ҲАҶҶИ ВИДОЪ
Дар соли даҳуми ҳиҷрат Сарвари мо, Паёмбар барои ҳаҷ омода шуд ва ба мусалмонони Мадина ҳам амр фармуд, ки барои ҳаҷ омода шаванд. Ба онҳое, ки берун аз Мадина буданд, низ хабар фиристод. Баъд ҳазорон мусалмон дар Мадина ҷамъ омаданд. Сарвари мо Расулуллоҳ барои қурбонӣ сад шутур харид. Пеш аз ба роҳ баромадан ғусл кард, мӯи муборакашро шона карда, бӯи хуш молид ва изору ридояшро пӯшид. Омодагӣ ки анҷом ёфт, Паёмбари маҳбуби мо рӯзи 25-уми моҳи зулқаъда пас аз намози пешин бо корвоне беш аз сӣ ҳазор нафар аз Мадина ҳаракат кард. Аз роҳи Шаҷара ба Зулҳулайфа расиданд. Дар он ҷо шумори асҳоб аз чил ҳазор гузашта буд. Шабро дар он ҷо гузарониданд. Паёмбари маҳбуби мо фармуд, ки яке аз сад шутуреро, ки бо худ мебурд, биёранд. Барои он ки нишонаи қурбонӣ бошад, ҷониби рости кӯҳонашро харошида, хун баровард, ба гарданаш ду наълайн овехт ва ба асҳоб амр фармуд, ки онҳо ҳам чунин кунанд. Ду ракъат намози эҳром хонд. Пас аз ҳамду санои Аллоҳ таъоло Сарвари коинот чунин дуо кард: «Илоҳо! Инро барои ман ҳаҷҷи мабрур ва мақбуле гардон, ки дар он на риё бошад, на худнамоӣ ва на шуҳратталабӣ!» Эҳром баст ва бо хабар додани Ҷабраил алайҳиссалом бо овози баланд талбия гуфтан гирифт. Асҳоби киром ҳам ба Ӯ ҳамовоз шуданд ва замину осмон аз садоҳои талбия танин андохт: «Лаббайк! Аллоҳумма лаббайк! Лаббайк! Ло шарика лака лаббайк! Иннал-ҳамда ван-неъмата лака вал-мулк, ло шарика лак!…»
Аз роҳи Байдо гузашта, ба сӯи Малал рӯ оварданд. Асҳоб мисли сел аз пасаш равон буданд ва дар роҳ пайваста касони нав ба онҳо ҳамроҳ мешуданд. Ба водии Равҳо расиданд, ки қариб ҳафтод паёмбар, аз ҷумла Мусо алайҳиссалом, дар он намоз хонда буданд, ва Сарвари мо Расулуллоҳ фармуд: «Ин водӣ аз водиҳои Ҷаннат аст.» Дар он ҷо намоз хонданд. Аз он ҷо ба сӯи Мунсараф ҳаракат карда, намози бомдодро дар Асоса хонданд. Дар Лаҳйи Ҷамал нохуш шуда, ҳиҷомат кунонд ва дар Суқё манзил гирифт. Ба Абво, ки модари муҳтарамаш ҳазрати Омина дар он ҷо вафот карда буд, расиданд; қабри ӯро зиёрат карда, гирист ва ҳамроҳонашро ҳам гирён кард. Баъд ба Талаъотулямин, Ҷуҳфа, Ғадири Хум, Қудайд ва водии Усфон расиданд. Дар он ҷо Сарвари мо, Паёмбар ба ҳазрати Абӯбакр фармуд: «Ҳуд ва Солеҳ алайҳимассалом абоҳоро бар камар печонда, матои алобула пӯшида ва бар шутурони ҷавону сурхмӯй, ки афсорашон аз лифи хурмо бофта шуда буд, савор шуда, талбияи ҳаҷ гӯён аз ин ҷо гузашта буданд.»1 Аз Ғамим, Марруззаҳрон ва Сариф гузашта, ба Зитуво расиданд. Шабро дар он ҷо гузарониданд ва пас аз адои намози бомдод аз Ҳаҷун гузашта, аз гардании Кадо ба Макка даромаданд. Пас аз сафари 10-рӯза, рӯзи 4-уми моҳи зулҳиҷҷа ба Макка расиданд. Бо ҳамроҳ шудани онҳое, ки аз Яман ва дигар сарзаминҳо барои ҳаҷ омада буданд, шумори мусалмонон аз 90 ҳазор гузашт. (Ба ривояте саду чордаҳ ҳазор ва ба ривояти дигар қариб саду бист ҳазор нафар буданд.)
«Илоҳо! Инро барои ман ҳаҷҷи мабрур ва мақбуле гардон, ки дар он на риё бошад, на худнамоӣ ва на шуҳратталабӣ!» Ҳадиси шариф
Сарвари мо Расулуллоҳ чун Байтуллоҳро дид, чунин дуо кард:
«Илоҳо! Шарафу бузургӣ, ҳайбат ва эътибори ин Байтро афзун гардон. Ва шарафу ҳайбат, таъзим ва некии касонеро низ, ки онро бо ҳаҷ ва умра таъзим мекунанд, афзун гардон.»
Баъд маносикро оғоз кард. Дар айёми ҳаҷ дар хаймае, ки дар Абтаҳ, миёни Макка ва Мино, зада буданд, иқомат кард. Паёмбари маҳбуби мо рӯзи 8-уми зулҳиҷҷа (Тарвия) ба Мино ва рӯзи 9-ум (Арафа) ба Арафот рафт. Ба водии Урана, ки дар миёнаи водии Арафот аст, омада, дар он ҷо истод. Пас аз нисфирӯзӣ бар шутураш Қасво хутбаи видоъро хонд ва бо асҳоби киром (разияллоҳу анҳум) видоъ кард.2
Назди ту омадам!
Эй паноҳгоҳи гунаҳкорон, омадам, ки ба ту паноҳ орам!
Гуноҳони бисёр кардам, омадам, ки ба ту илтиҷо кунам!
Ба роҳҳои торик афтодам, дар ботлоқҳо фурӯ рафтам,
ба сарчашмаи нуре омадам, ки роҳи ростро равшан мекунад.
Эй ҷони ҳамаи ҷонҳо, танҳо як ҷон мондааст, ки бояд барояд!
Оё раво бошад бигӯям, ки омадам, то ҷонамро фидо кунам?
Ту табиби дардмандонӣ, ман бошам бемори дил,
барои давои захми дилам омадам, ки дари туро кӯбам.
Ба дари саховатмандон чизе бурдан хатост,
омадам, ки хокеро, ки бо қадамат шараф додӣ, бибӯсам.
Гуноҳонам мисли кӯҳ бисёр аст, рӯям мисли қир сиёҳ!
Омадам, ки аз ин бор ва аз ин сиёҳӣ тамоман раҳо шавам.
Бешак қатрае аз дарёи эҳсонат ҳамаро пок мекунад,
гарчанде бо номаи аъмоле мисли рӯям сиёҳ омадам.
Кошки рӯй бар остонат молида метавонистам, эй ҷонони аз ҷонам азизтар,
коре, ки бо об барнамеояд, бо он хок ҳосил мешавад!
