҳобагон дам мегирифтанд, ки чанд мунофиқ назди Паёмбари маҳбуби мо омада, хоҳиш карданд, ки ба Масҷиди Зирор ташриф оварад. Масҷиди Зирор дар Қубо буд. Мунофиқон онро рӯ ба рӯи нахустин масҷиде сохта буданд, ки Сарвари мо Расулуллоҳ ҳангоми ҳиҷрат ба Мадина дар Қубо бино фармуда буд. Вақте ки Паёмбари маҳбуби мо бо асҳобаш ба Табук мерафт, мунофиқон ба ҳузураш омада, даъват карда буданд: «Ё Расулаллоҳ! Масҷиди наве сохтем; ташриф оварда, ба мо пешнамозӣ намекунед?» Аммо Сарвари оламиён, ки дар сафар буд, фармуда буд, ки агар насиб шавад, ҳангоми бозгашт аз Табук сар хоҳад зад.

Мақсади мунофиқон ин буд, ки ҷамоати мусалмононро пароканда созанд, онҳоро олати орзуҳои худ кунанд ва бо фитнаангезӣ ба ҷони якдигар андозанд. Ҳатто мехостанд сипоҳиёни Румро ба Мадина даъват карда, бо силоҳҳое, ки дар ин масҷид захира карда буданд, ба онҳо ёрӣ диҳанд. Агар Сарвари мо, Паёмбар дар он ҷо намоз мехонд, чунин тасаввур пайдо мешуд, ки Масҷиди Зирор ҷои муқаддас аст. Он гоҳ мусалмонон барои намоз хондан дар он ҷо бо ҳамдигар мусобиқа мекарданд ва бехабар ба доми мунофиқон меафтоданд!… Сарвари олам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин даъвати мунофиқонро қабул фармуда, қарор дода буд, ки биравад. Аллоҳ таъоло оёти каримаи 107–108-уми сураи Тавбаро фиристода, ҳақиқати корро ошкор сохт. Пас Сарвари оламиён ба Молик ибни Духшум ва Осим ибни Адӣ фармуд: «Ба он масҷиде, ки аҳлаш золиманд, дароед. Вайронаш кунед, сӯзонедаш!» Онҳо байни намози шом ва хуфтан рафта, биноро оташ заданд. Баъд онро вайрон карда, бо замин яксон карданд. Аз мунофиқон ҳеҷ садое набаромад.11 Аҳли Мадина чун шуниданд, ки Сарвари мо, Паёмбар ва асҳоби номдораш меоянд, фавран ҷамъ шуданд ва бо шавқу ҳаяҷони бузург ба истиқбол баромаданд…

Марги Абдуллоҳ ибни Убай

Ду моҳ пас аз бозгашти Паёмбари маҳбуби мо аз сафари Табук, дар моҳи шаввол, сардори мунофиқон Абдуллоҳ ибни Убай мурд. Баъд аз ӯ иттиҳоди мунофиқон аз ҳам пошид ва пароканда шуданд.12 Бад-ин тариқ дар Арабистон на танҳо сари мунофиқон, балки сари мушрикон ва яҳудиён низ кӯфта шуд ва кӯшишҳояшон барои истодагарӣ дар муқобили ислом ва садди роҳи он шудан хомӯш гашт.

Дигар ҳодисаҳои соли нӯҳуми ҳиҷрӣ

Вақте ки Расулуллоҳ ба Табук омад, аввал ҳокими Айла ва баъд ҳокими Ҷарбо омада, хироҷ доданд. Расулуллоҳ аҳдномае нависонд ва ба дасташон дод. Дар ин ғазва ба Ҳиракл мактуб фиристод ва ӯро боз ба ислом даъват фармуд; аммо ҳидоят насибаш нашуд.

«Қасам ба Аллоҳ таъоло, ки ҳастии ман дар қабзаи қудрати Ӯст, шаҳидон дар рӯзи қиёмат дар ҳоле меоянд, ки шамшерҳояшон аз гарданашон овезон аст. Бар минбарҳое аз нур хоҳанд нишаст» Ҳадиси шариф

Дар он сол Умму Кулсум, духтари Расулуллоҳ, вафот кард. Намози ҷанозаи ӯро худи Расулуллоҳ имомат кард ва ҳангоми дафнаш бар сари қабр аз чашмони муборакаш ашк мерехт.

Санатулвуфуд (Соли элчиён)

Сарвари олам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пас аз бозгашт аз сафари Табук ба давлатҳои гуногун элчиён фиристода, онҳоро ба ислом даъват фармуд. Мардуми Уммон ва Баҳрайн ба шарафи мусалмонӣ мушарраф гаштанд.

Акнун ислом бо суръати бузург паҳн мешуд. Ба қабилаҳо ва давлатҳои атроф барои омӯзонидани асосҳои дин муаллимон ва барои идораи онҳо волиён мефиристоданд. Дар соли нӯҳуми ҳиҷрат ҳайъатҳои мусалмоншуда пай дар пай ба Мадина рӯ оварданд. Ҳайъатҳое, ки аз қабилаҳои гуногун меомаданд, эълон мекарданд, ки пайрави Сарвари оламиён ҳастанд, ва ба саодат мерасиданд. Аз бисёрии омадагон ин солро Санатулвуфуд (Соли элчиён) номиданд. Ҳар гоҳ элчие меомад, Расулуллоҳ либосҳои гаронбаҳо мепӯшид ва ба асҳоб ҳам либосҳои зебо мепӯшонд. Омадагонро дар ҷои тозаю зебо меҳмондорӣ мекард, барояшон зиёфат медод ва бо туҳфаҳои бисёр гусел мекард. Онҳо низ хушнуду ситоишгӯён бармегаштанд. Яке аз қабилаҳое, ки элчӣ фиристоданд, қабилаи Бани Мурра буд. Онҳо сенздаҳ нафарро ба сифати элчӣ фиристоданд. Элчиён хабар доданд, ки қабилаашон мусалмон шудааст. Гуфтанд, ки дар диёрашон ҳеҷ борон наборидааст, алаф нарӯидааст ва ба қаҳтии сахт гирифторанд. Барои раҳоӣ аз ин тангӣ аз Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дуо хостанд. Ӯ чунин дуо кард: «Ё Раббӣ! Онҳоро бо борон сероб кун.» Элчиёни Бани Мурра ба диёри худ баргашта, диданд, ки қавмашон комилан осуда шудааст; зеро дар рӯзе ки Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барояшон дуо карда буд, дар он ҷо борони фаровон борида буд. Ин айнан ба вақти дуо рост меомад.

