Паёмбари маҳбуби ман

ХУТБАИ ВИДОЪ

Ҳамд хоси Аллоҳ таъолост. Ӯро ҳамд мегӯем, аз Ӯ омурзиш мехоҳем ва ба сӯи Ӯ тавба мекунем. Аз шарри нафсҳои худ ва аз гуноҳони амалҳои худ ба Аллоҳ таъоло паноҳ мебарем. Касеро, ки Аллоҳ таъоло ба роҳи рост ҳидоят кунад, ҳеҷ кас гумроҳ карда наметавонад ва касеро, ки Ӯ гумроҳ созад, ҳеҷ кас ба роҳи рост ҳидоят карда наметавонад. Шаҳодат медиҳам, ки ҷуз Аллоҳ таъоло ҳеҷ маъбуде нест. Ӯ ягона аст. Ӯро ҳамто ва шарике нест. Ва боз шаҳодат медиҳам, ки Муҳаммад (алайҳиссалом) бандаи Ӯ ва расули Ӯст.

Эй бандагони Аллоҳ! Шуморо васият мекунам, ки аз Аллоҳ таъоло битарсед ва ба Ӯ итоат кунед.

Эй мардум! Сухани маро хуб бишнавед! Намедонам, шояд пас аз имсол дигар ҳаргиз дар ин ҷо бо шумо мулоқот накунам. Эй мардум! Чунон ки ин рӯзи шумо рӯзи муқаддас аст, чунон ки ин моҳи шумо моҳи муқаддас аст ва чунон ки ин шаҳри шумо (Макка) шаҳри муборак аст, ҷонҳо, молҳо ва номусҳои шумо низ ҳамон гуна муқаддас аст ва аз ҳар гуна таҷовуз маҳфуз аст.

Асҳоби ман! Фардо ба лиқои Парвардигоратон хоҳед расид ва бешак аз ҳар ҳолу ҳаракати имрӯзаатон пурсида хоҳед шуд. Зинҳор пас аз ман ба гумроҳиҳои пешина барнагардед ва гардани якдигарро назанед!

Ин васияти маро ҳозирон ба ғоибон бирасонанд!

Бисёр мешавад, ки касе, ки ин сухан ба ӯ расонда мешавад, онро аз касе, ки дар ин ҷо буда, шунидааст, беҳтар фаҳмида, нигоҳ медорад. Асҳоби ман! Ҳар кас назди ӯ амонате бошад, онро ба соҳибаш баргардонад!

Ҳар навъи рибо бекор карда шудааст ва зери пои ман аст. Аммо асли қарзи худро бояд бидиҳед. На зулм кунед ва на зулм бинед. Бо амри Аллоҳ таъоло рибохӯрӣ акнун манъ аст. Ҳар навъи ин одати зишт, ки аз ҷоҳилият мондааст, зери пои ман аст. Нахустин рибое, ки бекор мекунам, рибои Аббос, писари Абдулмутталиб (амакам), аст. Асҳоби ман! Хунхоҳиҳое, ки дар давраи ҷоҳилият пайгирӣ мешуданд, низ тамоман бекор карда шудаанд. Нахустин хунхоҳие, ки бекор мекунам, хунхоҳии Рабиа, набераи Абдулмутталиб (амакбачаам), аст.

Эй мардум! Барои ҷанг карда тавонистан ҷои моҳҳои ҳаромро иваз кардан, бешак, дар куфр хеле пеш рафтан аст. Ин чизест, ки кофирон ба воситаи он ба залолат (гумроҳӣ) андохта мешаванд. (Моҳеро) як сол ҳалол мешуморанд ва соли дигар ҳаром эълон мекунанд. Ин корро барои он мекунанд, ки ба шумораи моҳҳое, ки Ҷаноби Ҳақ ҳалол ва ҳаром гардондааст, мувофиқ созанд. Онҳо он чиро, ки Аллоҳ таъоло ҳаром кардааст, ҳалол ва он чиро, ки ҳалол кардааст, ҳаром мекунанд.

Эй асҳоби ман! Мо ҳаҷро айнан дар вақти худаш адо мекунем. Тартиби моҳҳо ҳамон гуна аст, ки дар замоне буд, ки Аллоҳ таъоло онҳоро офарид. Бешубҳа, замон ба ҳамон шаклу низоме баргаштааст, ки дар рӯзе дошт, ки Аллоҳ таъоло онро офарид.

«Илоҳо! Шарафу бузургӣ, ҳайбат ва эътибори ин Байтро афзун гардон. Ва шарафу ҳайбат, таъзим ва некии касонеро низ, ки онро бо ҳаҷ ва умра таъзим мекунанд, афзун гардон!» Ҳадиси шариф

Эй мардум! Имрӯз шайтон тавоноии аз нав барпо кардани таъсиру ҳукмронии худро дар ин сарзамини шумо то абад аз даст додааст. Аммо агар шумо, ғайр аз ин чизҳое, ки бекор кардам, дар корҳое, ки онҳоро ночиз мешуморед, ба ӯ пайравӣ кунед, ин ӯро хушнуд хоҳад кард. Барои ҳифзи дини худ аз инҳо низ парҳез кунед!

Эй мардум! Шуморо васият мекунам, ки ҳуқуқи занонро риоя кунед ва дар ин бора аз Аллоҳ таъоло битарсед. Шумо занонро ҳамчун амонати Аллоҳ таъоло гирифтед ва номусу иффати онҳоро бо аҳд бастан ба номи Аллоҳ таъоло бар худ ҳалол кардед. Шуморо бар занон ҳаққе ҳаст ва онҳоро низ бар шумо ҳуқуқе ҳаст. Ҳаққи шумо бар занон ин аст, ки ҳарими хонаводаи шуморо ба ҳеҷ касе, ки шумо ӯро хуш надоред, поймол накунонанд. Агар касеро, ки аз ӯ розӣ нестед, ба хонаатон роҳ диҳанд, метавонед онҳоро андак зада, боздоред. Ва ҳаққи занон бар шумо ин аст, ки ҳар гуна хӯрок ва пӯшоки онҳоро ба тарзи машрӯъ таъмин кунед. Эй мӯъминон! Ба шумо амонате мегузорам, ки то вақте ки ба он маҳкам часпед, ҳаргиз роҳи худро гум намекунед. Он амонат китоби Аллоҳ таъоло, Қуръони карим аст. (Дар ривоятҳои дигар «Суннати ман» ва «Аҳли байти ман» низ омадааст.)

Эй мӯъминон! Сухани маро хуб бишнавед ва хуб нигоҳ доред! Мусалмон бародари мусалмон аст ва ҳамин тавр ҳамаи мусалмонон бародаранд. Таҷовуз ба ҳар ҳаққе, ки аз они бародари динии шумост, бар дигаре ҳалол нест, магар он ки худи ӯ бо хушнудии дил онро диҳад. Асҳоби ман! Ба нафсҳои худ (ба худатон) зулм накунед. Нафси шумо низ бар шумо ҳаққе дорад. Эй мардум! Аллоҳ таъоло ба ҳар соҳибҳақ ҳаққашро (дар Қуръони карим) додааст. Ворисро ба васият ҳоҷате нест. Фарзанд аз они касест, ки дар бистари ӯ таваллуд шудааст. Барои зинокор маҳрумият аст. Беасле, ки насаби худро ба касе ғайр аз падараш нисбат диҳад, ё носипосе, ки худро ба касе ғайр аз мавлои худ мансуб кунад, ба ғазаби Аллоҳ таъоло ва лаънати фариштагон ва ҳамаи мусалмонон гирифтор бод! Ҷаноби Ҳақ аз чунин касон на тавбаашонро қабул мекунад ва на шаҳодаташонро бо адолат. Эй мардум! Парвардигори шумо як аст. Падари шумо низ як аст; ҳамаи шумо фарзандони Одамед ва Одам аз хок аст. Гиромитарини шумо назди Аллоҳ парҳезгортарини шумост. Арабро бар ғайриараб ҳеҷ бартарӣ нест. Бартарӣ танҳо ба тақвост. Агар ғуломи сиёҳи маъюбе бар шумо амир таъин шавад ва шуморо бо китоби Аллоҳ идора кунад, сухани ӯро бишнавед ва ба ӯ итоат кунед. Гунаҳкор ҷуз ба гуноҳи худаш айбдор намешавад. Падар ба гуноҳи писараш ва писар ба гуноҳи падараш айбдор намешавад.

Эй мардум! Огоҳ бошед! Ин чор корро ҳаргиз набояд кунед:

1. Ҳеҷ чизро ба Аллоҳ шарик насозед.

2. Ҷонеро, ки Аллоҳ ҳаром кардааст, ба ноҳақ накушед.

3. Зино накунед.

4. Дуздӣ накунед.

Амр шудаам, ки бо мардум ҷиҳод кунам, то он гоҳ ки «Ло илоҳа иллаллоҳ, Муҳаммадур Расулуллоҳ» гӯянд (яъне мусалмон шаванд). Чун инро гӯянд, хунҳо ва молҳои худро ҳифз кардаанд ва ҳисоби онҳо бо Аллоҳ таъолост. Эй мардум! Фардо дар бораи ман аз шумо хоҳанд пурсид; чӣ хоҳед гуфт?.. Асҳоби киром гуфтанд: «Шаҳодат медиҳем, ки дини Аллоҳ таъолоро расондӣ, вазифаатро адо кардӣ ва ба мо васияту насиҳат намудӣ.» Он гоҳ Сарвари мо Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ангушти шаҳодати муборакашро бардошт, ба сӯи ҷамоат фуруд овард ва фармуд: «Шоҳид бош, ё Раб! Шоҳид бош, ё Раб! Шоҳид бош, ё Раб!»