Даҳ нафар аз қабилаи Бани Асад омада, мусалмон шудани худро бар Расулуллоҳ миннат гузоштанд. Гуфтанд: «Мо дар соли қаҳтӣ аз ҷои дур омадем. Пеш аз он ки лашкаре бар сари мо ояд, бо хоҳиши худ мусалмон шудем.» Дар бораи онҳо ояти ҳабдаҳуми сураи Ҳуҷурот нозил шуд. Муовия ибни Савр ибни Убода ибни Бикор, ки дар сари ҳайъати Бани Бикор буд, қариб сад сол дошт. Ҳамроҳаш писараш Бушайр, Муҷаммиъ ибни Абдуллоҳ ва Абдуамр ибни Асам буданд. Аз Расулуллоҳ хоҳиш кард, ки дасти муборакашро ба андоми писараш бикашад, ва гуфт: «Зеро ӯ маро бисёр эҳтиром карда, ба ман некиҳои бисёр кардааст.» Расулуллоҳ бо дасти муборакаш рӯи Бушайрро сила кард ва ба онҳо бузҳои бисёре эҳсон фармуд. Номи Абдуамрро ҳам ба Абдурраҳмон иваз кард. Ҳайъати Бани Наҷиб даҳ нафар буданд. Закоти молу ҳайвонҳояшонро ҳам бо худ оварда буданд. Расулуллоҳ аз омадани онҳо бисёр шод шуд ва фармуд, ки дар манзили хубе фуруд оянд. Элчии Наҷиб дар бораи фарз ва суннат чунон бисёр савол дод, ки муҳаббати Расулуллоҳ ба ӯ афзуд. Вайро бештар азизу гиромӣ дошт ва бо ӯ аз дигар элчиён дигаргуна муомила кард. Ҷавонеро, ки назди борҳо монда буд, ҳам хонд ва чун дид, ки ӯ аз ҳама чиз ҷуз Аллоҳ таъоло рӯй гардондааст, барои ӯ ҳам дуои хайр кард. Ба ӯ ҳам мисли дигарон эҳсон фармуд. Он гурӯҳ комёбу шодмон назди қабилаи худ баргаштанд. Як ҷамоат аз Бани Кинона омада, мусалмон шуданд. Раиси онҳо Восила ибни Асқаъ буд. Вақте ки ӯ омад, Расулуллоҳ ба сафари Табук омода мешуд. Байъат кард ва назди қабилааш рафт. Падараш имон наовард, аммо хоҳараш имон овард. Аз он ҷо ба Мадина рафт ва аз паи лашкари Табук равон шуд. Ба Расулуллоҳ расид. Бо Холид ба ҷанги Укайдир фиристода шуд ва ба ҳиссааш шутурони бисёр расид.

Аз Бани Соида Зимом ибни Саълаба омад. Ба ҳузур расида, аз Расулуллоҳ дар бораи намоз, рӯза, ҳаҷ ва закот бисёр савол дод. Саволҳояш ки тамом шуд, гуфт: «Имон овардам; ба ҳар чӣ аз назди Аллоҳ овардаӣ, бовар кардам.» Назди қавми худ рафта, исломро ба онҳо таблиғ кард. Тамоми он қабила мусалмон шуданд.

Ё Расулаллоҳ! Касе, ки хокеро,
ки ба пойҳои ғуломи даргоҳи ту расидааст, набӯсад
ва барои ин саодат ҷон фидо накунад,
ба ту муҳаббате надорад; бовар намекунам, сухани ӯ дурӯғ аст.
Кошки хокеро, ки бар он қадам ниҳодаӣ, тоҷи сар мекардам;
мебӯсидам, ба чашмонам мемолидам ва давои дил месохтам;
чароғе месохтам, ки сироти мустақимро меёбад;
ва ошиқу ҳайрони ту бар сари роҳҳоят меафтодам.
Ҳар бодеро, ки аз ҷониби ту мевазад, мебӯям,
меҷӯям, ки оё аз бӯи хуши ту асаре дар он ҳаст;
фидои роҳат бод аҳлу фарзандонам,
модарам, падарам, хешонам ва ҳазорон ҷони дигар.
Мавлоно Холид, ошиқи ҷонсупори ту, мегӯяд:
Эй султони олам, эй ҷонони ҷаҳон!
Ҷоне дорам, ки аз туст, эҳсони туст ба ман;
гуфта наметавонам, ки барои фидо ба ту ҷоне овардам.
Мавлоно Холиди Бағдодӣ

«Ё Раббӣ! Онҳоро (қабилаи Бани Мурраро) бо борон сероб кун» Ҳадиси шариф

Манзараи шабонаи Каъбаи муаззама