Рӯзе, ки Паёмбари маҳбуби мо хутбаи видоъро хонд, ояти каримаи сеюми сураи Моида нозил шуд, ки маънояш чунин аст: «Имрӯз дини шуморо барои шумо комил кардам, неъмати Худро бар шумо тамом кардам ва аз он ки исломро ба шумо ҳамчун дин додам, розӣ шудам…» Сарвари мо, Паёмбар ин ояти каримаро ба асҳоби киром хонд ва ҳазрати Абӯбакр ба гиря афтод. Асҳоби киром сабаби гиряашро пурсиданд. Вай фармуд: «Ин ояти карима нишон медиҳад, ки вафоти Расулуллоҳ наздик аст. Аз ин рӯ мегирям.»1

Баъди хутба дар Ҷабали Раҳмат вуқуф кард. Намози шомро дар Арафот нахонд ва онро бо намози хуфтан якҷоя дар Муздалифа имомат кард. Он шаб дар Муздалифа монданд. Субҳи рӯзи дигар дар Машъарулҳаром вуқуф карданд. Рӯзи аввали ид аз Муздалифа ба сӯи Мино ҳаракат карданд. Дар роҳ аз водие бо номи Муҳассир, ки ҷои истгоҳи Асҳоби фил2 буд, наистода гузаштанд. Ба Мино расиданд ва дар он ҷо Сарвари мо, Паёмбар 63 шутури қурбониро худаш забҳ кард, баъд кордро ба ҳазрати Алӣ дод. Боқимондаро ҳазрати Алӣ забҳ кард. Дар рӯзҳои дуюм, сеюм ва чоруми ид ҷамраҳоро санг заданд ва рӯзи чордаҳуми моҳи зулҳиҷҷа пеш аз намози бомдод ба Байтуллоҳ омада, тавофи видоъ карданд. Сарвари мо Расулуллоҳ 10 рӯз дар Макка монд ва баъди адои ҳаҷҷи видоъ ва тавофи видоъ ба Мадина баргашт. Дар Масҷиди Набавӣ ду ракъат намоз хонд ва ба хонаи саодати худ ташриф бурд. Пас аз ҳаҷҷи видоъ асҳоби киром ба ҷойҳое, ки аз он ҷо омада буданд, рафтанд ва он чиро, ки Расулуллоҳ расонда ва амр фармуда буд, дар он ҷойҳо нақл карданд.

Дигар ҳодисаҳои соли даҳуми ҳиҷрат

Яке аз ҳодисаҳои соли даҳуми ҳиҷрат пайдо шудани дурӯғгӯёне буд, ки даъвои паёмбарӣ мекарданд. Яке аз онҳо Асвади Анасӣ буд, ки дар Яман сар бардошт. Бо амри Паёмбари маҳбуби мо мусалмонони Яман Асвади Анасиро дар хонаи худаш куштанд. (Дигаре Мусайламаи Каззоб аст. Пас аз вафоти Сарвари мо, Паёмбар, ҳазрати Абӯбакр лашкареро таҳти фармондеҳии Холид ибни Валид бар сари Мусайлама фиристод. Мусайлама ба дасти Ваҳшӣ (разияллоҳу анҳ) кушта шуд.)3

«Имрӯз дини шуморо барои шумо комил кардам, неъмати Худро бар шумо тамом кардам ва аз он ки исломро ба шумо ҳамчун дин додам, розӣ шудам» Моида: 3

Эй подшоҳи ҷаҳон, эй султони баҳру бар!
Эй аз фариштагон бартар, эй охирин ва беҳамто Паёмбар!
«Ли маъаллоҳи вақтун» аз ҳоли ту хабар медиҳад,
ту ҷони тан, маззаи забон ва султони дилӣ.
Аҳмад, Муҳаммад, Маҳмуд; Аллоҳ ҳамеша туро меситояд;
бо номи ту «Ло илоҳа иллаллоҳ» анҷом меёбад.
Сирри нозуки инро гумроҳ намефаҳмад ва намедонад!
Раҳмон номи туро бо номи Худ навиштааст.
Бандагоне, ки туро дӯст доранд, султон мешаванд, эй шоҳи ман!
Бар тахти дилам бинишин, эй подшоҳи беҳамтои ман!
Туро бисёр дӯст медорам, гарчанде гуноҳонам бисёр аст!
Бовар дорам, ки дӯстдорон аз икроми ту баҳра мебаранд.
Чӣ гуна дӯстат надорам, ки ту ҷони тани манӣ,
ба ҳурмати ту ба вуҷуд омадам, ту сабаби ҳаёти манӣ.
Хуни рагҳои манӣ, аз худам ба ман наздиктарӣ,
ту маъшуқи ошиқонӣ ва ҷонони ҳамаи ҷонҳо.
Давои ҳар дард туӣ, шифои ҳар рӯҳ туӣ,
сурмаи чашм, тоҷи сар ва ҷилои дилҳо туӣ.
Ҳабибуллоҳ туӣ, болотар аз малаи аъло туӣ,
касе, ки туро андаке шинохт, дари дигареро намекӯбад.
Эй муршиди авлиё, эй раҳбари олимон,
ки қудумат ҳафт табақаи осмон ва заминро шод сохт,
эй охирин Паёмбари Ҳақ барои инсонҳо ва ҷинҳо!
Зери хок бимонад он ки бандаи даргоҳи ту нест.